ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РАҚОБАТ ВА МАҲДУДКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИНҲИСОРӢ ДАР БОЗОРҲОИ МОЛ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мақсади Қонун
Қонун асосҳои ташкиливу ҳуқуқии огоҳкуни, маҳдудкуни ва пешгири кардани фаъолияти инҳисори ва рақобати бевиҷдононаро муайян менамояд, ба таъмини шароит барои барпо намудану самарабахш амал кардани бозорҳои мол равона гардидааст.
Моддаи 2. Доираи татбиқи Қонун
Қонуни мазкур муносибатҳоеро фаро мегирад, ки ба рақобат дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонанд. Дар ин муносибатҳо шахсони ҳуқуқи ва воқеи, аз ҷумла хориҷи, мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо иштирок мекунанд. Қонун инчунин дар ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки амалиёт ва созишномаҳои аз тарафи шахсони мазкур ва мақомоти номбаршуда берун аз ҳудуди Тоҷикистон мутаносибан содир ё баста шуда ба маҳдудкунии рақобат мерасонанд ва метавонанд расонанд ё боиси дигар оқибатҳои манфи дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд.
Қонуни мазкур ба муносибатҳои объектҳои ҳуқуқи моликияти ақлони алоқаманд паҳн намегардад, ғайр аз ҳолатҳое, ки созишномаҳо вобаста ба истифодабарии онҳо ба маҳдудкунии рақобат нигаронида шуда бошанд.
Муносибатҳои вобаста ба фаъолияти инҳисори ва рақобати бевиҷдонона дар бозорҳои коғазҳои қиматнок ва хизматрасонии молияви, ғайр аз ҳолатҳое, ки муносибатҳои дар ин бозорҳо пайдошаванда ба рақобат дар бозорҳои мол таъсир мерасонанд, бо дигар санади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 3. Шарҳи мафҳумҳои асоси, ки дар Қонуни мазкур истифода бурда мешаванд
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
мол - маҳсули фаъолият (корҳо, хизматрасони), ки барои мубодила ва фурӯш дар бозор муқаррар шудааст;
молҳои баҳамивазшаванда - гурӯҳи молҳое, ки аз рӯи таъинот, тарзи истифодабари, тавсифи сифати ва техники, нарх ва дигар хусусиятҳои барояшон мансуб қиёспазиранд ва харидор аслан онҳоро бо ҳамдигар дар ҷараёни истеъмол (аз ҷумла истеҳсоли) иваз карда метавонад;
бозори мол - соҳаи муомилоти моле, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қисмати он молҳои ивазкунанда ё баҳамивазшаванда надорад, ки вобаста ба имконияти иқтисодии харидор барои ба даст овардани мол дар қаламрави мазкур ва мавҷуд набудани чунин имконият берун аз худуди он муайян мегардад;
субъектҳои хоҷагидор - шахсони ҳуқуқи, аз ҷумла хориҷи, ки ба истеҳсол, хариду фурӯш, хизматрасони машғуланд, иттиҳодияҳои онҳо, инчунин шаҳрвандоне, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқи фаъолияти соҳибкори мекунанд;
рақобат - мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки амалиёти мустақилонаи онҳо имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш маҳдуд менамояд;
рақобати бевиҷдонона - ҳамагуна амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкори равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба дигар субъектҳои хоҷагидор-рақибон зарар мерасонад ва обрӯи кории онҳоро паст мегардонад;
мавқеи ҳукмфармои - мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор дар бозори моле, ки ивазкунанда ё молҳои баҳамивазшаванда(минбаъд- моли муайян) надорад, ҳамчунин ба вай имконият медиҳад ба шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонад ё дохил шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонад;
мавқеи ҳукмфармои инчунин мавқеи субъекти хоҷагидоре шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян шаступанҷ фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад, ғайр аз ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор исбот кунад, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишондодашуда мавқеи он дар бозор ҳукмфармо намебошад;
мавқеи субъекти хоҷагидор дар сурате низ мавқеи ҳукмфармои шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз шаступанҷ фоиз камро ташкил диҳад, агар ин ҷиҳат аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисори дар асоси устувории ҳиссаи субъекти хоҷагидор дар бозор, андозаи нисбии ҳиссаи ба рақобаткунандагон тааллуқдошта, имконияти дар бозор дохил гардидани рақибони нав ё дигар меъёри бозори молиро тавсифкунанда, муқаррар гардида бошад. Мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор дар ҳолате эътироф намешавад, ки агар ҳаҷми маҳсулот дар бозори моли муайян аз сиюпанҷ фоиз зиёд набошад;
фаъолияти инҳисори - амали (беамалии) субъектҳои хоҷагидор ё мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки ба қонунгузории зиддиинҳисори мухолиф буда, ба роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат равона карда шудааст;
нархи баланди инҳисори - нархи моле, ки субъекти хоҷагидори дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро соҳиб буда, бо мақсади ҷуброни хароҷоти беасоси аз сабаби истифода набурдани иқтидорҳои истеҳсоли баамаломада ва барои ба даст овардани фоидаи иловаги дар натиҷаи паст гардидани сифати мол муқаррар мекунад;
нархи пасти инҳисори - нархи моли харидшаванда, ки субъекти хоҷагидори дар бозори мол ба сифати харидор мавқеи ҳукмфармоиро соҳиб буда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи иловаги ё ҷуброни хароҷоти беасос аз ҳисоби фурӯшанда муқаррар кардааст. Нархи пасти инҳисори инчунин нархи моле шуморида мешавад, ки субъекти хоҷагидори дар бозори мол ба сифати фурӯшанда мавқеи ҳукмфармоиро соҳиб буда, дидаву дониста дар сатҳе муқаррар мекунад, ки аз фурӯши ҳамин мол зарар мебинад, лекин дар натиҷаи ин амал рақобат тавассути аз бозор танг карда баровардани рақибон маҳдуд мегардад:
муқоисаи беназокатона - муқоиса ё мулоҳизае, ки рақиби алоҳида ё рақибонро умуман, инчунин молҳои истеҳсолшаванда ё фурӯхташавандаро нисбати молҳои субъекти хоҷагидори дигар бадном мекунад;
хариди саҳмияи (ҳиссаи) сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидорхарид ё ба даст овардани дигар имконияте, ки мустақилона ё ба воситаи намояндагии ҳуқуқи овозе, ки ба туфайли шартномаҳои идоракунии боэътимод, фаъолияти якҷоя, супориш, содир кардани дигар аҳдҳо дар саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ифодаи худро меёбад, амали мегардад.
