ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АМНИЯТ
(Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 128, аз 1.02.1996 № 223, аз 12.12.1997 № 498)
Ин Қонун асосҳои ҳуқуқии таъмини амнияти шахс, ҷомиа ва давлатро мустаҳкам намуда, системаи амният ва вазифаҳои онро муайян мекунад, тартиби ташкил ва бо маблағ таъминсозии мақомоти таъмини амният, инчунин назоратро ба қонунияти фаъолияти онҳо муқаррар менамояд.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми амният ва объектҳои он
Амният ҳолати муҳофизаи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдитҳои дохили ва хориҷи мебошад.
Манфиатҳои ҳаётан муҳим маҷмӯи эҳтиёҷотест, ки қонеъгардонии онҳо мавҷудият ва имкомияти рушди мутараққии шахс, ҷомиа ва давлатро таъмин менамояд.
Ба объектҳои асосии амният инҳо тааллуқ доранд: шахс ва ҳуқуқу озодиҳои он; ҷомиа ва арзишҳои моддию маънавии он; давлат ва сохти конститутсиони, истиқлолият ва тамомияти қаламрави он.
Моддаи 2. Субъектҳои таъмини амният
Субъекти асосии таъмини амният давлат мебошад, ки вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимиятҳои қонунгузори, иҷроия ва додгоҳи иҷро менамояд.
Давлат мувофиқи қонунгузории мавҷуда амнияти ҳар як шаҳрвандро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Давлат ба ҳимоя ва пуштибонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди он қарор доранд, кафолат медиҳад.
Шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷаъмияти ва дигар ташкилотҳову иттиҳодияҳо субъектҳои амният ба шумор мераванд ва мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии мақомоти ҳокимияти давлати ва идораи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи ва вилоятҳо, ки дар ҳудуди салоҳиятҳои онҳо дар ин соҳа қабул карда шудаанд, барои иштирок намудан дар таъмини амният дорои ҳуқуқ ва вазифаҳо мебошанд. Давлат ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷаъмияти ва дигар ташкилотҳову иттиҳодияҳоро, ки дар таъмини амният мувофиқи қонун ҳамкори мекунад, таъмин менамояд.
Моддаи 3. Таҳдид ба амният
Таҳдид ба амният ин маҷмӯи шароиту омилҳоест, ки ба вуҷуд меоваранд.
Таҳдиди воқеи ва эҳтимоли ба объектҳои амният, ки аз манбаъҳои дохили ва хориҷи бармеояд, мундариҷаи фаъолиятро оид ба таъмини амнияти дохили ва хориҷи муайян мекунад.
Моддаи 4. Таъмини амният
Амният бо татбиқи сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи таъмини амният ба воситаи системаи тадбирҳои дорои хусусияти иқтисоди, сиёси, ташкили ва ғайра, ки ҷавобгӯи таҳдид ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомиа ва давлатанд, ба даст оварда мешавад.
Барои ба вуҷуд овардан ва нигоҳ доштани дараҷаи зарурии ҳифзи объектҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи меъёрҳои ҳуқуқи, ки муносибатҳои соҳаи амниятро танзим менамояд, тартиб дода, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва идора дар ин соҳа муайян карда, мақомоти таъмини амният ва механизми назорати фаъолияти онҳо ташкил ё аз нав ташкил карда мешаванд.
Барои иҷрои бевоситаи вазифаҳои таъмини амнияти шахс, ҷомиа ва давлат дар системаи ҳокимияти иҷроия мувофиқи қонун мақомоти давлатии таъмини амният ташкил карда мешаванд.
Моддаи 5. Принсипҳои таъмини амният
Принсипҳои асосии таъмини амният иборатанд аз:
қонуният;
риояи тавозуни манфиатҳои ҳаётан муҳими шахc, ҷомиа ва давлат;
масъулияти дуҷонибаи шахc, ҷомиа ва давлат оид ба таъмини амният;
робита бо системаҳои амнияти байналхалқи.
Моддаи 6. Асосҳои ҳуқуқии таъмини амният
Асосҳои ҳуқуқии таъмини амниятро Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, қонунҳою дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи амният танзим мекунанд; санадҳои меъёрии мақомоти ҳокимияти давлати ва идораи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи, вилоятҳo, ки дар доираи салоҳияташон дар ин соҳа қaбул карда шудаанд; шартномаҳою созишномаҳои байналхалқи, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо ё эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳaнд.
