Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани парвариши тухмии пахта
Бо максади ҷорӣ намудани тартиботи зарурӣ дар истеҳсоли пахтаи тухмӣ, коркарди он ва бо чигити киштбоби хушсифат таъмин намудани истеҳсолкунандагони пахта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори мекунад:
1. Аз ҳосили соли 1997 сар карда тамоми ҳаҷми истеҳсолгардидаи чигити киштбоби пахтаи репродукцияи элита, якум, дуюм ва сеюм захираи давлатии тухмӣ ҳисобида шавад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпорацияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" тухмии зикргардидаро ба ноҳияҳои пахтакор бо мувофиқаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд.
2. Шабакаи хочагиҳои калони тухмипарварӣ оид ба истеҳсоли чигити киштбоб мутобиқи замима тасдиқ карда шавад.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпорацияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои минтақаи пахтакор таҳти ҷавобгарии шахсии роҳбарони аввали онҳо ташкили захиракунӣ, қабул, коркарди пахтаи тухмӣ, ҷамъкунӣ ва нигоҳдории чигити киштбобро танҳо дар заводҳои пахтатозакунӣ таъмин намоянд.
4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпорацияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" якҷоя дар бобати муайян намудани нархҳои харид ва фурӯши чигити киштбоб мутобиқи навъҳои ботаникӣ, репродукция ва дараҷаи тухмӣ, инчунин тартиби ҳисобу китоб бо истеҳсолкунандагони ин чигит тавсияҳо таҳия намоянд.
5. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти прокуратура дар бобати таъмини нигоҳдории захираҳои пахта ва чигити киштбоб, пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳодисаҳои дуздӣ, талаву тороҷ ва истифодаи ғайримақсадноки онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
6. Замима № 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1995 №548 "Дар бораи чораҳои инкишофи тухмипарварӣ" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 21 октябри соли 1997 № 460
ш. Душанбе