Гурӯҳи шахсон - гурӯҳҳои шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки нисбати онҳо як ё якчанд шартҳои зерин иҷро мегарданд:
- шахс ё якчанд шахс якҷоя дар натиҷаи созиш (амалиёти мувофиқашуда) ҳуқуқ доранд мустақим ва ғайримустақим (аз ҷумла дар асоси шартномаҳои хариду фурӯш, идоракунии боэътимод, фаъолияти якҷоя, супориш ё содир кардани дигар аҳдҳо) зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳисоби умумии овозҳоро, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи) шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдори намоянд. Дар ин ҳолат таҳти ихтиёрдории ғайримустақим овозҳои шахси ҳуқуқи, имконияти ихтиёрдории амалии ӯ ба воситаи шахсони сеюм, ки нисбати онҳо шахси якум ҳамаи он ҳуқуқу салоҳияти дар боло номбаршударо дорад, фаҳмида мешавад;
- шахс ё якчанд шахс дар асоси шартнома ё бо роҳи дигар имконият пайдо мекунанд, ки қарори қабулшудаистодаи дигар шахс ё шахсон, аз ҷумла шароити аз тарафи дигар шахс ё шахсон ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкориро муайян намоянд ё салоҳияти мақоми иҷроияи дигар шахс ё шахсонро дар асоси шартнома ба ҷо оваранд;
- шахс ҳуқуқи таъин намудани мақомоти иҷроияи ягона ё зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақоми иҷроияи дастаҷамъии шахси ҳуқуқи ё бо пешниҳоди ӯ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои мушоҳидакорон) ё дигар мақоми идоракунии дастаҷамъии шахси ҳуқуқиро дорад;
- шахси воқеи метавонад салоҳияти мақоми ягонаи иҷроияи шахси ҳуқуқиро иҷро намояд
- худи он шахсони воқеи, зану шавҳарон, падару модарон, фарзандон, бародару хоҳарони онҳо ё шахсоне, ки ҳамон шахси ҳуқуқи пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақоми иҷроияи дастаҷамъи ё шӯрои директорон (шӯрои мушоҳидакорон) ё дигар мақоми идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Мақоми идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқи инчунин мақоме мебошад, ки бо пешниҳоди ҳамон шахсони ҳуқуқи зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои мушоҳидакорон) ё дигар мақоми идоракунии дастаҷамъи интихоб мешавад;
- худи он шахсони воқеи, зану шавҳарон, падару модарон, фарзандон, бародару хоҳарони онҳо ё шахсони ҳуқуқи мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳое, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи) ҳар кадоми аз ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдори кардан доранд;
- шахсони воқеи ё ҳуқуқи мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳое, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи) як шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд ва худи он шахсони воқеи-зану шавҳарон, падару модарон, фарзандон, бародару хоҳарони онҳо, ки ҳамон як шахси ҳуқуқи пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақоми иҷроияи дастаҷамъи ё шӯрои директорон (шӯрои мушоҳидакорон) ё дигар мақоми идоракунии дастаҷамъии дигар шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдори кардан доранд.
Шахсони бонуфуз (аффилир) - шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки қодиранд ба шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки фаъолияти соҳибкориро амали мегардонанд, таъсир расонанд.
Шахсони бонуфузи шахси ҳуқуқи шуда метавонанд:
- узви шӯрои директорон (шӯрои мушоҳидакорон) ё дигар мақоми идоракунии дастаҷамъи, узви мақоми иҷроияи дастаҷамъии он, инчунин шахсе, ки салоҳияти мақоми ягонаи иҷроияи онро амали мегардонад;
- шахсоне, ки ба гурӯҳҳои ба шахси ҳуқуқи тааллуқдошта дохил мешаванд;
- шахсоне, ки ҳуқуқи дар маҷмӯъ зиёда аз бист фоизи овозҳое, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) муовфиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи) ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдори мекунанд. Агар шахси ҳуқуқи иштирокчии гурӯҳи саноати-молияви бошад, он вақт ба қатори шахсони бонуфузи вай узви шӯрои директорон (шӯрои мушоҳидакорон) ё дигар мақоми идоракунии дастаҷамъи, инчунин шахсоне, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи иштирокчиёни гурӯҳи саноати-молиявиро амали мегардонанд, дохил мешаванд.
Шахсони бонуфузи шахси воқеи, ки фаъолияти соҳибкориро амали мегардонанд, шуда метавонанд:
- шахсоне, ки ба гурӯҳҳои ба шахси воқеи тааллуқдошта дохил мешаванд;
- шахси ҳуқуқи, ки дар ҳайати он шахси воқеии мазкур ҳуқуқ дорад ба зиёда аз бист фоизи маҷмӯи умумии овозҳо, ки ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи) ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдори намояд.
Дар қонуни мазкур гурӯҳи шахсон ҳамчун субъекти ягонаи хоҷагидор ҳисобида мешаванд.
