ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлатӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 395)
Бо мақсади таъмини иҷрои кафолати давлатӣ ба хизматчиёни давлатӣ, ки бо банди 6 қисми якуми моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" муқаррар шудааст Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Гузаронидани суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлатӣ дар ҳолатҳои беморӣ ё гум кардани қобилияти мехнатӣ, ҳалокшавӣ ё расонидани зарар ба саломатӣ ва амволи ӯ вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатии вай ба зиммаи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон гузошта шавад.
2. Маблағи суғуртавӣ ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳаи хизматчии давлатӣ муқаррар карда шавад ().
3. Банди 3 бекор шудааст ().
4. Аз пардохтҳои суғуртавии воридгардида ба мақсадҳои зайл маблағ гузаронида мешавад:
барои пардохти пули суғурта - 92 фоиз;
барои ғанӣ гардонидани фонди захиравӣ - 5 фоиз;
барои коргузории ташкилоти суғурта - 3 фоиз.
Маблағи сарфнашудае, ки барои пардохти пули суғурта муқаррар шудаанд, ба буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 фоиз ва ба фонди захиравии Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон 30 фоиз гузаронида мешавад.
5. Маблағи суғурта дар чунин ҳолатҳо ва ба андозаҳои зайл пардохта мешавад ():
а) дар ҳолати ба ҳалокат расидани хизматчии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ - дар ҳаҷми музди меҳнати ҳаштмоҳа;
б) дар ҳолати маъюбшавӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ:
-ба маъюби гурӯҳи 1 - дар ҳаҷми музди меҳнати шашмоҳа;
-ба маъюби гурӯҳи II - дар ҳаҷми музди меҳнати панҷмоҳа;
-ба маъюби гуруҳи Ш - дар хаҷми музди меҳнати чормоҳа" ().
6. Қарори мазкур ба хизматчиёни давлатие, ки вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дахл надорад.
7. Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ дастурамали тартиби гузаронидани суғуртаи ҳатмии давлатии ҳает ва саломатии хизматчиёни давлатиро таҳия ва тасдиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон .Раҳмонов
аз 7 апрели соли 1999 № 142
ш. Душанбе