×

Қонуни Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 № 371 "Дар бораи муолиҷаи маҷбурии беморони майзадагӣ ё нашъамандӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 № 1413 аэ эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУОЛИҶАИ МАҶБУРИИ БЕМОРОНИ МАЙЗАДАГӢ Ё НАШЪАМАНДӢ

БОБИ АВВАЛ. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Вазифаҳои қонуни муолиҷаи маҷбури аз майзадаги ё нашъаманди

Қонуни муолиҷаи маҷбури аз майзадаги ё нашъаманди вазифаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон, муборизаи муқобили суиистифода аз нӯшокиҳои спиртдор ва маводи нашъаовар, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ки дар заминаи он содир мешаванд, дар бар мегирад.

Барои иҷрои ин вазифаҳо қонуни муолиҷаи маҷбури аз майзадаги ё нашъаманди чи гуна шахсон ва дар кадом ҳолатҳо ба муолиҷаи маҷбури аз майзадаги ё нашъаманди фирстодан ва шароитҳои иҷрои онҳоро муайян менамояд.

Моддаи 2. Мафҳуми муолиҷаи маҷбури

Муолиҷаи маҷбури ин муолиҷаест, ки дар асоси илтимосномаи шахсони муайянкардаи Қонун, коллективҳои меҳнати, ташкилотҳои давлатию ҷамъияти ё бо ташаббуси мақомоти милитсия дар асоси хулосаи комиссияи мақомоти тандурусти, бо қарори суди халқии ноҳияви (шаҳри) дар муассисаҳои табобатию меҳнатии мақомоти корҳои дохили ва бо режими муқарраршудаи нигоҳ доштан ва терапияи меҳнати гузаронида мешавад.

Моддаи 3. Асосҳои ба муолиҷаи маҷбури фиристодан

Шахсоне, ки гирифтори бемории майзадаги ё нашъамандианду аз табобати ихтиёри саркаши мекунанд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон ё ҳуқуқи шахсони дигарро поймол менамоянд, ба муолиҷаи маҷбури ҷалб карда мешаванд.

Ҳеҷ касро бе таъиноти суд ва хилофи Қонун ба муолиҷаи маҷбури фиристодан мумкин нест.

Моддаи 4. Ҳолатҳое, ки барои ба муолиҷаи маҷбури фиристодан монеъ мешаванд

Шахсони зайл ба муолиҷаи маҷбури фиристода намешаванд:

- шахсоне, ки ҳаждаҳсола нашудаанд;

- занҳои ҳомила ва занҳое, ки кӯдакони то ҳаштсола доранд;

- шахсоне, ки дар муассисаҳои мақомоти тандурусти аз табобати зидди майзадаги ё зидди нашъаманди нагузаштаанд;

- шахсоне, ки ба корҳои ислоҳкуни ё маҳрумият аз озоди, шартан бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат маҳкум шудаанд, инчунин шахсони шартан пеш аз мӯҳлат бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат аз маҳбас озодшуда;

- шахсони ба синни нафақа расида (мардони 60-сола, занони 55-сола);

- маъюбони гӯруҳҳи якум ва дуюм;

- шахсони гирифтори бемории рӯҳи;

- шахсони гирифтори бемориҳои мувозии вазнине, ки онҳо барои дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳои мақомоти корҳои дохили нигоҳ доштани беморон монеъ мешаванд. Номгӯи ин бемориҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Моддаи 5. Тартиби бемори майзадаги ё нашъаманди донистани шахс

Шахсро фақат дар асоси хулосаи комиссияи тиббии муассисаи табобатию пешгирии бемориҳои мақомоти тандурусти бемори майзадаги ё нашъаманди донистан мумкин аст.

Аз болои қарори комиссия дар бораи бемори майзадаги ё нашъаманди донистани шахс ба мақомоти тандурустии болои ё суди халқии ноҳияи (шаҳри) маҳалли ҷойгиршавии муассисаи табобатию пешгирии бемориҳои мақомоти тандурусти дар мӯҳлати даҳ рӯз шикоят кардан мумкин аст.

