Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2001, № 235 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

Барои гузаронидани сиёсати ягона дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар заминаи Консерни давлатии "Тоҷиккоммунсервис" Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" таъсис дода шавад.

Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" хамчун вориси қонунии Консерни давлатии "Тоҷиккоммунсервис"-и барҳамхӯрда дониста шуда, идораи оперативӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти хоҷагидории муассиса ва ташкилотҳои тобеъашро ба амал меорад.

2. Корхонаҳои воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар мӯҳлати як моҳ Оиннома, сохтор ва номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеъи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-ро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 1995 таҳти № 703а "Дар бораи таъсиси консерни давлатии "Тоҷиккоммунсервис" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 6 июни соли 2001 № 235

ш. Душанбе