Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон
Бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 34/180 аз 18 декабри соли 1979 қабул гардидааст ва барои имзо, тасдиқ ва ҳамроҳшави боз аст.
(Мутобиқи моддаи 27(1) аз 3 сентябри соли 1981 эътибор дорад)
Давлатҳои аъзои ин Конвенсия,
бо дарназардошти он ки Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар бовариро ба ҳуқуқҳои асосии инсон, ба шаъну эътибор ва арзишҳои шахсияти инсон ва ба баробарҳуқуқии занону мардон тасдиқ намуд,
бо дарназардошти он ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар принсипҳои роҳ надодан ба табъизро тасдиқ менамояд ва эълон медорад, ки тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд ва ҳар як шахс бидуни ягон фарқият, аз ҷумла фарқияти ҷинси бояд тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои дар он эълонгардидаро дошта бошад,
бо дарназардошти он ки ба зиммаи давлати узви Паймонҳои байналхалқи доир ба ҳуқуқи инсон ӯҳдадории таъмин намудани ҳуқуқи баробари истифодаи тамоми ҳуқуқҳои иқтисоди, иҷтимои, фарҳанги, шаҳрванди ва сиёси барои занону мардон гузошта мешавад,
бо дарназардошти конвенсияҳои байналмилалии таҳти ҳимояи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он бо мақсади мусоидат ба баробарҳуқуқии занону мардон басташуда,
ҳамчунин бо дарназардошти резолютсияҳо, эъломияҳо ва тавсияҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он бо мақсади мусоидат ба баробарҳуқуқии занону мардон,вале, бо ташвиш аз он ки, сарфи назар аз ин ҳуҷҷатҳои гуногун мисли пештара табъизи зиёде нисбати занон ҷой дорад,
бо хотирнишон намудан аз он ки табъизи занон принсипҳои баробарҳуқуқи ва эҳтироми шаъну эътибори инсонро халалдор месозад, ба иштироки занон баробар бо мардон дар ҳаёти сиёси, иҷтимои, иқтисоди ва фарҳангии кишвари худ монеъ мегардад, ба болоравии некӯаҳволии ҷомеа ва оила халал мерасонад ва ба пурра зоҳир намудани имкониятҳои занон ба нафъи кишварҳои худ ва инсоният мушкилоти зиёд ба миён меорад,
бо ташвиш аз он ки дар шароити қашшоқи занон барои дастрас намудани озуқавори, тандурусти, маориф, тарбияи касби, шуғл, инчунин дигар эҳтиёҷот имконияти камтар доранд,
бо бовари аз он ки муқаррар намудани тартиби нави иқтисодии байналмилалии ба баробари ва адолат асосёфта дар таъмини баробарии байни мардону занон мусоидат хоҳад кард,
бо таъкид аз он ки рафъ намудани апартеид, ҳама шаклҳои нажодпарасти, табъизи нажоди, мустамликадори, неоколониализм, таҷовузгариҳо, ишғолгари, ҳукмрони ва дахолати хориҷи ба корҳои дохилии давлатҳо барои пурра амали гардидани ҳуқуқҳои мардону занон зарур мебошад,
бо тасдиқ аз он ки таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилали, сабук гардидани ташаннуҷи байналмилали, ҳамкории мутақобилаи байни давлатҳо сарфи назар аз системаҳои иҷтимои ва иқтисодии онҳо, яроқпартоии пурра ва умуми, хусусан халъи силоҳи ядрои таҳти назорати қатъй ва самараноки байналмилали, пойдор гардидани принсипҳои адолат, баробари ва манфиати мутақобила дар муносибатҳои байни кишварҳо ва татбиқи ҳуқуқҳои халқҳои таҳти ҳукмронии хориҷи ва мустамликави ва тасарруфи хориҷи қарордошта ба худмуайянкуни ва истиқлолият, инчунин эҳтироми истиқлолияти милли ва тамомияти арзии давлат ба пешрафт ва рушди иҷтимои мусоидат хоҳанд кард ва дар натиҷа ба ноил гардидан ба баробарии пурра байни мардону занон кӯмак менамоянд,
бо бовари аз он ки тараққиёти пурраи кишвар, некӯаҳволии тамоми ҷаҳон ва кори сулҳ иштироки ҳадди ҳарчи бештари занонро дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳо талаб мекунанд,
бо дарназардошти аҳамияти саҳми занон дар некӯаҳволии оила ва дар пешрафти ҷомеа, ки то ҳанӯз пурра эътироф нагардидааст, аҳамияти иҷтимоии модар ва нақши ҳар ду волидайн дар оила ва дар тарбияи кӯдакон ва бо дарки он ки нақши зан дар идома додани насл набояд сабаби табъиз гардад, зеро тарбияи кӯдакон масъулияти якҷояи мардону занон ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеро тақозо мекунад,
бо эътироф аз он ки барои ноил гаштан ба баробарии пурраи байни мардону занон тағйир додани нақши анъанавии ҳам мардон ва ҳам занон дар ҷомеа ва дар оила зарур мебошад,
бо азми қатъи ҷиҳати татбиқ намудани принсипҳои дар Эъломия дар бораи барҳам додани табъиз нисбати занон эълонгардида ва барои ин мақсад андешидани тадбирҳои зарури барои барҳам додани чунин табъиз дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроти он,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Қисми I
Моддаи 1
Барои мақсадҳои ин Конвенсия мафҳуми "табъиз нисбати занон" ҳама гуна фарқият, хориҷкуни ё маҳдудсози бо нишонаи ҷинсро дорад, ки ба заифгардони ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асоси дар соҳаи сиёси, иқтисоди, иҷтимои, фарҳанги, шаҳрванди ё ҳама гуна соҳаи дигар аз ҷониби занон, сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст.