Шахсоне, ки нисбаташон асоси кофи ҳаст, ки онҳо гирифтори майзадаги ё нашъаманди мебошанду аз муоина саркаши мекунанд, бо ташаббуси хешовандон, муассисаҳои дахлдори тибби, бо талаби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳатман ба мӯҳлати то даҳ рӯз барои муоина ба беморхона хобонда шаванд.

Хулосаи тибби оиди шахсе, ки муоина мешавад, бояд дар бораи дар вай мавҷуд будани нишонаи бемории майзадаги ё нашъаманди далелҳои асоснок дошта бошад.

Дар сурати ба хулосаи тибби рози набудан ин шахс ҳуқуқ дорад ба мақомоти тандурустии болои ё ба суди халқи мувофиқи тартиби муқарраршуда муроҷиат намояд.

Моддаи 6. Вазъи ҳуқуқии шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбури фиристода шудаанд

Беморони майзадаги ё нашъамандие, ки дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳои мақомоти корҳои дохили дар муолиҷаи маҷбури мебошанд, аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳдудиятҳои вобаста ба зарурати риоя намудани режими муолиҷа ва терапияи меҳнати истифода мебаранд.

Барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон ба онҳо ҳимояи суди ва назорати прокурори кафолат дода, инчунии ёрии ҳуқуқи ва иҷтимои расонида мешавад.

Шахсони ба табобати маҷбури фиристода судшуда ҳисоб намеёбанд.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЙЁР КАРДАНИ ҲУҶҶАТҲО ВА БА МУОЛИҶАИ МАҶБУРИ ФИРИСТОДАН

Моддаи 7. Пешниҳоди илтимоснома ва ба расмият даровардани он

Дар бораи ба муолиҷаи маҷбури фиристодани беморони майзадаги ё нашъаманди хешони ин шахсон, коллективҳои меҳнати, ташкилотҳои давлатию ҷамъияти илтимоснома дода метавонанд. Илтимосномаи хешон бо ариза, илтимосномаи коллективҳои меҳнати, ташкилотҳои давлатию ҷамъияти бошад, ба тариқи протокол таҳия мегардад.

Ҳуҷҷатҳоро дар бораи ба муолиҷаи маҷбури фиристодани беморони майзадаги ё нашъаманди мақомоти милитсия тайёр мекунад ва ба расмият медарорад.

Моддаи 8. Баррасии ҳуҷҷатҳо дар бораи ба муолиҷаи маҷбури фиристодани беморони майзадаги ё нашъаманди

Ҳуҷҷатҳои ба муолиҷаи маҷбури фиристодани беморони майзадаги ё нашъамандиро суди халқии ноҳияи (шаҳри) маҳалли истиқомати бемор дар мӯҳлати даҳ рӯз дар мурофиаи кушоди суди ва нисбати шахсоне, ки ҷои истиқомати доими надоранд, дар маҳалле, ки ҳангоми тайёр кардани илтимоснома дар он ҷо истиқомат доранд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ва бо хоҳиши онҳо бо иштироки ҳимоячи барраси менамояд.

Агар шахсе, ки нисбати ӯ дар хусуси ба муолиҷаи маҷбури фиристоданаш илтимоснома пешниҳод шудааст, ба суд ҳозир нашавад, бо таъиноти суд ё қарори судяи халқи коркунони милитсия ӯро маҷбуран меоранд.

Моддаи 9. Баровардани таъинот ва тартиби иҷрои он

Суди халқии ноҳия (шаҳр) дар хусуси ба муассисаҳои табобатию меҳнатии мақомоти корҳои дохили ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол барои муоличаи маҷбури фиристодан ё ин ки нафиристодани беморони майзадаги ё нашъаманди таъинот мебарорад.

Мӯҳлати муолиҷаи маҷбуриро дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун дароз кардан мумкин аст.

Аз болои таъиноти суди халқи шахсе, ки нисбати ӯ ин таъинот бароварда шудааст ё ин ки ҳимоячии он шикоят карда метавонанд ё мувофиқи тартиби кассатсиони прокурор дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба суди болои эътироз баён карда метавонад.

Додани шикоят ва эътирози прокурор мувофиқи тартиби кассатсиони иҷрои таъиноти судро боз медорад.

Таъиноти суд дар хусуси ба муолиҷаи маҷбури фиристодани шахс дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи баъди ба ҳукми қонун даромаданаш аз тарафи мақомоти милитсия ба иҷро расонида мешавад.

Моддаи 10. Ҳисоб кардани мӯҳлати дар муолиҷаи маҷбури будан

Мӯҳлати дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳои мақомоти корҳои дохили муолиҷа ёфтани бемори майзадаги ё нашъаманди аз рӯзи ба ин муассиса омадани ӯ ҳисоб карда мешавад. Вақти бе сабаб дар муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо набудани бемор ба мӯҳлати табобати ӯ дар ин муассиса ҳисоб карда намешавад.

Моддаи 11. Асосҳои қатъ гардидани муолиҷаи маҷбури

Муолиҷаи маҷбури дар мавридҳои зайл қатъ мегардад:

- ба итмом расиданн мӯҳлати табобате, ки суд муайян кардааст;

- пеш аз мӯҳлат дар сурати таъсири судбахши табобати меҳнати;

- дар дигар мавридҳое, ки ба идомаи табобат монеъ мешаванд.

Моддаи 12. Тартиби пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани муолиҷаи маҷбури

Барои гузаронидани муоинаи бемори майзадаги ё нашъаманди ба нияти пеш аз мӯҳлат қатъ кардани муолиҷаи маҷбури Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якҷоягии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия ташкил медиҳад, ки он бо пешниҳоди маъмурияти муассисаи табобату пешгирии бемориҳо шахси шаш моҳ боз дар муолиҷаи маҷбури бударо муоина мекунад.

Шахсе, ки нисбати ӯ дар хусуси пеш аз мӯҳлат бас кардани муолиҷаи маҷбури қарори рад қабул шудааст ё ҳимоячии манфиатҳои ӯ метавонад аз болои қарори комиссия мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят кунад.

Дар асоси хулосаи комиссия дар бораи таъсири судбахши табобату меҳнат, маъмурияти муассисаи табобатию пешгирии бемориҳо барои ҳалли масъалаи пеш аз мӯҳлат қатъ намуданн муолиҷаи маҷбури ба суди халқии ноҳияи (шаҳри) маҳалли ҷойгиршавии ин муассиса ҳуҷҷатҳо пешниҳод мекунад.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ТАБОБАТ, ҲУҚУҚҲОИ МЕҲНАТИЮ ИҶТИМОИИ ШАХСИ БА МУОЛИҶАИ МАҶБУРИ ФИРИСТОДАШУДА

Моддаи 13. Ташкили муолиҷаи маҷбурии беморони майзадаги ё нашъаманди

Асоси ташкили муолиҷаи маҷбурии беморони майзадаги ё нашъамандиро татбиқи маҷмӯи чораҳои характери тибби дошта, дигар чораҳои солимгардони, терапияи меҳнат, риояи режими муқарраргардидаи нигаҳдори ва гузаронидани кори тарбияви ташкил медиҳад.

Моддаи 14. Режими нигаҳдори дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо

Дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳои мақомоти корҳои дохили ба мақсади тарзи зиндагии солимро пеша кардани беморони майзадаги ё нашъаманди, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуни тартиботе муқаррар мегардад, ки барои гузаронидани муолиҷаи маҷбури, терапияи меҳнати ва ҷудо нигоҳ доштани беморон шароити заруриро таъмин менамояд.

Ҷудо нигоҳ доштану назорат аз болои рафтори шахсони маҷбуран муолиҷашаванда аз тарафи посбонону назоратчиёи мувофиқи тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад.