БОБИ II . ФАЪОЛИЯТИ ИНҲИСОРИ
Моддаи 4. Суиистифодаи субъекти хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармои дар бозор
Амалиёти зерини субъекти хоҷагидори (гурӯҳи шахсони) дар бозор мавқеи ҳукмфармоиро соҳиббуда, ки дар натиҷа боиси маҳдудшавии рақобат ва манфиати субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё шахсони воқеи гаштаанд ё мегарданд, манъ аст:
- аз муомилот гирифтани молҳо, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгири намудани камчини дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;
- ба аҳли шартнома бор кардани талаботе, ки ба ӯ муфид нест ва ба мавзӯи шартнома (беасос додани воситаҳои молияви, амволи дигар, ҳуқуқи амволи, қувваи кори ва ғайра) дахл надорад;
- ба шартнома дохил намудани талаботи поймолкунии ҳуқуқ, ки аҳли шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;
- ризоияти бастани шартнома фақат бо шарти ба он илова кардани талабот оиди молҳое, ки аҳли шартнома, аз ҷумла истеъмолкунанда, ба онҳо ҳавасманд нест;
- монеият барои субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми дохил шудан ба бозор (баромадан аз бозор);
- вайрон кардани қоидаи нархгузори, ки дар асоси асноди меъёри муқаррар шудааст;
- муқаррар кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисори;
- кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунандагон эҳтиёҷ ва талабот доранд, агар имконияти бидуни зарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;
- беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (супоришдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад.
Моддаи 5. Созишномаҳои (амалиёти мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидоре, ки рақобатро маҳдуд мекунанд
Созишномаҳои субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда, ки дар бозори моли муайян зиёда аз сиюпанҷ фоизи маҷмӯи ҳиссаро доранд (метавонанд соҳиб шаванд), дар кадом шакле баста шуда бошанд, агар ин гуна созишномаҳо дар натиҷа рақобатро маҳдуд созанд ё метавонанд маҳдуд намоянд, манъ карда мешаванд ва бо тартиби муқарраргардида пурра ё қисман беэътибор дониста мешаванд, аз ҷумла созишномаҳое, ки ба мақсадҳои зерин равона гардидаанд:
- муқаррар (дастгири) намудани нархҳо (тарифҳо), гузашту иловапулиҳо ва нархи иловаги;
- баланд, паст ё дастгири намудани нархҳо дар музояда ва савдокуниҳо;
- тақсимоти бозор аз мавқеи ҳудуд, аз рӯи маҷмӯи хариду фурӯш, намудҳои молҳои фурӯхташаванда ва доираи фурӯшандагону харидорон (супоришдиҳандагон);
- маҳдудкунии дохил шудан ба бозор ва аз бозор баровардани субъектҳои хоҷагидори дигар ҳамчун фурӯшандагону харидорони (супоришдиҳандагони) молҳои муайян;
- маҳдудкунии истифодаи ахбор ё бехабар монондани субъектҳои хоҷагидор аз вазъи бозор;
- беасос даст кашидан аз бастани шартномаҳо бо фурӯшандагон ё харидорони (супоришдиҳандагони) муайян.
Созишномаҳои субъектҳои хоҷагидори ба ҳам рақобат надошта, ки яке аз онҳо мавқеи ҳукмфармоиро соҳиб буда, дигаре маҳсулотсупоранда ё харидор (супоришдиҳанда) мебошад, дар кадом шакле баста шуда бошанд, агар ин гуна созишномаҳо дар натиҷа рақобатро маҳдуд созанд ё метавонанд маҳдуд намоянд, манъ карда бо тартиби муқарраргардида пурра ё қисман беэътибор дониста мешаванд.
Ба иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқи (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор амали гардонидани ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкории шахсони ҳуқуқи, ки дар натиҷа рақобат маҳдуд мегардад ё метавонад маҳдуд гардад, манъ аст.
Вайрон кардани талаботи зикршуда, барои бо даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисори ва бо тартиби суди барҳам додани иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқи (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор, ки ҳамоҳангсози амали гардонидани фаъолияти соҳибкори мебошанд, асос мегардад.
Моддаи 6. Аснод ва амалҳои мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо,ки ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд
Ба мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо қабул намудани аснод ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити поймолкунии ҳуқуқ ё баръакс имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, агар ин аснод ва амалиёт боиси маҳдудшавии рақобат, манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд, манъ аст, аз ҷумла:
- беасос ҷори намудани маҳдудкуни ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин муқаррар намудани монеъа барои амали намудани шаклҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
- муқаррар намудани монеъа ба хариду фурӯши молҳо аз як минақа ба минтақаи дигар ё бо роҳи маҳдуд намудани ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;
- ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (супоришдиҳандагон) таҳвил намудани молҳо (корҳо, хизматрасони) ё бастани шартномаҳо бидуни назардошти афзалиятҳое, ки қонунгузори ё дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
- беасос ба субъекти хоҷагидори алоҳида ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳо, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати афзалиятнок мегузорад.
Қарорҳои мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилкуни ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор (дар ҳолатҳое, ки дар қонунгузории зиддиинҳисори пешбини шудаанд), инчунин додани имтиёз ба субъекти хоҷагидори алоҳида бо мақоми давлатии зиддиинҳисори мувофиқа карда мешавад, агар дар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар амал пешбини нашуда бошад.
Муттаҳидшавии шахсони ҳуқуқи ва мақомоти идоракунии давлати бо мақсади инҳисор намудани истеҳсолот, фурӯши молҳо, ба мақоми мавҷудаи идоракунии давлати додани салоҳиятҳое, ки иҷрои онҳо боиси маҳдудкунии рақобат мегардад, инчунин пайвастани вазифаҳои мақомоти идоракуни ва субъектҳои хоҷагидор, ба субъектҳои хоҷагидор вогузоштани вазифа ва ҳуқуқҳои мақомоти назорати давлати манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Созишномаҳои тарафайни мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ҳамчунин бо субъектҳои хоҷагидор, ки боиси маҳдудкунии рақобат, манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор, шаҳрвандон мегарданд ё боис гардида метавонанд, манъ аст ва бо тартиби муқарраршуда пурра ё қисман беэътибор дониста мешаванд, аз ҷумла созишномаҳо оид ба:
- баланду паст кардан ва устувор доштани нархҳо (тарифҳо);
- тақсимоти бозор аз мавқеи ҳудуд, аз рӯи маҷмӯи хариду фурӯш ва доираи фурӯшандагону харидорон (супоришдиҳандагон);
- маҳдудкунии субъектҳои хоҷагидор ҳангоми дохил шудан ба бозор ва аз бозор бартараф кардани онҳо.