Моддаи 2
Давлатҳои аъзо табъиз нисбати занонро дар тамоми шаклҳояш маҳкум мекунанд ва розиянд бидуни таъхир бо истифодаи тамоми усулҳои дахлдор сиёсати барҳам додани табъиз нисбати занонро ба роҳ монанд ва бо ин мақсад ӯҳдадор мешаванд:
a) принсипҳои баробарҳуқуқии мардону занонро дар конститутсияҳои миллии худ ё дигар қонунгузории дахлдор, агар он ҳанӯз дохил карда нашуда бошад, ворид кунанд ва бо кӯмаки қонун ва дигар воситаҳои дахлдор татбиқи амалии ин принсипро таъмин намоянд;
b) тадбирҳои дахлдори қонунгузори ва тадбирҳои дигар, аз ҷумла, дар мавриди зарури, муҷозоте истифода мекунанд, ки ҳама гуна табъизро нисбати занон манъ менамоянд;
c) ҳифзи ҳуқуқии ҳуқуқи занонро дар асоси баробари бо мардон муқаррар мекунанд ва бо кӯмаки судҳои салоҳиятдори милли ва дигар муассисаҳои давлати ҳифзи самараноки занонро аз ҳама гуна кирдори табъиз ҳимоя мекунанд;
d) аз содир намудани ягон кирдори табъизи ё амалҳо нисбати занон худдори мекунанд ва кафолат медиҳанд, ки мақомот ва муассисаҳои давлати мутобиқи ин ӯҳдадориҳо амал мекунанд;
e) барои барҳам додани табъиз нисбати занон аз ҷониби ягон шахс, ташкилот ё корхона тамоми тадбирҳои дахлдорро меандешанд;
f) тамоми тадбирҳои дахлдор, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузориро барои тағйир ё бекор кардани қонунҳои амалкунанда, қарорҳо, расму оин ё амалҳое, ки нисбати занон табъиз мебошанд, меандешанд;
g) тамоми муқаррароти қонунгузории ҷиноии худро, ки нисбати занон табъиз мебошанд, бекор мекунанд.
Моддаи 3
Давлатҳои аъзо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёси, иҷтимои, иқтисоди ва фарҳанги тамоми тадбирҳои дахлдор, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузориро, барои таъмини рушди ҳамаҷониба ва пешрафти занон меандешанд, то ки татбиқ ва истифодаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро ба онҳо дар асоси баробари бо мардон кафолат диҳанд.
Моддаи 4
1. Аз ҷониби давлатҳои аъзо андешида шудани тадбирҳои муваққатии махсусе, ки баҳои суръатбахшии ҷори намудани баробарии воқеи байни мардону занон равона гардидааст, тавре ки дар ин Конвенсия муайян мегардад, табъиз ҳисобида намешаванд, вале онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд боиси нигоҳ доштани стандартҳои нобаробар ё тафрикашуда гарданд; ин тадбирҳо бояд пас аз ноил гаштан ба мақсадҳои баробарии имкониятҳо ва муносибати баробарҳуқуқ бекор карда шаванд.
2. Аз ҷониби давлатҳои аъзо андешида шудани тадбирҳои махсусе, ки ба ҳифзи модар равона гардидаанд, аз ҷумла тадбирҳое, ки дар ин Конвенсия зикр шудаанд, табъизи ҳисобида намешаванд.
