Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1999, № 243 "Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ

Бо мақсади суръатбахши ба ҷараёни хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ, ҷалб намудани сармоягузорони ҳориҷӣ ба иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомнома дар бораи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 № 526 тасдиқ шудааст, тағироту иловаҳои зерин дохил карда шавад:

банди 19 ба таҳрири зайл навишта шавад: "Барои иштирок дар савдо Иштирокчии он бояд ба миқдори 50 (панҷоҳ) доллари ИМА ё ҳамин маблағро бо рубли тоҷикӣ аз рӯи курси расмии Бонки Миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт кафолатпулӣ супорад. Маблағи номбурда кафолат медиҳад, ки Иштирокчӣ дар сурати ғолиб омадан дар савдо барои имзои протоколи натиҷаи савдо ва шартномаи хариду фурӯш ҳуқуқ пайдо намояд";

дар сархати якуми банди 24 ба ҷои калимаҳои "на кам аз 2 моҳ то гузаронидани тендер", бо калимаҳои "на кам аз даҳ рӯзи тақвимӣ то гузаронидани тендер" иваз карда шавад;

ба банди 41 сархати зерин илова карда шавад:

"Дар сурати иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯши гирифта шуда аз ҷониби ғолиби савдо, ки ба пурра ва саривақт пардохтони қиммати объект вобаста мебошад, Комиссия ҳуқуқ дорад ин шартномаро бекор кунад ва ба иштирокчии дигари савдо, ки нархи аз ҳама болотарро пешниҳод кардааст, вале Ғолиб набаромадааст Протоколи ғолибият ва шартномаи хариду фурӯшро имзо намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 18 июни соли 1999 № 243

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в Положение о приватизации предприятий по индивидуальным проектам

В целях ускорения процесса приватизации государственных предприятий по индивидуальным проектам, привлечения иностранных инвестиций в национальную экономику Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Ввести в Положение о приватизации предприятий по индивидуальным проектам, утвержденное постановлением Правительством Республики Таджикистан от 30 декабря 1998 года № 526, следующие изменения и дополнения:

пункт 19 изложить в следующей редакции: "Для участия в торгах Участник торгов обязан внести гарантийный взнос в размере 50 долларов США или эквиваленту в таджикских рублах, по официальному курсу Национального Банка Таджикистана на день платежа. Указанные взносы гарантируют обязательство Участника подписать протокол о результатах торгов, в случае победы на торгах и заключить договор купли-продажи";

в абзаце первом пункта 24 слова "не менее чем за два месяца до проведения тендера", заменить на слова "не менее чем за десять календарных дней до проведения тендера";

пункт 41 дополнить абзацем следующего содержания:

"В случае если Победитель торгов не выполнил принятых на себя обязательств, касающихся своевременной и полной оплаты за объект, то Комиссия вправе аннулировать этот договор и с участником торгов, заявившим наибольшую цену, но не ставшим Победителем, подписать Протокол о признании его Победителем и заключить договор куплипродажи".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан     Э. Рахмонов

от 18 июня 1999 года № 243

г. Душанбе