Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи квотаҳои воридоти спирти этил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барои ташкилоту корхонаҳо квотаҳои воридоти спирти этил дар солҳои 1997-1998 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳаҷмҳои дар замима зикргардида муқаррар карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоту корхонаҳои дар замимаи ҳамин қарор зикргардида ҳангоми аз ҷониби онҳо расонидани спирти этил ба ташкилотҳои давлатии ба истеҳсол ва муомилоти машрубот машғулбудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини саривақтии ҳисоббаробаркуниҳоро кафолат медиҳад.
3. Муқаррар карда шавад, ки бо дарназардошти талаботи воқеии бавуҷудоянда ва воридоти воқеии спирти этил ба андозаи зарурат тибқи тартиби муайяншуда ба номгӯи корхонаҳои воридкунандаи спирти этил ва андозаҳои квотаҳои дар замимаи ҳамин қарор зикршуда тағйироти дахлдор ворид карда мешаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 21 октябри соли 1997 № 461
ш. Душанбе