Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998, № 524 "Дар бораи барҳам додани Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи барҳам додани Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик"

Бо мақсади беҳтар намудани системаи идораи соҳаи пахта ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсол ва коркарди пахта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 январн соли 1999 Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" барҳам дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки назорати сифати тухмӣ ва ба навъҳо ҷудо кардани пахта ба зиммаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

3. Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" барои амалӣ гардонидани тартиби барҳамдиҳии Корпоратсия мувофиқи тартиби муқарраршуда комиссияи барҳамдиҳӣ ташкил диҳад ва дар мӯҳлати як моҳ дар бораи натиҷаи кори Комиссия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳад.

4. Комиссияи ҳукуматӣ дар ҳайати Муллоев Ш.Ш. - муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси комиссия), Болтов В.В.муовини Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рашидов А. - муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифҷонов А.Ш. - муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Қодиров М.С. - Раиси "Агроинвестбанк", Бояков Ғ.Б. - Раиси Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик". Баротов М.Б.мудири шӯъбаи комплекси агросаноатии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳматов Р.М - Муовини мудири шӯъбаи молияи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ бо тартиби муқарраршуда қарзи дебиторӣ ва кредиториро, ки дар баланси Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик"’ мавҷуд аст, ӯҳдадориҳоро оид ба андози бо қарордодҳо ва кафолатҳо басташуда, муайян намояд ва онҳоро ба вориси ҳуқуқӣ аз нав ба расмият дарорад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 30 декабри соли 1998 № 524

ш. Душанбе