ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.12.2001с. № 139, аз 30.12.2001с. № 590, аз 10.05.2003с. № 207, аз 31.03.2004с. № 119, аз 11.02.2005с. № 64, аз 02.12.2005с.№ 475, аз 03.05.2006с. № 196)
Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2000 № 422 "Дар бораи таъсиси Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дасттоҳи марказии он, нақшаи идораи (мақомоти тобеи) Вазорат ва номгӯйи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика бо шарти созишномаи дутарафа бо Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, тасдиқ шаванд (замима шудаанд)
2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи ҶумҳурииТоҷикистон 120 воҳид (бидуни ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад
Ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад ва ҳайати мушовараи вазоратро ба миқдори 7 нафар ташкил намояд
Барои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хидматӣ ба миқдори 16 воҳид тасдиқ карда шавад
3. Маблағгузории Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад.
Муқаррар гардад, ки дар соли 2001 таъминоти дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории хароҷоти ташкилии он ба таври мустасно дар ҳаҷми зарурӣ аз ҳисоби пулҷудокуниҳои корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, дар асоси шартномавӣ анҷом дода мешавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю ҷамъиятҳои саҳомии зикргардида дар мӯҳлати ду ҳафта сметаи умумии хароҷот, андозаи пулҷудокуниҳо ва тартиби маблағгузории Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2001 муайян намояд, инчунин шартномаҳои дахлдор бандад.
4. Раиси шаҳри Душанбе якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ дар хусуси ҷойгиркунонии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намоянд.
5. Кумитаи нафту гази назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ширкати миллии истихроҷи нафту гази "Тоҷикнафтугаз" (бо баланси мустақил) табдил дода шуда, бақайдгирии оинномавии ширкат бо тартиби муқарраршуда бо дарназардошти ҳамин қарор таъмии гардад.
6. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида:
дар мӯҳлати се моҳ оид ба тартиби ташкили назорати давлатии энергетикӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои қонунгузорӣ манзур намояд;
дар мӯҳлати се моҳ оид ба тартиби литсензиякунонӣ барои анҷом додани фаъолият дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;
дар мӯҳлати се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкили Ширкати давлатии "Тоҷикангишт" дар заминаи корхонаҳои давлатии истихроҷи ангишт пешниҳодҳо манзур намояд;
дар мӯҳлати се моҳ оид ба ҷудо намудами хоҷагии газ аз Ширкати давлатии "Тоҷиккокмунсервис" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд;
дар мӯҳлати шаш моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиби гузаронидапи экспертизаи давлатии ҳатмии лоиҳаю барномаҳои энергетикӣ доир ба сохтмони объектҳои калони энергетикӣ пешниҳодҳо манзур намояд;
то 1 ноябри соли 2001 лоиҳаҳои зерини барномаҳои панҷсоларо (бо дарназардошти эҳтиёҷот ба сармоягузорӣ) барои тасдиқ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд;
оид ба рущди комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
оид ба стандартизатсия, бехатарӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити атроф аз таъсири манфии фаъолият дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
оид ба демонополизатсия ва таҷдиди сохтори корхонаҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
оид ба сарфа намудани нерӯ:
то 1 июли соли 2001 оид ба таъмини истеъмолкунаидагон бо захираҳои энергетики ва нерӯ дар ҳолатҳои бӯҳронию фавқулодда ва дар мавридҳои зарурӣ ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои муваққатӣ барои истифодаи онҳо номгӯйи тадбирҳои таъҷилӣ таҳия намояд;
дар мӯҳлати ду моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳайати Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба энергетика ва лоиҳаи Низомномаи он пешниҳодҳо манзур намояд;
то 1 июни соли 2001 бинобар ташкил шудани Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ба қарорҳои қаблан қабулгардида пешниҳодҳо манзур намояд.
7. Корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика бо шарти созишномаи дутарафа бо Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад
дар мӯҳлати ду моҳ оинномаҳои худро бо ҳамин қарор мутобиқ намоянд;
бо тартиби муқарраргардида иҷро гардидани банди 3 ҳамин қарорро дар қисми маблағгузории хароҷоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2001 таъмин намоянд;
мунтазам бо Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани созишномаҳои дуҷонибаро таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 29 декабри соли 2000 № 484
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2000 № 484
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистан (минбаъд Вазорат) мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2000 № 422 таъсис дода шуда, мақоми ҷумҳуриявии идораи давлатӣ дар ҳаёати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои мебошад ва барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика масъул аст.
