ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ДОХИЛ КАРДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРӢ
I. Ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонуншикании маъмури, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 1985 қабул кардааст (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1985, № 24, м. 243), тағъироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:
1. Аз моддаи 217 калимаҳои "бо моддаи 58 (барои вайронкуниҳое, ки на дар рафти истифодаи конҳои канданиҳои фоиданок содир шудаанд)" хориҷ карда шаванд.
2. Кодекс бо моддаи 2291-и дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:
"Моддаи 2291. Мақомоти давлатии назорати геологи.
Мақомоти давлатии назорати геологи қонуншиканиҳои маъмуриеро, ки дар моддаи 47 (барои вайронкунии ҳуқуқии моликияти давлати оид ба сарватҳои зеризамини ҳангоми таҳқиқи, геологии он) ва дар моддаи 58 Кодекси мазкур пешбини гардидаанд, барраси мекунанд.
Саринспектори давлатии назорати геологии Ҷумҳуриш Тоҷикистон ва ҷонишинони ӯ ҳуқуқи аз номи мақоми давлатии назорати геологи барраси кардани қонуншиканиҳои маъмури ва додани ҷазои маъмуриро доранд".
II. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи зотпарвари дар соҳаҳои чорводори" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 15-16, м. 237) тағйироту иловаҳои зайл дароварда шаванд:
1. Моддаи 3 дар таҳрири зайл баён гардад:
"Моддаи 3. Қонунгузори дар бораи, зотпарвари
Зотпарвари дар соҳаи чорводори тавассути ҳамин Қонун, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи хадамоти давлатии зотпарвари, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии мақомоти давлатии хадамоти зотпарварии назди Вазорати кишоварзи, ки иҷрояшон барои бахшҳои зотпарвари, новобаста аз тобеияти идорави ва шакли моликияти онҳо, ҳатми мебошанд, танзим мегардад".
2. Моддаи 5 бо калимаҳои "дар маҳалҳо (ҳукуматҳо)" пурра карда шавад;
3. Дар моддаи 7:
қисми якуми банди 1 бо калимаҳои "Дар маҳалҳо (ҳукуматҳо)" пурра карда шавад;
дар банди 2 калимаҳои "Шӯрои Вазирони" ба калимаҳои "Ҳукумати" иваз карда шаванд;
Банди II Қонуни мазкур аз эътибор соқит дониста шуд ().
III. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1993 "Дар бораи кори байтори" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, № 13, м. 245) тағйироти зерин дохил карда шавад:
дар матни Қонун;
калимаҳои "Вазорати (кишоварзи ва ислоҳоти замин" бо калимаҳои "Вазорати кишоварзи" иваз карда шаванд;
калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо капимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шаванд;
калимаҳои "кумитаҳои иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилоятҳо" бо калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукуматҳои) вилоятхо" иваз карда шаванд;
калимаҳои "кумитаҳои иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияҳо (шаҳрҳо)" бо калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукуматҳои) ноҳия, шаҳр" иваз карда шаванд;
калимаҳои "кумитаҳои иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо" бо калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукуматҳои) ноҳия, шаҳр, вилоят" иваз карда шаванд;
калимаҳои "кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе" бо калимаҳои "мақоми ҳокимияти иҷроияи (ҳукумати) шаҳри Душанбе" иваз карда шаванд.
IV. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 1992 "Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 8, м. 116) тағйироту иловаҳои зайл дароварда шаванд:
1. Банди 2-юми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода гардад:
"2. Аз рӯи Қонуни мазкур ҳар шахсияти юридики, ки қобилияти сари вақт ва пурра иҷро намудани ӯҳдадориҳои худро дар назди кредиторон надорад, қарздор мебошад".
2. Дар моддаи 10 калимаҳои "набояд аз 1000 сӯм кам бошад" бо калимаҳои "набояд аз ҳадди ақалли даҳкаратаи музди меҳнат кам бошад" иваз карда шаванд.
3. Дар банди 2-юми моддаи 16 калимаҳои "кумитаи иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ" бо калимаҳои "мақоми маҳаллии ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо)" иваз карда шаванд.
4. Қисми сеюми моддаи 21 хориҷ карда шавад.
5. Ба сарсатри сеюми банди 2-юми моддаи 26 пас аз калимаҳои "оиди пардохти нафақа" калимаҳои "дар лаҳзаи додан индексацияшуда" илова карда шаванд.
6. Дар матни қонун калимаҳои "Додгоҳи Олии ҳаками" ва "додгоҳи ҳаками ё додгоҳи халқи" мутобиқан бо калимаҳои "Суди Олии иқтисоди" ва "Суд" иваз карда шаванд.
VII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1992 "Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 2, м. 32) тағйироти зерин дохил карда шавад:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "Шӯрои Вазирон" бо калимаи "Ҳукумат" иваз карда шввад.
2. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаҳои "кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои вакилони халқ" бо калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо)" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 7:
номи модда дар таҳрири зайл ифода шавад:
"Моддаи 7. Иштироки мақомоти маҳаллии Ҳокимияти давлати дар ташкили донори";
Дар матни модда калимаҳои "Шӯроҳои депутатҳои халқ ва мақомоти иҷроияи (маҳаллии онҳо" бо калимаҳои "Маҷлисҳои вакилони халқ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо)" иваз карда шавад.
