×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 № 25 "Дар бораи карантини растанӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 498 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

Қонуни мазкур мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофгардида асосҳои танзими ҳуқуқиро дар соҳаи таҳти карантин қарор додани растаниҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва ҳадафи он ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур муҳофизат намудани растанӣ ва маҳсулоти аз он тайёршаванда аз объектҳои карантинӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

карантин - (аз италянӣ gғaқanta gioқni - чил рӯз), маҷмӯи тадбирҳоест, ки барои пешгирии паҳншавии касалиҳои сироятии одаму ҳайвонот, растанӣ ва зараррасонҳои хоҷагии қишлоқ, андешида мешаванд.

растанӣ - растанӣ ва қисмҳои растанӣ, аз он ҷумла тухмӣ ва маводи генетикии растанӣ;

карантини растанӣ - низоми ҳуқуқие, ки системаи чораҳои муҳофизати растанӣ ва маҳсулоти аз он тайёршавандаро аз объектҳои карантинӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;

маҳсулоти растанӣ - маводи коркарднашудаи растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки аз рӯи табиати худ ё усули коркард хавфи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфтан, ё паҳн гардидани мавҷудоти зараррасонро ба миён меоваранд;

маҳсулоти таҳти карантин (маводи таҳти карантин, бори таҳти карантин)-растанӣ, маҳсулоти растанӣ, борҷома, зарф, хок ё мавҷудоту дигар объект, ё маводе, ки метавонанд ҳомии мавҷудоти зараррасон шаванд, ё худ ба паҳн гардидани мавҷудоти зараррасон мусоидат намоянд;

фумигатсия - усули бо истифода аз дудҳои заҳрнок, газ, аэрозолҳо мубориза бурдан ба муқобили зараррасонҳо ва касалиангезҳои растанӣ;

дегазатсия - рафъи моддаҳои заҳрнок;

як миқдор маҳсулоти таҳти карантин - миқдори маҳсулоти якҷинсаи таҳти карантин, ки дар як ҷой қарор дорад ва бояд бо як воситаи нақлиёт ба як ҷой ба маҳалли таъиншудаи як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ фиристода шавад;

чораҳои карантини фитосанитарӣ - чораҳои пешгирии ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфтан ё дар он паҳн гардидани мавҷудоти зараррасон;

мавҷудоти зараррасон - растанӣ, навъу хел ё намуди гуногуни биологӣ, ҳашароти зараррасон, ё мавҷудоти касалиовари навъу хел ва нажод, ё намудҳои гуногуни биологӣ, ки ба растанӣ, ё маҳсулоти аз он тайёршаванда зарар расонида метавонанд;

объектҳои карантинӣ - мавҷудоти зараррасоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд ё худ ҷо-ҷо паҳн гардидаанд;

объектҳои таҳти карантин - ҳар гуна замин, бинову иморат, иншоот, зарфҳо, анборҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо, маҳсулоти таҳти карантин ва дигар объектҳое, ки метавонанд манбаъи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфтан ё дар он паҳн гардидани объектҳои карантинӣ шаванд;

минтақаи карантини фитосанитарӣ - минтақае, ки дар он низоми карантини фитосанитарӣ бар асари ошкор шудани объектҳои карантинӣ ҷорӣ карда шудааст;

низоми карантини фитосанитарӣ - чораҳои карантини фитосанитарӣ, ки дар минтақаи карантинӣ фитосанитарӣ ҷорӣ карда шудаанд;

сертификати фитосанитарӣ - ҳуҷҷате, ки мувофиқати маҳсулоти таҳти карантинро ба қоидаю меъёрҳoи таъмини карантини растанӣ тасдиқ мекунад;

назорати давлатии карантини фитосанитарӣ - тадбирҳои ошкор кардани объектҳои карантини, ҷорӣ намудани ҳолати карантинии фитосанитарии объектҳои таҳти карантин, таҳти назорати давлатии карантини фитосанитарӣ гирифтани риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмини карантини растанӣ, риояи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ;

қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ - санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ва ҳуҷҷатҳои методӣ дар бораи таъмини карантини растанӣ;

иҷозатномаи воридоти карантинӣ - ҳуҷҷате, ки мутобиқ будани маҳсулоти таҳти карантини ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро ба қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ тасдиқ мекунад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини карантини растанӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини карантини растанӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба онҳо қабул карда мешаванд ва созишномаҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, иборат мебошад.