Моддаи 7. Шаклҳои рақобати бевиҷдонона
Рақобати бевиҷдонона манъ аст:
- паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ, таҳрифшуда, ки боиси зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегардад ё ба обрӯи кориашон зиён мерасонад;
- ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оиди хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолию сифати мол;
- муқоисаи беназокатонаи молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи як субъекти хоҷагидор бо субъекти хоҷагидори дигар (аз ҷумла дар ҷараёни тарғибу ташвиқ);
- дастрас намудан, истифода бурдан, ошкор намудани ахбори илмию техники, истеҳсоли ва тиҷорати, аз ҷумла сирри тиҷорати бе иҷозати соҳиби он;
- истифодаи худсаронаи аломатҳои мол, номи фирмави ё нишонгузори, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди моли субъекти хоҷагидори дигар, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон ҷудо кунанд;
- дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкори, пешниҳоди имтиёзҳои мухталифи модди ба коркунони ташкилотҳои рақиб бо мақсади ба тарафи худ кашидану моил сохтани онҳо барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои меҳнати;
БОБИ III. МАҚОМИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРИ
Моддаи 8. Мақсад ва вазифаҳои мақоми давлатии зиддиинҳисори
Мақоми давлатии зиддиинҳисори мақоми идоракуни буда, барои татбиқи сиёсати зиддинҳисории давлат дар соҳаи инкишофи бозор ва рақобат дар фаъолияти соҳибкори масъул мебошад.
Ба вазифаҳои мақоми давлатии зиддиинҳисори дохил мешаванд:
- огоҳкуни, маҳдудкуни ва пешгири намудани фаъолияти инҳисори ва рақобати бевиҷдонона;
- мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозори дар асоси рушди рақобат ва соҳибкори;
- назорати давлати оиди риояи қонунгузории зиддиинҳисори.
Фаъолияти мақоми давлатии зиддиинҳисори, сохтор, ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти кормандони он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мақоми давлатии зиддиинҳисори, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
Моддаи 9. Салоҳияти мақоми давлатии зиддиинҳисори
Мақоми давлатии зиддиинҳисори:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои такмил додани қонунгузории зиддиинҳисори ва истифодаи амалии он, лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии вобаста ба кори бозор ва инкишофи рақобат таклифу эродҳо пешниҳд менамояд;
- ба мақомоти идоракунии давлати оиди гузаронидани тадбирҳои ба инкишофи бозорҳои мол ва рақобат мусоидаткунанда тавсияҳо медиҳад;
- доир ба ғайриинҳисори кардани истеҳсолот ва муомилот чора меандешад;
- иҷрои қонунгузории зиддиинҳисориро ҳангоми таъсис, азнавташкилкуни ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор назорат менамояд;
- хариди саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ҳуқуқи овозро дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор, ки метавонад боиси ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол гардад ё ба маҳдудияти рақобат оварда расонад, назорат менамояд.
Мақоми давлатии зиддиинҳисори ҳуқуқ дорад:
- ба субъектҳои хоҷагидор оид ба қатъ гардонидани вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисори, бартараф намудани оқибатҳои он, барқарор намудани мавқеи аввалаашон, бекоркуни ё тағйирдиҳии шартномаҳое, ки ба қонунгузории зиддиинҳисори мухолифанд, ба беасос даст кашидан аз бастани шартномаҳо бо дигар субъектҳои хоҷагидор, оид ба гузаронидани фоида ба буҷет, ки дар натиҷаи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисори пеш омадааст, амр диҳад ва иҷрои он ҳатмист;
- ба мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оид ба бекоркуни ё тағйирдиҳии асноди хилофи қонун қабулшуда, дар бораи хотима додани вайронкуниҳо, инчунин қатъкуни ё тағйирдиҳии шартномаҳои басташуда, ки ба қонунгузории зиддиинҳисори мухолифанд, амр диҳад ва иҷрои он ҳатмист;
- мутобиқан ба мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оид ба ҷори ё бекор намудани иҷозатномаҳо, квотаҳо, тағйир додани тарифҳои гумруки ва дигар намуди дастгирии давлати таклифҳо пешниҳод намояд;
- оид ба бастани ҷарима ба субъектҳои хоҷагидор, додани ҷазои маъмури ба роҳбарони онҳо, шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфироди, шахсони мансабдори мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо барои вайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисори, ғайр аз ҳолатҳои вайронкунии тартиботи муқарраргардидаи нархгузори мутобиқи қонунгузории инҳисориҳои табии, қарор қабул кунад;
- ба суд ё суди иқтисоди бо ариза доир ба вайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисори, аз ҷумла оид ба тамоман ё қисман беэътибор шуморидани шартномаҳое, ки ба қонунгузории зиддиинҳисори мухолифанд, беасос даст кашидан аз бастани шартномаҳо бо дигар субъектҳои хоҷагидор, азнавташкилкунии (тақсимкунии, ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор муроҷиат намояд;
- дар суд ё суди иқтисоди ҳангоми дида баромадани парвандаҳое, ки бо истифодабари ва вайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисори алоқаманданд, иштирок намояд;
- аз субъектҳои хоҷагидор пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои саҳеҳ ва дигар ахбореро, ки барои иҷро намудани фаъолияти қонунии ӯ заруранд, талаб намояд;
- мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидорро муқаррар намояд;
- масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисориро шарҳ диҳад;
- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст, амали намояд.
Мақоми давлатии зиддиинҳисори бо мақсади мусоидат намудан ба инкишофи бозорҳои мол ва рақобат, дастгири кардани соҳибкори ва ғайриинҳисори намудан, мувофиқан ба мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оид ба масъалаҳои зайл тавсияҳо медиҳад:
- додани қарзи имтиёзнок, инчунин оид ба кам кардани андозҳо ё аз онҳо озод намудани субъектҳои хоҷагидоре, ки бори аввал ба бозори моли муайян дохил мешаванд;
- ташкил ва инкишофи сохторҳои ба ҳамдигар монанд дар соҳаҳои истеҳсолот ва муомилот, аз ҷумла аз хисоби қарз;
- маблағгузории чорабиниҳо оиди зиёд кардани истеҳсоли мол бо мақсади бартараф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидори алоҳида:
- иштироки сармояи хориҷи дар иқтисодиёти Тоҷикистон, ташкили корхонаҳо бо маблағгузории хориҷи.