4. Дар қисми якуми моддаи 13 калимаҳои "Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
VIII. Дар матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи пешгирии бемории СПИД" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994, № 2, м. 34) ишора ба "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои ,Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
IҶ. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи назорати санитарии давлати" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15, м. 239) тағйироти зайл дохил карда шавад;
1. Дар банди 4-уми моддаи 3 калимаҳои , "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷкистон" бо калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Банди 2-юми моддаи 16 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукуматҳои) вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо мақсади бартараф ва пешгири иамудани ифлосшавии манбаъҳои аз об истифодабарии аҳоли минтақаҳои ҳифзи санитарии дорои режими махсус муқаррар менамоянд".
3. Банди 2-юми моддаи 17 дар таҳрири зайл баён карда шавад;
"2. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо) ба мақсади пешгирии олуда шудани ҳавои атмосфера бо партовҳои истеҳсоли дар ҳудуди сохтмони маҳалли аҳолинишин минтақаҳои ҳифзи санитарии дорои режими махсус муқаррар менамоянд".
4. Банди 3-юми моддаи 18 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"3. Тартиб ва шартҳои дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин таъмин намудани вазъи лозимаи санитариро мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия (Ҳукуматҳо) ва худидораи маҳалли (ҷамоатҳо) муқаррар менамоянд".
5. Қисми дуюми банди 2-юми Моддан 22 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Дар ҳолатҳои зарури бо қарори Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия дар ташкилоту корхонаҳои алоҳида ва дар корхонаҳо барои гузаронидани муоинаи тибби метавонанд шарту дастурҳои иловаги, ҷори карда шаванд".
6. Бандҳои 2 ва 3-юми моддаи 23 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"2. Дар сурати паҳн гардидани бемориҳои сирояткунанда, сироятнакунандв ва заҳролудшавии одамон дар ҳудуди маҳалҳои алоҳидаи аҳолинишини аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия метавонад шароиту режими махсуси фаъолияти хоҷаги ва зиндагии аҳоли ҷори карда шавад".
"3. Барои роҳбарии оперативона ва мутобиқсозии фаъолияти ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандон ҷиҳати пешгири ва рафъи бемориҳои сирояткунанда ва заҳролудшавии одамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукуматҳои) вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои фавқулоддаи зидди эпидемия таъсис мекунанд".
7. Сарсатри якуми банди 3-юми моддаи 32 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии хадамоти давлатии санитарию эпидемиологи аз буҷетҳои ҷумҳурию маҳалли ва маблағҳои ғайрибуҷетие, ки мувофиқи тарти6и муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, сурат мегирад".
8. Моддаи 33 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 33. Тартиби ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани шахсони мансабдори хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистои аз рӯи вазифа ҷонишини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо пешниҳоди Вазири тандурусти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.
2. Сардухтурони муассисаҳои санитарию эпидемиологии вилояти, шаҳри ва ноҳияви сардухтурони давлатии санитарии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷонишинони сардорони Раёсатҳо ё мудирони шӯъбаҳои тандурустии мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукуматҳои) вилоятҳо ва шаҳрҳои дахлдор, инчунин сардухтурони шаҳру ноҳияҳо буда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳокимияти давлати дар маҳалҳо" ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
3. Ба зиммаи сардори раёсати санитарию эпидемиологи ва сардухтури Стансияи ҷумҳуриявии санитарию эпидемиологи вазифаи ҷонишинони сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошгга мешавад".
ҶIII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1990, № 24, м. 421; соли 1992, № 10, м. 114) тағйироту иловаҳои зайл дароварда шаванд:
1. Дар банди аваали моддаи 8 калимаҳои "Шӯроҳои депутатҳои халқ" ба калимаҳои "Ҳокимияти маҳалли..." иваз карда шаванд.
2. Дар банди аавали моддаи 9 калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
3. Банди сеюми моддаи 11 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ҳангоми бо теъдоди камтар аз сад нусха нашр гардидани маҳсулоти чопи бақайдгирии воситаҳои ахбори омма талаб карда намешавад".
4. Ба қисми якуми моддаи 20 банди 9-уми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"рақами шаҳодатномаи бақайдгири ва номи мақоме, ки онро додааст".
5. Моддаи 21 таври зайл баён карда шавад:
"Моддаи 21. Нусхаҳои назорати ва ҳатми
Нусхаҳои назоратии бепули нашрияҳои давр баъд аз чоп фавран ба Палатаи китоби Ҷумҳури, Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Фирдавси, муассис ва Палатаи китоби умумироссияги, инчунин ба мақоме, ки ба нашрияи мазкур шаҳодатномаи бақайдгири додааст, фи-ристода мешаванд.
Нусхаҳои назорати ва ҳатмии асарҳои чопи, инчунин ба дигар ташкилоту муассисаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, фиристода мешаванд".
6. Моддаи 28 бо банди 5-уми дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:
"Нашри такрории материалҳо аз дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин кишварҳои ИДМ танҳо бо розигии онҳо иҷозат дода мешавад".
7. Дар моддаи 36 калимаҳои "аз сад то панҷсад сӯм" ба калимаҳои "ба андозаи дувоздаҳ маоши муқарраргардидаи ҳадди ақал" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 37 калимаҳои "то панҷсад сӯм" ва аз панҷсад то ҳазор сӯм" ба калимаҳои "ба андозаи дувоздаҳ маоши муқарраргардидаи ҳадди ақал" иваз карда шаванд.
