Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии мусофирони нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳҳои оҳан
(Қарор аз 3.12.2010с. № 650)
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки мусофирони нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳҳои оҳан сарфи назар аз шаҳрвандӣ ва шакли ташкилию ҳуқуқии моликияти воситаҳои ҳаракат, дар муддати мусофират таҳти суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор дода мешаванд ва аз оғози саворшавӣ то маҳали таъинот расидан (аз вокзал баромада рафтан) суғурташуда ҳисобида мешаванд.
2. Гузаронидани суғуртаи ҳатмии давлатии мусофирони нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳҳои оҳан ба ӯҳдаи Ширкати суғуртаи давлатии Тоҷикистон "Тоҷикгосстрах" гузошта шавад.
3. Миқдори пардохти суғуртаи ҳатмии давлатии мусофирон ба андозаи 2 фоиз аз нархи ҳуҷҷати роҳкиро муқаррар карда шавад. Маблағи пардохти суғуртавӣ ба нархи ҳуҷҷати роҳкиро дохил шуда, зимнан онро муассисаи нақлиётӣ аз мусофир мегирад. Мусофироне, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саворшавӣ ба нақлиёт имтиёз доранд, таҳти суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор дода мешаванд ва ҳангоми додани ҳаққи суғуртавӣ аз ин имтиёз истифода мебаранд.
Мусофироне, ки ба тариқи транзит аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, суғурта карда мешаванд.
4. Ҳангоми дар натиҷаи ҳодисаи суғуртавӣ ба ҳаёт ва саломатии мусофирони суғурташуда зарар расондан ба андозаҳои зайл суғуртапулӣ дода мешавад:
а) ҳангоми ҳалокат - ба андозаи 300 каратаи музди ҳадди ақали меҳнат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи рӯй додани ҳодисаи суғуртавӣ муқаррар шудааст. Дар ҳолати ҳалокати мусофир пули суғурта ба ворисони ӯ мувофиқи тартиби муқаррар кардаи Қонун дода мешавад.
б) дар маврили муқаррар намудани маъюбн ва ё заҳмдоршавӣ ба мусофири суғурташуда суғуртапулӣ аз ҳаҷми дар зербанди "а" ҳамин банд нишон додашуда ба андозаи зайл дода мешавад.:
дар ҳолати маъюбии: гурӯҳи 1 - 80 фоиз, гурӯҳи II - 70 фоиз, гурӯҳи III - 60 фоиз;
зарари ҷисмонии сахт - 40 фоиз ва сабук - 25 фоиз. Суғуртапулӣ сарфи назар аз додани маблағи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоӣ пардохта мешавад.
Муассисаи нақлиёт ӯҳдадор аст, ки дар бораи ҳодисаи суғуртавӣ акт тартиб дода, онро ба мусофир ва ё ворисонаш диҳад.
5. Ҳафтод фоизи маблағи фонди захиравии суғуртаи давлатии ҳатмии мусофирони нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан, ки дар тамоми давраи фаъолияти Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" то 1 ноябри соли 2010 ташаккул ёфтааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шавад.
Тибқи натиҷаҳои соли 2010, аз 1 январи соли 2011 оғоз намуда, минбаъд даромадҳо аз ҳаққи суғуртавии ин намуди суғуртаи ҳатмӣ бо тарҳи:
- ҳаққи хизматрасонии агентҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз,
- маблағҳо барои Фонди тадбирҳои пешгирикунӣ ба андозаи 2 фоиз,
- пардохтҳои суғуртавӣ барои ҳолатҳои ҳодисаҳои суғуртавии воқеан рухдода, даромади Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" дониста шаванд.
70 фоизи ин маблағҳо баъди ситонидани андозҳо, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, 30 фоизи он барои пешбурди кор дар Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" нигоҳ дошта шавад
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 феврали соли 1999 № 25
ш. Душанбе