Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷкистон аз 6 июни соли 2000 № 2 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, моддаи 223; соли 1997, № 9, моддаи 110; соли 1998, № 10, моддаҳои 111 ва 115) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:

1. Дар моддаи 6:

дар қисми якум калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "вакилони халқро" мутобиқан бо калимаҳои "Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "аъзои Маҷлиси миллиро, иваз карда шаванд:

дар қисми сеюми калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаҳои 7, 8, 9 ва 11 калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 13 калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 14:

дар қисми якум:

банди "г" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"г) интихобот ва райъпурсӣ;"

банди "д" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"д) ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, ҳаллу фасл мекунад".

қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи Президент содир шудани ҳиёнат ба давлат хулоса медиҳад".

5. Дар моддаи 15:

банди "а" қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияташ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад;"

дар қисми сеюм калимаҳои "Маҷлиси Олӣ, Раёсати Маҷлиси Олӣ, Кумитаҳо ва Комиссияҳои Маҷлиси Олӣ" ба калимаҳои "Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

6. Дар қисми шашуми моддаи 26 калимаи "судҳое" ба калимаи "судяҳое" иваз карда шавад.

7. Дар қисми якуми моддаи 30 баъд аз калимаи "машварати" калимаи "судяҳои" илова карда шавад.

8. Моддаи 31 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 31. Қонунӣ ва асоснок будани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори Суди конститутсионӣ бояд қонунӣ ва асоснок бошад.

Суди конститутсионӣ парвандаҳоро пурра, воқеъӣ ва холисона баррасӣ намуда, қарорҳои худро дар асоси меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва эътимоди ботинии худ асоснок менамоянд."

9. Аз қисми дуюми моддаи 32 калимаҳои "ба истиснои хулоса оид ба масъалаҳое, ки дар қисми чоруми моддаи 14-уми ҳамин қонуни конститутсионӣ пешбинӣ шудаанд" хориҷ карда шаванд.

10. Дар қисми якуми моддаи 37:

дар банди 1 калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита ва Комиссияҳои доимии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "вакили халқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутобиқан ба калимаҳои "Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон" иваз карда шаванд;

банди 3 хориҷ карда шавад;

бандҳои 4, 5 ва 6 мутобиқан бандҳои 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.

11. Дар қисми дуюми моддаи 41 калимаҳои "даҳ рӯз" ба калимаҳои "як моҳ" иваз карда шаванд.

12. Қисми якуми моддаи 45 хориҷ карда шавад.

13. Дар моддаи 46:

дар қисми якум калимаи "Раёсат" ба калимаи "раисии" иваз карда шавад;

дар банди 7 қисми сеюм калимаҳои "толори машваратӣ" ба калимаҳои "хонаи машваратӣ" иваз карда шаванд.

14. Қисми сеюми моддаи 53 хориҷ карда шавад.

15. Дар қисми чоруми моддаи 60 калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита ва Комиссияҳои доимии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон" иваз карда шаванд.

16. Қисми якуми моддаи 61 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Дар болои бинои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ ва дар толору ҳуҷраҳои кории судяҳо нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе

6 июни соли 2000 № 2