Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2001, № 139 "Дар бораи таъсиси корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз"

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" дар заминаи ҷудо намудани амволи корхонаҳои давлатии хоҷагии газ аз Консерни давлатии "Тоҷиккоммунсервис" таъсис дода шавад.

2. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консерни давлатии "Тоҷиккоммунсервис" дар мӯҳлати як моҳ лоиҳаи Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" ва номгӯйи корхонаҳои давлати ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад ва дар хоҷагии газ фаъолият доранд, таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

3. Дар Номгӯйи корхонаҳои давлати ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудаанд, калимаҳои "Консерни давлатии "Тоҷиккоммунсервис" ба калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 11 апрели соли 2001 № 139

ш. Душанбе