Моддаи 4. Ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини карантини растанӣ

Ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини карантини растанӣ аз инҳо иборат мебошад:

тартиб додан ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ;

ба амал баровардани назорати давлатии карантини фитосанитарӣ;

ҷорӣ намудан ва барҳам додани минтақаи карантини фитосанитарӣ, муқаррар ва бекор кардани низоми карантини фитосанитарӣ;

муайян ва тасдиқ намудани қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ, номгӯи объектҳои карантин;

гузаронидани назорати санҷишии объектҳои таҳти карантин;

ҷорӣ намудани вазъи фитосанитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муайян ва муқаррар кардани тартиби ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз ҳудуди он баровардани маҳсулоти таҳти карантин;

амалӣ гардонидани сертификатсияи маҳсулоти таҳти карантин;

ташкили кори безараргардонии объектҳои таҳти карантин ва амалӣ гардонидани он;

таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо аз рӯи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ.

Моддаи 5. Мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ

Назорати давлатии карантини растаниро мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ амалӣ мегардонад.

Мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ ва ваколатҳои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди он риояи карантини растаниро таъмин менамояд ва назорати давлатии карантини фитосанитариро ба амал мебарорад.

Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи объектҳои карантинро тасдиқ мекунад.

Мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсияи фитосанитарӣ ва иҷозатномаи воридоти карантинии маҳсулоти таҳти карантинро ба амал мебарорад.

БОБИ II ТАЪМИНИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

Моддаи 6. Ҷорӣ кардан ва барҳам додани минтақаи карантини фитосанитарӣ, ҷорӣ ва бекор намудани низоми карантини фитосанитарӣ, таъин ва бекор кардани карантин

Дар сурати ошкор шудани он ки объектҳои таҳти карантин бо объекти карантин олуда (дучори сироят) гаштаанд, мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи карантини фитосанитариро муқаррар ва низоми карантини фитосанитарӣ ҷорӣ намуда, аз ин мақоми ҳокимияти иҷроияро, ки карантин таъин мекунад, огоҳ месозад.

Дар минтақаи карантини фитосанитарӣ барои нест кардани объектҳои карантин, маҳдуд сохтан, барҳам додани манбаъи онҳо чораҳо андешида, барои истифодаи маҳсулоти муайяни таҳти карантин аз чораҳои мамнуъият ва маҳдудиятҳо истифода карда, барои гирифта бурдани маҳсулоти муайяни таҳти карантин аз ҳудуди минтақаи таҳти карантини фитосанитарӣ чораҳои мамнуъият ва маҳдудиятҳои дигар ҷорӣ карда мешаванд.

Дар сурати барҳам дода шудани манбаъҳои объекти карантин мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи карантини фитосанитарӣ ва низоми карантини фитосанитариро бекор менамояд ва мақоми дахлдори ҳокимияти иҷроия бошад, карантинро аз байн мебардорад.

Моддаи 7. Сертификатсияи карантини фитосанитарии маҳсулоти таҳти карантин

Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба минтақаҳои аз объекти карантин озоди он овардан ва аз минтақаҳои карантини фитосанитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта бурдан, кашонидани маҳсулоти таҳти карантин дар мавридҳои пешбиникардаи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ иҷозат дода мешавад, агар сертификати фитосанитарӣ ба талаботи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ мутобиқ будани маҳсулоти таҳти карантинро тасдиқ намояд.

Ҳар як миқдори маҳсулоти таҳти карантин, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешавад, бояд сертификати фитосанитарӣ ва иҷозатномаи воридоти карантинӣ дошта бошад.

