Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1997, № 366 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи фурӯши иншооти сохтани нотамом ва Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом"

Санаи амалкуни: 02.11.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи фурӯши иншооти сохтани нотамом ва Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.10.2001 № 463, аз 30.04.2004 № 192, аз 02.11.2007 № 550, аз 2.11.2015 № 659)

Бо мақсади идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръатбахшии ҷараёни хусусигардонии иншооти сохтмони нотамом ва ба истифода додани фондҳои асосӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659):

1. Низомномаҳои замимашудаи фурӯши иншооти сохтмони нотамом ва Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом тасдиқ карда шавад.

2. Мутобиқи замима Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом таъсис дода шавад.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659):

- мутобиқи номгӯи № 1 замимашуда фурӯши иншооти сохтмони нотамомро эълон намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659):

- дар мӯҳлати як моҳ рӯйхати иншооти сохтмони нотамоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бояд хусусӣ гардонида шавад, тартиб дода, онро ба Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом пешниҳод намоянд.

5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани асноди лоиҳавию баровардии иншооти сохтмони нотамомро таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).

6. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли № 1996 № 275 " Дар бораи таъсиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои фурӯши иншооти сохтмони нотамом" ва аз 15 январи соли 1997 № 44 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои фурӯши иншооти сохтмони нотамом" беэътибор дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э.Раҳмонов

аз 12 августи соли 1997 № 366

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи фурӯши иншооти сохтани нотамом ва Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.10.2001с.№ 463, аз 30.04.2004с.№ 192, аз 02.11.2007с.№ 550)

Бо мақсади татбиқи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995-2000, суръатбахшии ҷараёни хусусигардонии иншооти сохтмони нотамом ва ба истифода додани фондҳои асосӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаҳои замимашудаи фурӯши иншооти сохтмони нотамом ва Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом тасдиқ карда шавад.

2. Мутобиқи замима Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом таъсис дода шавад.

3. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- мутобиқи номгӯи № 1 замимашуда фурӯши иншооти сохтмони нотамомро эълон намояд.

4. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ:

- дар мӯҳлати як моҳ рӯйхати иншооти сохтмони нотамоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бояд хусусӣ гардонида шавад, тартиб дода, онро ба Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом пешниҳод намоянд.

5. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, вазорату идораҳо ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани асноди лоиҳавию баровардии иншооти сохтмони нотамомро таъмин намоянд.