Моддаи 5
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро бо мақсадҳои зерин меандешанд:
a) тағйир додани моделҳои иҷтимои ва фарҳангии рафтори мардону занон бо мақсади ноил гардидан ба аз байн бурдани хурофот ва барҳам додани расму оин ва тамоми таҷрибаи дигаре, ки ба ғояҳои ноқиси ё бартарияти яке аз ҷинсҳо ё муқаррар будани нақши мардону занон асос ёфтаанд;
b) таъмин намудани он, ки тарбияи оилави дарки дурусти модар буданро ҳамчун вазифаи иҷтимои ва эътирофи масъулияти умумии мардону занонро барои тарбия ва рушди кӯдакони худ дар бар гирад, ба шарте ки дар ҳама ҳолатҳо манфиати кӯдакон бартарият дошта бошад.
Моддаи 6
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳо, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузориро барои пешгири намудани ҳама намудҳои харидуфурӯши занон ва суиистифодаи фоҳишагарии занон меандешанд.
ҚИСМИ II
Моддаи 7
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро ҷиҳати барҳам додани табъиз нисбати занон дар ҳаёти сиёси ва ҷамъиятии кишвар меандешанд, аз ҷумла ба занон шароити баробар бо мардонро дар масъалаҳои зерин таъмин менамоянд:
a) овоздиҳи дар ҳама интихобот ва раъйпурсиҳои оммави ва интихоб шудан ба тамоми мақомоти аз ҷониби омма интихобшаванда;
b) иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати Ҳукумат ва ишғол намудани вазифаҳои давлати, инчунин иҷро намудани ҳама вазифаҳои давлати дар тамоми сатҳҳои идораи давлати;
с) иштирок намудан дар фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлати ва ассотсиатсияҳое, ки ба проблемаҳои ҳаёти ҷамъияти ва сиёсии кишвар машғуланд.
Моддаи 8
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳоро меандешанд, то ки ба занон имконияти бо мардон баробар ва бидуни ягон табъиз намояндаги намудани ҳукуматҳои худ дар арсаи байналмилали ва иштирок дар кори ташкилотҳои байналмилалиро таъмин намоянд.
Моддаи 9
1. Давлатҳои аъзо ба занон ҳуқуқи баробар бо мардонро нисбати гирифтан, тағйир додан ё нигоҳ доштани шаҳрвандии онҳо фароҳам меоранд. Онҳо, аз ҷумла таъмин менамоянд, ки на бастани ақди никоҳ бо шахси хориҷи, на тағйир ёфтани шаҳрвандии шавҳар ҳангоми ақди никоҳ боиси худ аз худ тағйир ёфтани шаҳрвандии зан намегардад, ӯро ба шахси бешаҳрванди табдил намедиҳанд ва наметавонанд ӯро маҷбур созанд, ки шаҳрвандии шавҳари худро қабул кунад.
2. Давлатҳои аъзо ба занон ҳуқуқҳои баробар бо мардонро нисбати шаҳрвандии кӯдакони онҳо фароҳам меоранд.
ҚИСМИ III
Моддаи 10
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои он меандешанд, ки табъиз нисбати занонро барҳам диҳанд, то ки ба онҳо ҳуқуқҳои баробар бо мардонро дар соҳаи маориф таъмин кунанд ва, аз ҷумла дар заминаи баробарии мардону занон инҳоро таъмин намоянд:
а) шароити якхела барои интихоби касб ё ихтисос, барои дастраси ба таълим ва гирифтани дипломҳо дар муассисаҳои таълимии ҳама гуна категорияҳо ҳам дар деҳот, ҳам дар ноҳияҳои шаҳри; ин баробари дар таълими томактаби, умуми, махсус ва олии техники, инчунин дар тамоми навъҳои тарбияи касби таъмин мегардад;
b) дастраси ба барномаҳои якхелаи таълими, имтиҳонҳои якхела, ҳайати омӯзгорони ихтисоси якхела, иморатҳои мактаби ва таҷҳизоти баробарсифат;
c) бартарафсозии ҳама гуна консепсияҳои муқаррарии нақши мардону занон дар ҳама гуна сатҳҳо ва дар ҳама гуна шаклҳои таълим бо роҳи ҳавасмандгардонии таълими якҷоя ва дигар навъҳои таълим, ки барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо ва, аз ҷумла бо роҳи таҷдиди назар намудани дастурҳои таълими ва барномаҳои мактаби ва мутобиқгардонии усулҳои таълим мусоидат хоҳанд кард;
d) имкониятҳои якхела дар гирифтани стипендия ва дигар кӯмакпулиҳо барои таълим;
e) имкониятҳои якхелаи дастраси ба барномаҳои идомадиҳии таълим, аз ҷумла барномаҳои паҳнкунии саводноки дар байни калонсолон ва барномаҳои саводнокии функсионали, ки аз ҷумла ба ҳарчи зудтар кам кардани ҳама гуна фарқият дар дониши мардону занон равона гардидаанд;
f) кам кардани шумораи духтароне, ки мактабро хатм накардаанд ва таҳияи барномаҳо барои духтарону заноне, ки пеш аз мӯҳлат мактабро тарк намудаанд;
g) имкониятҳои якхела ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар машғулиятҳои варзиши ва тарбияи ҷисмони;
h) дастраси ба иттилооти махсуси дорои хислати таълими бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саломати ва некӯаҳволии оила, аз ҷумла иттилоот ва машваратҳо оид ба танзими андозаи оила.