Агар асосҳои кофи бошад, ки шахсони маҷбуран муолиҷашаванда нияти овардан ё гирифтани маводи нашъаовар, нӯшокиҳои спирти, маводи спиртдор ё токсики ва ё дигар чизу чораи ашёи манъшударо доранд, тафтиши чизу чораи беморон ва мусодираи чизу чора ё ашёи манъшуда, инчунин тафтиши шахси раво дониста мешавад. Тафтиши мукотибаи ин шахсон, ба ғайр аз мавридҳои пешбиникардаи қонун, манъ аст.

Моддаи 15. Терапияи меҳнатии шахсоне, ки дар муолиҷаи маҷбури мебошанд

Шахсони аз майзадаги ё нашъаманди маҷбуран муолиҷашаванда вазифадоранд, ки мувофиқи хулосаи комиссияи тибби меҳнат кунанд.

Маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо вазифадор аст, ки бо назардошти хулосаи комиссияи тиббию риояи қонуни меҳнат ва имкониятҳои истеҳсолии мавҷуда шахсони дар муоилиҷаи маҷбури бударо аз рӯи ихтисосашон бо кор таъмин намояд.

Ба шахсоне, ки дар муолиҷаи маҷбури мебошанд, барои гирифтани ихтисоси зарури таълими касбҳои техники ё бевосита дар истеҳсолот тайёрии касби таъмин карда мешавад.

Моддаи 16. Давомнокии вақти кор

Давомнокии вақти кори муътадили шахсони дар муолиҷаи маҷбури буда мувофиқи нишондоди тибби муайян гардида, дар як ҳафта аз 41 соат зиёд буда наметавонад.

Барои шахсони дар муолиҷаи маҷбури буда ҳафтаи кори шаш рӯз бо як рӯзи истироҳат муқаррар карда мешавад.

Ба шахсони маҷбуран муолиҷашаванда дар мавриди табобати фаъол рӯзи кори кӯтоҳ муқаррар кардан мумкин аст.

Моддаи 17. Музди меҳнати шахсоне, ки дар муолиҷаи маҷбури мебошанд

Музди меҳнати шахсоне, ки маҷбуран муолиҷа мешаванд, мувофиқи миқдору сифати корашон аз рӯи меъёр ва нархҳои дар хоҷагии халқ амалкунанда дода мешавад.

Музди меҳнат бо назардошти қисман пардохтани хароҷоти нигоҳдории муассисаҳои пешгирии бемориҳо, инчунин барои хӯроквори ҳисоб карда мешавад.

Тартиб ва андозаи нигоҳ доштани маблағро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Андозаи умумии аз музди меҳнат нигоҳ доштани пул дар ҳама ҳолатҳо аз 20 фоиз зиёд буда наметавонад, ба ҷуз ҳолатҳое, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст.

Маблағи ба бемор тааллуқдошта ба ҳисоби шахсии ӯ гузаронида шуда, бо хоҳиши вай ба андозае, ки барои харидани молҳои зарури ба вай лозим аст, дода мешавад. Маблағи боқимонда ҳангоми қатъ шудани табобати маҷбури ба бемор ё аз рӯи боваринома ба хешовандони ӯ дода мешавад.

Моддаи 18. Рухсатии меҳнатии шахсони маҷбураи муолиҷашаванда

Ба беморони маҷбуран муолиҷашаванда, ки ба муолиҷаю терапияи меҳнати софдилона муносибат мекунанд, пас аз гузаштани ду моҳи саршавии табобат ба мӯҳлати то 48 соат рухсатии кӯтоҳмуддат додан мумкин аст.

Бинобар ҳолатҳои махсуси шахси (фавт ё бемории вазнини хеши наздик, офати табиие, ки ба оила зарари ҷидди расонидааст ва дигар сабабҳои узрнок) ба шахсони маҷбуран муолиҷашаванда бе нигоҳ доштани музди меҳнат ба мӯҳлати то ҳафт шабонарӯз бе ҳисоби вақти роҳ рухсати дода мешавад.