ҶIV. Ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи табъу нашр" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 1, м. 28) тағйироти зайл дохил карда шавад:
1. Дар моддаҳои 15, 19, 24, ва 27 калимаҳои "Вазорати матбуот ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Қисми сеюми моддаи 25 хориҷ карда шавад.
ҶVI. Ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 1994 "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, м. 241) тағйироти зайл дароварда шавад:
1. Дар моддаҳои 4, 15, 18, 47, 52, 58, 60, 62 ибораи "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
2. Дар моддаҳои 4 ва 5 ба ҷои калимаҳои "мақомоти маҳаллии иҷроияи Шӯроҳои депутатҳои халқ", "кумитаҳои иҷроия", "кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ" мувофиқан калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо)" навишта шаванд.
3. Дар моддаҳои 15 ва 60 (калимаҳои "Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ" ва "Шӯроҳои депутатҳои халқ" мувофиқан бо калимаҳои "Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" ва "Маҷлисҳои вакилони халқ" иваз карда шаванд.
ҶVII. Ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи ҳифзи табиат" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 2, м. 36) тағйироти зайл дохил карда шавад:
1. Дар моддаҳои 5, 7, 17, 20, 21, 23, 27, 34, 54, 56, 59, 60, 61, 62, 63 ва 66 калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
2. Дар моддаҳои 6, 39 ва 66 ба ҷои калимаҳои "Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" навишта шавад.
3. Дар моддаҳои 23, 49, 60 ва 75 ба ҷои калимаҳои "Вазорати ҳифзи муҳити зист" калимаҳои "Вазорати ҳифзи табиат" навишта шавад.
4. Дар моддаҳои 3, 6, 9, 14, 16, 43, 66, 17, 51 ва 52 калимаҳои "Шӯроҳои депутатҳои халқ" бо калимаҳои "Маҷлисҳои вакилони халқ" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 12 ба ҷои калимаҳои "кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ" калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия (Ҳукуматҳо)" навишта шавад.
6. Дар моддаи 23 калимаҳои "аз тарафи Кумитаи давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "аз тарафи Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 49 калимаҳои "ва ислоҳоти замин" аз матн хориҷ карда шавад.
8. Дар моддаҳои 36, 78 ва 87 ба ҷои калимаҳои "додгоҳи ҳаками" мувофиқан калимаҳои "суди иқтисоди" навишта шавад.
9. Дар моддаи 63 калимаҳои "кумиҷроияҳои Шӯроҳои депутатҳои халқи ВМБК, вилоятҳо, ноҳияю шаҳрҳо" бо калимаҳои "раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо" иваз карда шавад.
ҶVIII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 15-16, м. 350) тағйироту иловаҳои зайл дароварда шаванд:
1. Моддаи 41 -уми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
Моддаи 4.1 Шахсоне, ки ба нафақаи пеш аз мӯҳлат ҳуқуқ доранд.
Ба нафақаи пеш аз мӯҳлат як сол қабл аз расидани синну соли нафақа шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки ба сабабҳои новобаста аз онҳо бекор мондаанд ва ҳаққи гирифтани ёрдампули аз рӯи бекори дар муддати 52 ҳафтаи тақвими доранд: мардҳо - бо собиқаи кори на камтар аз 25 сол ва занон - бо собиқаи на камтар аз 20 сол.
Нафақаи шаҳрвандоне, ки ба ,нафақаи пеш, аз мӯҳлат ҳуқуқ доранд, то вақти расидан ба синни нафақа (моддаи 11-уми ҳамин Қонун) аз ҳисоби маблағи фонди шуғли аҳоли, ки тибқи, тартиби муқарраршуда ба фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд, пардохта мешавад.
Нафақае, ки барои бекорон пеш аз мӯҳлат таъин шудааст, дар сурати ба кор даромадани онҳо пардохта намешавад. Баъди ба синни нафақа расидани чунин шахсон, ки дар ин маврид онҳо дар асосҳои умуми ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд, ба онҳо тибқи моддаи 20-уми ҳамин Қонун нафақа дода мешавад".
2. Ба моддаи 8 банди дуюм ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Маблағи фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади муайян истифода шуда, ба таркиби буҷети давлати дохил намешавад ва мавриди мусодира қарор намегирад".
3. Дар моддаи 15:
банди "а" хориҷ карда шавад;
ба банди "г" пас аз калимаҳои "ба замони фронт" калимаҳои, "ё давраи хизмат дар хориҷи кишвар, дар давлатҳое, ки амалиётҳои ҷанги бурда мешуданд, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбие, ки дар асари захмдори, контузия, маъюби ва ё бемориҳои давраи асири маъюб шудаанд, ба шарте ки асорати онҳо ихтиёри набуда, хизматчиёни ҳарби дар асири ба Ватан хиёнат накарда бошанд ё ҳангоми дар сафҳои артиши амалкунанда ба сифати, писархонди, (тарбиятгирандаи) полкҳо ва юнгаҳо буда" илова карда шавад;
бандҳои "б", "в", "г", "д", "е", "ж", "з" мувофиқан бандҳои "а", "б", "в", "г", "д", "е", "ж" ҳисоб карда шавад.
