Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои вобаста ба Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.07.2006с. № 318)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Муқаррар карда шавад, ки ба Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдоре мебошад, ки сиёсати умумидавлатии хариди мол, кор ва хизматрасониро ба амал мебарорад.
Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" катъиян ба роҳбарӣ гирад.
2. Сохтори дар замима овардашудаи дастгоҳи идораи Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Шумораи коркунони дастгоҳи Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти намояндагиҳои Агентии мазкур дар минтақаҳо, ба миқдори 30 нафар, шумораи ашхоси хизматрасон ба миқдори 6 нафар ва нақшаи замимашавандаи идоракунии он муқаррар карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки Директори Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷонишин дорад.
Барои Агентии мазкур лимит ҷиҳати нигоҳ доштани мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори ду воҳид муайян карда шавад,
3. Маблағгузории дастгоҳи Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ба амал бароварда шавад.
4. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бо ҷой таъмин кардани Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 8 майи соли 2001 № 214
ш. Душанбе
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 майи соли 2001 № 214
тасдиқ шудааст
Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳайати роҳбарӣ.
2. Шӯъбаи танзими хариди молҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ
3. Шӯъбаи танзими хариди молҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ
4. Шӯъбаи танзими хариди кору хизматрасонӣ
5. Шӯъбаи молиявӣ ва маъмурӣ
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 майи соли 2001 № 214
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дастгоҳи марказӣ
2. Намояндагии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд
3. Намояндагии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хорӯғ
4. Намояндагии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
5. Намояндагии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар шаҳри Кӯлоб
6. Намояндагии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар шаҳраки Ғарм