Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 1996, № 104 "Дар бораи ташкил намудани биржаи давлатии молу ашьёи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 30.12.1998

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.03.2008 № 126 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ташкил намудани Биржаи давлатии молу ашьёи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 № 8 "Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи ислоҳоти иқтисодӣ ва суръатафзоии гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Биржаи давлатии молу ашьёи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Биржаи молу ашьёи Тоҷикистон" дар назди Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, минбаъд он ба ҷамъияти саҳомии типи кушода табдил дода шавад.

2. Низомномаи Биржаи молу ашьёи Тоҷикистон ва номгӯи мол, ашьё ва маҳсулоте, ки бояд аз тариқи Биржаи молу ашьёи Тоҷикистон ба фурӯш расад, тасдиқ карда шавад.

3. Муқаррар карда шавад, ки:

- фурӯши яклухти маҳсулот, ашьё ва мол тибқи номгӯи мазкур, содироти онҳо ба воситаи Биржаи молу ашьёи Тоҷикистон сурат мегирад;

- молу ашьё ва маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникие, ки аз Биржаи молу ашьёи Тоҷикистон харида шудаанд, дар сурати мавҷуд будани қарордодҳои дахлдори биржавӣ ва савдои хориҷӣ ба дигар давлатҳо бароварда мешаванд ва аз экспертизаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мегарданд.

4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор дар ҳолати эарурӣ дар бобати ворид намудани тағьироту иловаҳо ба санадҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод кунад.

5. Муқаррар карда шавад, ки сохтор, рӯйхати штатӣ, сметаи хароҷоти нигоҳдорӣ ва таъминоти фаъолияти Биржаи молу ашьёи Тоҷикистонро Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 1995 № 484 "Дар бораи мақоми Ҷамьияти саҳомии типи кушодаи "Биржаи молу ашьёи Тоҷикистон" ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 1995 № 279ф беъэтибор дониста шаванд.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Э.Раҳмонов

аз 27 феврали соли 1996, № 104

ш.Душанбе