4. Дар моддаи 16:
ба қисми аввал баъд аз калимаҳои: "55 фоизи маош" калимаҳои "аммо ба шахсоне, ки дар корхона, муассиса, ташкилот ё дар як система стажи бефосилаи кори доранд (мардҳо - 25 сол ва занҳо - 20 сол), ба андозаи 60 фоиз маош" иловв карда шаванд:
ба қисми чаҳорум пас аз калимаҳои: "75 фоизи маош" калимаҳои "аммо ба онҳое, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот ё дар як система стажи бефосилаи кори доранд,- мардҳо - 25 сол ва занон - 20 сол, наметавонад аз 80 фоизи маош зиёд бошад", илова карда шаванд;
ба ин модда қисмҳои 5 ва 6 ба мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онҳо баробар дар ҳаҷми 2,5 баробари ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда мешавад".
"Андозаи ҳадди аксари нафақа аз рӯи синну сол наметавонад аз андозаи 10-каратаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд бошад".
5. Дар моддаи 18:
ба банди "г" баъди калимаҳои "хизматчиёни ҳарби" калимаҳои "шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили, шахсони ҳайати кироя, писархондҳои (тарбиятгирандагони) полкҳо ва юнгаҳо" илова карда шавад;
ба банди "д" баъди калимаҳои "бо се дараҷаи нишони Шарафи Меҳнат мукофотонида шудаанд" калимаҳои "шахсони дар давраи аз 22 маи соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарби буда (ғайр аз шахсоне, ки даравраи Ҷанги Бузурги Ватани аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз б моҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар ҷойҳои муваққатан ишғолкардаи душман" илова карда шавад;
ба қисми дуюми модда бандҳои "е", "ж", "з", "и", "к" ба мазмуни зайл илова карда шавад;
"е) нафақа аз рӯи синну сол барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 вобаста ба рафъи садамаи Станцияи Барқи атомии Чернобыль ва дигар минтақаҳои олудагии радиоактиви 150 фоиз зиёд мешавад;
нафақаи иштирокчиёни рафъи оқибати садамаи Станцияи Барқи атомии Чернобыль ва дигар минтақаҳои олудагии радиоактиви маъюбони гурӯҳҳои I ва II бемориҳои умуми ва маъюбони гурӯҳи III, ки дар натиҷаи осори офатҳои экологи маъюб гардидаанд, ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.
Нафақа аз рӯи синну сол ба иштирокчиёни минтақаҳои офатҳои экологи ба андозаи 75 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад;
ж) нафақа аз рӯи синну сол ба сокинони Ленингради муҳосирашуда дар давраи аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1945: зиндониёни ноболиғи концлагерҳои фашисти, ҷойҳои ақаллиятнишин ва нигаҳдории маҷбури, ки аз ҷониби фашистони олмони ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон сохта шуда буданд, ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад;
з) нафақа аз рӯи синну сол ба онҳое, ки беасос аз рӯи ақидаҳои сиёсиашон ҳабс шуда, баъдан сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд, карда мешавад:
и) нафақа аз рӯи синну сол ба шахсони гирифтори вируси иммунодефицити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад;
к) нафақа аз рӯи синну сол ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ё "Донори фахрии СССР" доранд, ба андозаи 10 фоизи нафақаи муқарраршуда зиёд мешавад".
қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Иловапулиеро, ки дар бандҳои "в", "г", "д", "е", "ж", "з", "и", "к"-и ҳамин модда пешбини гардидааст, дар як вақт ҳисоб карда додан мумкин аст".
6. Дар моддаи 21:
ба қисми аввал бандҳои "в" ва "г" ба мазмуни зайл илова карда шаванд:
,в) осеби ҳарби (моддаи 24.1);
г) беморие, ки дар давраи адои хизмати ҳарби ба он гирифтор шудаанд (моддаи 24.2)".
Қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "а" "б" таьин шудаанд, новобаста аз он, ки маъюби кадом вақт рӯй додааст - дар давраи кор, то оғози кор (таҳсил) ё баъди анҷоми он муқаррар карда мешаванд. Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "в" ва "г" таъин шудаанд, дар он сурат муқаррар карда мешаванд, ки маъюбият дар давраи хизмати ҳарби ё на дертар аз се моҳи баъди ҷавобшави аз хизмати ҳарби ё худ баъдтар аз ин мӯҳлат, вале дар натиҷаи осеби ҳарби ё бемориҳои давраи хизмати ҳарби рӯй дода бошад.
Қисми сеюм дар таҳрири зайл баён гардад:
"Иловапулиҳои дар бандҳои "в", "т", "д", "е", "ж", "з", "и", "к"-и ин модда пешбинишуда яквақта ҳисоб карда мешаванд.
7. Ба Қонун моддаҳои нави 24.1, 24.2 ба мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 24.1 Маъюбият дар натиҷаи осеби ҳарби
Маъюбияти шаҳрвандоне, ки давраи хизмати ҳарбиро адо кардаанд, вақте натиҷаи осеби ҳарби ҳисоб меёбад, ки он дар асари захм, (контузия, маҷруҳшави ҳангоми ҳимояи Ватан ё ҳангоми иҷрои дигар ӯҳдадориҳои (вазифаҳои) хизмати ҳарби ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирок дар ҷанг ё адои хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар он ҷоҳо амалиёти ҷанги бурда мешуд, рӯй дода бошад. Ба ҷумлаи шасоне, ки дар натиҷаи осеби ҳарби маъюб шудаанд, ҳамчунин собиқ хизматчиёни ҳарбие тааллуқ доранд, ки дар асари захмдори, контузия, ҷароҳат ё бемориҳои давраи асири маъюб шудаанд, ба шарте ки асорати онҳо ихтиёри набошад ва хизматчии ҳарби ҳангоми асири ба Ватан хиёнат накарда бошад ё дар давраи дар артиши амалкунанда ба сифати писархонди (тарбиягирандаи) полкҳо ва юнгаҳо буданаш маъюб шуда бошад.
Моддаи 24.2 Маъюбияте, ки кас дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарби (ҷамъомадҳои ҳарби) мубтало шудааст
Маъюбият вақте ба амаломада ҳисоб мешавад, ки агар сабабаш осеби воқеаи нохуш буда, он ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарби (вазифаҳои хизмати) алоқаманд нест, ё худ бемориҳое бошанд, ки бо адои хизмат дар хориҷа дар (давлатҳое, ки дар он ҷоҳо амалиёти ҷанги бурда шудаанд ё бо иштирок дар фронт алоқаманд набошанд".
8. Дар моддаи 27:
ба қисми якум пас аз калимаҳои "нафақа аз рӯи маъюби" калимаҳои "ки дар бандҳои "а", "б", "г"-и моддаи 21 дар назар дошта шудаанд", илова карда шаванд; ба модда кисми чоруми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Андозаҳои ҳадди аксари нафақаҳо аз рӯи маъюби барои гурӯҳҳои I ва II аз андозаи даҳкаратаи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол ва барои маъюбони гурӯҳи III аз андозаи ҳашткаратаи ҳадди ақалли нафақаи сину сол набояд зиёд бошад".
9. Ба Қонун моддаҳои 30.1, 30.2 ва 30.3 ба мазмуни зерин илова карда шаванд:
Моддаи 30.1 Нафақаҳои барои хизматчиёни ҳарби пешбинишуда.
Дар асосҳои баробар бо хизматчиёни ҳарби, мувофиқи моддаҳои 24.1 ва 24.2 нафақа ба инҳо таъин карда мешавад;
ба шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомоти корҳои дохили. Зимнан дар назар дошта мешавад, ки маъюбии онҳо дар асари захм, контузия ва маҷрӯҳи, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати дар мақомоти корҳои дохили ба амал омадааст;
ба шаҳрвандоне, ки ба сабабҳои осори захм, контузия, маҷруҳи ё бемориҳои дар давраи хизмат дар батальонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои ҳимоякунандаи халқ ба амаломада маъюб шудаанд;
шаҳрвандоне, ки барои таьлим ва санҷиши омодагии ҳарби даъват шудаанд ва дар натиҷаи захм, контузия ё маҷрӯҳи ҳангоми иҷрои ӯҳдаориҳои хизмати дар давраи гузаштани ин гуна ҷамъомадҳои ҳарби ба амаломада маъюб шудаанд.
Шаҳрвандони иштироккунандаи ҷузъу томҳои ҳарби, ки дар натиҷаи осори захм, контузия ё маҷрӯҳи дар вақти ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъю6 дониста шудааяд ва маъюбии онҳо бо маъюбии дар натиҷаи осеби ҳарби ба амаломада баробар дониста мешавад, аммо маъюбие, ки дар натиҷаи дигар сабабҳои дар давраи гузаштани хизмат дар мақомоти номбаршуда ҷойдошта ба амал омадааст, бо маъюбии дар натиҷаи бемориҳои дар давраи, хизмати ҳарби ба амаломада баробар дониста мешавад.
Моддаи 30.2. Шартҳое, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро барои хизматчиёни ҳарби муайян мекунанд
Нафақа аз рӯи маъюби дар натиҷаи осеби ҳарби (моддаи 24.1), ё дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарби (моддаи 24.2) новобаста аз муддати собиқаи умумии кор, аз он ҷумла хизмати ҳарби (ҷамъомадҳои ҳарби), таъин карда мешавад.
Моддаи 30.3 Андозаи нафақа аз рӯи маъюби дар натиҷаи осеби ҳарби
Нафақа аз рӯи маъюби дар натиҷаи осеби ҳарби (моддаи 24.1) барои гурӯҳҳои I ва II ба андозаи 85 фоиз ва барои гурӯҳи III 50 фоиз мувофиқи ҳаҷми таъмини пули (музди меҳнат) таъин карда мешавад. Ҳадди ақалли нафакаҳо аз рӯи маъюби - то се андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол мебошад.".
10. Дар моддаи 31.
