ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
"Дар бораи тадбирҳои интишори саривақтии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷиқистон"
Бо мақсади таъмини интишори саривақтии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби интишори қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва мутобиқи моддаҳои 62 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Рӯзномаи "Ҷумҳурият" нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шавад.
2. Оинномаи замимагардидаи рӯзномаи "Ҷумҳурият" тасдиқ карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ масъалаҳои маблағгузорӣ, таъминоти моддию техники ва масъалаҳои ташкилии идораи рӯзномаи "Ҷумҳурият"-ро ҳал намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 14 марти соли 2000 № 137 ш. Душанбе