Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001, № 336 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.05.2004с. № 199 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2001 № 536 "Дар бораи тадбирҳои такмили баъзе сохторҳои идораи давлатӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори дастгоҳи марказии он, инчунин номгӯйҳои корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, фаъолияти худро дар соҳаи кишоварзӣ дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷонибаи бо Вазорати мазкур басташаванда анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 125 воҳид ва нақшаи идораи замимашавандаи Вазорати мазкур муқаррар карда шавад.

Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовини вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовараи иборат аз 9 нафар дошта бошад.

Барои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 7 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

4. Муқаррар гардад, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти тобеи он, идораҳои кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ системаи ягонаи, идораи давлатиро, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ масъул мебошанд, ташкил медиҳанд.

Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти якҷояро бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мониторинги соҳаи кишоварзӣ, таҳияи стандартҳо, меъёрҳо ва нормативҳои техникӣ, экологӣ ва ғайра, ки иҷрояшон ҳатмӣ аст, пешбинии тамоюлҳои мавҷуда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъмин намоянд.

5. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида:

дар мӯҳлати се моҳ оид ба таҷдиди ташкили мақомоти назораткунандаи тобеи он, низомнома, сохтори дастгоҳҳо, нақшаи идора, шумораи кормандон, маблағгузорӣ ва ҷойгиркунонии мақомоти тобеи он пешниҳод манзур дорад;

дар мӯҳлати чор моҳ оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии дар соҳаи кишоварзӣ амалкунанда пешниҳод манзур дорад;

то 1 декабри соли 2001 оинномаҳои корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатиеро, ки дар асоси шартҳои созишномаҳо бо он фаъолият мекунанд, ба ҳамин қарор мутобиқ намояд. Муқаррар гардад, ки тағйири номи ин корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) давлатии онҳо монеа шуда наметавонад.

6. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатиеро, ки дар соҳаи кишоварзӣ бо он дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷониба фаъолият мекунанд, таъмин намояд.

7. Қарорҳои зерин беэътибор дониста шаванд:

Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 1995, № 567 "Масъалаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1998 № 385 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 1995 № 567 "Масъалаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 5 июли соли 2001 № 336

ш. Душанбе