Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 422 "Дар хусуси иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 463 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар хусуси иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с. № 47)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи Идораи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба натиҷаҳои ҷараёни тафтиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" барраси намуда, таъкид мекунад, ки дар иҷрои Фармони мазкур камбудиҳо ва норасоиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ" дар корхонаҳои таҳти тобеъияташ қарордошта, то ҳол тартиби зарурии истифодаи тамғаҳои аксизиро ҷорӣ накардааст. Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ махсусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятн Хатлон, як қатор ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти машруботиро бидуни литсензия ва тамғаи аксизии дахлдор давом медиҳанд. Тибқи маълумотҳое, ки дар ҷараёни санҷиш ба даст омадааст, Ҷамъияти саҳомии заводи машруботи шаҳри Душанбе ба маблағи 50,0 млн. рубл, Ҷамъияти саҳомии "Сомғор"-и шаҳри Хуҷанд ба маблағи 40,8 млн. рубл ва Ҷамъияти саҳомии машруботи шаҳри ӯротеппа ба маблағи 100,0 млн. рубл, бидуни тамғаҳои аксизӣ маҳсулот баровардаанд, ки дар натиҷа ба буҷет 19,1 млн. рубл зарар расонида шудааст.

Далелҳои таҳвили маҳсулот бе асноди расмӣ, сафкашӣ аз пардохти андоз ва боҷи давлатӣ, инчунин ҳолати истеҳсоли маҳфии маҳсулоти машрубот аз ҷониби ашхоси алоҳида ва фурӯши он бо тамғаҳои аксизӣ ва аломатҳои қалбакӣ ба назар мерасанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ликёрию машруботӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 1998 нисбат ба соли 1999 8,3 маротиба кам шудааст. Аммо дар воқеъ истеҳсол ва муомилоти ин маҳсулотҳо кам нагардида ва дар савдои чакана ба таври кофӣ мавҷуд мебошад.

Миқёси истеҳсоли ғайриқонунӣ ва муомилоти спирти этилӣ ва маҳсулоти машруботӣ дар ҷумҳурӣ хусусияти таҳдидкунандаро ба худ гирифтааст. Тибқи маълумоти Агентии давлатии омор дар 8 моҳи соли 1999 дар тамоми нуқтаҳои фурӯш ба маблағи 14226,3 млн. рубл нӯшокиҳои машруботӣ фурӯхта шудааст, ҳарчанд ки дар ин давра ба маблағи 2192,4 млн. рубл, яъне қариб 7 маротиба камтар истеҳсол гардидааст. Тамғаҳои аксизӣ фақат 263,5 ҳазор дона, яъне ба маблағи камтар аз 25 млн. рубл фурӯхта шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андози ҷумҳурӣ барои ошкор ва бартараф намудани фаъолияти истеҳсоли ғайриқонунии маҳсулоти машруботӣ ва ҷилавгирии фурӯши ин маҳсулот бидуни тамғаҳои аксизӣ ва литсензия чораҳои қатъӣ намеандешанд.

Тибқи маълумоти Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли 1999 ба буҷети ҷумҳурӣ аз аксизҳои муомилоти дохилӣ 844,1 млн. рубл, ё 31,4 фоизи нақша ворид гардидааст. Кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли 1999 71 ҷиноятро ба қайд гирифта, 301 ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба фурӯши ғайриқонунии маҳсулоти машруботиро ошкор намудаанд. Барои қонуншиканиҳои мухталиф 250,4 ҳазор литр арақ, 603 литр коняк, 670 литр маҳсулоти шаробӣ мусодира карда шуданд. Ин бо миқёси воқеъии қонуншиканиҳо муқоисанашаванда аст.

Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ" ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳануз фаъолияти заводҳои машруботро пурра назорат карда наметавонанд. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази давлатии стандарт ва сифати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани назорати сифати спирти этилӣ ва маҳсулоти машруботии дар корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда тадбирҳои зарурӣ намеандешанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) ғайриқаноатбахш ҳисобида шавад.

2. Таваҷҷӯҳи роҳбарони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба фаъолияти нопурраашон оид ба ошкор намудани далелҳои истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ, пешгирӣ намудани фаъолиятҳои ғайриқонунии истеҳсоли спирт ва маҳсулоти машруботӣ, воридот ва содироти он бидуни литсензия ва квотаҳои дахлдор ҷалб карда шаванд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ошкор кардан ва пешгирии истеҳсол ва муомилоти ғайриқонунии спирти этили ва маҳсулоти машруботи, бастани роҳҳои воридоти қочоқонаи онҳо, ба ҷавобгари кашидани гунаҳкорон, маҷмӯи тадбирҳои фавриро таҳия ва анҷом диҳанд.

3. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот дар Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ", маъқул дониста шавад ва ба баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

4. Муқаррар карда шавад, ки корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти машруботӣ онро тавассути мағозаҳои худӣ ё тавассути мағозаҳое, ки иҷозати (литсензияи) фурӯши маҳсулоти шаробию машруботӣ доранд, ба фурӯш бароранд. Фурӯши маҳсулоти зикргардвда бидуни иҷозати дахлдори Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ" манъ аст.

5. Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ" оид ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1999 № 48 вобаста ба иҷрои Фармони мазкур дар бахши таъмини назорати мунтазами ҳаҷми воқеии истеҳсол ва фурӯши спирти этилӣ ва машрубот, пулҷудокунӣ ва пардохти пурраи андозҳо, аз ҷумла аксизҳо таъмини истеҳсоли маҳсулоти босифат дар корхонаҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.

6. Ба Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ" ҳуқуқи идораи амволи давлатии Заводи спирти Исфара, заводҳои шароби "Сомғор" ва ӯротеппа, комбинати шароби "Шаҳринав"-и ноҳияи Шаҳринав, Заводи шароби Душанбе дода шавад.

7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва робитахоя иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ" якҷоя масъалаи ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ ва аксиздорро ба спирти этилӣ ва машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку баррасӣ намуда, дар мӯҳлати як моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди хамаҷониба асоснокгардидаро манзур намоянд.

8. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази давлатии стандарт ва сифати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ", раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 20 январи соли 2000 оид ба иҷрои қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 23 октябри соли 1999 № 422

ш. Душанбе