ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 қабул шудааст, (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 15, моддаи 232; с. 1997, № 23-24, моддаи 333) тағйироти зерин дохил крада шаванд:
1. Қисми якуми моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода крада шавад:
"Қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави хушкигард, обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фазои болои онҳо иборат мебошад".
2. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти гумрукӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарифи гумрукӣ" дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар асоси онҳо қабулшуда, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад".
3. Дар моддаи 112 калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "дар бораи андози арзиши иловашуда" ба калимаи "Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 113 калимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аксиз" ба калимаҳои "Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз крада шавад.
5. Дар қисми дуюми моддаи 124 калимаҳои "ҷарима ба андозаи муқарранамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи асосҳои системаи андоз" ба калимаҳои "пеня (фоиз) мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
6. Моддаи 219 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 219. Қачоқ ва дигар ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
Барои содир намудани қочоқ ва дигар ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
6 августи соли 2001 № 38