Моддаи 11
1. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар соҳаи шуғл меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқҳои баробарро таъмин намоянд, аз ҷумла:
а) ҳуқуқ ба меҳнат ҳамчун ҳуқуқи ҷудонопазири тамоми одамон;
b) ҳуқуқ барои имконияти якхела ҳангоми кироя ба кор, аз ҷумла истифодаи меъёрҳои якхелаи интихоб ҳангоми кироя;
c) ҳуқуқ ба интихоби озодонаи ихтисос ё навъи кор, пешрави дар вазифа ва кафолати шуғл, инчунин ба истифодаи ҳама гуна имтиёз ва шартҳои кор, ба гирифтани тарбияи касби ва бозомӯзи, аз ҷумла шогирди, тарбияи касби, такмили сатҳи ихтисос ва бозомӯзии мунтазам;
d) ҳуқуқ ба мукофотонии баробар, аз ҷумла гирифтани имтиёзҳо, ба шартҳои баробар нисбати меҳнати баробарарзиш, инчунин ба бархӯрди баробар нисбати арзёбии сифати кор;
e) ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимои, аз ҷумла ҳангоми ба нафақа баромадан, бекори, бемори, маъюби, пиронсоли ва дар дигар ҳолатҳои аз даст додани қобилияти кори, инчунин ҳуқуқ ба рухсатии пардохтшаванда;
f) ҳуқуқ ба ҳифзи саломати ва шароити бехатари меҳнат, аз ҷумла оид ба нигоҳдории функсияи давом додани насл.
2. Барои пешгири намудани табъиз нисбати занон бинобар ба шавҳар баромадан ё модар шудан ва ба онҳо кафолат додани ҳуқуқи самаранок ба меҳнат давлатҳои аъзо тадбирҳои дахлдоре меандешанд, токи:
a) аз кор озод карданро бинобар ҳомиладори ё рухсатии ҳомиладори ё таваллуд ё табъиз бинобар вазъи оилавиро бо таҳдиди истифодаи муҷозот манъ кунанд;
b) рухсатиҳои пардохтшаванда ё рухсатиҳои баробар бо кӯмакпулиҳои иҷтимои бинобар ҳомиладори ё таваллудро бе аз даст додани ҷойи кори пештара, калони (аз ҷиҳати мансаб) ё кӯмакпулиҳои иҷтимои ҷори намоянд;
c) пешниҳод намудани хизматҳои зарурии иловагии иҷтимоиро ҳавасманд гардонанд, то ки ба падару модарон имконият диҳанд онҳо ӯҳдадориҳои оилавиро бо фаъолияти меҳнати ва иштирок дар ҳаёти ҷамъияти якҷоя иҷро кунанд, ва аз ҷумла тавассути таъсис ва васеъ намудани шабакаи муассисаҳои нигоҳубини кӯдакон;
d) ба занҳо ҳифзи махсусро дар давраи ҳомиладори дар он навъҳои корҳое, ки зарарнокиашон барои саломатии онҳо тасдиқ шудааст, таъмин намоянд.
3. Қонунгузории марбут ба ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ин модда зикр гардидааст, мунтазам дар заминаи донишҳои илмию техники барраси мегардад, инчунин дар ҳолатҳои зарури таҷдиди назар, бекор карда мешавад ё васеъ мегардад.
Моддаи 12
1. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар соҳаи тандурусти меандешанд, то ки дар заминаи баробарии мардону занон дастраси ба хизматрасонии тиббиро, аз ҷумла дар бахши марбут ба танзими андозаи оила, таъмин намоянд.
2. Дар баробари муқаррароти банди 1 ин модда давлатҳои аъзо ба занон хизматрасонии дахлдорро дар давраи ҳомиладори, таваллуд ва давраи пас аз таваллуд таъмин мекунанд ва дар мавриди зарурат хизматҳои бепул, инчунин ғизои дахлдорро дар давраи ҳомиладори ва ширмаккони мерасонанд.
