Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1999, № 3 "Дар бораи тадбирҳои рушди минбаъда ва баланд бардоштани самарабахшии ислоҳоти иқтисодӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

"Дар бораи тадбирҳои рушди минбаъда ва баланд бардоштани самарабахшии ислоҳоти иқтисодӣ"

Бо мақсади баланд бардоштани самарабахшии гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, афзоиш ва таъмиқи минбаъдаи он, инчунин дар ин асос рушди иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, моддаҳои 12, 32, 35, 38 ва 41 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури амал қарор дода, фармон медиҳам:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

I. Дар соҳаи мӯътадилгардонии макроиқтисодӣ

- аз соли 2001 оғоз намуда, бо роҳи таҳияи буҷети миёнамӯҳлат, такмили ҷараёни буҷет ва системаи идораи хароҷот самарабахшии хароҷоти давлатиро баланд бардорад;

- мунтазам баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии андозҳо ва кам кардани касри буҷетро таъмин намояд;

- дар соли 2000 дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷори намудани системаи хазинадориро ба итмом расонида, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи хазинадори" ба баррасии Маҷлиси Оли пешниҳод намояд;

-таъсиси фаъолияти самарабахши системаи амалкунандаи бозори коғазҳои қимматнокро суръат бахшад.

Якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон:

-вобаста ба таъсиси системаи мукаммали бонки ва муассисаҳои ғайрибонкии молияви, ки эҳтиёҷоти иқтисодиёти тозабунёд, тақвият рақобат дар сектори молияви ва баланд бардоштани самаранокии сиёсати пулию кредитии амалишавандаро таъмин менамоянд, тадбирҳои зарури андешад;

-оид ба маҳдуд намудани афзоиши шаклҳои ғайрипулии амалиёти иқтисоди, ҷамъшавии қарзҳои мӯҳлаташон гузашта ва ҳисоббаробаркуниҳо бо буҷети давлатие, ки ба кам шудани даромади давлат ва боиси хоҳиши сиёсати мӯътадилгардони мегардад, тадбирҳои зарури андешад

II. Дар соҳаи ислоҳоти сохтории иқтисодиёт

-иҷрои Барномаи ҷории хусусигардониро таъмин карда, Барномаи таъмиқи онро дар давраи миёнамӯҳлати навбати таҳия намояд:

- оид ба реструктуризатсияи истеҳсоли ва молияви, ҳалли масъалаҳои ӯҳдадориҳои қарзии субъектҳои хоҷагидорие, ки натиҷаҳои мусбиро ба даст овардаанд, тадбирҳои зарури андешад;

- ҷиҳати таъсис ва фаъолияти корхонаҳои хусусӣ, рушди рақобати кушоди байни онҳо мамониятҳои ҳуқуқи ва ғайрирасмиро бартарараф намояд;

- якҷоя бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба таъмиқи ислоҳот ва тавсеаи таҷдиди корхонаю ташкилотҳои кишоварзи тадбирҳо андешад.

III. Дар соҳаи ислоҳоти институтсионалӣ

- бо роҳи таъмиқи минбаъдаи ислоҳоти сохторҳои давлати самаранокии системаи идоракуниро баланд бардорад;

- оид ба таъсиси хадамоти муосири давлатӣ ва системаи идоракунии он, инчунин баланд бардоштани самаранокии хадамоти давлати бо роҳи таҳияи системаҳои стандартҳои касбӣ ва ҳавасмандгардони ҷиҳати ипкишофи касби тадбирҳои зарури андешад.

IV. Дар соҳаи иҷтимоӣ

Ба таъсиси системаи умумимиллии ҳифзи иҷтимоии табақаҳои махсусан камбизоати аҳоли суръат бахшида, дар айни замон фаъолияти зайлро таъмин намояд:

- таҳияи системаи оддигардонидашудаи таъсиси корхонаҳои хурди хусуси ва оилави, ки ба таъмини ҷойҳои нави кори имконият медиҳанд;

- аз ҷониби давлат фароҳам овардани неъматҳои иҷтимоие, ки қаблан аз ҷониби корхонаҳо сурат мегирифт, ҳамзамон даст кашидан аз кӯмакҳои ҳамаҷонибаи пулии калон ва бесамари давлати:

- тақвияти мутобиқи таъинот расонидани кӯмакҳо ва самарабахшии он дар асоси нишондиҳандаҳои қашшоқи, ки аз ҷониби ҷомеа бо осони тафтиш мешаванд;

- бо пардохтҳои зарурии иҷтимои фаро гирифтани насли одамоне, ки вобаста ба синну сол дар шароити иқтисоди бозаргони аз имкониятҳои таъминоти хеш маҳрум гаштаанд;

- таҳия ва давра ба давра ҷори намудани системаи пасандозии таъминоти нафақа ва суғуртаи тибби, бо дарназардошти аз ҷониби давлат кафолат додани таъминоти нафақаи насли калонсол;

- таҳияи барномаи маблағгузории бисёрманбаи рушди хизматрасони дар соҳаҳои маориф ва тандурусти;

V. Дар соҳаи беҳдошти муҳити сармоягузорӣ

- маҷмӯи тадбирҳоеро, ки ба таъмини минбаъдаи фаъолияти ниҳоят озоди молиявию хоҷаги, аз ҷумла фаъолияти иқтисодии хориҷи, фаъолияти субъектҳои хоҷагидори, сарфи назар аз шакли моликият, нигаронида шудаанд, таҳия ва ҳамзамон устувории қарорҳои қабулшавандаро таъмин намояд;

- маҷмӯи тадбирҳои ба такмили системаи суғурта ва кафолати сармояҳо, аз ҷумла сармояҳои хориҷи аз таваккалҳои ғайритиҷорати нигаронидашударо таҳия намояд;

- оид ба қонунга рдони ва бахшиши сармояҳо ва таъмини масунияти пурраи ашхосе, ки ба иқтисоди милли сармояи ибтидои гузошта, цар хусусигардонии моликияти давлати иштирок менамоянд, асноди меъёрию ҳуқуқиро таҳия ва қабул кунад;

- оид ба таъмин и сирри амонатҳои бонки, аз ҷумла сармоягузорони хориҷи тадбирҳои зарури андешад;

- тавассути ҷори намудани системаи васеи назорати ҷамъияти муборизаро алайҳи ришвахӯри ва ҷинояткории муташаккилона дар соҳаи иқтисодиёт тақвият бахшад;

- дар мӯҳлати се моҳ лоиҳаи асноди меъёрию ҳуқуқиеро, ки санҷиши назоратию тафтишотии субъектҳои хоҷагидориро танзим менамояд, таҳия кунад; дар мӯҳлати то 1 июли соли 2000 таҳияи асноди қонуни ва меъёрию ҳукуқиеро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таъмин намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Э. Раҳмонов

аз 1 декабри соли 1999 № 3 ш. Душанбе