2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" ва дигар қонунҳои, санадҳои байналмилалию ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои, Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Фаъолияти Вазорат ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" дар мақсадҳои аоосии муқарраргардидаи сиёсати давлатӣ ва усулҳои танзими давлатӣ дар соҳаи энергетика, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба энергетика, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ваколатҳои худи вазорат, иичунин хусусиятҳои фаъолият дар соҳаи энергетика замима мегирад.
4. Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" мақсадҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетика аз инҳо иборат мебошад:
боэътимод ва сифатнок қонеъ намудани эҳтиёҷоти афзудшавандаи ҷумҳурӣ ба захира ва маҳсулоти энергетикӣ, таъмини бехатарии энергетикии мамлакат;
таъмини ҳифзи муҳити атроф, инчунин муҳофизати аҳолӣ аз таъсири зараровари натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи энергетика;
фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гузариши муттасили энергетика ба муносибатҳои бозаргонӣ, ба он ҷалб намудани сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ, ба корхонаҳои энергетикӣ додани мустақилияти иқтисодӣ ва таъмини рушди онҳо дар асоси рақобати бозаргонӣ;
баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, сарфаи нерӯ ва кам кардани хароҷоти қиёсии захираҳои энергетекии дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти миллӣ.
5. Номгӯйи вазифаҳои асосие, ки иҷрои онҳо барои Вазорат ҳатмист, аз инҳо иборат мебошад:
таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, лоиҳаи қарорҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фаъолият ва рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ алоқаманданд;
таҳияи барномаҳои зайл: оид ба рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ; оид ба стандартизатсия, бехатарӣ ва ҳифзи истеъмолкунанда, ҳифзи муҳити атроф аз таъсири манфии фаъолият дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ; демонополизатсия ва таҷдиди сохтори корхонаҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ; оид ба сарфаи нерӯ ва дигар барномаю нақшаҳои дарозмуддат;
таҳияи пешниҳодҳо оид ба фароҳам овардани шароит барои соҳибкории озод ва рушди тамоми шаклҳои моликият дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
таҳияи пешниҳодҳо оид ба мусоидат ба иштироки бахши хусусӣ дар соҳаҳои комллекси сӯзишворию энергетикӣ, дастгирӣ намудани рақобат дар сохтмон, барқарорсозӣ ва баҳрабардории объектҳои энергетикӣ;
таҳияи пешниҳодҳо оид ба эҳтиёҷот ва манбаъҳои потенсиалии маблағгузорӣ ва сармоягузории фаъолияти энергетикӣ;
таҳияи тартиби литсензиякунонӣ барои анҷом доданд фаъолият дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ, бо дарназафдошти ҷудо намудани фаъолияте, ки литсензиякунонии онҳоро воҳидҳои сохтории минтақавӣ анҷом медиҳанд;
таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати ба консессия супоридани объектҳои давлатии энергетикӣ, оид ба додани литсензия барои кашфи конҳо ва истихроҷи захираҳои энергетикӣ, оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳои энергетикӣ;
таҳияи пешниҳодҳо оид ба сиёсати нархгузорӣ, тарифӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи энергетика;
таҳияи тадбирҳои таъҷилӣ оид ба таъмини истеъмолкунандагон бо захираҳои энергетикӣ ва нерӯ дар ҳолатҳои бӯҳронию фавқулодда ва ҳангоми зарурат ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои муваққатӣ барои истифодаи онҳо;
