ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗАБОН
Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии забони тоҷики (форси) ва истифодаи онро ба сифати забони давлати дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ҳамчунин кафолати ҳуқуқии амали озоди забони русиро, чун забони муоширати байни халқҳои СССР, ва забонҳои миллии дигар халқҳоеро, ки дар сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги доранд, таъмин менамояд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Забони давлати эълон шудани забони тоҷики ҳуқуқҳои конститутсионии гражданинҳоеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳури мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқи ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, ҳуқуқи ҳаққонии гражданинҳои ҳар миллатро барои инкишофи забон ва маданияташ, баробарии ҳамаи гражданинҳоро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо, ҳимоя мекунад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
БОБИ I. МАТЛАБҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷики (форси) мебошад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 2. Забони руси, чун забони муоширати байни халқҳои СССР, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона амал мекунад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 3. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишоф ва истифодаи озодонаи забонҳои Бадахшони Кӯҳи (забонҳои помири) ва ҳифзи забони яғноби шароит фароҳам меоварад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи масъалаи амали забонҳои маҳаллиро мустақилона ҳал мекунад.
Моддаи 4. Ин Қонун мақоми ҳуқуқи ва соҳаҳои истеъмоли забонҳои тоҷики, руси, ӯзбеки, қирғизи, туркмани ва дигар забонҳоро дар ҷумҳури муайян мекунад, ҳамчунин ҳуқуқу кафолати гражданинҳоро дар интихобу ҳимояи забонҳо муқаррар менамояд.
Ин Қонун истифодаи забонҳоро дар ҷойҳои ҷамъияти, рузгор, муомилаи байни аъзоёни коллективҳои меҳнати, корҳонаҳо, муассисаву ташкилотҳо, ки феҳристи онҳоро Совети Вазирони Чумхурии Точикистон тартиб додааст, инчунин дар фаъолияти диндорон ва ба ҷо овардани русуми дини танзим намекунад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
БОБИ II. ҲУҚУҚУ КАФОЛАТҲОИ ГРАЖДАНИНҲО ДАР ИНТИХОБИ ЗАБОН
Моддаи 5. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар гражданин кафолат медиҳад, ки ҳангоми муомила бо органҳои ҳокимият ва идораи давлати, инчунин ҳангоми муомила бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо (аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъияти) ба ихтиёри худ забон интихоб кунад, аз онҳо ба забони давлати, руси ё дигар забони қобили қабул маълумот ва ҳуҷҷат гирад.
Моддаи 6. Нисбат ба кормандони органҳои ҳокимияти давлати ва идораи давлати, ташкилотҳои ҷамъияти, инчунин органҳои муҳофизати ҳуқуқ, муассисаҳои ҳифзи сиҳат, маданият, савдо, умури хизмат, наклиёт, таъминоти иҷтимои, хочагии манзилию коммунали, ки аз руи кор ҳамеша бо гражданинҳои гуногунмиллат муомила доранд, чунин талабот муқаррар мегардад, ки забони давлати ва русиро ба дараҷае, ки барои иҷрои вазифаи касби зарур аст, бидонанд.
БОБИ III. ЗАБОНИ КОРИ ОРГАНҲОИ ҲОКИМИЯТ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТИ, ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИ
Моддаи 7. Коргузории органҳои ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъияти ба забони давлати сурат мегирад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Анҷуманҳо, сессияҳо, конференцияҳо, пленумҳо, маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, мушовираҳо ба забони давлатй баргузор гардида, дар айни замон интихоби забон барои нотиқон маҳдуд наҳоҳад буд. Барои шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд, ба забони руси ё ба кадри имкон ба дигар забонҳо тарҷума таъмин мегардад.
Органҳои маҳаллии ҳокимият ва идораи давлати, ташкилотҳои ҷамъияти дар ҷойҳое, ки аксарияти ахолиашон миллати дигар аст, дар баробари забони давлати метавонанд забони модарии онҳоро истифода баранд.
Қоргузории органҳои ҳокимият ва идораи давлати, ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе мувофиқи тартиб ва муҳлате, ки Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ба забони давлати сурат мегирад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои органҳои олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷики қабул гардида, ба забонҳои тоҷикиву руси ва узбеки чоп мешаванд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Ҳуҷҷатҳои органҳои олии идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ҷамъиятии республикави ба забони давлати қабул гардида, ба забонҳои тоҷикиву руси чоп мешаванд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Ҳуҷҷатҳои органҳои маҳаллии ҳокимият ва идораи давлати, ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ҷамъияти ба забони давлати қабул гардида, ба забони тоҷики ва аз руи зарурат ба забонҳои дигар чоп мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои органҳои маҳаллии ҳокимият ва идораи давлати, ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ҷамъияти дар маҳалҳое, ки аксарияти аҳолиашон миллати дигар аст, баробари забони давлати ба забони ҳамин миллат қабул ва чоп мешаванд.
Моддаи 9. Дар муомилаи органҳои ҳокимият ва идораи давлати, ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо органҳои ҳокимият ва идораи давлатии Иттифоқи РСС, бо органҳои умумииттифоқии ташкилотҳои ҷамъияти, бо дигар ҷумҳуриҳои иттифоқи забони руси истифода мешавад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Дар муомила бо давлатҳои хориҷи забони қобили қабули тарафайн истифода мешавад.
Моддаи 10. Дар муомилаи мансабдорони органҳои ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъияти бо гражданинҳо забони давлати ё забони руси, ё ки тарҷума истифода мешавад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Мансабдорони органҳои ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъияти ба аризаву шикоятҳои гражданинҳо ба забони давлати ё руси, ё дигар забони қобили қабул ҷавоб медиҳанд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
БОБИ IV. ЗАБОНИ КОРИ КОРХОНАҲО, МУАССИСАҲО ВА ТАШКИЛОТҲО
Моддаи 11. Коргузории корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъияти) ба забони давлати сурат мегирад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аксарияти кормандонашон тоҷикзабон нестанд, коргузори ба забони руси ё забони аксарияти кормандон сурат мегирад. Дар айни замон барои омухтани забони тоҷики ва тадриҷан ба забони давлати гузаштани коргузори имкониятҳо, аз ҷумла шароити модди, чунончи фондҳои зарури, фароҳам оварда мешаванд.
Моддаи 12. Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мукотиба бо органҳои ҳокимият ва идораи давлати, бо ташкилотҳои ҷамъияти ва байни худ забони давлати, вале бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои берун аз ҳудуди республика забони руси ё дигар забони қобили қабули тарафайнро истифода мекунанд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки коргузориашон ба забони миллатҳои муайян аст, дар муомила бо органҳои ҳокимият ва идораи давлати, бо ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин байни худ дар баробари забони давлати метавонанд ин забонҳоро истифода баранд.
Моддаи 13. Мансабдорони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъияти, ба аризаву шикоятҳои гражданинҳо ба забони давлати, руси ё дигар забони қобили қабул ҷавоб медиҳанд.
Моддаи 14. Ҳуҷҷатҳое, ки органҳои ҳокимият ва идораи давлати, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъияти, ба гражданинҳо медиҳанд, аз рӯи интихоби гражданин ба забони тоҷики ё руси ва ё ба ду забон - тоҷики ва руси тартиб дода мешаванд.
Моддаи 15. Муросилоту навиштаҷоти почтаву телеграф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хоҳиши гражданинҳо ба забони давлати ё руси сурат мегирад.
БОБИ V. ЗАБОНИ КОРИ ОРГАНҲОИ АДОЛАТИ СУДИ, АРБИТРАЖИ ДАВЛАТИ, ИДОРАИ НОТАРИАЛИ, ҚАЙДИ АКТҲОИ ҲОЛАТИ ГРАЖДАНИ
Моддаи 16. Мувофиқи моддаи 160-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коргузории суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷики ё ба забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мешавад. Шахсоне, ки дар муҳокимаи кор иштирок мекунанду забони коргузории судро намедонанд, ҳақ доранд, ки ба воситаи тарҷумон бо ҳуҷҷатҳо пурра шинос шаванд, дар кори суд иштирок намоянд ва дар мурофиа ба забони модари сухан ронанд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 17. Мурофиаи қонуншиканиҳои маъмури ба забони давлати ё ба забони аксарияти аҳолии маҳал сурат мегирад.
Шахсоне, ки ба ҷавобгарии маъмури кашида мешаванд, ҳамчунин дигар касоне, ки дар кор иштирок мекунанд, ҳақ доранд ҳангоми баррасии кор аз забони модариашон истифода намоянд ва агар забони мурофиаро надонанд, ба онҳо бояд тарҷумон дода шавад.
Протоколи қонуншикании маъмури ба забони давлати тартиб меёбад. Агар ҷавобгарии маъмури забони давлатиро надонад, протокол ба забони руси тартиб дода мешавад, ё ки тарҷумаи он ба дигар забони қобили қабул таъмин мегардад.
Моддаи 18. Органҳои арбитражи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвоҳои хоҷагии байни корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро ба забони давлати ё руси барраси мекунанд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 19. Сабти санадҳои расми дар идораҳои нотариалии давлати ва комитетҳои иҷроияи Советҳои депутатҳои халқии шаҳр, посёлка ва қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлати, руси ё ба забони қобили қабули аксарияти аҳолии маҳал сурат мегирад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 20. Коргузори дар органҳои қайди актҳои ҳолати граждании Чумхурии Точикистон ба забони давлати ва руси сурат мегирад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
БОБИ VI. ЗАБОНИ СОҲАИ МАОРИФ, ИЛМ ВА МАДАНИЯТ
Моддаи 21. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар гражданин интихоби озодонаи забони таҳсилро кафолат дода, ба забони тоҷики, руси, ӯзбеки ва дар маҳалҳое, ки гражданинҳои миллати дигар сарҷамъ истиқомат мекунанд, ба забони модариашон гирифтани маълумоти миёнаи умумиро таъмин менамояд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 22. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гражданинҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунанд, дар мактабҳои маълумоти умуми, омӯзишгоҳҳои касби-техники, мактабҳои миёнаи махсус ва оли, инчунин дар дигар шаклҳои таълим омӯхтани забони тоҷики ва русиро таъмин менамояд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Роҳбарони кӯдакистонҳо, таълимгоҳҳо, омӯзгорону тарбиятгарон вазифадоранд забони таълиму тарбияро, ки дар ин муассиса қабул шудааст, бидонанд.
Моддаи 23. Дар ҳамаи омӯзишгоҳҳои касби-техники, мактабҳои миёнаи махсус ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз тобеияти идории онҳо, таълим ба забони давлати таъмин мегардад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Дар омӯзишгоҳҳои касби-техники, мактабҳои миёнаи махсус ва оли аз рӯи ихтисосҳои муайян гурӯҳҳое, ки таълим дар онҳо ба забони руси ё ӯзбекист, таъсис меёбанд.
Моддаи 24. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи мактабҳо ва гурӯҳҳои таълим, ки он ҷо таҳсил ба забони тоҷики нест, сарфи назар аз тобеияти идории онҳо, омӯзиши забони тоҷикиро таъмин менамояд. Ба хатмкунандагони омӯзишгоҳҳои касби- техники, мактабҳои миёнаи махсус ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб пешниҳод мешавад, ки забони давлатиро дар ҳаҷме, ки барои иҷрои вазифаҳои касбиашон зарур аст, донанд ва дар ҳамин ҳаҷм аз он имтиҳон бидиҳанд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 25. Такмили ихтисоси кадрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлати, руси ва ё ӯзбеки сурат мегирад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 26. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амали баробарҳуқуқи забони тоҷики ва руси дар соҳаи илм таъмин мегардад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Асарҳои илми ва рисолаҳое, ки барои гирифтани унвони илми навишта шудаанд, ба забони тоҷики ё руси, инчунин бо назардошти равияи шуроҳои илми ва имконияти муассисаҳои илмии ҷумҳури ба дигар забонҳо пешниҳод ва дифоъ мешаванд.