Мақоми давлатии зиддиинҳисори дар амали гардондани барномаҳои ғайриинҳисори, инкишофи рақобат ва дастгирии сохибкори иштирок менамояд.
Моддаи 10. Ҳуқуқи дастрас намудани ахбор
Коркунони аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисори ваколатдор гардида бо мақсади ичро намудани вазифаҳое, ки ба зиммаашон гузошта шудааст ва барои шиносшави бо ҳуҷҷатҳои зарури, дар асоси талаботи мақоми давлатии зиддиинҳисори ҳуқуқи бемамониат ворид шуданро ба мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, инчунин ба субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо доранд.
Субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (шахсони мансабдори онҳо), шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфироди, вазифадоранд бо талаби мақоми давлатии зиддиинҳисори ҳуҷҷатҳои саҳеҳ ва дигар ахбореро, ки барои фаъолияти қонунии мақоми давлатии зиддиинҳисори заруранд, пешниҳод кунанд.
Маълумоте, ки сирри тиҷорати дорад ва ба мақоми давлатии зиддиинҳисори дар асоси қисмҳои якум ва дуюми моддаи мазкур дастрас гардидааст, фош карда намешавад.
Дар ҳолати аз тарафи коркунони мақоми давлатии зиддиинҳисори фош гардонидани маълумоти сирри тиҷорати дошта, зиёни расонидашуда мувофиқи қонунгузории граждани пардохта мешавад.
БОБИ IV. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ РАҚОБАТ
Моддаи 11. Назорати давлати оиди таъсис додан, азнавташкилкуни, барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо
Мақоми давлатии зиддиинҳисори бо мақсади инкишофи рақобат, пешгири кардани сӯистифодаи эҳтимоли аз мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор назоратро дар ҳолатҳои зерин амали мегардонад:
- таъсиси иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), азнавташкилкуни ва муттаҳидшавии онҳо:
- ҳамроҳшави ва муттаҳидшавии субъектҳои хоҷагидор, ки маҷмӯи воситаҳои молию пулии онҳо аз рӯи баланси охирин аз андозаи дусад ҳазор ҳадди ақали музди меҳнат зиёд бошад;
- барҳамдиҳи ва тақсимкунии (ҷудокунии) корхонаҳое, ки андозаи воситаҳои молию пулии онҳо аз андозаи сад хазор ҳадди ақали музди меҳнат зиёд бошад, агар ин боиси бавуҷудоии субъекти хоҷагидоре гардад, ки хиссаи вай мутобиқан дар бозори моли дахлдор аз сиюпанҷ фоиз зиёд бошад.
Дар ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, шахс ё мақомоти манфиатдор ба мақоми давлатии зиддиинҳисори гайр аз ҳуҷҷатҳое, ки ба мақоми бақайдгиранда дастрас мекунад, дархост дар бораи розиги додан ба таъсис ва азнавташкилкунии он, маълумот дар бораи фаъолият, маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (корҳо, хизматрасони) дар бозорҳои дахлдори мол, пешниҳод менамояд. Мақоми давлатии зиддиинҳисори ҳуқуқ дорад, ахбори дигари заруриро, ғайр аз иттилооте, ки ба салоҳияташ тааллуқ надорад, талаб намояд.
Мақоми давлатии зиддиинҳисори на дертар аз си рӯзи баъди қабули ҳуҷҷатҳои лозими ба аризадиҳанда хатти дар бораи қарори қабулгардида хабар медиҳад.
Дар ҳолатҳое, ки агар таъсиси (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии) субъектҳои хоҷагидор ба маҳдудкунии рақобат оварда расонад, муассисони субъектҳои хоҷагидор, шахс ё мақомоте, ки дар бораи ҳамроҳшави, муттаҳидшави карор кабул кардаанд, вазифадоранд бо талаби мақоми давлатии зиддиинҳисори барои барқарор намудани шароити зарурии рақобат чора бинанд.
Иҷро накардани талаботи мақоми давлатии зиддиинҳисори барои беэътибор донистани нодурустии бақайдгирии давлати бо тартиби суди ва ба даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисори асос мешавад.
Дар ҳолатҳои дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор, инчунин аз рӯйхати ягонаи давлати баровардани онҳо аз тарафи мақоми давлатии бақайдгиранда ҳатман бо розигии пешакии мақоми давлатии зиддиинҳисори иҷро мешавад.
Бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, ки таъсис ва азнавташкилкунии онҳо бе розигии пешакии мақоми давлатии зиддиинҳисори сурат гирифтааст, дар ҳолатҳое, ки агар ин ба вайронкунии Қонуни мазкур оварда расонад, метавонад бо тартиби суди ва бо даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисори беэътибор дониста шаванд.
Моддаи 12. Назорати давлатии иҷрои қонунгузории зиддиинҳисори ҳангоми хариди саҳмияҳо (ҳиссаҳо) дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор ва дигар мавридҳо
Бо мувофикаи қаблии мақоми давлатии зиддиинҳисори дар асоси дархости шахсони ҳуқуқи ва воқеи амалҳои зайл сурат мегиранд:
- аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) харид кардани саҳмия (ҳисса) бо ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷа чунин шахс (гурӯҳи шахсон) ҳуқуқи ихтиёрдории бештар аз бист фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои_ харидгардидаро пайдо мекунад. Талаботи мазкур ба муассисаи субъекти хоҷагидор ҳангоми таъсиси он дахл надорад;
- аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) сохиб шудан ба воситаҳои асосии истеҳсолот ва воситаҳои молию пулии ғайримоддии субъекти хоҷагидори дигар ё истифодаи онҳо, ки агар арзиши балансии амволи ташкилдиҳандаи мавзӯи аҳд аз даҳ фоизи арзиши балансии воситаҳои асосии истеҳсолот ва воситаҳои молию пулии ғайримоддии субъекти хоҷагидори ҷудокунандаи амвол зиёд бошад;
- аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медихад, шароити амали гардонидани фаъолияти сохибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақоми идоракунии онро иҷро кунад.