банди "б"-и қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад;
"б) ба маъюбони гурӯҳи (ғайр аз маъюбони гурӯҳи I аз рӯи нобинои), ҳамчунин ба маъюбони яккаву танҳои гурӯҳи II, ки ба ёрии дигарон мӯҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар ҳаҷми нафақаи иҷтимои (банди ,б,-и моддаи 110); ба маъюбони гурӯҳи I аз рӯи нобинои ва ба маъюбони осеби ҳарбидидаи гурӯҳҳои I ва II бо ҳамон сабабҳо, ки ба ёрии дигарон мӯҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар ҳаҷми ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол. Нафақаи маъюбони осеби ҳарбидидаи гурӯҳи I (моддаи 241), ки барои гирифтани дигар навъҳои нафақа ва изофапули барои нигоҳубин ҳуқуқ надоранд, 50 фоиз, барои маъюбони гурӯҳи III дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад;
- ба банди "в" баъд аз калимаҳои "Се дараҷаи "ордени Шарафи меҳнат" калимаҳои "барои шахсони аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбибуда (ғайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда буданд), ҳамчунин барои онҳое, ки дар давоми Ҷанги Бузурги Ватани (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945), камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти кори дар ҷойҳои муваққатан аз тарафи душман ишғолшуда" илова карда шаванд;
ба модда бандҳои "г", "д", "е", "ж", "з"-и дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"г) нафақа аз рӯи маъюби барои гурӯҳҳои I ва II, ки дар натиҷаи маҷрӯҳшави ё бемории мансуб ба минтақаи офати экологи мебошад, 150 фоиз, барои гурӯҳи III - дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад;
д) нафақа аз рӯи маъюби барои шахсони гирифтори вируси иммунодефицити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад;
е) нафақа аз рӯи маъюби ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё "Донори фахрии СССР" доранд, ба андозаи 10 фоизи нафақаи муқарраргардида зиёд карда мешавад;
ж) нафақа аз рӯи, маъюби ба сокинони Ленингради муҳосирашуда аз давраи 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 ва асирони ноболиғи концлагеpҳои фашисти, ҷойҳои ақаллиятнишин ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурии аз ҷониби фашистони олмони ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳони ташкилшуда, ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад;
з) нафақа аз рӯи маъюби ба шахсоне, ки беасос аз рӯи ангезаҳои сиёси ҳабс шуда буданду баъдан онҳо сафед кара шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад" :
дар кисми дуюм ҳарфҳои "а", "б", "в", бо ҳарфҳои "а", "б", "в", "г", "д", "е", "ж", "з" иваз карда шаванд;
ба қисми сеюм пас аз калимаҳои "барои иштирокчиёни ҷанг" калимаҳои "ва иштирокчиёни офати экологи" илова карда шаванд.
11. Қисмҳои 1 ва 2-юми моддаи 36 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Ба нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аъзоёни аз корафтодаи оилаи саробонаш фавтида, ки таҳти таъминоти ӯ қарор доштанд, ҳуқуқ доранд (моддаи 37). Зимнан, нафақа ба фарзандони ғайри қобили меҳнат, ба волидайн ва ҳамсари азкорафтода ва ҳамчунин ба волидайн ва ҳамсарони ғайри қобили меҳнати шаҳрвандони дар натиҷаи осеби ҳарби фавтида (ҳалокгардида), ба аъзоёни оилаҳои хизматчиёни ҳайяти қаторй ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили;
ба аъзоёни оилаҳои шахсони дар вақти гузаштани хизмати ҳарби фавтида (ҳалокшуда) ва ё агар сабаби марг ба иҷрои хизмати ҳарби алоқаманд набошад ва агар ин аъзоёни оила баъд аз сари саробонашон манбаи даромадро барои зиндаги аз даст дода бошанд, ба яке аз волидон, ба ҳамсар ё дигар аъзои оилаи дар банди "в"-и ҳамин модда нишон додашуда таъин карда мешавад";
ба кисми панҷум калимаҳои "Оилаҳои хизматчиёни дар давраи амалиёти ҳарби бе ному нишон гумшуда ба оилаҳои дар натиҷаи осеби ҳарби ҳалокшуда баробар дониста мешаванд", илова карда шавад.
12. Ба қонун моддаи 36.1 ба мазмуни зайл дохил карда шавад:
Моддаи 36.1 Ҳуқуқ ба нафақаи имтиёзнок
Ҳамсарони шаҳрвандони дар асари осеби ҳарби (моддаи 24.1) вафоткарда (ҳалокшуда), ки кӯдаки то 8-солаи шахси фавтида (ҳалокшуда) -ро нигоҳубин мекунанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти меҳнати ва аз он ки ҳамсараш кор мекунад, ё не, ба нафақаи ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд.
Ба волидайн ва ҳамсарони шахсони дар натиҷаи осеби ҳарби вафоткарда (ҳалокшуда) (моддаи 24.1) нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳангоми расидан ба синни 50-солаги таъин карда мешавад".
13. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 37 баъд аз калимаҳои "оилаи марҳум" калимаҳои "ё хизматчии фавтидаи ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили" илова карда шавад.
14. Дар қисми якуми моддаи 40 пас аз калимаи "вафоткарда" калимаи "(ҳалокшуда)" дохил карда шавад,
15. Дар моддаи 43
дар қисми якум калимаҳои "нафақаи иҷтимои" бо калимаҳои "50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол" иваз карда шавад;
ба модда қисми (дуюм ба мазмуни зайл дохил карда шавад:
"Андозаи ҳадди аксари нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як аъзои ғайри қобили меҳнати оила мабояд, аз ҳаҷми панҷкаратаи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол зиёд бошад";
қисми дуюм қисми сеюм дониста, калимаҳои "аз андозаи дукаратаи нафақаи иҷтимои камтар бошад" бо калимаҳои "камтар аз 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол ва зиёдтар аз андозаи даҳкаратаи ҳадди аксари нафақа аз рӯи синну сол" иваз карда шаванд;
ба модда қисми чорум ба мазмуни зайл илова карда шавад;
"Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарби ба ҳар як аъзои ғайри қобили меҳнати оила баробари 40 фоизи музди меҳнат (таъминоти пули), ки дар моддаи 70-уми ҳамин қонун муқаррар шудaаст, таъин карда мешавад, аммо на камтар аз андозаи ду нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол".
