Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.04.2006с. № 142)
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001 № 457 "Дар бораи таъсиси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказии он ва нақшаи идораи Вазорат, номгӯи ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва номгӯи ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияти худро дар асоси бастани созишнома бо Вазорат анҷом медиҳанд (замима мешаванд), тасдиқ карда шаванд.
2.Шумораи дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 82 нафар (бидуни ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
Ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовараи иборат аз 7 нафар дошта бошад.
Ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрав 7 адад муқаррар карда шавад.
3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
4. Дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Инспексияи давлатии меҳнат таъсис дода шавад.
Муайян карда шавад, ки Инспекцияи давлатии меҳнатро Саринспектори давлатии меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи вазифа ба муовини вазир баробаркардашуда ва дар асоси пешниҳоди Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таиншаванда, роҳбарӣ менамояд.
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Низомнома ва оид ба шумораи штатӣ, сохтор, нақшаи идора ва маблағгузории Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намоянд.
5.Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии меҳнат ба Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
6. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси баланд бардоштани самаранокии кори сохторҳое, ки ба системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ва ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо пешниҳодҳо манзур намояд.
7.Ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки ба системаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, дар мӯҳлати ду моҳ оинномаҳои худро бо Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонанд.
8.Муқаррар гардад, ки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои собиқ Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии меҳнат, Маркази ҷумҳуриявии шуғли аҳолӣ, Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссияи ҷумҳуриявии экспертии тиббию меҳнатӣ дар бинои собиқ Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мешаванд.
9.Бинобар қабули ҳамин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои зерин беэътибор дониста шаванд:
Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 1993 № 453 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 1995 № 287 "Масъалаҳои Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1995 № 513 "Масъалаҳои Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996 № 400 "Масъалаҳои Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 1996 № 468 "Дар бораи ташкили мониторинги соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ".
10.Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қабули ҳамин қарор то 1 маи соли 2001 оид ба мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 7 марти соли 2001 № 124
ш. Душанбе