ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАБЪУ НАШР
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсаду вазифаҳои қонуни табъу нашр
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр мувофиқи Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъияти, муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо ва мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни ҳуқуқи табъу нашрро замонат медиҳад .
Қонуни мазкур муносибатҳои байни ноширон, таҳиягарон, паҳнкунандагон ва истифодабарандагони маҳсулоти чопиро танзим менамояд. Ташкилотҳои давлати, ҷамъияти, кооперативи ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ва ашхоси алоҳида низ метавонанд чунин муносибате дошта бошанд .
Моддаи 2. Кори табъу нашр
Мувофиқи Қонуни мазкур:
табъу нашр ин фаъолияти таъсис додани нашриётҳо ва корхонаҳои матбуоти, омодаю таҳия кардан ва ба табъ расондани маҳсулоти чопи мебошад;
маҳсулоти чопи гуфта нашрияҳои барои муштариён таъиншуда: китоб, рисола (брошюра, албом, плакат, буклет, откритка ва дитар маҳсулоти матбаа (сарфи назар аз адади нашр ва тарзи тайёр шуданашон) фаҳмида мешавад;
тахти калимаи ношир нашриёт ё дигар корхона (соҳибкор), ки маҳсулоти чопи тайёр карда, ба табъ мерасонад, инчунин шахси ҳуқуқи ё шаҳрванди ҳамчун ношир фаҳмида мешавад, ки кори таҳияву нашри маҳсулоти чопи фаъолияти асоси ё манбаи асосии даромад намебошад;
бахши таҳририяи нашриёт ва ё ташкилоти ба ношир баробар кардашуда воҳиди сохтори ё ходими (ходимони) ин ташкилот мебошад, ки маҳсулоти чопиро барои табъ таҳриру омода месозад;
омодагари маҳсулоти чопи гуфта корхонан полиграфи (соҳибкор) фаҳмида мешавад, ки тиражи маҳсулоти чопиро ба табъ мерасонад;
паҳнкунандаи маҳсулоти чопи гуфта ташкилот, корхона, муассиса, шаҳрвандҳо ва иттиҳодияҳои онҳоро гуянд, ки маҳсулоти чопиро ба фурӯш мерасонанд ва (ё) тақсим мекунанд.
Моддаи 3. Озодии кори табъу нашр
Озодии кори табъу нашр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки субъектҳои ин соҳа - нашриётҳо, корхонаҳои полиграфи ва савдои китоб дар бобати муайян намудани доираи мавзӯъ, махсусгардони, кооператсияи истеҳсолот, интихоби муаллифон, муайян кардани адади нашр, нарх ва каму зиёд кардани нархи нашрия, муқаррар намудани шаклҳои робитаи байни якдигар ва бо истеҳсолкунандагон ва таҳвилдиҳандагони коғаз, инчунин бо дигар ташкилотҳо комилан мустақил мебошанд.
Аз ҷониби шахсони мансабдор, мақомоти давлати ё иттиҳодияҳои ҷамъияти аз нашриётҳо талаб намудани ин ки мутобиқкунонии пешакии маводи чоп, хориҷ ё ислоҳ намудани баъзе қисмҳои матн, инчунин манъ кардани ношири маҳсулоти чопи ба тариқе, ки дар Қонуни мазкур пешбини нашудааст, ҷоиз намебошад .
Моддаи 4. Конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр
Конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 5. Истеҳсоли хуҷҷатҳову варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботи қатъи ва норавоии дар нашрияҳо истифода бурдани маводе, ки чопашон манъ аст
Ҳамаи намуди хуҷҷатҳову варақаҳои баҳисисобгирию хисоботи қатъи танҳо дар корхонаҳои табъу нашри махсусгардонидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар холатхои истисной бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа истеҳсол карда мешаванд. Номгӯи чунин хуҷҷатҳову варақаҳо ва корхонаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Нашр, инчунин паҳн кардани нашрияҳои дорои сирри давлати ё сирри дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсиони даъват мекунанд, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозанд, ҷанг, зулму зӯровари, терроризм бо ҳама гуна зуҳуроташ, экстремизм, хусумати нажодию милли ва ё дини, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунанд, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамоянд, манъ аст.
Дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурӯғ, маълумоту туҳматҳои иғвоангез, ки шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлати, идтиҳодияҳои ҷамъияти ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, инчунин паҳн кардани нашрияҳое, ки ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат мекунанд, мувофиқи қонун манъ аст ва ба ҷавобгари кашида мешавад .
Моддаи 6. Субъектҳои соҳаи табъу нашр
Интишоротҳо, корхонаҳои полиграфи ва савдои китоб субъектҳои соҳаи табъу нашранд .
Моддаи 7. Шаклҳои моликият дар соҳаи табъу нашр
Интишоротҳо, корхонаҳои полиграфи ва савдои китоб дар заминаи шаклҳои гуногуни моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд .
Моддаи 8. Муассисони интишоротҳо, корхонаҳои полиграфи ва ташкилотҳои савдои китоб
Шаҳрвандони алоҳида, созмонҳои ҷамъияти ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ташкилот, корхона ва муассисаҳои давлати, мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни, муассисони интишоротҳо, корхонаҳои полиграфи ва савдои китоб шуда метавонанд .
Муносибатҳои байни муассис ва интишорот, корхонаи полиграфи ва савдои китобро, ки вай таъсис медиҳад, оиннома ва шартномаи таъсиси танзим мекунанд. Муассис соҳиби объекти таъсисёбанда буда, фонди аввалия барпо мекунад ва оинномаро тасдиқ менамояд .
Моддаи 9. Статуси муассис
Муассис доираи мавзӯъ ва (ё) тахассуси ноширро муайян ва оинномаи онро тасдиқ намуда, дар мавриди зарурат зимни даъвою талош ба масъулияти ношир шарик мешавад, ба гирифтани ҳиссае аз даромад ҳақ дорад, инчунин дорои ӯҳдадориҳое мебошад, ки дар Қонуни мазкур ва шартномаи байни муассису ношир муқаррар карда шудааст.
Моддаи 10. Статуси ношир
Ношир ҳақ дорад:
1) плани мавзӯии нашри маҳсулоти чопиро мустақилона мураттаб созад ва тасдиқ намояд;
2) ба бахшҳои таҳрири ва шӯъбаҳои дигари сохтори худ нишондиҳандаҳоеро муқаррар кунад, ки иҷрои нақшаҳои мавзӯи ва ӯҳдадориҳои шартномавиро таъмин намоянд;
3) ҳуқуқи амволи ва ғайриамволии муаллиф, аз ҷумла ҳуқуқи дар мамолики дигар истифода шудани асарашро пайдо намояд;
4) зимни бастани шартнома бо ашхоси ҳуқуқии хориҷи ва шаҳрвандони хориҷи дар бобати истифодаи асарҳои муаллифони тоҷик дар мамолики дигар ва муаллифони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёнарав шавад;
5) аз мақомоти давлатию ҷамъияти, ташкилотҳо ва шаҳрвандон фармоиш гирифта, маҳсулоти чопиро таҳия намояд ва барорад ;
6) мувофиқи қонунҳои мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар фаъолияти истеҳсолию хоҷагиро анҷом диҳад.
Ношир вазифадор аст:
1) ба қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи мардум кӯшиш намояд;
2) маҳсулоти чопиро мувофиқи андозаҳои (стандартҳои) давлати омода созад.
Ношир ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дигаре низ дорад, ки дар ин Қонун ва шартномаҳо пешбини шудаанд.
Ношир ҳуқуқи таҳия ва (ё) паҳн кардани маҳсулоти чопиро низ анҷом дода метавонад.
Масъулияти нашри маҳсулоти чопи ба ӯҳдаи ношир вогузор мегардад, агар дар шартнома ё аз ҷониби фармоишгар чизи дигаре пешбини нашуда бошад.
Моддаи 11. Статуси таҳиягари маҳсулоти чопи
Таҳиягари маҳсулоти чопи ҳуқуқ ва вазифаҳои худро мувофиқи қонуни мавҷуда ба амал мебарорад.