16. Ба Қонун моддаҳои 47.1 ва 47.2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 47.1 Шартҳои таъин намудани нафақа барои оилаҳои хизматчиёни ҳарби
Нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарби (аз ҷумла партизанҳои Ҷанги Бузурги Ватани ва ҷанги граждани) муқарраршуда вақте таъин карда мешавад, ки агар саробон дар натиҷаи осеби ҳарби, ё худ бемориҳои давраи адои хизмати ҳарби вафот карда бошад.
Нафақаи оилаҳои шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти (корҳои дохили дар асосҳои баробар бо оилаҳои хизматчиёни ҳарби таъин карда мешавад. Зимнан, марги саробоне, ки дар натиҷаи захмдори, контузия ва маҷрӯҳшави ҳангоми иҷрои вазифаи хизмати дар мақомоти корҳои дохили фаро расидааст, ба марги саробоне, ки дар натиҷаи осеби ҳарби фаро расидааст ва марги бо дигар сабабҳо ҳангоми хизмат дар мақомоти номбаршуда баамаломадаи саробон ба марги саробоне баробар мебошад, ки дар натиҷаи бемориҳои давраи хизмати ҳарби фаро расидааст.
Моддаи 47.2 Ҳуқуқи нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарби пешбинигардида
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарби ё бемории давраи хизмати ҳарби, сарфи назар аз давомнокии собиқаи умумии кори, аз ҷумла хизмати ҳарбии саробон, таъин карда мешавад".
17. Ба қисми дуюми моддаи 49 банди "в" ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"в) ба оилаҳои хизматчиёни ҳарби (моддаи 471), агар саробон дар давраи хизмати ҳарби ё на дертар аз 3 моҳи баъди ҷавоб шудан аз хизмати ҳарбий ё худ дертар аз ин мӯҳлат, вале дар натиҷаи осеби ҳарби ё бемориҳои давраи хизмати ҳарби ҳалок шуда бошад".
18. Дар қисми чоруми моддаи 63 калимаҳои "бандҳои "б" ва "з" бо калимаҳои "бандҳои "б" - "з" иваз карда шавад.
19. Моддаҳои 64 ва 66 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Моддаи 64. Имтиёзҳо аз рӯи ҳисоби собиқаи кори
Ба собиқаи кори ба андозаи секарата инҳо ҳисоб карда мешаванд;
- хизмати ҳарби дар ҳайати артиши амалкунанда дар давраи амалиётҳои ҷанги, аз он ҷумла ҳангоми иҷрои вазифаи интернационали ва ҳамчунин иштирок дар отрядҳо ва ҷузъу томҳои партизани;
- кор дар шаҳри Ленинград дар давраи муҳосираи он дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944;
- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати осори садамаи Станцияи Барқи атомии Чернобыль ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида, (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳоли берун бурда шуда буд) дар давраи аз 26 апрели соли 1986 то 31 декабри соли 1987;
- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядрои дар полигонҳои Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядрои дар давраи аз 25 августи соли 1949 то 5 июли соли 1963 зарар дидаанд".
"Моддаи 66. Имтиёзҳо аз рӯи ҳисоби собиқаи кори ба андозаи дукарата ва якунимкарата
Ба андозаи дукаратаи собиқаи кори инҳо дохил карда мешаванд:
- кор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани, аз он ҷумла ба ҳайси кормандони ғайринизомии кироя дар қисмҳои ҳарби ва хизмат, ғайр аз хизмати ҳарбии дар абзатси якуми моддаи 64-уми ҳамин Қонун пешбииишуда;
- давраи асорат дар концлагерҳои фашисти ё дар дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбури дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани, ба шарте, ки асорат ихтиёри набуда, дар вақти асири ба Ватан хиёнат накарда бошанд;
- кор дар махавхонаҳо ва муассисаҳои муборизаи зидди тоун.
Ба андозаи якунимкаратаи собиқаи кори инҳо дохил карда мешаванд:
- кор дар Ҷумҳурии Афғонистон бо командировка ё роҳхатҳои муассисаю мақомоти дахлдор дар давраи аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989;
- кор ва хизмати вобаста бо рафьи оқибати садамаи Станцияи Барқи атомии Чернобыль ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 ахоли берун бурда шуда буд) дар давраи аз 1 январи соли 1988 то 31 декабри соли 1990;
- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядрои дар полигони Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядрои дар давраи аз 6 июли соли 1963 то 1 январи соли 1992 зарар дидаанд;
- кор дар вазифаҳои духтури маразшиноси-колбудшиноси, ки бо колбудшикофии патологии ҷасадҳо ва тадқиқоти гистологи аз рӯи Феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд"
20. Дар қисми аввали моддаи 71 пас аз калимаҳои "таи 24 моҳи охир" калимаҳои "пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи охир" илова карда шаванд.
21. Дар қисми аввали моддаи 73 пас аз калимаҳои "таи 24 моҳи охир" калимаҳои "пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи охир" илова карда шаванд.
22. Дар матни қонун ишораҳо ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯроҳои вакилони халқ ва мақомоти таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан бо ишораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқ ва мақомоти ҳимояи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шаванд.
ҶIҶ. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1995 "Дар бораи ветеранҳо" тағйироти зайл дохил карда шавад:
1) Аз банди "а"-и моддаи 27 рақами "2" ва калимаи "хонапули" хориҷ карда шавад.
