Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999, № 140 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2000с. № 153 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ

Бо мақсади иҷрои "Нақшаи тадбирҳо дар доираи татбиқи барномаи миенамӯҳлати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи аз 1 ноябри соли 1998 то 30 марти соли 1999", ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 1998 тасдиқ кардааст ва бо мақсади фаъолияти мӯътадили соҳаи энергетики, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 апрели соли 1999 тарифҳои зерини қувваи барқ ва гармие, ки Ширкати саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик" ба фурӯш мерасонад, чунин муқаррар карда шавад:

а) қувваи барқ:

барои корхонаҳои саноатӣ, барои истеъмолкунандагони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин дигар истеъмолкунандагони соҳаи кишоварзӣ ва ғайрисаноатӣ (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ) ба андозаи баробар ба 1,35 центи ШМА барон як кВт. соат;

барои истеъмолкунандагони коммуналӣ, нақлиети барқии шаҳрӣ, ташкилотҳои буҷетӣ, насосҳо ва станцияҳои насосии интиқоли об, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ, қубури оби кишоварзӣ 2,50 рубл барои як кВт. соат;

барои аҳолӣ дар ҳаҷми 2,50 рубл барои як кВт соат ҳангоми меъёри 150 кВт. соат як моҳ ва барои ҳар як кВт. соати зиёда аз меъёри муайянгардида - 8,50 рубл муқаррар карда шавад;

б) қувваи гармӣ:

барои саноат, хоҷагии гармхонаҳо ва меҳмонхонаҳо ба андозаи баробар ба 15 доллари ШМА барои як Гкал,

барои хоҷагиҳои ҳамому шӯстагарӣ, муассисаҳои хушкшӯй ба андозаи 1000 рубл, истеъмолкунандагони яклухт - хариду фурӯшандаҳо, кооперативҳои манзилу сохтмон 100 рубл барои як Гкал;

в) барои қувваи барқ барои эҳтиёҷи гармкунӣ ва таъмини оби гарм (истифода барои дегҳои барқӣ ва бойлерҳои барқӣ):

барои корхонаҳо, ташкилот ва идораҳо ба андозаи баробар ба 3,0 центи ШМА барои як кВт. соат.

Ташкилоту корхонаҳо арзиши қувваи истеъмолкардаашонро бо ҳисоби рубли тоҷикӣ, бо курсе, ки дар рӯзи пардохт Биржаи байнибонкии асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, супоранд.

2. Ба Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик" иҷозат дода шавад, ки барои иҷрои корҳо ба теъдоди то 15 фоизи шумораи меъёри мутахассисонро дар асоси қарордод ҷалб намуда, хароҷотро ба арзиши аслии маҳсулот дохил кунад.

3. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик" дар асоси қарори мазкур ба нархномаи №09-01-1996 "Тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ" тағйироти дахлдор ворид намояд.

4. Асноди зайл бе эътибор дониста шаванд:

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 1999 № 56 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э.Раҳмонов

аз 7 апрели соли 1999 № 140

ш.Душанбе