Моддаи 13
Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисоди ва иҷтимои меандешанд, то ки дар асоси баробарии мардону занон ҳуқуқҳои баробарро таъмин намоянд, аз ҷумла:
a) ҳуқуқ ба кӯмакпулиҳои оилави;
b) ҳуқуқ барои гирифтани қарзҳо, қарз таҳти кафолати амволи ғайриманқул ва дигар шаклҳои кредити молияви;
с) ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои вобаста ба истироҳат, машғулшави ба варзиш ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти фарҳанги.
Моддаи 14
1. Давлатҳои аъзо проблемаҳои махсусеро, ки занони дар деҳот истиқоматкунанда бо онҳо бармехӯранд ва нақши муҳимеро, ки онҳо дар таъмини некӯаҳволии иқтисодии оилаҳои худ мебозанд, инчунин фаъолияти онҳоро дар соҳаҳои ғайримолии хоҷаги ба инобат мегиранд ва тамоми тадбирҳоро барои таъмини истифодаи ин Конвенсия нисбати занони дар деҳот истиқоматкунанда меандешанд.
2. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои заруриро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар ноҳияҳои деҳот меандешанд, то ки дар асоси баробаробарии мардону занон иштироки онҳоро дар рушди ноҳияҳои деҳот ва дар дарёфти фоида аз чунин рушд таъмин намоянд ва, аз ҷумла ҳуқуқҳои зеринро ба чунин занон таъмин мекунанд:
a) иштирок дар таҳия ва татбиқи нақшаҳои тараққиёт дар тамоми сатҳҳо;
b) дастраси ба хизматрасонии дахлдори тибби, аз ҷумла иттилоот, маслиҳатҳо ва хизматрасони оид ба масъалаҳои танзими андозаи оила;
c) бевосита истифода намудани самараи барномаҳои суғуртаи иҷтимои;
d) дастрас намудани ҳама навъҳои тарбия ва таълими расми ва ғайрирасми, аз ҷумла саводнокии функсионали, инчунин истифода бурдан аз хизматҳои ҳама воситаҳои хизматрасонии қабилави, хадамоти маслиҳатдиҳанда оид ба масъалаҳои кишоварзи, аз ҷумла барои баланд бардоштани сатҳи техникии онҳо;
e) ташкил намудани гурӯҳҳои худкӯмакрасони ва кооперативҳо, бо мақсади таъмини дастрасии баробар ба имкониятҳои иқтисоди тавассути кор дар асоси кироя ё фаъолияти мустақили меҳнати;
f) иштирок намудан дар ҳама навъҳои фаъолияти коллективи;
g) дастраси ба кредитҳо ва қарзҳои кишоварзи, системаи фурӯш, технологияи дахлдор ва ба статуси баробар дар ислоҳоти замин ва аграри, инчунин дар нақшаҳои азнавободкунии заминҳо;
h) истифодаи шароити зарурии ҳаёт, хусусан шароити манзил, хизматрасонии санитари, таъминти барқ ва об, инчунин нақлиёт ва воситаҳои алоқа.
ҚИСМИ IV
Моддаи 15
1. Давлатҳои аъзо баробарии занонро бо мардон дар назди қонун эътироф мекунанд.
2. Давлатҳои аъзо ба занон қобилияти ҳуқуқии шаҳрвандии якхела бо мардон ва имконияти якхелаи татбиқи онро фароҳам меоранд. Онҳо, аз ҷумла ба занон ҳуқуқҳои баробарро ҳангоми бастани шартномаҳо ва идораи амвол, инчунин муносибати баробар нисбати онҳоро дар ҳама марҳилаҳои тафтишот дар судҳо ва трибуналҳо таъмин менамоянд.
3. Давлатҳои аъзо ба он розиянд, ки тамоми шартномаҳо ва ҳама гуна дигар ҳуҷҷатҳои алоҳидае, ки аз нигоҳи ҳуқуқи қобилияти ҳуқуқии занонро маҳдуд менамоянд, беэътибор ҳисобида мешаванд.
4. Давлатҳои аъзо ба мардону занон нисбати қонунгузории марбут ба ҳаракати шахсон ва озодии интихоби ҷойи зист ва ҷойи истиқомат ҳуқуқҳои якхела медиҳанд.