Моддаи 7. Риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳангoми таъмини амният
Ҳангоми таъмини амният ба мaҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ба истиснои ҳолатҳое, ки бевосита қонун муайян кардааст, роҳ дода намешавад.
Шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъияти ва дигар ташкилоту иттиҳодияҳо ҳақ доранд, ки оид ба мaҳдуд карда шудани ҳуқуқ ва озодиҳои худ аз мақомоти таъмини амният тавзеҳот гиранд. Аз рӯи талаби онҳо ин гуна тавзеҳот дар шакли хатти дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун дода мешавад.
Ашхоси мансабдоре, ки дар ҷараёни фаъолияти таъмини амният аз салоҳиятҳои худ суиистифода мекунанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
ФАСЛИ II. СИСТЕМАИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 8. Унсурҳои асосии системаи амният
Системеи амниятро мақомоти қонунгузори, иҷроияви ва додгоҳи ташкилотҳои давлати, ҷамъияти ва дигар ташкилотҳову иттиҳодияҳо ва шаҳрвандон, ки дар таъмини амният мувофиқи қонун иштирок мекунанд, инчунин Қонуне, ки муносибатҳоро дар соҳаи амният танзим менамояд, ташкил медиҳанд.
Ташкил намудани мақомоти таъмини амният, ки дaр Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини нашудаанд, мумкин нест.
Моддаи 9. Вазифаҳои асосии системаи амният
Вазифаҳои асосии системаи амният иборатанд аз:
ошкор ва пешбини кардани таҳдидҳои дохили ва хoриҷи ба манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амният, амали намудани маҷмӯи тадбирҳои таъҷили ва дарозмуддати пешгири кардан ва аз байн бурдани ин таҳдидҳо;
ташкил намудан ва дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани нерую воситаҳои таъмини амният;
идора намудани нерую воситаҳoи таъмини амният дар шароити рӯзмарра ва ҳолатҳои фавқулодда;
амали намудани маҷмӯи тадбирҳои барқарор кардани кори муътадили объектҳои амният дар ноҳияҳое, ки дар натиҷаи рӯи додани ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд;
иштирок кардан дар чорабиниҳои таъмини амният дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шартномаҳо ва созишномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо ё эътироф кардааст.
Моддаи 10. Тафриқи ваколатҳои мақомоти ҳокимият дар системаи амният
Таъмини амнияти шахcият, ҷамъият ва давлат дар асоси тафриқаи ваколатҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузори, иҷроия ва суди дар соҳаи мазкур сурат мегирад.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
самтҳои асосии амнияти дохили ва хориҷиро муайян менамояд;
системаи танзими ҳуқуқии муносибатҳоро дар соҳаи амният таҳия менамояд;
маблағҷудокунии буҷетро барои бопултаъминкунии мақомоти таъмини амният ва барномаи ҷумҳуриявиро дар соҳаи амният тасдиқ менамояд;
аҳдномаю созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои таъмини амният тавсиб ва беэътибор мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили Кониститутсия, қонунҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, истиқлолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, давомот ва пойдории давлат, фаъолияти мутобиқгардида ва ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлати, риоя гардидани аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда:
амнияти шахсият, ҷамъият ва давлатро таъмин менамояд;
афзалиятҳои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амниятро муайян мекунад;
тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти амниятро муқаррар месозад;
ба сиёсати кадрҳо дар мақомоти давлатии таъмини амният назорат мекунад;
таҳия ва татбиқи барномаи давлатии таъмини амниятро ташкил менамояд;
ба таъмин гардидани иҷрои қонунҳое, ки муносибатҳоро дар соҳаи амният танзим менамоянд, назорат мекунад;
мутобиқи қонун мақомоти давлатии таъмини амниятро ташкил, аз нав таъсис ва барҳам медиҳад.
Ҳокимияти суди мустақил буда, ҳуқуқу озодиҳои шахсият, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро муҳофизат мекунад .
Моддаи 11. Роҳбари ба мақомоти давлатии таъмини амният
Роҳбарии умуми ба мақомоти давлатии таъмини амният аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон :
ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори мекунад;
фаъолияти мақомоти давлатии таъмини амниятро назорат ва ҳамоҳанг менамояд;
дар доираи салоҳияте, ки Қонун муайян кардааст, оид ба таъмини амният қарорҳои бамаврид қабул менамояд;
соле на камтар аз як маротиба ба Маҷлиси Оли дар бораи таъмини амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза пешниҳод мекунад;
Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбари мекунад .
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон :
дар ҳудуди салоҳияте, ки Қонун муайян кардааст, ба мақомоти давлатии таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари менамояд;
ба тартиб додану амали гардонидани тадбирҳoи таъмини амният аз тарафи вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти ба вай тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи ва вилоятҳо роҳбари ва назорат мекунад.
Вазоратҳo ва Кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар ҳудуди салоҳияти худ, дар асоси Қонуни мавҷуда, мувофиқи фармонҳoи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардидани барномаи ҷумҳуриявии ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амниятро таъмин менамоянд;
дар асоси ин Қонун дар ҳудуди салоҳияти худ дастуруламалҳои (низомномаҳои) дохилиидоравиро оид ба таъмини амният тартиб дода, онҳоро барои барраси ба Шӯрои амният пешниҳод мекунанд.
Моддаи 12. Нерӯҳо ва воситаҳои таъмини амният
Неруҳо ва воситаҳои таъмини амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои ҷумҳуриявии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати таъмини амният ташкил ва тараққи дода мешаванд .
Ба неруҳои таъмини амният инҳо дохил мешаванд: Кувваҳoи Мусаллаҳ, мақомоти амният, мақомоти корҳои дохили, ҳокимиятҳои иҷроияви, додгоҳи ва шахсони олимансаби онҳо, мақомоти хизмати андоз, хидамоти рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавкқулодда, воҳидҳои мудофиаи мардуми; қӯшунҳои cарҳади ва қӯшунҳои дохили; мақомоти таъмини бехатарии корҳо дар саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзи; хадамоти таъмини амнияти воситаҳoи алоқа ва ахбор, гумрук, мақомоти ҳифзи табиат, мақaмоти ҳифзи сиҳати аҳоли ва дигар мақомоти давлатии таъмини амният, ки дар асоси Қонун амал мекунанд. Мақомоти Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазoрати корҳои дохили, дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияви, ки дар фаъолияти худ қувваҳo ва воситаҳои махсусро истифода мебаранд, фақат дар доираи салоҳияти худ ва мувофиқи Қонун амал мекунанд .
Роҳбарони мақомоти таъмини амният мувофиқи Қонун барои вайрон кардани тартиби фаъолияти он мақомот масъулият доранд.
ФАСЛИ III. ШӯРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 13. Ваколатҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми роҳбарии коллегиали оид ба масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ташкил ва тартиби фаъолият, ваколатҳои Шӯрои аманияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Низомномаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян мекунад .
Моддаи 14. Ҳайати Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби ташкили он
Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Қонун ташкил карда мешавад.
Ба ҳайати Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд:
раис, котиб, аъзоёни доими ва аъзоёни Шӯрои амният.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифа Раиси Шӯрои амният мебошад .
Ба хайати аъзои доимии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифаашон инҳо дохил мешаванд: Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Шӯрои амният. Котиби Шӯрои амниятро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
Қисми панҷуми модда хориҷ карда шуд .
Роҳбарони вазоратҳо ва идораpҳои иқдисоди, молияви, корҳои хориҷи, адлия, мудофиа, корҳои дохили, амнияти милли, экология, тандурусти, инчунин дигар шахсони мансабдор метавонанд аъзои Шӯрои амният бошанд. Ҳайати шахсии Шӯрои амният аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад .
Вобаста ба мазмуни масъалаи мавриди барраси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад шахсони дигарро низ ҳамчун мушовирон ҷалб намояд.
Ҳангоми баррасии масъалaҳои таъмини амният дар қаламрави Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи ва вилоятҳо барои иштирок дар кори Шӯрои амният намояндагони ваколатдори онҳо ҷалб карда мешаванд.
ФАСЛИ IV. БО ПУЛ ТАЪМИН НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ
Моддаи 15, 16, 17, 18 ва 19 хориҷ карда шудаанд
ФАСЛИ V. ХОРИҶ КАРДА ШУДААСТ
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
28 декабри соли 1993 № 918