таҳияи пешниҳодҳо оид ба фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи энергетика;
андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати боэътимод ва босифат қонеъ гардонидаии эҳтиёҷоти мамлакат ба захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ ва бехатарии энергетикии он;
татбиқи барномаю нақшаҳо, тадбирҳо ва қарорҳои қабулгардида, ки дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд;
андешидани тадбирҳои зарурӣ, ки ба воридшавии устувори сармоягузориҳои хусусӣ ва ғайра ба комплекси сӯзишворию энергетикӣ, рушди захираҳои маҳаллӣ ва алтернативӣ, аз ҷумла танзими идора, соҳибияти захираҳои энергетикӣ ва маҳсулоти энергетикии фаръӣ дар сатҳи истеъмолкунандаи ниҳоӣ мусоидат мекунанд;
таъсиси низоми дахлдори меъёрию ҳуқуқӣ барои фаъолияти объектҳои энергетикӣ ва объектҳои энергетикии хоҷагидорӣ соҳаҳои мухталифи комплекси сӯзишворию энергетикӣ, ки сарфа намудани нерӯ, демонополизатсия ва таҷдиди сохтори корхонаҳои давлатии энергетикиро пешбинӣ менамояд;
таъмини мониторинг ва назорати иҷрои созишномаю шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи энергетика;
мониторинги фаъолияти корхонаҳои энергетикӣ бо мақсади анҷом додани гузариши муттасили онҳо ба муносибатҳои бозаргонӣ;
бо тартиби муқарраргардида гузаронидани чорабиниҳои зиддимонополӣ дар соҳаи энергетика ва тадбирҳо оид ба рушди рақобати боинсофона дар бозори хизматрасониҳои энергетикӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба саҳомигардонӣ ва хусусикунонии корхонаҳои давлатии энергетикӣ;
банақшагирӣ ва пешбинӣ намудани динамикаи талабот ва пешниҳодҳо ба ҳама намуди захираҳои энергетикӣ ва нерӯ барои баҳисобгирӣ ва бо тартиби муқарраргардида ворид намудани тағйироти минбаъда ба барномаю лоиҳаҳои амалишаванда;
таҳлили истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои қарзии давлатӣ ё аз ҷониби давлат кафолатдодашуда дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
таҳлили вазъияти бо намудҳои гуногуни нерӯ ва захираҳои энергетикӣ қонеъ будани эҳтиёҷоти истеҳолот ва аҳолӣ;
таҳлили иҷро гардидани барномаю нақшаҳои давлатӣ дар соҳаи энергетика;
таҳлили сиёсати нархгузорӣ, тарифӣ, қарзӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
таҳлили баҳрабардории захираҳои энергетикии барқароршаванда ва аввалия;
таҳлили истифодаи захираҳои энергетикии фаръӣ ва манбаъҳои ғайрианъанавии нерӯ;
таҳлили соҳавии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, консессионӣ ва ғайраи энергетикӣ;
таҳлили вазъи бо сармоягузорӣ ва маблағ таъмин будани объектҳои энергетикӣ, муайян намудани манбаъҳои потенсиалии маблағгузорӣ ва сармоя;
додани литсензия барои амалӣ кардани фаъолият дар соҳаҳои энергетика ва ташкили назорати риояи шартҳои он;
бо корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, имзо намудани созишномаҳо;
бо тартиби муқарраргардида таҳия намудани қоидаю стандартҳо ва меъёру нормативҳо барои таъмини бехатарии истеҳсолот, ҳамлу нақл, таҳвил, тақсим, нигаҳдорӣ, коркард, табдил ва фурӯши тамоми намудҳои кору, захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ;
бо тартиби муқарраргардида таҳия намудани қоидаю стандартҳо ва меъёру нормативҳо оид ба ҳифзи муҳити атроф ва аҳолӣ дар натиҷаи фаъолият дар соҳаи электроэнергетика, соҳаи истихроҷи нафту газ, соҳаи таъминот бо маҳсулоти нафту газ, саноати истихроҷи ангишт ва намудҳои алтернативии нерӯ.
Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин метавонад дигар вазифаҳоеро анҷом диҳад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
6. Мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузоргардида Вазорат аз ҳуқуқҳои зайл бархӯрдор аст:
бо тартиби муқарраргардида анҷом додани ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти идораи давлатӣ, ҳукуматҳо, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо дар қисми таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии энергетикӣ;
ба мақомоти давлатии дахлдор пешниҳод намудани маҷмӯи дархостҳо ҷиҳати маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ва дигар манбаъҳои давлатӣ барои татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои дарозмуддат дар соҳаи энергетика;
иштирок намудан дар муҳокимаи масъалаҳои консессия дар энергетика, истифодаи заминҳо дар энергетика, нархгузорӣ дар энергетика, лоиҳакашӣ, сохтмон ва маблағгузории объектҳои калони энергетикӣ дар ҷумҳурӣ;
иштирок намудан дар ҳаллу фасли масъалаҳои маблағгузории соҳаи энергетика;
бо тартиби муқарраргардида иштирок намудан дар шӯро, марказҳои ҳамоҳангсозӣ, кумитаҳои ҳамгироӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои энергетика;
бо тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани қоидаю стандартҳо, нормативу меъёрҳои соҳавӣ ва дигар маводи дастурӣ оид ба ҳифзи муҳити атроф ва муҳофизати аҳолӣ аз таъсири зарарнок дар натиҷаи фаъолият дар соҳаҳои энергетика, стандартҳои техникӣ ва меъёрҳои истеҳсоли бехавф, ҳамлу нақл, таҳвил, тақсим, нигаҳдорӣ, коркард, табдил ва фурӯши тамоми намуди нерӯ, захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ;
бо тартиби муқарраргардида бастани шартномаҳои байниидоравӣ бо давлатҳои хориҷӣ;
аз тамоми шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки хизматрасонии энергетикиро фароҳам меоваранд, талаб кардани иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, санадҳои меъёрӣ ва муқаррароту дастурҳое, ки аз онҳо бармеоянд;
бо тартиби муқарраргардида ташкил намудани воҳидҳои сохтории худ оид ба литсензиякунонӣ дар вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин таъсиси намояндагиҳои хориҷии худ;
бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ додани литсензия барои анҷом додани фаъолият дар соҳаи энергетика ва бозхондани ин литсензияҳо;
бо тартиби муқарраргардида ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои фаъолиятро дар соҳаи энергетика вайрон мекунанд;
бо тартиби муқарраргардида таъсис ва маблағгузорӣ намудани мақомоти нашриётии худ;
дар доираи ҳаҷмҳои маблағгузории ҷудогардида ҷойгиркунонидани фармоишҳо ҷиҳати иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, илмию таҳқиқотӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи энергетика;
бо тартиби муқарраргардида анҷом додани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар соҳаи энергетика;
мувофиқа намудани оинномаҳои корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳошон ба давлат тааллуқ дорад, бо тартиби муқаррарагрдида бастан ва бекор кардани қарордодҳо бо роҳбарони онҳо;
аз дигар мақомоти идораи давлатӣ (ҳукуматҳо), ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо дархост намудани маълумот ва маводе, ки барои анҷом додани вазифаҳояш заруранд;
иштирок намудан дар муҳокимаи масъалаҳои таъсис, тағйир ва бекор намудани шаклҳои ҳисоботи давлатии оморӣ дар соҳаи энергетика, дастрас намудани маҷмӯаҳо ва маводи оморӣ дар мақомоти омори давлатӣ;
бо мақсади татбиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузоргардида анҷом додани дигар ваколатҳое, ки ба санадҳои меъёрии амалкунанда мухолиф нестанд.
7. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Вазир барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат вогузоргардида масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир муовинҳо дорад, аз ҷумла як муовини аввал, ки бо пешниҳоди ӯ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Тақсими ӯҳдадориҳо байни муовинони Вазир тибқи фармони Вазир анҷом дода мешавад.
8. Вазир дар доираи салоҳияташ ин амалҳоро анҷом медиҳад:
муқаррар намудани дараҷаи масъулияти роҳбарони департаментҳо ва дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат, мақомоти тобеъ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат вогузоргардида;
баровардани фармон, тасдиқи дастуруламалҳо, меъёрҳо ва қоидаю стандартҳо, ки иҷрои онҳо барои тамоми кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, мақомоти тобеъ ва шахсони дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда ҳатмӣ мебошад, инчунин таъмини назорати иҷрои онҳо;
тасдиқи қоидаҳои интихоби озмуни қабули қарорҳо дар хусуси эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар дастгоҳи марказии Вазорат ва ташкилотҳои тобеъ, бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин роҳбарони ташкилотҳои тобеъ;
бо тартиби муқарраргардида иштирок намудан дар ҳалли масъалаҳо ҷиҳати ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани роҳбарони корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика, фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад;
тасдиқи низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин низомномаҳои ташкилоти ба Вазорат тобеъ;
мувофиқа намудани оинномаҳои корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад;
хориҷ карда шуд
тасдиқи шумора ва фонди пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои тобеъи Вазорат дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷоти таъминоти онҳо дар ҳудуди маблағҷудокуниҳои буҷетии барои давраи дахлдор тасдиқгардида, ки Буҷети давлатӣ пешбинӣ менамояд.
ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони корхонаҳои давлатии соҳаи нафтугаз ва ангишт
тасдиқи оинномаҳои корхонаҳои давлатии соҳаи нафту газ ва ангишт
9. Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика":
а) бо мақсади баррасии пешниҳодҳои марбут ба сиёсат дар соҳаи энергетика, баланд бардоштани самаранокӣ ва такмили усулҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи энергетика Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба соҳаи энергетика таҳти роҳбарии Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад;
б) ба ҳайати Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба энергетика бо ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва дигар вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ, корхонаҳои энергетикӣ ва истеъмолкунандагон дохил мешаванд;
в) Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба энергетика фаъолияти худро дар асоси низомнома, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, анҷом медиҳад.
10. Низомяомаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказии он, нақшаи идора (мақомоти тобеъ), шумораи ниҳоии дастгоҳи марказӣ ва мақомоти тобеъ, номгӯйи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, тартиби ҷойгиркунонӣ ва маблағгузории Вазорат аз ҳисоби маблағҳои буҷет аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
11. Барои ҳаллу фасли масъалаҳои нисбатан муҳим дар вазорат ҳайати мушовараи иборат аз Вазир (роҳбар), муовинони Вазир (тибқи мансаб) ва кормандони роҳбарикунандаи вазорат таъсис дода мешавад. Шумора ва ҳайати мушовараи вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазир тасдиқ мекунад. Қарорҳои коллегия бо фармони Вазир татбиқ мегарданд.
12. Ба сохтори марказии вазорат воҳидҳои сохторӣ (департаментҳо, идораҳо), ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар тамоми соҳаҳои энергетика (электроэнергетика, соҳаи истихроҷи нафту газ, соҳаи таъмин намудан бо газ ва маҳсулоти нафти, саноати истихроҷи ангишт ва, намудҳои алтернативии нерӯ) масъул мебошанд, инчунии воҳидҳои дастгирикунанда ва ёрирасон, ки барои фаъолияти мӯътадили он заруранд, дохил мешаванд.
13. Воҳидҳои сохтории минтақавӣ, ки барои литсензиякунонии намудҳои алоҳидаи фаъолияти энергетикӣ таъин шудаанд, метавонанд ба нақшаи идораи (мақомоти тобеи) вазорат дохил шаванд.
14. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти тамоми субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи энергетика тавассути додани литсензия, таҳия ва ташкили назорати қоидаҳо ва меъёру нормативҳои энергетикӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва ғайраи иҷрояшон ҳатмӣ, инчунин таҳия ва татбиқи нақшаю барномаҳои давлатии энергетикӣ танзим менамояд.
15. Вазорати энергетика фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунандаро, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, бо роҳи бастани шартномаҳои дуҷониба танзим менамояд.
Ҳисоботи роҳбарони онҳо дар хусуси ҷараёни иҷрои чунин созишномаҳо, татбиқи барномаю нақшаҳои дарозмуддати тасдиқгардида дар соҳаи энергетика мунтазам дар ҳайати мушовараи Вазорат гӯш карда мешаванд.
16. Бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) давлатии корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад ва ба номгӯйи тасдиқшаванда дохил шудаанд, бо тартиби муқарраргардида баъд аз мувофиқа намудани оинномаҳои онҳо бо Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
17. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо нақши Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯйи он, мӯҳру штампҳои дахлдор ва ҳисобномаи ягонаи хазинадории бонкӣ мебошад.
Амволи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлатӣ тааллуқ дошта, хусусигардонӣ карда намешавад.