Розигии пешаки барои иҷро намудани созишҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар ҳолатҳое зарур мебошад, ки агар арзиши умумии балансии воситаҳои молию пулии шахсоне, ки дар қисми якуми моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз дусад хазор ҳадди ақали музди меҳнат зиёд бошад ва яке аз онҳо субъекти хоҷагидор мебошад, ки ба рӯйхати субъектҳои хоҷагидор дохил карда шудааст ва дар бозори моли муайян зиёда аз сиюпанҷ фоиз ҳисса дорад ё харидор гурӯҳи шахсоне мебошанд, ки фаъолияти субъекти хоҷагидори нишондодашударо назорат мекунанд.
Рӯйхати субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори моли муайян зиёда аз сиюпанҷ фоиз ҳисса доранд, аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисори тартиб дода мешавад.
Барои содир кардани аҳдҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, шахсон вазифадоранд ба мақоми давлатии зиддиинҳисори дар бораи додани розиги барои иҷро кардани онҳо дархост диҳанд ва оиди баровардани қарор мувофиқи номгӯи ахборе, ки мақоми давлатии зиддиинҳисори тасдиқ мекунад, маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.
Назорати давлати оиди амали гардонидани аҳдҳое, ки дар моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисори дар асоси моддаи 11 Қонуни мазкур иҷро мегардад.
Мақоми давлатии зиддиинҳисори ҳуқуқ дорад дархостро рад намояд, агар қонеъкунонии он тавонад ба қувват гирифтани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё маҳдудкунии рақобат оварда расонад, инчунин дар ҳолатҳои пешниҳод намудани ахбори носаҳеҳ, ки барои қабул намудани қарор аҳамият дошта бошад. Мақоми давлатии зиддиинҳисори ҳуқуқи қонеъ намудани дархостро дар ҳолати иҷро намудани талабот, ки ба таъмини рақобат равона шудааст, дорад. Дар айни замон талаботи нишон додашуда, инчунин мӯҳлати иҷрои он бояд дар қарори мақоми давлатии зиддиинҳисори дар бораи розиги барои иҷрои амале, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, дарҷ карда шавад.
Мақоми давлатии зиддиинҳисори бо арзиши шахси ҳуқуқи ё воқеи баъди ба итмом расидани иҷрои созишҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур оварда шудаанд, дар мӯҳлати понздаҳ рӯз воҷиби огоҳкуни мебошад, агар арзиши умумии балансии воситаҳои молию пулии шахсе, ки дар қисми якуми моддаи мазкур омадааст, аз сад ҳазор ҳадди ақали музди меҳнат зиёд бошад.
Дар ҳолати иштироки шахси воқеи дар мақомоти иҷроия, шӯрои директорон (шӯрои мушоҳидакунандагон) ду ё зиёда субъектҳои хоҷагидор, ки арзиши умумии балансии воситаҳои молию пулиашон аз сад ҳазор ҳадди ақали музди меҳнат зиёд бошад ва ё субъектҳои хоҷагидор, ки ба рӯйхати гурӯҳи молҳои якхела ё ба руйхати гурӯҳи молҳои дараҷаи мухталифи ҷараёни истеҳсолу фурӯши якхела дохиланд пас аз понздаҳ рӯзи дохилшави (интихобшави) ба мақомоти мазкур ё шӯро аз тарафи ҳамин шахс, ҳатман огоҳ кардани мақоми давлатии зиддиинхисори зарур аст. Дар ҳолати огоҳкунии мақоми давлатии зиддиинҳисори аризадиҳанда якҷоя бо ариза ахбореро пешниҳод мекунад, ки дар қисми чоруми моддаи мазкур пешбини шудааст.
Агар мақоми давлатии зиддиинҳисори баъд аз омӯзиши пешакии ахбор ба хулосае ояд, ки бастани аҳдҳое, ки дар бораи онҳо ӯро огоҳ кардаанд, метавонад ба зуҳур кардан ва қувват гирифтани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё маҳдудкунии рақобат оварда расонад он дар бораи санҷиши иловагии мувофиқ будани созиши мазкур ба талаботи қонунгузории зиддиинҳисори қарор қабул мекунад. Қарори мазкур ба аризадиҳанда дар мӯҳлати понздаҳ рӯзи баъди гирифтани ариза дар бораи огоҳкуни аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисори равон карда мешавад.
Қарори қатъи аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисори дар мӯҳлати си рӯз қабул гардида, дар ин хусус ба аризадиҳанда хатти хабар дода мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки агар амалиёти дар қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи мазкур пешбинишуда метавонанд ба зуҳур кардан ё қувват гирифтани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор ё маҳдудкунии рақобат оварда расонанд, шахсони амалиёти номбаршударо иҷрокунанда вазифадоранд бо талаби мақоми давлатии зиддиинҳисори дар мӯҳлатҳои аз тарафи он муқарраргардида барои барқарор намудани шароити зарурии шароити рақобат чораҳо бинанд.
Дар ҳолатҳое, ки дар қисмҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, шахсон ҳуқуқ доранд то қабули чунин қарорҳо розигии пешакии мақоми давлатии зиддиинҳисориро, ки вазифадор аст аризаҳои дахлдорро дар бораи ба иҷро раоснидани амалиёти мазкур бо тартиби муқарраргардида дида барояд, дархост кунанд.