Ҳар як миқдори маҳсулоти таҳти карантин, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда ё дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон кашонида мешавад ва ё ҳар як миқдори маҳсулоти таҳти карантин, ки аз минтақаи карантини фитосанитарӣ бароварда мешавад, бояд сертификати фитосанитарӣ ва иҷозатномаи воридоти карантинӣ, дошта бошад.

Моддаи 8. Муҳофизати ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз объектҳои карантин

Тартиби ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кашонидани маҳсулоти таҳти карантини растанӣ бо риояи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, инчунин бо риояи созишномаҳои байналмилалӣ дар хусуси ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, сурат мегирад.

Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти таҳти карантини бо объектҳои карантини сироятёфта (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қоидаю меъёрҳои карантини растанӣ пешбинӣ шудаанд) ва ҳамчунин маҳсулоти таҳти карантин, агар ҳангоми овардани он қоидаю меьёрҳои таъмини карантини растанӣ риоя нагарданд, манъ аст.

Маҳсулоти таҳти карантин, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, бояд ҳатман таҳти назорати давлатии карантини фитосанитарӣ гирифта, аз ҷумла аз назар гузаронида шавад.

Маҳсулоти таҳти карантинро танҳо аз гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан мумкин аст.

Ҷойгиронӣ ва шумораи кормандони гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растанӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мутобиқи талаботи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ бо асбобу анҷом таҷҳизонида, бо нақлиёту воситаҳои алоқа таъмин карда шаванд.

Маҳсулоти таҳти карантин, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, бояд аввал дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дуюмбора дар ҷои таъиншудаи мол таҳти назорати давлатии карантини фитосанитарй гирифта шуда, аз ҷумла азназар гузаронида шавад.

Назорати давлатии карантини фитосанитарӣ барои ворид намудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз он содир намудани маҳсулоти таҳти карантин аз ҷониби мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Объектҳои карантинӣ, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тадқиқоти илмӣ ворид мегарданд, бо қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ ба низом дароварда мешаванд.

Объектҳои таҳти карантинро, ки бо объектҳои карантинӣ олуда шудаанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ пешбинӣ намудаанд, истифода намудан манъ аст.

Чораю маҳдудиятҳои карантини фитосанитариро дар ҳар шакл барои ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ба таъмини карантини растанӣ дахл надоранд, татбиқ кардан манъ аст.

Моддаи 9. Безараргардонӣ, тоза ва бартараф кардани моддаҳои заҳрноки (дегазатсияи) объектҳои таҳти карантин

Маҳсулоти таҳти карантини ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда, ки бо объектҳои карантини сироят ёфтааст, бояд дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар ҷойҳои таъинот, ба истиснои ҳолатҳое, ки қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ пешбинӣ намудаанд, безарар гардонида шавад.

Маҳсулоти таҳти карантин, ки аз кишварҳои сирояткардаи объектҳои карантинӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, бояд бо мақсади пешгирӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ безарар гардонида шавад.

Воситаҳои нақлиётӣ, ки барои кашонидани маҳсулоти таҳти карантин истифода шудаанд, бояд ҳатман шуста, тоза карда ё худ дар ҳолатҳои зарурӣ мутобиқи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ безарар гардонида шаванд.

Корҳои ба воситаи газ безараргардонӣ ва бартарафкунии моддаҳои заҳрноки (дегазатсияи) объектҳои таҳти карантинро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоварад.

Мувофиқи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ объектҳои таҳти карантин безарару тоза ва аз онҳо моддаҳои заҳрнок бартараф (дегазатсия) карда мешавад.