Моддаи 12. Шартҳои махсус
Ношир, муаллиф, таҳиягар ва паҳнкунандаи маҳсулоти чопи ҳақ доранд шартҳои махсуси муносибатҳои байни худро зикр кунанд, агар ин шартҳо хилофи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари табъу нашр набошанд.
Моддаи 13. Муҳофизати моликияти маънавии (зеҳни) нашр
Ҳуқуқи моликияти маънавии (зеҳни) ношир, ки дар ҷараёни таҳияю нашри маҳсулоти чопи ба вуҷуд оварда шудааст, ба ношир тааллуқ дорад ва бо аломати , ишора шуда, ном ё унвони ношир, инчунин соли нашр зикр мешавад .
Моддаи 14. Масъулияти нашриётҳо, корхонаҳои полиграфи ва муссасаҳои савдои китоб
Дар мавридҳои зайл нашриёт масъулияти амволи ва маъмури ба дӯш доранд:
- риоя накардани моддаи 5-уми Қонуни мазкур;
- бе шартнома ба табъ расонидани асарҳое, ки онҳоро ҳуқуқи муаллиф ҳимоя мекунад;
- идома додани фаъолияти нашриёти пас аз қабули қарори қатъ намудани он фаъолият;
- бе шаҳодатномаи сабту қайд ба роҳ мондани фаъолияти нашриёти;
- бидуни риояи стандартҳои давлати чоп кардани адабиёт.
Бидуни шартнома бастан бо нашриёт пурра ё қисман чоп (нусхабардори) кардани асарҳои асл боиси мусодираи фоидаи аз ин нашр ба дастомада ва ҷуброн кардани зиёни ин нашриёт мегардад. Талабҳои зикршуда ба ҳуҷҷатҳои алоҳидаро нусхабардори кардани василаҳои полиграфияи оперативи тааллуқ надоранд.
Корхонаҳои полиграфи ва савдои китоб барои таҳия ва паҳн намудани нашрияҳои ташкилотҳое, ки ҳуқуқи ношири надоранд, инчунин маълумотномаи нашрияро бе риояи меъёрҳои (стандартҳои) давлати нашр мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурй кашида мешаванд .
Моддаи 15. Нусхаҳои ройгони назорати ва ҳатми
Нусхаҳои ройгони назорати ва ҳатмии маҳсулоти чопие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ мерасанд ё аз ҷониби ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа нашр ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз ҳисоби ташкилотҳои табъу нашр баъди нашр ва пеш аз паҳн намудан тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлати фиристонида мешаванд.
Номгӯйи мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатиро, ки нусхаҳои ройгони назорати ва ҳатмиро мегиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Барои вайрон кардани тартиби ирсоли нусхаҳои назоратии ройгон ва ҳатмии маҳсулоти чопи шахсони масъул ба ҷавобгарии маъмури кашида мешаванд .
БОБИ II. ТАШКИЛИ КОРИ ТАБЪУ НАШР
Моддаи 16. Бақайдгирии давлати ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр
Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои табъу нашр мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқи" амали карда мешавад.
Баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқи аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешавад. Тартиби баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр ва фаъолияти табъу нашри шахсони ҳуқуқи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад .
Моддаи 17. Хориҷ карда шуд
Моддаи 18. Хориҷ карда шуд
Моддаи 19. Регистрҳои давлати
Нусхаи аз регистри (феҳристи) давлатии ноширон ва ё феҳристи (регистри) давлатии таҳиягарони маҳсулоти чопие, ки ба он Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст, санадест, ки ба қайд гирифта шуданро тасдиқ менамояд .
Моддаи 20. Рад намудани бақайдгирии фаъолияти нашриёти
Дар мавридҳои зерин рад намудани бақайдгирии фаъолияти ношири ҷоиз аст :
- агар мақсаду вазифаи оинномавии субъекти табъу нашр хилофи моддаи 5-уми Қонуни мазкур бошад;
- агар аз тарафи мақоми марбута нашриёти ҳамном ба қайд гирифта шуда бошад;
- агар ариза пеш аз он ки аз рӯзи ба ҳукми қонун даромани қарори манъи фаъолияти ҳамин ташкилот як сол гузарад, дода шуда бошад.