Моддаи 16
1. Давлатҳои аъзо тамоми тадбирҳои дахлдорро барои барҳам додани табъиз нисбати занон дар ҳама гуна масъалаҳои марбут ба авди никоҳ ва муносибатҳои оилави меандешанд ва, аз ҷумла дар асоси баробарии мардону занон инҳоро таъмин мекунанд:
a) ҳуқуқҳои якхела дар мавриди бастани ақди никоҳ;
b) ҳуқуқҳои якхела ба интихоби озоди ҳамсар ва ба бастани ақди никоҳ танҳо бо розигии озодона ва пурраи худ;
c) ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якхела дар давраи никоҳ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ;
d) ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якхелаи мардону занон ҳамчун падару модарон, сарфи назар аз вазъи оилави, дар масъалаҳои марбут ба кӯдакони онҳо; дар ҳама ҳолатҳо манфиатҳои кӯдакон бартарият доранд;
e) ҳуқуқҳои якхела ба озодона ва бомасъулият ҳал кардани масъалаи шумораи кӯдакон ва фосилаи байни таваллуди онҳо ва доштани дастраси ба иттилоот, таълим, инчунин воситаҳое, ки ба онҳо дар татбиқи ин ҳуқуқ имконият медиҳанд;
f) ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои якхела дар мавриди васи, парастор, шахси боваринок ва фарзанхондкунандаи кӯдакон будан ё анҷом додани функсияҳои шабеҳ, ҳангоме ки онҳо дар қонунгузории милли пешбини гардидаанд; дар ҳама ҳолатҳо манфиатҳои кӯдакон бартарият доранд;
g) ҳуқуқҳои шахсии баробари шавҳар ва зан, аз ҷумла ҳуқуқи интихоби номи хонаводаги, ихтисос ва машғулият;
h) ҳуқуқҳои баробари зану шавҳар нисбати соҳибият, ба даст овардан, идоракуни, истифода ва ихтиёрдории амвол чи пулаки ва чи бепул.
2. Фотиҳа ва никоҳи кӯдак эътибори ҳуқуқи надоранд ва тамоми тадбирҳои зарури, аз ҷумла қонунгузори, бо мақсади муайян намудани синну соли ҳадди ақали ақди никоҳ ва бақайдгирии ҳатмии ақди никоҳ дар санадҳои ҳолати шаҳрванди, андешида мешаванд.
ҚИСМИ V
Моддаи 17
1. Барои баррасии ҷараёни татбиқи ин Конвенсия Кумита оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон (минбаъд "Кумита" номида мешавад), ки дар лаҳзаи эътибор пайдо намудани Конвенсия аз ҳаждаҳ ва пас аз тасдиқи он ё ҳамроҳшавии давлати сию панҷуми узв ба он аз бисту се коршиноси дорои сифатҳои баланди ахлоқи ва салоҳият дар соҳаи ин Конвенсия фарогиранда мебошанд, таъсис дода мешавад. Ин коршиносонро давлатҳои аъзо аз ҷумлаи шаҳрвандони худ интихоб мекунанд ва онҳо ӯҳдадориҳои худро ба сифати шахси иҷро менамоянд, зимнан таваҷҷӯҳ ба тақсимоти одилонаи географи ва намояндагии шаклҳои мухталифи тамаддун, инчунин системаҳои асосии ҳуқуқи зоҳир мегардад.
2. Аъзои Кумита ба тариқи овоздиҳии пинҳони аз ҷумлаи шахсони ба рӯйхат воридгардидае, ки давлатҳои аъзо пешбари намудаанд, интихоб карда мешаванд. Ҳар як давлати узв метавонад як шахсро аз ҷумлаи шаҳрвандони худ пешбари намояд.
3. Интихоботи ибтидои пас аз шаш моҳи баъди эътибор пайдо намудани ин Конвенсия доир карда мешаванд. Ақаллан се мо пеш аз рӯзи гузаронидани ҳар як интихобот, Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои аъзо бо мактуб муроҷиат намуда, онҳоро даъват мекунад, ки номзадҳои худро дар мӯҳлати ду моҳ пешниҳод намоянд. Котиби генерали рӯйхатеро таҳия менамояд, ки дар он бо тартиби алифбои ҳамаи шахсоне, ки ҳамин тариқ пешбари шудаанд, ворид гардидаанд ва дар он давлатҳои аъзое, ки онҳоро пешбари кардаанд, нишон дода шудаанд ва ин рӯйхатро ба давлатҳои аъзо пешниҳод мекунад.
4. Интихоби аъзои Кумита дар маҷлиси давлатҳои аъзои Конвенсия, ки Котиби генерали дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад, доир карда мешаванд. Дар ин маҷлис, ки дар он аз се ду ҳиссаи давлатҳои аъзо кворумро ташкил медиҳанд, шахсони ба Кумита интихобшуда он номзадҳое мебошанд, ки шумораи бештари овозҳо ва аксарияти овозҳои намояндагони ҳузурдошта ва дар овоздиҳи иштирокнамудаи давлатҳои аъзоро сазовор шудаанд.
5. Аъзои Кумита ба мӯҳлати чор сол интихоб мегарданд, вале мӯҳлати ваколатҳои нӯҳ аъзои дар интихоботи аввал интихобгардида баъди ду сол ба анҷом мерасад; фавран пас аз интихоботи аввал номҳои ин нӯҳ аъзо дар асоси қуръа аз ҷониби Раиси Кумита интихоб карда мешаванд.