Моддаи 10. ӯҳдадориҳои ташкилотҳо, соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳида дар таъмини карантини растанӣ

Ташкилотҳо, соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳида, ки маҳсулоти таҳти карантинро истеҳсолу захира мекунанд, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон меоваранд ё аз ҳудуди он гирифта мебаранд, мекашонанд, нигоҳ медоранд, коркарду истифода менамоянд, мефурӯшанд, ӯҳдадоранд:

ҳангоми истеҳсолу захира кардан, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан, аз ҳудуди он гирифта бурдан, кашонидан, нигоҳ доштан ва коркарду истифода намудан, фурӯхтани маҳсулоти таҳти карантин қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растаниро иҷро кунанд;

мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз омадани маҳсулоти таҳти карантин фавран огоҳ намоянд;

воситаҳои нақлиёт ва контейнерҳои дорои маҳсулоти таҳти карантинро, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, бе иҷозати ҳаттии мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон накушоянд;

барои саривақт таҳти назорати давлатии карантини фитосанитарӣ гирифтан, аз ҷумла барои азназаргузаронӣ шароити зарурӣ муҳайё созанд;

барои нигоҳдории маҳсулоти таҳти карантин биное ҷудо намоянд, ки ба талабҳои карантини фитосанитарӣ ва таъмини муҳофизати чунин маҳсулот мувофиқ бошад;

ба шуста тоза кардани воситаҳои нақлиёти дорои маҳсулоти таҳти карантин дар роҳи ҳаракат, инчунин дар ҷойҳои барои ин кор таъин нагардида имкон надиҳанд;

маҳсулоти таҳти карантинро то гирифтан ба таҳти назорати давлатии карантинӣ фитосанитарӣ ба таври бояду шояд нигоҳ доранд;

барои безарар, тоза ва бартараф кардани моддаҳои заҳрноки (дегазатсияи) объектҳои таҳти карантин воситаҳои нақлиёт, бандарҳо, майдончаҳо ва биноҳои махсуси муҷаҳҳаз ва ҳангоми зарурат кормандонро ҷудо намоянд;

дар сурати ошкор кардани нишонаҳои бо объектҳои карантинӣ олуда гаштани объектҳои таҳти карантин мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантинӣ растании Ҷумҳурии Тоҷикистонро фавран огоҳ намоянд;

маҳсулоти таҳти карантинро бо иҷрои тадбирҳое, ки талаф ё бо объектҳои карантинӣ олуда гаштани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешгирӣ менамоянд, кашонида баранд;

дигар корҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини карантинӣ растанӣ мутобиқи қоидаю меъёрҳои карантинӣ растанӣ иҷро намоянд.

Тадбирҳо оиди ошкор сохтани объектҳои карантинӣ ва мубориза ба муқобили онҳо, маҳдуд кардан ва барҳам додани манбаъи онҳо аз ҳисоби маблағи соҳибону истифодабарандагони объектҳои таҳти карантин ба ҷо оварда мешаванд.

Махсулоти таҳти карантин аз ҳисоби моликону соҳибон, истифодакунандагон, боргирандагон ё худ ташкилотҳои экспедиторӣ безарар гардонида, аз он моддаҳои заҳрнокро бартараф (дегазатсия) намуда, боздошта, нобуд карда ва баргардонида мешавад.

Моддаи 11. Ошкор сохтани объектҳои карантинӣ ва пешгирии паҳн гардидани онҳо

Бо мақсади сари вақт ошкор намудани объектҳои карантинӣ, муайян намудани ҳудуди манбаъи онҳо бояд объектҳои карантинӣ мунтазам таҳқиқи карантинӣ фитосанитарӣ карда шаванд.

Дар ҳолати ошкор гардидани манбаъи объектҳои карантинӣ дар минтақаҳои дахлдор бо тартиби муайяннамудаи моддаи 6 ҳамин Қонун тартиботи карантинӣ фитосанитарӣ муқаррар карда мешавад.

Галладона, маҳсулоти аз он истеҳсолгардида, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қоидаю меъёрҳои таъмини карантинӣ растанӣ бояд мутобиқи технологияе, ки тухмиро аз сабзиш бозмедорад, мавриди коркард қарор гиранд. Uалладонаро аз маҳалли коркард бо тухмии қобили сабзишдошта гирифта баровардан манъ аст.

