ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати Ҷт аз 10.05.2005с. № 172, аз 03.06.2006с. № 255)
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2001 № 536 "Дар бораи тадбирҳои такмили баъзе сохторҳои идораи давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идораи вазорат ва Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷониба фаъолият мекунанд, дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд)
2. Шумораи ниҳоии дастгоҳи марказии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 воҳид (бидуни дастгоҳи хизматрасон ва ҳайати муҳофизати биноҳо) ва нақшаи замимашавандаи Вазорати мазкур муқаррар карда шаванд
Ба Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовараи иборат аз 7 нафарро дошта бошад.
Барои Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 4 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
сархати дуюми банди 3 хориҷ карда шуд
4. Дар заминаи Инспексияи давлатии алоқаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Инспексияи давлатии алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шавад.
5. Муқаррар гардад, ки Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии танзими алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии алоқаи назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки, 57 ҷойгир мешаванд
6. Банди 6 хориҷ карда шуд
7. Ба корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансубанд ва фаъолияташонро дар соҳаи алоқа тибқи шартҳои созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, дар мӯҳлати чор моҳ оинномаҳои худро бо Низомномаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида, ҳар сол бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кардани созишномаҳои дуҷонибаро таъмин намоянд. Муқаррар гардад, ки тағйири номи ин корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии (азнавбақайдгирии) давлатии онҳо монеа намебошад.
8. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1992 № 275 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 июли соли 2001 № 337
ш. Душанбе