Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1995, № 472 "Дар бораи чораҳои ба тартиб истифодаи навъҳои техники чигит"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои ба тартиб истифодаи навъҳои техники чигит

Бо мақсади ба таври зарурӣ ба тартиб овардани истифодаи навъҳои техники чигит, бо равғани растанӣ, собун ва дигар маҳсулоти равған таъмин кардани аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол баланси истифодаи тухмии пахтаро тайёр кунанд ва якҷоя бо Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Тоҷикистон ҷадвали мувофиқашудаи таҳвили онҳоро аз тарафи корхонаҳои равғанбарории ҷумҳурӣ тартиб диҳанд, ба ҷараёни саривақта баста шудани шартномаҳои таҳвили тухмии пахта байни корхонаҳои пахтатозакунӣ ва равғанбарорӣ, таъмини боркашонӣ ва истифодаи самараноки чигит ҳангоми коркард назорати зарурӣ ҷорӣ кунанд.

2. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардани самаранокӣ ва мувофиқи мақсад будани заводҳои хурд, ҷувоз ва цехҳои коркарди чигит ва истеҳсоли равғани растанӣ комиссияи экспертӣ таъсис дода,якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдори ҷумҳурӣ ҳайати шахсии онро муайян намояд ва тибқи тартиби муқарраршуда низомномаи ин комиссияро таҳия ва тасдик, кунад.

3. Раисони вилоту шаҳрҳо, ноҳияҳо, бо вазорату идораҳои аз 25 июля соли 1995 сар карда, кори заводҳои хурд, цех ва ҷувозҳоро фақат дар асоси хулосаи комиссияи экспертии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сертификати сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда иҷозат диҳанд.

4. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон яқҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдори ҷумҳурӣ пешниҳодоти комиссияи экспертиро мунтазам ҷамъбаст намояд ва дар мавриди зарурат тибки тартиби муқарраршуда дар таҳвили чигит ва маҳсулоти равған бо дарназардошти иқтидорҳои нави заводҳои хурд,ҷуврз ва цехҳои равғагкашӣ, ки ин комиссия иҷозат додаст, тағъироти дахлдор ворид кунад.

4.Маркази давлатии стандартизация ва метеорологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати маҳсулоти равған, ки корхонаҳои саноати хурокворӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ истеҳсол менамоянд, мунтазам назорат баранд.

6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон яқҷоя бо Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷараёни таҳвил, боркашонӣ ва воридшавии навъҳои техники чигит аз заводҳои пахтатозакуни ба корхонаҳои равғанкашӣ назоратро пурзӯр намоянд, ҳодисаҳои дуздӣ ва сарфи беҳудаи ин тухмиҳоро қатъиян пешгирӣ кунанд ва шахсонеро, ки ба чунин кор роҳ медиҳанд тибқи тартиби муқарраршуда қатъиян ба ҷавобгарӣ кашанд.

7. Фармони Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1993 № 226 ф беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э.Раҳмонов

аз 15 июли соли 1995 № 472

ш. Душанбе