ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1993, № 14, мод. 285; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1996, № 23, мод. 340) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1. Қисми дуюми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳое, ки ба таъиноти онҳо вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад".
2. Дар банди якуми моддаи 3 баъд аз калимаи "Конститутсия" калимаи "(Сарқонуни)" дар қавс илова карда шавад.
3. Дар қисми дуюми моддаи 7 баъд аз калимаҳои "ба ӯҳдаи Қувваҳои Мусаллаҳ" калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
4. Қисми якуми моддаи 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "фаъолияти разведкаро ба манфиати мудофиа ва амният ба роҳ мемонад".
5. Дар моддаи 9:
Номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҷойгиронӣ ва истифодабарии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҷойгиронӣ ва истифодабарии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя) дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад".
6. Дар қисми дуюми моддаи 10 баъд аз калимаҳои "байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "бо ризояти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя), дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", илова карда шавад.
7. Қисми дуюми моддаи 12 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани сохторҳои ташкилӣ ва фаъолияти ҳизбҳо, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, инчунин таблиғи идеологияи онҳо манъ аст".
8. Дар матни Қонуни мазкур калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
29 ноябри соли 2000 № 31