Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон
Бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 34/180 аз 18 декабри соли 1979 қабул гардидааст ва барои имзо, тасдиқ ва ҳамроҳшави боз аст.
(Мутобиқи моддаи 27(1) аз 3 сентябри соли 1981 эътибор дорад)
Давлатҳои аъзои ин Конвенсия,
бо дарназардошти он ки Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар бовариро ба ҳуқуқҳои асосии инсон, ба шаъну эътибор ва арзишҳои шахсияти инсон ва ба баробарҳуқуқии занону мардон тасдиқ намуд,
бо дарназардошти он ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар принсипҳои роҳ надодан ба табъизро тасдиқ менамояд ва эълон медорад, ки тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд ва ҳар як шахс бидуни ягон фарқият, аз ҷумла фарқияти ҷинси бояд тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои дар он эълонгардидаро дошта бошад,
бо дарназардошти он ки ба зиммаи давлати узви Паймонҳои байналхалқи доир ба ҳуқуқи инсон ӯҳдадории таъмин намудани ҳуқуқи баробари истифодаи тамоми ҳуқуқҳои иқтисоди, иҷтимои, фарҳанги, шаҳрванди ва сиёси барои занону мардон гузошта мешавад,
бо дарназардошти конвенсияҳои байналмилалии таҳти ҳимояи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он бо мақсади мусоидат ба баробарҳуқуқии занону мардон басташуда,
ҳамчунин бо дарназардошти резолютсияҳо, эъломияҳо ва тавсияҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он бо мақсади мусоидат ба баробарҳуқуқии занону мардон,вале, бо ташвиш аз он ки, сарфи назар аз ин ҳуҷҷатҳои гуногун мисли пештара табъизи зиёде нисбати занон ҷой дорад,
бо хотирнишон намудан аз он ки табъизи занон принсипҳои баробарҳуқуқи ва эҳтироми шаъну эътибори инсонро халалдор месозад, ба иштироки занон баробар бо мардон дар ҳаёти сиёси, иҷтимои, иқтисоди ва фарҳангии кишвари худ монеъ мегардад, ба болоравии некӯаҳволии ҷомеа ва оила халал мерасонад ва ба пурра зоҳир намудани имкониятҳои занон ба нафъи кишварҳои худ ва инсоният мушкилоти зиёд ба миён меорад,
бо ташвиш аз он ки дар шароити қашшоқи занон барои дастрас намудани озуқавори, тандурусти, маориф, тарбияи касби, шуғл, инчунин дигар эҳтиёҷот имконияти камтар доранд,
бо бовари аз он ки муқаррар намудани тартиби нави иқтисодии байналмилалии ба баробари ва адолат асосёфта дар таъмини баробарии байни мардону занон мусоидат хоҳад кард,
бо таъкид аз он ки рафъ намудани апартеид, ҳама шаклҳои нажодпарасти, табъизи нажоди, мустамликадори, неоколониализм, таҷовузгариҳо, ишғолгари, ҳукмрони ва дахолати хориҷи ба корҳои дохилии давлатҳо барои пурра амали гардидани ҳуқуқҳои мардону занон зарур мебошад,
бо тасдиқ аз он ки таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилали, сабук гардидани ташаннуҷи байналмилали, ҳамкории мутақобилаи байни давлатҳо сарфи назар аз системаҳои иҷтимои ва иқтисодии онҳо, яроқпартоии пурра ва умуми, хусусан халъи силоҳи ядрои таҳти назорати қатъй ва самараноки байналмилали, пойдор гардидани принсипҳои адолат, баробари ва манфиати мутақобила дар муносибатҳои байни кишварҳо ва татбиқи ҳуқуқҳои халқҳои таҳти ҳукмронии хориҷи ва мустамликави ва тасарруфи хориҷи қарордошта ба худмуайянкуни ва истиқлолият, инчунин эҳтироми истиқлолияти милли ва тамомияти арзии давлат ба пешрафт ва рушди иҷтимои мусоидат хоҳанд кард ва дар натиҷа ба ноил гардидан ба баробарии пурра байни мардону занон кӯмак менамоянд,
бо бовари аз он ки тараққиёти пурраи кишвар, некӯаҳволии тамоми ҷаҳон ва кори сулҳ иштироки ҳадди ҳарчи бештари занонро дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳо талаб мекунанд,
...