6. Интихоби панҷ аъзои иловагии Кумита мутобиқи муқаррароти бандҳои 2, 3 ва 4 ин модда пас аз тасдиқ ё ба Конвенсия ҳамроҳ шудани давлати сию панҷум гузаронида мешавад. Мӯҳлати ваколатҳои ду аъзои иловаги, ки ҳамин тариқ интихоб гардидаанд, баъди ду сол ба охир мерасад; номҳои ин ду аъзо ба тариқи қуръапартои аз ҷониби Раиси Кумита интихоб карда мешаванд.
7. Барои пур кардани ҷойҳои ишғолнагардидаи пешбининашуда давлати узве, ки коршиноси он минбаъд узви Кумита намебошад, коршиноси дигарро аз ҷумлаи шаҳрвандони худ таъин мекунад, ба шарте ки Кумита маъқул донад.
8. Аъзои Кумита аз ҳисоби маблағҳои Созмони Милали Муттаҳид бо тартиб ва шартҳое, ки Ассамблея бо дарназардошти аҳамияти ӯҳдадориҳои Кумита муқаррар менамояд, мукофотпулие мегиранд, ки онро Ассамблеяи Генерали тасдиқ мекунад.
9. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи самарабахши вазифаҳои Кумита мутобиқи ин Конвенсия ҳайат ва воситаҳои модди фароҳам меорад.
Моддаи 18
1. Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои аз ҷониби Кумита барраси гардидан оид ба тадбирҳои қонунгузори, суди, маъмури ё дигар тадбирҳое, ки онҳо барои иҷрои муқаррароти ин Конвенсия андешидаанд ва оид ба пешрафте, ки робита бо ин ба даст омадааст, маърӯза пешниҳод намоянд:
a) дар давоми як соли пас аз барои давлати манфиатдор эътибор пайдо намудани ин Конвенсия; ва
b) баъд аз ин ақаллан пас аз ҳар чор сол ва минбаъд ҳар лаҳзае, ки Кумита онро талаб мекунад.
2. Дар маърӯзаҳо метавонанд омилҳо ва мушкилоте, ки ба сатхи иҷрои ӯҳдадориҳои ин Конвенсия таъсир мерасонанд, зикр гарданд.
Моддаи 19
1. Кумита коидаҳои расмиёти худро тасдиқ менамояд.
2. Кумита шахсони мансабдори худро ба мӯҳлати ду сол интихоб менамояд.
Моддаи 20
1. Кумита ҳар сол, чун қоида, дар мӯҳлати на зиёда аз ду ҳафта, бо мақсади баррасии маърӯзаҳое, ки мутобиқи моддаи 18 ин Конвенсия пешниҳод шудаанд, маҷлисҳо мегузаронад.
2. Маҷлисҳои Кумита одатан дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид ё дар ҳар ҷои дигари мувофиқе, ки Кумита муайян менамояд, гузаронида мешаванд.
Моддаи 21
1. Кумита ҳар сол тавассути Шӯрои Иқтисоди ва Иҷтимои ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба фаъолияти худ маърӯза пешниҳод мекунад ва метавонад таклифҳо ва тавсияҳои умумие пешниҳод намояд, ки ба омӯзиши маърӯзаҳо ва иттилооти аз давлатҳои аъзо гирифташуда асос ёфтаанд. Чунин таклифҳо ва тавсияҳои умуми якҷоя бо эродҳои баённамудаи давлатҳои аъзо, агар чунин эродҳо баён гардида бошанд, ба маърӯзаи Кумита дохил карда мешаванд.
2. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маърӯзаҳои Кумитаро барои маълумот ба Комиссияи оид ба вазъи занон мефиристад.
Моддаи 22
Муассисаҳои махсус ҳуқуқ доранд ҳангоми баррасии масъалаҳои татбиқи чунин муқаррароти ин Конвенсия, ки ба соҳаи фаъолияти онҳо дохил мешаванд, пешниҳод гарданд. Кумита метавонад ба муассисаҳои махсус пешниҳод намояд, ки маърӯзаҳоро оид ба татбиқи Конвенсия дар соҳаҳои ба доираи фаъолияти онҳо дохилбуда ирсол намоянд.
ҚИСМИ VI
Моддаи 23
Ҳеҷ чиз дар ин Конвенсия ба ягон муқаррароте, ки барои ноил гардидан ба баробарҳуқуқии байни мардону занон мусоидтар буда, онҳо метавонанд дар инҳо зикр гардида бошанд, дахл намекунад:
a) дар қонунгузории давлати узв; ё
b) дар ягон дигар конвенсия, аҳднома ё созишномаи байналмилалие, ки барои чунин давлат эътибор дорад.