2) Ба моддаи 36 баьди ибораи "бо нақлиёти роҳи оҳан (вагони купейдор) бе пул рафтуомад кунанд" ибораи "ва хароҷоти хизмати коммуналиро дар ҳаҷми 50 фоиз кам мепардозанд" илова карда шавад.
ХХIII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 1992 "Дар бораи инвестицияҳои хориҷи" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 8, м. 118) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
дар қисми 1 пас аз калимаи "фаъолият" калимаҳои "инвесторони хориҷи" илова карда шавад.
2. Дар моддаи 8:
дар қисми чорум калимаҳои "Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 11:
дар қисми якум калимаҳои "бо рубл ва асьор" ба калимаҳои "ба пули милли ва хориҷи" иваз карда шавад;
қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода шавад:
"Инвесторони хориҷи пули миллии дар суратҳисобҳо доштаашонро дар шаклҳои иҷозатдодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариду фурӯши асъори хориҷи ба пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда метавонанд".
4. Дар моддаи 14:
қисми якум дар таҳрири зайл ифода шавад;
"Корхонаҳои дорои инвестицияи хориҷиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлати мегирад, намояндагиҳо, филиалҳо ва воҳидҳои дигари махсуси корхонаҳои дорои инвестицияи хориҷи, ки ҳуқуқи шахсияти юридики надоранд, дар давоми ду ҳафта аз рӯзи додани ариза дар мақомоти салоҳиятдор қайд карда мешаванд. Ба корхонаи аз қайдгузаштаи дорои инвестицияи хориҷи тасдиқномаи қайди намунаи муқарраргардида дода мешавад. Корхона аз рӯзи ба қайди давлати гирифта шуданаш ҳуқуқи шахсияти юридикиро соҳибмегардад;
сарсатри чоруми қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода шавад:
"- маълумотномаҳои бонкҳо барои иштирокчиёне, ки қобили пардохт ва эътимодбахш будани онҳоро дар бобати ҳиссагузори ба фонди оинномави тасдиқ мекунад (бо тарҷумаи он ба забонҳои тоҷики ва руси)";
ба қисми сеюм сарсатри дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"- Оинномаи корхона ва зикри мақсади асосии таъсисдиҳи бо мудаллалсозии лозимаи техникию иқтисоди".
Дар қисми панҷум калимаҳои "Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикстон" бо калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 18 қисми дуюми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Корхонаи дорои инвестицияи хориҷи ҳуқуқ дорад баъди гирифтани шаҳодатномаи иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷи ба фаъолияти иқтисодии хориҷи пардозад".
6. Ба Қонун моддаи 18.1-уми дорои мазмуни зайл илова карда шавад;
"Моддаи 18.1 Ба корхонаҳои таъсисёбандаи дорои инвестицияҳои хориҷии соҳаи истеҳсолоти модди, ба истиснои корхонаҳое, ки захираҳои табииро истихроҷ ва истифода мекунанд, ба шарти дар фонди оинномави аз 30 фоиз зиёдтар будани ҳиссаи пардохтаи инвестори хориҷи, ба ғайр аз имтиёзҳое, ки қонунгузории ҷори дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст, режими зерини имтиёзи андоз муҳайё карда мешавад;
- корхонаҳое, ки ҳаҷми инвестицияи хориҷии онҳо аз 100 хазор то 500 ҳазор доллари ШМА аст, 2 соли аввал;
- корхонаҳое, ки ҳаҷми инвестицияи хориҷиашон аз 500 ҳазор то 2 миллион доллари ШМА мебошад, 3 соли аввал;
- корхонаҳое, ки ҳаҷми инвестицияи хориҷии онҳо аз 2 миллион то 5 миллион доллари ШМА аст, 4 соли аввал;
- корхонаҳое, ки ҳаҷми инвестицияи хориҷиашон беш аз 5 миллион доллари ШМА аст, 5 соли аввал аз пардохти андози фоида озод карда мешаванд.
Мӯҳлати додани имтиёзҳои зикргардидаи андоз ба корхонаҳои дорои инвестицияи хориҷи аз рӯзи фоидаи баланси гирифтанашон ҳисоб карда мешавад".
7. Дар моддаи 29 қисми якум дар таҳрири зайл ифода шавад:
"Корхонаи дорои инвестицияи хориҷи дар мавриди муфлис шудан ва ҳолатҳои дигар муводиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷкистон аз рӯи аризаи муасоисон барҳам хӯрда метавонад".
8. Дар моддаи 30 калимаҳои "Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба калимаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 31:
дар қисми якум 6а ҷои калимаҳои "ба асъори хориҷи ва рубл" калимаҳои "ба пули хориҷи ва милли" навишта шавад;
дар қисми дуюм калимаҳои "Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 33 калимаҳои "Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 36 ба ҷои калимаи "ҳаками" калимаи "иқтисоди" навишта шавад.
12. Дар моддаи 39 калимаҳои "Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба калммаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
ҶҶIV. Ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 "Дар бораи амният" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 3-4, м. 64) тағйироти зайл дохил карда шавад;
Қисми чоруми моддаи 14 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ба ҳайати аъзои доимии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифаашон инҳо дохил мешаванд: Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Шӯрои амният,. Котиби Шӯрои амниятро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад".
Қисми панҷуми моддаи 14 хориҷ карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
1 феврали соли 1996 № 223