ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи дохил намудани иловаҳо ба андозаҳои боҷи давлатӣ, ки бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 1993, № 587 тасдиқ гардидаанд
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 май соли 1997 "Дар бораи нотариати давлати" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1992 "Дар бораи боҷи давлати", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба банди 3 Андозаҳои боҷи давлати, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 1993 № 587 (дар 1997 № 98) тасдиқ гардидаанд, иловаҳои зерин дохил карда шаванд:
1. ба банди "г" сархатҳои дорои мазмуни зерин илова гарданд:
-барои тасдиқ кардани шартномаҳои гарав, дар сурати шахси ҳуқуқи будани гаравмон 0,2 фоизи маблағи шартнома, вале на камтар аз 50 музди ҳадди ақали меҳнат
-барои тасдиқ кардани шартномаи гарав, дар сурати шахси воқеи будани гаравмон 2 фоизи маблағи шартнома, вале на камтар аз 100 музди ҳадди ақали меҳнат"
2. ба зербанди "у" сархати дорои мазмуни зерин илова гардад:
корхонаҳои муштарак
панҷсад музди ҳадди ақали меҳнат"
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 25 декабри соли 1997 № 549
ш. Душанбе