Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 № 27 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаи 49 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА МОДДАИ 49 КОДЕКСИ МУРОФИАВӢ-ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қисми чаҳоруми моддаи 49 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961 (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, с.1961. № 24, моддаи 126) тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Аъзои коллегияи адвокатҳо, адвокати ваколатдор, инчунин намояндагони иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба корҳои аъзои онҳо, ки гумонбаршаванда, айбдоршаванда, судшаванда ё намояндаи вай даъват кардааст, ба сифати ҳимоякунанда роҳ дода мешаванд. Бо қарори шахсе, ки тафтиши пешакиро мебарад, муфаттиш, прокурор, таъиноти суд ё қарори судя хешу табор ва намояндагони гумонбаршаванда, айбдоршаванда, судшавандаро ба сифати ҳимоякунанда роҳ додан мумкин аст".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 29 ноябри соли 2000 № 27