Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тартиби супоридани корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, биноҳо ва иншоотҳои давлатӣ
Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" ва "Дар бораи кархонаҳо", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки тартиби супоридани амволи корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, биноҳо ва иншооти давлатӣ ба таври зайл сурат мегирад
аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ақидаи вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаҳои Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори маҷлисҳои вакилони халқ ва раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хулосаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз ихтиёри яке аз вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи пешниҳодоти иштироккунандагони супоридани мақомоти давлатӣ, ки бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ шудаанд;
аз ихтиёри як мақоми давлатӣ ба ихтиёри мақоми давлатии дигар, ки дар тобеияти ҳамон вазорату идора ва кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мутобиқи қарори вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, амалӣ карда мешавад
2. Супоридани воситаҳои асосии дигари давлатӣ (воситаҳои нақлиётӣ, таҷҳизоту механизмҳо, воситаҳои компютерӣ, мебел ва инвентар) аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ, аз ихтиёри яке аз вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зиммаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд
3. Вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба ташкилоту корхонаҳое, ки шакли моликияташон ғайридавлатӣ мебошад, инчунин шахсони воқеӣ бе мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ройгон додани моликияти давлатиро надорад
4. Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 26 июни соли 1980 № 231 "Дар бораи тартиби додани корхонаҳо, иттиҳодияҳо, ташкилоту муассисаҳо, бино ва иншоотҳо" беэътибор дониста шавад
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 17 апрели соли 1998 № 129
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тартиби супоридани амволи корхонаҳо,ташкилоту муассисаҳо,бино ва иншооти давлатӣ
(қарор аз 4.07.2006 № 320)
Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" ва "Дар бораи кархонаҳо", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки тартиби супоридани амволи корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, биноҳо ва иншооти давлатӣ ба таври зайл сурат мегирад
аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ақидаи вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаҳои Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори маҷлисҳои вакилони халқ ва раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хулосаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
аз ихтиёри яке аз вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи пешниҳодоти иштироккунандагони супоридани мақомоти давлатӣ, ки бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ шудаанд;
аз ихтиёри як мақоми давлатӣ ба ихтиёри мақоми давлатии дигар, ки дар тобеияти ҳамон вазорату идора ва кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мутобиқи қарори вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, амалӣ карда мешавад
2. Супоридани воситаҳои асосии дигари давлатӣ (воситаҳои нақлиётӣ, таҷҳизоту механизмҳо, воситаҳои компютерӣ, мебел ва инвентар) аз моликияти ҷумҳуриявӣ ба моликияти коммуналӣ, аз моликияти коммуналӣ ба моликияти ҷумҳуриявӣ, аз ихтиёри яке аз вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зиммаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд