ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси лицей-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳри Душанбе
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2023 № 532)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дар заминаи лицеи № 1 шаҳри Душанбе таъсис додани лицей-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони лаёқатманд дастгирӣ карда шавад.
2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ҳукумати шаҳри Душанбе биною иншооти лицеи № 1 шаҳри Душанбе ва биною иншооти кӯдакистони № 92 ноҳияи Фрунзеро ҷиҳати таъсиси лицей-интернати ҷумҳуриявӣ ба ихтиёри Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳад. Масъалаи фаъолияти минбаъдаи кӯдакистони № 92 ва ба кӯдакистони № 93 гузаронидани кӯдакону кормандони он мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон лицей-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони лаёқатмандро ба қайд гирифта, дар мавриди фароҳам овардани шароит барои ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва истиқомати талабагони лицей то оғози соли таълими 1995-1996 маҷмӯи чораҳои ташкилию амалиро андешад. Мутобиқи талаботи стандарти таълимӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" нақшаю барномаҳои таълимиро таҳия ва тасдиқ намояд.
Бо роҳи гузаронидани санҷиш дар доираи барномаҳои таълимии мактабҳои маълумоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кӯдакони лаёқатманди тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ контингенти талабагони лицейро интихоб карда гирад.
4. хориҷ карда шуд .
5. Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати азнавҷиҳозонӣ ва фароҳам овардани шароит барои таълиму истиқомати талабагони лицей-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони лаёқатманд тибқи дархости Вазорати маориф дар навбати аввал ҷудо кардани таҷҳизоту инвентарьро таъмин кунад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 24 маи соли 1995 № 356
ш. Душанбе

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зарурии таъминоти лицей-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони лаёқатмандро аз ҳисоби маблағҳои барои соҳаи "Маориф" пешбинигардидаи буҷет муайян намояд.