Созишҳое, ки мухолифи тартиби дар моддаи мазкур муқарраргардида ба имзо расидаанд ва ба зуҳур кардан ё қувват гирифтани ҳукмфармои, маҳдудкунии рақобат оварда мерасонанд, дар ҳолатҳои аз тарафи иштирокчиёни созишҳо иҷро накардани талаботи мақоми давлатии зиддиинҳисори дар бораи барқарор намудани шартҳои зарурии рақобат дар мӯҳлатҳои аз тарафи он муқаррар кардашуда, бо тартиби суди ва бо даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисори беэътибор дониста мешаванд.
Иҷро накардани қарорҳои мақоми давлатии зиддиинҳисори, ки мувофиқи қисмҳои шашум ва ёздаҳуми моддаи мазкур қабул шудаанд, барои беэътибор донистани созиши дахлдор бо тартиби суди ва ба даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисори асос шуда метавонад.
Моддаи 13. Азнавташкилкунии (тақсимкуни ё ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти сохибкориро амали мегардонанд
Дар ҳолате, ки субъектҳои хоҷагидори фаъолияти сохибкориро амаликунанда мавқеи ҳукмфармоиро соҳиб мебошанд ва қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунанд, мақоми давлатии зиддиинҳисори ҳуқуқ дорад бо мақсади маҳдуд сохтани фаъолияти инҳисори дар бораи азнавташкилкунии (тақсимкунии, ҷудокунии) онҳо дар доираи воҳидҳои сохториашон, агар ин ба манфиати инкишофи рақобат бошад, ба суд ё суди иқтисоди муроҷиат кунад.
Азнавтақсимкунии (тақсимкунии, ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои зерин амали мегардад:
- вуҷуд доштани имконияти мустақилии ташкили ва ҳудудии воҳидҳои сохтории он;
- байни воҳидҳои сохтории он мавҷуд набудани алоқаи зичи технологи, аз ҷумла агар ҳаҷми маҳсулоти (кор, хизматрасони) воҳиди сохтори, ки ҳамин шахси ҳуқуқи истеъмол мекунад, он аз си фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи (кор, хизматрасони) воҳиди сохтории мазкур зиёд набошад;
- дар натиҷаи азнавташкилкуни имконият доштани фаъолияти мустақилонаи шахси ҳуқуқи дар бозори моли муайян.
Моддаи 14. Шикоят аз болои амалу қарори мақоми давлатии зиддиинҳисори, ки мутобиқи моддаҳои 11, 12 Қонуни мазкур қабул шудаанд
Дар ҳолате, ки агар аризадиҳанда ба дархости худ (ариза дар бораи огоҳкуни) аз мақоми давлатии зиддиинҳисори дар мӯҳлати си рӯзи баъди дархостро гирифтани мақоми мазкур (моддаи 11,12 Қонуни мазкур) ҷавоб нагирад ё бо қарори қабулкардаи ин мақом рози набошад, вай ҳуқуқ дорад барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда дар давоми се моҳ ба суди иқтисоди муроҷиат кунад.
БОБИ V. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗИДДИИНҲИСОРИ
Моддаи 15. Иҷрои ҳатмии амри мақоми давлатии зиддиинҳисори
Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисори субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (шахсони мансабдори онҳо), шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфироди. Вазифадоранд мувофиқи амри мақоми давлатии зиддиинҳисори вайронкориро қатъ гардонанд, мавқеи аввалро барқарор ва шартномаро бекор намоянд ё ба он тағйирот ворид кунанд, бо дигар субъектҳои хоҷагидор шартнома бандад, асноди ба қонунгузори номувофиқро бекор кунанд, фоидаи дар натиҷаи вайронкори ба даст омадаро ба буҷет ворид кунанд, дигар амалиётҳоеро, ки дар амр зикр ёфтаанд, иҷро намоянд.
Барои содир кардани кирдорҳои зиддиҳуқуқи, ки боиси вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисори мегарданд, шахси мансабдори мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), инчунин шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони инфироди, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 16. Ҷавобгарии субъектҳои хоҷагидор
Ташкилотҳои тиҷорати ва ғайритиҷорати барои вайронкориҳои зерин дар намуди ҷарима ба ҷавобгари кашида мешаванд:
- дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накардани амри мақоми давлатии зиддиинҳисори -барои ҳар як рӯзи гузаронидани мӯҳлати иҷрои амр ба андозаи панҷоҳ ҳадди ақали музди меҳнат, вале на зиёда аз панҷ ҳазор ҳадди ақали музди меҳнат;
- ба мақоми давлатии зиддиинҳисори пешниҳод накардани дархост ва аризае, ки дар моддаҳои 11 ва 12 Қонуни мазкур пешбини шудааст -ба андозаи панҷсад ҳадди ақали музди меҳнат;
- иҷро накардани талаботи қарори мақоми давлатии зиддиинҳисори, ки мувофиқи қисми чоруми моддаи 11 ва қисми ёздаҳуми моддаи 12 Қонуни мазкур пешниҳод шудааст -ба андозаи ҳазор ҳадди ақали музди меҳнат;
- дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод накардани ҳуҷҷат ё дигар ахбор, ки дар моддаҳои 11 ва 12 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, ба андозаи панҷоҳ ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар як рӯзи вайронкунии мӯҳлати муқарраргардида, вале на зиёда аз ҳазор ҳадди ақали музди меҳнат;
- ба мақомоти давлатии зиддиинҳисори пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳ -ба андозаи сад ҳадди ақали музди меҳнат.
Соҳибкорони инфироди гунаҳкор ҳисобида мешаванд:
- дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод накардани ҳуҷҷат ё ахбори дигар, ки барои амали гардонидани фаъолияти мақоми давлатии зиддиинҳисори зарур аст, -ҷавобгарии маъмури дар намуди огоҳи ё ҷарима ба андозаи бист ҳадди ақали музди меҳнат;
- барои содир намудани амале (беамалие), ки тартиби пешбини намудаи моддаҳои 11 ва 12 Қонуни мазкурро вайрон менамояд, дар давоми ду моҳ аз рӯзи ошкор намудани чунин амал (беамали) аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисори-ҷавобгарии маъмури дар намуди огоҳи ё ҷарима ба андозаи бист ҳадди ақали музди меҳнат;
- барои иҷро накардани талаботи мақоми давлатии зиддиинҳисори, ки мувофиқи моддаҳои 11 ва 12 Қонуни мазкур пешбини шудаанд -ҷавобгарии маъмури дар намуди огоҳи ё ҷарима ба андозаи си ҳадди ақали музди меҳнат.
