Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1997, № 280 "Дар бораи тартиби ба ҷамъияти саҳомии навъи кушода табдил додани корхонаи давлатӣ"

Санаи амалкуни: 28.12.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.08.2010с.№ 392 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тартиби ба ҷамъияти саҳомии навъи кушода табдил додани корхонаи давлатӣ

 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)

Бо мақсади татбиқи Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2000 ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри 1996 № 631 "Дар бораи тадбирҳои суръатбахшии саҳомикунонии корхонаҳо", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимашавандаи ба ҷамъияти саҳомии навъи кушода табдил додани корхонаи давлатӣ тасдиқ карда шавад.

2. Муқаррар гардад, ки мақомоти идораи амволи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми ба ҷамъияти саҳомии навъи кушода табдил додани корхонаҳои давлатие, ки моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ мебошанд, тартиби мазкурро ба таври қатъӣ дастури амал қарор диҳанд.

3. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ номгӯи корхонаҳои давлатиро бо 200 ва зиёд аз он ҷойҳои корӣ мувофиқи штати тасдиқшуда барои 1 январи соли 1997 ва номгӯи корхонаҳои давлатиро бо 200 ва зиёда аз он ҷойҳои корӣ мувофиқи штати тасдиқшуда барои 1 январи соли 1997 ва номгӯи корхонаҳоеро, ки мувофиқи штати тасдиқшуда барои 1 январи соли 1997 аз 100 то 199 ҷои корӣ доранд, муайян ва ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590).

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар мӯҳлати то 15 июлӣ номгӯи корхонаҳои давлатии дорои 100 ва зиёд аз он ҷои кориро, ки бояд хусусӣ гардонда шаванд, муайян намояд ва онро дар воситаҳои ахбори умум интишор диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590).

5. Вазоратҳо ва идораҳо дар мӯҳлати то 15 август аз тарафи корхонаҳои тобеи онҳо, ки бояд хусусӣ гардонида шаванд, пешниҳод шудани асноди боэътимодро ба Кумиати давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590).

6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ оинномаи намунавӣ, тарҳи эмиссия, тартиби бақайдгирии ҷамъияти саҳомии кушодаеро, ки дар заминаи корхонаи давлатӣ бо ҳиссаи садфоизаи давлат ба фонди оинномавӣ таъсис дода мешавад ва тартиби бақайдгирии барориши саҳмияҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590).

7. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорату идораҳои манфиатдор инъикоси васеъ ва фаҳмондадиҳии тадбирҳои андешидашавандаро дар мавриди ба ҷамъиятҳои саҳомии навъи кушода табдил додани корхонаҳои давлатӣ ва хусусигардонии минбаъдаи онҳо аз тариқи воситаҳои ахбори умум таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590).

8. Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 23 августи соли 1995 № 543 "Дар бораи чораҳои ташкилии таъмини минбаъда ва вусъат додани ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 16 июни соли 1997 № 280

ш. Душанбе