Моддаи 12. Мусодира намудан, нобуд кардан, баргардонидани маҳсулоти таҳти карантин

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфтан ё дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардидани объектҳои карантинӣ маҳсулоти таҳти карантинро мусодира намудан, нобуд кардан ё бо амри шахсони мансабдори мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидан мумкин аст.

Моддаи 13. Таҳлили лабораторӣ ва экспертизаи маҳсулоти таҳти карантин

Маҳсулоти таҳти карантин бо мақсади муайян намудани ҳолати карантини фитосанитарии он бояд таҳти назорати давлатии карантини фитосанитарӣ гирифта, аз ҷумла азназар гузаронида шавад ва ҳангоми зарурат мавриди таҳлили лабораторӣ ва экспертиза қарор гирад.

Маҳсулоти таҳти карантинро бо мақсади муайян намудани ҳолати карантини фитосанитарии он мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлили лабораторӣ ва экспертиза қарор медиҳад.

БОБИ III. УМУРИ ДАВЛАТИИ КАРАНТИНИ РАСТАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 14. Усули асосии ташкил ва фаъолияти умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ягонаи марказонидашуда буда, аз мақомоту ташкилотҳои давлатии зерин иборат мебошад:

а) Инспексияи давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) лабораторияи ҷумҳуриявии карантини растанӣ;

в) дастаи фумигатсионии Инспексияи давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) Инспексияи давлатии карантини растании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо;

д) пунктҳои ноҳиявӣ ва байниноҳиявии карантини растанӣ;

е) гузаргоҳҳои сарҳадии карантини растанӣ дар бандарҳои дарёҳо, стансияҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, почтамтҳо ва роҳҳои мошингард.

Умури давлатии карантини растанӣ ба воситаи онҳо гузаронидани чорабиниҳои давлатии карантини растаниро ташкил менамояд.

Мақомоту ташкилотҳои умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби мӯҳри нишони номашон дар он сабтшуда буда, шахси ҳуқуқӣ мебошанд.

Роҳбарии умумиро ба умури давлатии карантини растанӣ аз рӯи вазифа Инспексияи давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

Низомномаи умури давлатии карантини растаниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 15. Ҳуқуқҳои шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии карантини фитосанитариро ба зимма доранд

Назорати давлатии карантини фитосанитарӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии карантини фитосанитариро ба ӯҳда доранд, дар ҳадди салоҳияти худ ҳуқуқ доранд:

объектҳои таҳти карантинро, ки ба соҳибкорон ва шахрвандони алоҳида, инчунин объектҳои тахти карантинро новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқи ва шаклҳои моликияти ташкилотҳое, ки ин объектҳо ба онҳо тааллуқ доранд, бемамониат рафта бинанд;

аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидораи маҳалли, ташкилотҳо, соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳида доир ба карантини растанӣ маълумоти хаттӣ гиранд;

карантини фитосанитарии объектҳои таҳти карантинро таҳқиқ намоянд ва маҳсулоти таҳти карантин, аз ҷумла ҷойҳои тайёр кардану фиристодани онро азназар гузаронанд;

аз объектҳои таҳти карантин намуна гиранд;

истеҳсол, тайёр кардан, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва аз ҳудуди он гирифта бурдан, кашонидан, нигоҳ доштан, коркарду истифода кардан ва фурухтани маҳсулоти таҳти карантинро манъ кунанд ё боздоранд;

ба ташкилотҳо, соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳида оиди рафъи вайрон гардидани қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растани барои иҷрои ҳатмӣ дар мӯҳлати муайяншуда амру дастурҳо диҳанд;

дар бораи безарару тоза гардонидан, бартараф кардани моддаҳои заҳрнок (дегазатсия), баргардонидани маҳсулоти таҳти карантин қарор қабул кунанд;

маҳсулоти таҳти карантинро мусодира намоянд, нобуд созанд;

дигар ваколатҳои мукаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба таъмини карантини растанӣ ба амал бароранд.