Моддаи 24
Давлатҳои аъзо ӯҳдадор мешаванд тамоми тадбирҳои заруриро дар сатҳи милли барои ноил гардидан ба татбиқи пурраи ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия эътирофгардида андешанд.
Моддаи 25
1. Ин Конвенсия барои имзо кардан аз тарафи ҳамаи давлатҳо боз мебошад.
2. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маҳфуздорандаи ин Конвенсия таъин карда мешавад.
3. Ин Конвенсия бояд тасдиқ карда шавад. Тасдиқномаҳо барои нигоҳдори ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешаванд.
4. Ин Конвенсия барои ба он ҳамроҳ шудани ҳамаи давлатҳо боз аст. Ҳамроҳшави аз тариқи ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои нигоҳдори супоридани ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшави сурат мегирад.
Моддаи 26
1. Хоҳиш оид ба таҷдиди назар намудани ин Конвенсия метавонад ҳар вақт аз ҷониби ҳар давлати узв ба тариқи ирсол намудани огоҳиномаи хатти ба унвони Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда шавад.
2. Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, агар андешидани ягон тадбирро зарур шуморад, дар хусуси он ки андешидани маҳз кадом тадбирҳо нисбати чунин хоҳиш зарур мебошад, қарор қабул мекунад.
Моддаи 27
1. Ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди барои нигоҳдори ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида шудани бистум тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшави, эътибор пайдо мекунад.
2. Барои ҳар як давлате, ки ин Конвенсияро тасдиқ мекунад ё ба он баъди барои нигоҳдори супорида шудани бистум тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшави, ҳамроҳ мешавад, ин Конвенсия дар рӯзи сиюми баъди санаи барои нигоҳдори супорида шудани тасдиқнома ё ҳуҷҷат дар хусуси ҳамроҳшавии он давлат, эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 28
1. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид матни қайду шартҳоеро, ки давлатҳо дар лаҳзаи тасдиқ кардан ё ҳамроҳшави баён намудаанд, мегирад ва ба ҳама давлатҳо мефиристад.
2. Ба қайду шартҳои ба мақсаду вазифаҳои ин Конвенсия мутобиқнабуда роҳ дода намешаванд.
3. Қайду шартҳо метавонанд дар ҳар вақт бо роҳи огоҳиномаи дахлдоре, ки ба унвони Котиби генерали фиристода шудааст ва баъдан он дар ин бора ба тамоми давлатҳои аъзо хабар медиҳад, бозпас гирифта шаванд. Чунин огоҳинома аз рӯзи қабули он эътибор пайдо мекунад
Моддаи 29
1. Ҳар кадом баҳс байни ду ё якчанд давлатҳои аъзо дар мавриди тафсир ё истифодаи ин Конвенсия, ки аз тариқи гуфтушунид ҳал нагардидааст, бо дархости яке аз тарафҳо ба баррасии ҳаками супорида мешавад. Агар дар мӯҳлати шаш моҳи пас аз лаҳзаи додани ариза оид ба баррасии ҳаками тарафҳо дар мавриди ташкили баррасии ҳаками ба мувофиқа нарасида бошанд, ҳар кадоме аз ин тарафҳо метавонад ин баҳсро бо роҳи додани ариза мутобиқи Статути Суд ба Суди Байаналмилали таҳвил намояд.
2. Ҳар давлати узв метавонад ҳангоми имзо ё тасдиқи ин Конвенсия ё ҳамроҳшави ба он изҳорот намояд, ки он худро дар иртибот ба иҷрои ӯҳдадориҳои дар банди 1 ин модда зикргардида вазифадор намеҳисобад. Дигар давлатҳои аъзо нисбати ягон давлати узве, ки чунин қайду шартро гузоштааст, ӯҳдадориҳои аз банди зикргардидаи ин модда барояндаро ба зимма намегиранд.
3. Ҳар давлати узве, ки мутобиқи банди 2 ин модда қайду шарт гузоштааст, метавонад ҳар вақт қайду шарти худро бо роҳи огоҳонии Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид бардорад.
Моддаи 30
Ин Конвенсия, ки матнҳои англиси, араби, испани, хитои, руси ва франсавии он бо ҳам баробаранд, барои нигоҳдори ба Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид супурда мешавад.
БО ТАСДИҚИ НУҚТАҲОИ ЗИКРГАРДИДА
дар зер имзогузоштагоне, ки ба таври зарури барои ин ваколатдор гардидаанд, ин Конвенсияро имзо намуданд.