Аз қарори рад кардани бақайдгири дар давоми як моҳ ба додгоҳи маҳалли воқеи мақоми бақайдгиранда шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 21. Қатъ гардидани фаъолияти нашриёти
Фаъолияти нашриёти танҳо дар асосҳои зерин метавонад қатъ гардад:
1) аз рӯи қарори муассис;
2) ба сабаби барҳам хурдан ё таҷдиди ташкили ношир (таҳиягар) аз рӯи тартибе, ки дар қонун пешбини шудааст;
3) аз рӯи қарори додгоҳ, ки вайрон шудани моддаи 5-уми Қонуни мазкур ва ё бо роҳи фиреб ба қайд гирифта шудани ношир (таҳиягар)-ро муқаррар намудааст.
Ҳангоми вайрон кардани муқарророти ҳамин Қонун прокурор ё Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман вайронкунандаи қонунро огоҳ менамояд, дар сурати такроран вайрон кардани ҳамин Қонун барои қатъ намудани фаъолияти табъу нашр ба суд муроҷиат кунад .
Агар ношир дар давоми ду соли ба регистри давлати дохил шуданаш маҳсулоти чопи набарорад, қайди пешина аз эътибор соқит дониста, бояд аз рӯи талаби модаҳои 17-20-уми Қонуни мазкур аз нав ба қайд гирифта шавад.
БОБИ III. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР СОҲАИ ТАБЪУ НАШР
Моддаи 22. Содирот ва воридоти маҳсулоти чопи
Аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардан ва аз дигар мамлакатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти чопи, инчунин дигар шаклҳои ҳамкории байналмилали ноширон, таҳиягарон ва паҳнкунандагони маҳсулоти чопи (маҳсулоти тиҷорати ва ғайритиҷорати), мувофиқи қонунҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд ва мувофиқи шартномаю созишномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноширон, таҳиягарон ва паҳнкунандагони маҳсулоти чопи имзо кардаанд, сурат мегирад .
Моддаи 23. Ҳамкори бо сармоягузорони хориҷи
Созмонҳои ҷамъияти ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ташкилотҳои давлати, корхона ва муассисаҳо, мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни, ҳамчунин шаҳрвандони алоҳида тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд якҷоя бо сармоягузорони хориҷи корхонаҳои табъу нашр, полиграфи ва савдои китоб таъсис намоянд.
БОБИ IV. БА ФУРӯШ РАСОНИДАНИ МАҲСУЛОТИ ЧОПИ
Моддаи 24. Хориҷ карда шуд
Моддаи 25. Тартиби фурӯш
Монеъ шудан ба фурӯши маҳсулоти чопи, аз ҷумла бо роҳи инҳисор (монополия) кардани таҷҳизот (мошинҳои полиграфи, техникаи нусхабардори) ва манбаъҳо (корхонаи полиграфи, коғаз ва ҳоказо), ки аз ҷониби мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, дигар ташкилотҳо, ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон дар асоси Қонун сурат мегирад, ҷоиз нест.
Фурӯши маҳсулоти чопи метавонад аз ҷониби муассис, ношир, таҳиягар, муаллиф аз рӯи қарордоди тарафайн ва ё дар асоси шартнома ё дигар асосҳои қонуни аз ҷониби муассисаҳои савдо, дигар ашхоси салоҳиятдор ва шаҳрвандон сурат гирад.
Кисми сеюми моддаи хориҷ карда шуд .
Моддаи 26. Аз ҷоп баромадан
Ба фурӯши маҳсулоти чопи танҳо баъд аз он ки ношир ва ё шахси ваколатдори ӯ рухсати аз чоп баромадани онро медиҳад, иҷозат дода мешавад.