Барои додани чунин рухсати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, асос шуда метавонанд.

Харҷии роҳ ба ҳар ду тараф аз ҳисоби шахси рухсати гирифта мебошад.

Моддаи 19. Суғуртаи иҷтимоии шахсони маҷбуран муолиҷашаванда

Харҷии роҳ ба ҳар ду тараф аз ҳисоби шахси рухсати гирифта беиҷтимои шаванд.

Суғуртаи иҷтимоии давлатии ин шахсон аз ҳисоби давлат сурат мегирад.

Моддаи 20. Таъминоти нафақави

Ба шахсони дар муолиҷаи маҷбури буда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" нафақа таъин карда мешавад.

БОБИ 4. КАФОЛАТИ ШАХСОНИ АЗ БЕМОРИИ МАЙЗАДАГИ Ё НАШЪАМАНДИ МАҶБУРАН МУОЛИҶАШАВАНДА

Моддаи 21. Кафолатҳои меҳнатии шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбури фиристода шудаанд

Ҷои кор ё хониши шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбури аз майзадаги ё нашъаманди фиристода шудаанд, нигоҳ дошта мешавад.

Шахсони маҷбуран муолиҷашавандае, ки пеш кор накардаанд, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқи ҷои бозгашти ин шахсон бо кор таъмин карда мешаванд.

Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ вазифадоранд, дар муддати даҳ рӯзи баъди муроҷиати ин гуна шахсон масъалаи бо кор таъмин кардани онҳоро ҳал намоянд.

Давраи муолиҷаи маҷбури аз майзадаги ё нашъаманди стажи меҳнатиро қатъ намекунад ва ба стажи умумии кор дохил мешавад.

Рухсатии ҳарсолаи шахсоне, ки аз муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо баргаштаанд, аз ҷои кори охирин аз рӯи вақти ҳақиқии корашон дода мешавад.

Моддаи 22. Кафолати манзилии шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбури фиристода шудаанд

Ҳуқуқи манзили шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбури аз майзадаги ё нашъаманди фиристода шудаанд, дар ҷои истиқомати пештараашон нигоҳ дошта мешавад.

Ҳуқуқ ба манзили истиқоматии хизмати ва манзил дар хобгоҳҳо ба шахсони дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда дар мавриде нигоҳ дошта мешавад, ки баъди ба охир расидани мӯҳлати табобат дар ҳамон корхона, муассиса ва ташкилот корро идома диҳанд.

Ҳуқуқи шахсони ба муолиҷаи маҷбури фиристодашуда дар навбати гирифтани манзил нигоҳ дошта мешавад.

БОБИ 5. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ МАЪМУРИЯТИ МУАССИСАИ ТАБОБАТИЮ МЕҲНАТИ

Моддаи 23. Ҳуқуқҳои маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо

Маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо ҳуқуқ дорад, ки:

аз беморони майзадаги ё нашъаманди иҷрои тартиби муқарраршудаи табобат, терапияи меҳнати, режими кори муассиса, талаботи қонунҳои мавҷудаи оиди масъалаҳои муолиҷа аз майзадаги ё нашъамандиро талаб кунад;

чораҳои ҳавасмандгардони ва ҷазодиҳиро андешад;

ба суди халқи дар бораи давом додани мӯҳлати муолиҷаи маҷбури ба муддати на зиёдтар аз шаш моҳ нисбати беморони майзадаги ё нашъаманди, ки ҳангоми табобат нӯшокиҳои сипрти, маводи нашъадор ва сахтасаркунандаро истифода карда, аз муолиҷа саркаши намуда ва тартиби муқарраршудаи табобатро мунтазам вайрон мекунанд, илтимоснома пешниҳод намояд.