Моддаи 27. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хатти арабиасоси тоҷики ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароити мусоид фароҳам меоварад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 28. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи кинофильм, телефильм, видеофильм ва дигар асарҳоро ба забони давлати, инчунин тарҷумаи онҳоро ба забонҳои дигар таъмин намуда, тарҷумаи чунин асарҳоро аз дигар забонҳо ба забони давлати ташкил мекунад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 29. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи забон, маориф ва маданияти тоҷикони берун аз ҳудуди ҷумҳури ғамхори ва мусоидат менамояд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
БОБИ VII. ЗАБОНИ СОҲАИ НОМГУЗОРИ ВА АХБОР
Моддаи 30. Номи вазоратҳо, комитетҳои давлати, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъияти, ҷузъҳои таркиби онҳо ба забони давлати гузошта шуда, ба руси ё дигар забонҳо тарҷума мегардад.
Моддаи 31. Ҷумҳурии Тоҷикистон исм ва номҳои тоҷики, топонимҳои таърихии ҳудуди ҷумҳуриро ҳифз менамояд, номгузории нав, табдили номи шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, тағири номҳои мероси таърихи ва табииро таҳти назорати аҳли ҷомеа қарор медиҳад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Гражданинҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд, ки мувофиқи анъанаҳои миллии худ ном дошта бошанд. Онҳо метавонанд, ки ном, номи падар ва фамилияи худро мувофиқи имлои забони модари нависанд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 32. Матни варақаи расми, мӯҳр, штамп, штемпель ва формуляи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ба забони тоҷики ва руси навишта мешавад.
Матни лавҳаҳои даромадгоҳ, эълонҳо, хабарномаву огоҳномаҳо, реклама, ки ба диққати умум пешниҳод мегардад, ба забони давлати тартиб ёфта, ҳангоми зарурат ба руси ва ё забони дигар тарҷума мешавад.
Моддаи 33. Тамға, дастурнома, ручаспу барчаспи маҳсулоти корхонаҳои ҷумҳури ба забони давлати таҳия шуда, тарҷумаи он ба забони руси оварда мешавад.
Ташкилотҳои савдову фурӯш маҳсулотеро, ки аз дигар минтақаҳои мамлакат ё аз хориҷ ба ҷумҳури меояд, ҳангоми зарурат бо маълумотномаҳои мувофиқ ба забони давлати ва руси таъмин менамоянд.
БОБИ VIII. НАЗОРАТИ ИҶРОИ ҚОНУН ВА ҶАВОБГАРИИ РИОЯ НАКАРДАНИ ОН
Моддаи 34. Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Советҳои маҳаллии депутатҳои халқ, органҳои иҷроияву амрдиҳандаи онҳо, вазоратҳо, комитетҳои давлати ва идораҳо, роҳбарони корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои воқеъ дар ҳудуди ҷумҳури, сарфи назар аз тобеияти идориашон, иҷрои талаботи ин Қонунро таъмин менамоянд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Моддаи 35. Вайрон кардани баробарҳуқуқии забонҳо, ки дар муносибати хусуматомез нисбат ба забонҳои милли, аз боиси забон паст задани шаъну эътибори гражданинҳо, қасдан ба вуҷуд овардани монеаву маҳдудиятҳо дар истифодаи забонҳо ва дар маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии гражданинҳо ифода меёбад, мувофиқи қонун муҷиби ҷавобгари мешавад.
Моддаи 36. Ин Қонун давра ба давра дар амал татбиқ мешавад. Давраҳои татбиқи Қонунро Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Иҷрои тадбирҳои амали намудани ин Қонун ба зиммаи Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Моддаи 37. Иҷрои ин Қонунро Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад (Қонун аз 10 сентябри соли 1991 № 397).
Раиси
Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғ. Паллаев
Котиби
Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қосимова
аз 22 июли соли 1989 № 150
ш. Душанбе