Моддаи 27. Маълумотномаи асар
Ҳар нусхаи маҳсулоти чопи бояд чунин маълумот дошта бошад:
1) унвони ношир ва матбаа;
2) маҳал ва соли нашри асар;
3) адади нашр;
4) нарх ё ишораи "нархи озод" ва ё ишораи "бепул";
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи иловагии маълумотномаи асарро муқаррар карда метавонад
БОБИ V. МУНОСИБАТИ НОШИРОН БО ШАҲРВАНДОН ВА ТАШКИЛОТҲО
Моддаи 28. Рад кардани нашри асар
Касе ноширро ба чопи дастхат ё дигар мавод, ки қаблан рад кардааст, маҷбур карда наметавонад, ба истиснои мавридҳое, ки додгоҳ амали вайрон намудани ӯҳдадориҳои шартномавиро муқаррар кардааст.
Моддаи 29. Нашрияҳои муаллифон
Шаҳрвандон ва ташкилотҳо ҳақ доранд асарҳояшонро аз ҳисоби маблағи худ ва бо таҳрири бевоситаи хеш ба табъ расонанд.
Моддаи 30. Ирсоли маблағ ба фондҳо
Муносибати молии ноширон бо иттиҳодияҳои эҷоди ва фондҳои онҳо дар асоси шартнома сурат мегирад. Ба фондҳои иттиҳодияҳои эҷоди як ҳиссаи маблағ танҳо аз ҳаққи қалами аъзои иттиҳодияҳои дахлдори эҷоди ирсол мегардад .
БОБИ VI. МАСЪУЛИЯТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНИ ТАБЪУ НАШР
Моддаи 31. Вогузории масъулият
Барои риоя накардани аҳкоми Қонуни мазкур масъулият ба зиммаи муассисон, ноширон, таҳиягарон ва паҳнкукандагони маҳсулоти чопи гузошта мешавад.
Барои риоя накардани қонунгузории мавҷудаи соҳаи барориши маҳсулоти чопи муаллиф, ношир (директори нашриёт), шахси мансабдор, ки масъули ба чоп омода сохтани маҳсулот мебошад ва дар сурати набудани чунин касон худи таҳиягар ҷавобгар аст. Дар сурати имконнопазирии муқаррар кардани ашхоси зикршуда масъулият ба зиммаи паҳнкунандаи маҳсулоти чопи вогузор мегардад.
Моддаи 32. Масъулияти маҳдуд кардани озодии табъу нашр
Маҳдуд кардани озодии кори табъу нашр, яъне мамониат кардан ба фаъолияти қонунии ноширон, таҳиягарон ва паҳнкунандагони маҳсулоти чопи, аз ҷумла ба воситаи сензура, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии ҷинояти, маъмури, интизоми ё ҷавобгарии дигар мешавад.
Моддаи 33. Масъулияти риоя накардани ҳуқуқи нашр
Чоп ғайриқонунии асаре, ки бо ишораи ,-и ношир ҳифз шудааст ва дигар ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқи моликияти маънавии ношир боиси он мегардад, ки шахси вайронкардаи ҳуқуқии ношир тамоми зиёни расондашуда, аз ҷумла даромади гирифтанашударо ҷуброн менамояд .
Риоя накардани ҳуқуқи ноширии асар бо роҳи тавлиди маҳсулоти чопи бидуни ба даст овардани чунин ҳуқуқ ба тартибе, ки ҳамин Қонун муқаррар намудааст, мутобиқи қонунгузории Чумхурии Точииистон боиси ҷавобгари мешавад.
Моддаи 34. Масъулияти риоя накардани тартиби истеҳсол, нашр ва фурӯши маҳсулоти чопи
Риоя накардани тартиби истеҳсол, нашр ва фурӯши маҳсулоти чопи мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии маъмури мегардад.
Моддаи 35. Тартиби шикоят аз амалиёти ғайриқонуни
Аз аъмоле, ки боиси риоя нашудани талаботи Қонуни мазкур мегарданд, ба суд ё суди иқтисоди шикоят кардан мумкин аст .
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
27 декабри соли 1993 № 897