Ба мақомоти тандурусти ва корҳои дохилии ҷои истиқомат ва ё ҷои бозгашти шахсе, ки ҳангоми дар муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо буданаш тартиботи муқарраршудаи муолиҷа ва терапияи меҳнатиро мунтазам вайрон кардааст ва дар натиҷаи он чораҳои табобатию тарбияви таъсири мусбат набахшидаанд, дар асоси хулосаи тибби ба мақомоти тандурусти ва корҳои дохилии ҷои истиқомат ё ҷои бозгашт барои чораҳои пешгирикунандаи бемори ба мӯҳлати як сол ба қайд гирифтани ӯ хабар диҳад.

Тартиби ба қайд гирифтан ва гузаронидани чораҳои пешгирикунии бемории ин шахсонро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 24. Вазифаҳои маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо

Маъмурияти муассисаи табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо вазифадор аст, ки иҷрои талаботи ҳамин Қонунро таъмин намояд.

Ба ин мақсад он вазифадор аст ки:

якҷоя бо мақомоти тандурусти муолиҷаи маҷбури ва таъминоти тиббию санитарии шахсони дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо нигоҳдошташавандаро ташкил кунад;

ҷиҳати моддию маиши ва кори беморони мубталои майзадаги ё нашъамандиро таъмин намояд;

шахсони маҷбуран муолиҷашавандаро бо шароитҳои зарурии манзилию маишии ба қоидаҳои санитарию гигиени мувофиқ, бо назардошти шароити иқлими бо сару либос, либоси таг ва пойафзол, дар статсионар бо либоси бемори, инчунин бо хӯрок таъмин намояд. Беморон дар статсионар бо хоҳиши худ метавонанд либосҳои худашонро истифода баранд;

фурӯши маҳсулоти хӯроквори ва молҳои саноатиро ташкил намояд. Барои бемаҳдудият мукотиба намудан, гирифтани бандерол, посылка, озуқа, инчунин боздид бо хешовандон ҳуқуқ диҳад;

дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо режим, нигаҳбони ва назорат, кори тарбияви ва табобатию пешгирии бемориҳоро ташкил ва таъмин кунад.

Моддаи 25. Кори тарбияви дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо

Дар муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо бо мақсади дар рӯҳияи тарзи зиндагии солим, риояи қонунҳо, муносибати софдилона ба муолиҷаю меҳнат тарбия намудани шахсони бемори майзадаги ё нашъаманди кори тарбияви гузаронида мешавад, ки дар он бо иҷозати маъмурияти муассисаҳои табобатию меҳнатии пешгирии бемориҳо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъияти, коллективҳои меҳнати, мақомоти маданият, физкултура ва спорт, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хешовандон, инчунин намояндагони ташкилотҳои дини иштирок карда метавонанд.

БОБИ 6. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУН ДАР БОРАИ МУОЛИҶАИ МАҶБУРИИ БЕМОРОНИ МАЙЗАДАГИ Ё НАШЪАМАНДИ

Моддаи 26. Ҷавобгари барои ба таври зарури иҷро накардан ва вайрон намудани қонун дар бораи муолиҷаи маҷбурии беморони майзадаги ё нашъаманди

Шахсоне, ки дар:

маҳдуд кардани ҳуқуқи ба шаҳрвандон додаи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардаанд;

вайрон кардани режими нигаҳдори;

нагузаронидан ё ба тарзи зарури нагузаронидани курси муолиҷа;

надодани ҷои кори пешина ё дигар кори баробар (мансаб), таҳсил дар ҳамон корхона, муассиса ва ташкилот;

қабул накардан ба кор бо сабаби дар муолиҷаи маҷбури будангунаҳкоранд, мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмури, ҷинояти ва ё дигар ҷавобгари кашида мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дигар вайронкуниҳои қонуни муолиҷаи маҷбурии беморони майзадаги ё нашъаманди низ ҷавобгари муқаррар карда метавонад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. МАҲКАМОВ

ш. Душанбе 

 27 июни соли 1991 № 370