Пардохти ҷарима субъекти хоҷагидорро аз ӯҳдаи иҷрои қарори (амри) мақоми давлатии зиддиинҳисори озод намекунад.
Моддаи 17. Ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо
Шахсони мансабдори мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ба ҷавобгарии маъмури кашида мешаванд:
- барои дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накардани қарори (амри) мақоми давлатии зиддиинхисори -огоҳи ё ҷарима ба андозаи панҷоҳ ҳадди ақали музди меҳнат;
- барои халал раосндан ба шахсони мансабдори мақоми давлатии зиддиинҳисори ҳангоми аз тарафи онҳо амали гардонидани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда -огоҳи ё ҷарима ба андозаи бист ҳадди ақали музди меҳнат;
- барои бе иҷозати мақоми давлатии зиддиинҳисори, ки дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбини шудааст, ба кайд гирифтани субъектҳои хоҷагидор ё иттиҳодияҳои (иттифоқҳои,ассотсиатсияҳои) онҳо-огоҳи ё ҷарима ба андозаи бист ҳадди ақали музди меҳнат.
Моддаи 18. Рӯёнидани зараре, ки ба субъектҳои хоҷагидор расонида шудааст
Дар ҳолате, ки агар санади мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, мақоми давлатии зиддиинҳисори, бо вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисори қабул шуда бошад ё мақомоти мазкур ӯҳдадориҳои худро иҷро накунанд ё номатлуб иҷро кунанд ва агар чунин амал боиси расонидани зарар ба субъекти хоҷагидор ё дигар шахс гардида, бошад, зарари раоснидашуда мувофиқи қонунгузории граждани рӯёнда мешавад.
Амали (беамалии) субъектҳои хоҷагидор, ки қонунгузории зиддиинҳисориро вайрон мекунад ва ба субъекти хоҷагидор зарар мерасонад, зарари расонидашуда аз зараррасондагон мувофиқи қонунгузории граждани руёнида мешавад.
Моддаи 19. Ҷавобгарии шахсони мансабдори мақоми давлатии зиддиинҳисори
Шахсони мансабдори мақоми давлатии зиддиинҳисори барои фош кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад, ба ҷавобгарии маъмури дар намуди огоҳи ё ҷарима ба андозаи панҷоҳ ҳадди ақали музди меҳнат кашида мешаванд, ҳамчунин агар ин амалиёт ба дигар ҷавобгари, ки қонунгузории ҷори пешбини намудааст, боис нагардад.
БОБИ VI. ТАРТИБИ ҚАБУЛИ АРЗУ ШИКОЯТ ВА ИҶРОИ ҚАРОРИ (АМРИ) МАҚОМИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРИ
Моддаи 20. Дида баромадани парвандаҳо оиди вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисори аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисори
Мақоми давлатии зиддиинҳисори далелҳои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисориро дида баромада, дар доираи салохияти худ карор қабул мекунад ва амр медиҳад.
Барои баррасии парвандаҳо дар бораи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисори аризаҳои субъектҳои хоҷагидор, мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва шаҳрвандон асос мешаванд.
Маводи оид ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисори бо ташаббуси худи мақоми давлатии зиддиинҳисори барраси мегардад.
Аризаҳо ба мақоми давлатии зиддиинҳисори хатти пешниҳод карда мешаванд. Мазмуни ҳуҷҷатҳо ва муроҷиатҳо фош карда намешавад.
Моддаи 21. Тартиби шикоят аз болои қарори (амри) мақоми давлатии зиддиинҳисори
Мақомоти идоракунии давлати ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (шахсони мансабдори онҳо), субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), шаҳрвандон, аз ҷумла сохибкорони инфироди, ҳуқуқ доранд аз болои қарори (амри) мақоми давлатии зиддиинҳисори ба суд ё суди иқтисоди шикоят кунанд.
Дар вақти дида баромадани арзу шикоят дар суд ё суди иқтисоди иҷроиши қарори (амри) мақоми давлатии зиддиинҳисори боздошта мешавад. Аз болои қарори (амри) мақоми давлатии зиддиинҳисори дар давоми шаш моҳи аз рӯзи қабули ин санад шикоят кардан мумкин аст, ба истиснои талаботе, ки ба он мӯҳлати пешниҳоди даъво татбиқ намешавад.
Моддаи 22. Тартиби иҷро намудани қарори (амри) мақоми давлатии зиддиинҳисори
Дар ҳолати иҷро накардани қарор (амр) дар бораи тағйир додан ё бекор кардани шартномаи хилофи қонун буда ё бо субъекти хоҷагидори дигар бастани шартнома мақоми давлатии зиддиинхисори ҳуқуқ дорад дар бораи пурра ё қисман беэътибор донистани шартнома ё маҷбуран бастани шартнома бо даъво ба суд ё суди иқтисоди муроҷиат намояд.
Дар ҳолати иҷро накардани қарор (амр) дар бораи ба буҷет гузаронидани фоидае, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисори муайян шудааст, мақоми давлатии зиддиинҳисори ҳуқуқ дорад дар бораи ба буҷет ситонидани фоидаи беасос ба суд ё суди иқтисоди даъво кунад.
Ҷаримае, ки аз тарафи мақоми давлатии зиддиинхисори ба роҳбарони субъектҳои хоҷагидор, ғайр аз ҷаримае, ки ба сохибкорони инфироди баста шудааст, дар мӯҳлати си рӯз баъди баромадани қарор оиди рӯёнидани он бо тартиби беаксепти (бегуфтугӯ) пардохта мешавад.
Маблағи ҷаримае, ки мақоми давлатии зиддиинҳисори рӯёнидааст, пурра ба буҷет пардохта мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
29 ноябри соли 2000 № 11