Ба шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии карантинӣ фитосанитариро ба ӯҳда доранд, бо мақсади таъсир расонидан ба қабули қарори қабулкардаи онҳо ё монеъ шудан ба фаъолияти онҳо дар ҳар шакл манъ аст ва барои ин амал ҳуқуқвайронкунандагон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 16. Парчам, нишони шиносоии умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Умури давлатии карантини растанӣ парчам на нишони шиносоӣ дорад.

Низомнома дар бораи парчам ва нишони шиносоии умури давлатии карантини растаниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 17. Манбаъҳои маблағгузорӣ ба умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъҳои маблағгузорӣ ба умури давлатии карантини растанӣ инҳо мебошанд:

маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ;

маблағҳое, ки дар ивази иҷрои кор ва хизматрасонии мақомоту ташкилотҳои умури давлатии карантини растанӣ барои таъмини карантини растанӣ расидаанд;

маблағҳое, ки аз ташкилотҳо, соҳибкорону шаҳрвандони алоҳида ҳамчун ҷуброни хароҷоти иловагии мақомоту ташкилотҳои умури давлатии карантини растанӣ барои андешидани тадбирҳои карантини фитосанитарӣ расидаанд;

маблағҳое, ки аз фаъолияти ноширии умури давлатии карантини растанӣ вобаста ба таъмини карантини растанӣ ворид мегарданд;

пардохту хайрияҳои ихтиёрӣ;

дигар манбаъҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънагардида.

Моддаи 18. Либоси расмии шахсони мансабдори умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шахсони мансабдори умури давлатии карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пӯшида гаштани либоси расмӣ ҳуқуқ доранд, ки намуди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ IV. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ВОБАСТА БА ТАЪМИНИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

Моддаи 19. Мақомоте, ки баҳсҳоро оиди таъмини карантини растанӣ ҳал мекунад

Баҳсҳои вобаста ба таъмини карантини растанӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Моддаи 20. Ҳалли баҳсҳо вобаста ба таъмини карантини растанӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар

Баҳсҳо вобаста ба таъмини карантини растанӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар дар асоси созишномаҳои байналмилалии эътирофшуда ҳал карда мешаванд.

Моддаи 21. Тартиби баррасии баҳсҳо вобаста ба таъмини карантини растанӣ

Баҳсҳо оиди таъмини карантини растанӣ дар асоси аризаи яке аз тарифҳо, ки ба он ҳуҷҷатҳои лозимӣ, аз ҷумла санади тартибдодаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моликону соҳибони маҳсулоти таҳти карантин, натиҷаҳои аз назаргузаронӣ, таҳлили лабораторӣ ва экспертизаи маҳсулоти таҳти карантин замима мегарданд, барраси карда мешаванд.

Иҷрои қарорҳо дар мавриди баҳсҳо вобаста ба таъмини карантини растанӣ аз ҷониби мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.

Даъво нисбати қарор дар мавриди баҳсҳо вобаста ба таъмини карантини растанӣ иҷрои онро мавкуф намегузорад.

Моддаи 22. Ҳалли баҳсҳои амволӣ вобаста ба таъмини карантини растанӣ

Баҳсҳои амволиро вобаста ба таъмини карантини растанӣ суд ҳал мекунад.

БОБИ V. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР БОРАИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

Моддаи 23. Ҷуброни зарари дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи карантини растанӣ расонидашуда

Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ вазифадоранд зарари аз ҷониби онҳо дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи карантини растанӣ расонидашударо тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.

Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи карантини растанӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи карантини растанӣ вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Б

ОБИ VI. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ

Моддаи 25. Принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи карантини растанӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи карантини растанӣ дар амал татбиқ карда, принсипҳои риоя намудани бехатарии байни ҳамдигариро аз ангезиш ва паҳн шудани объектҳои карантинӣ ба роҳбарӣ мегирад.

Моддаи 26. Фаоълияти ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи карантинӣ растанӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар соҳаи карантини растанӣ бо риояи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилали дар хусуси ҳамкорӣ дар соҳаи карантинӣ растани, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сурат мегирад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 12 майи соли 2001 № 25