КОДЕКСИ ҶАНГАЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кодекси мазкур муносибатҳои ҷангалдориро танзим менамояд ва мақсад аз он фароҳам овардани шароити истифодаи оқилонаи ҷангал, ҳифзи он нигаҳдорӣ ва беҳ гардонидани муҳити табиат, истеҳсоли маҳсулоти ҷангал ва кишоварзӣ мебошад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ АСОСӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷангал
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷангал ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддии 2. Моликияти ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷангал моликияти давлатӣ-сарвати умумии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии ҷангал
Тамоми ҷангали Чумхурии Точикистон фонди ягонаи давлатии ҷангалро ташкил медихад.
Фонди ягонаи давлатии ҷангал аз инҳо иборат аст:
1) ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ, яъне ҷангалҳои мутааллиқи мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал, ҷангалҳои шаҳр, ҷангалҳои вобасташуда, парваришгоҳҳо ва ҷангалҳои мамнуъгоҳҳо;
2) ҷангалзори колхозҳо, яъне ҷангалзори қаламрави ташкилотҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки барои истифодаи бемӯҳлат дода шудааст .
Моддаи 4. Замини фонди давлатии ҷангал
Заминҳои ҷангалдор ва ҳамчунин беҷангале, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал вогузошта шудаанд, фонди давлатии ҷангал ба ҳисоб мераванд.
Ҳуқуқи истифодаи замини фонди давлатии ҷангалро санади давлатӣ барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлати замин тасдиқ менамояд.
Моддаи 5. Таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал
Ба таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал инҳо дохил мешаванд: майдонҳои дарахтдор - ҷангалзори сердарахт, сирак, ниҳолпарварӣ, ҷангалзори камдарахт, минтақаҳои дарахтонашон сӯхта, бурида, марғзор; майдонҳои бедарахт - киштзорҳо, ҷойҳои алафдаравӣ, чарогоҳҳо, кӯлу дараҳо, боғу токзорҳо, роҳу пайроҳаҳо, работҳо, ботлоқу регзорҳо, пиряҳо.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ
Дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ корҳои зайл ба ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудаанд:
1) идораи фонди ягонаи давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) тартиб ва такмил додани қонунҳои оид ба ҷангал ва пешниҳод кардани онҳо ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) муқаррар кардани тартиб ва пули истифодаи ҷангал, ҳамчунин имтиёзҳои пардохт, ташкили фондҳои ҳифз ва таҷдиди ҷангал;
4) муқаррар кардани мизону шохисҳои (нормативҳои) истифодаи ҷангал, тасдиқи қоидаҳои истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал;
5) тартиб додан ва амалӣ гардонидани барномаҳои истифодаи оқилонаи ҷангал, зиёд кардани самараи он, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал якҷоя бо тадбирҳои дигари муҳофизати табиат;
6) таҳти назорати давлат қарор додани ҳолат, вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, ҳамчунин танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ аз рӯи масъалаҳои дигар;
7) ташкили ҳисобрасии давлатии фонди ҷангали кадастри давлатии ҷангал ва мониторинги ҷангал;
8) муқаррар кардани ҳудуди замини фонди давлатии ҷангал, ҳудуди фонди ҷангали режими махсуси ҳуқуқӣ;
9) танзими масъалаҳои дигари истифодаи оқилона, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал дар асоси қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) тарҳрезии тараққии хоҷагии ҷангал, татбиқи тадбирҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, сӯхторнишонӣ ва масъалаҳои дигари бахши нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал.
Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ
Дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ иҷрои корҳои зайл дар ихтиёри маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад :
Тарҳрезии тараққиёти хоҷагии ҷангал, ба амал баровардани тадбирҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, сӯхторнишонӣ ва масъалаҳои дигари таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, ҳуҷҷатҳои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи ҷангалро баррасӣ намудани комиссияи маъмурию ҳуқуқӣ.
БОБИ II. ИДОРАИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ МУНОСИБАТҲОИ ҶАНГАЛДОРӢ
Моддаи 8. Идораи давлатии соҳаи истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал
Идораи давлатии соҳаи истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист ва мақомоти дигари давлатӣ мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИХҶ "Тоҷикҷангал") ва мақомоти маҳалии он Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист мебошанд .
Моддаи 9. Назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал
Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳолат, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ гардонида мешавад .
Назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз тарафи мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ сурат мегирад.
Тартиби назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 10. Мониторинги ҷангал
Мониторинги ҷангал иборат аз низоми ягонаи мушоҳида, арзёбӣ ва пешгӯии ҳолату вазъият ва ҷараёни фонди ҷангал ба манзури истифодаю таҷдид, нигаҳдориву ҳифзи самарабахши ҷангал мебошад. Сохтор, мазмун ва тартиби татбиқи мониторинги ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ III. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист
Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ доранд :
аз ҷангал истифода кунанд ва корҳои дигари хоҷагии марбути онро дар ҳудуди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оранд;
роҳ, анборҳои хоҷагии ҷангал, марказҳои зидди сӯхтор ва маводи кимёвӣ, манзил ва биноҳои хоҷагӣ, анборҳои ҳифз ва коркарди ибтидоии ашёи хом ва иншоотҳои дигаре созанд, ки дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идораи хоҷагии ҷангал ва истифодаи ҷангал заруранд;
қитъаҳои дарахтнадоштаи заминро барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ истифода намоянд;
ба манзури истифодаи ҷангал ва иҷрои корҳои дигари хоҷагии марбути он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои фонди ҷангал ҷудо карда, ба онҳо иҷозатномаҳои (ордерҳои) ҷангалбурӣ ва ё иҷозатномаҳои истифодаи ҷангал диҳанд .
Барои пӯшонидани хароҷоти вобаста бо ҳифзу барқарор сохтани ҷангал ва додани товони зараре, ки ба набототу ҳайвонот расонида шудааст, сметаи хоҷагии ҷангал тартиб дода мешавад .
Моддаи 12. Вазифаҳои Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист
Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист вазифадоранд :
ҷангалро таҷдиду нигаҳдорӣ ва муҳофизат намоянд, ҳолати санитариашро беҳ созанд, нигоҳубин кунанд, маҳсулоти онро афзун ва заминашро ҳосилхез гардонанд, истифода ва ҳисобрасии онро ба роҳ монанд ва дигар вазифаҳои идораи хоҷагии ҷангалро ба ҷо оваранд;
ҷуб ва захираҳои дигари набототи ҷангал ва хосиятҳои муфиди табиии онро дар ҳудуди меъёрҳои асосноки илмӣ ва тавсияҳои асноди сохти ҷангал истифода намоянд;
аз рӯи усулҳое кор кунанд, ки ба нигоҳ доштани вазифаҳои ташкилу ҳифзи муҳит, ҳамчунин шароити гуворои сари вақт барқарор намудани дарахтзор, маводи дорубоб, озуқа ва техникӣ мусоидат менамоянд, талабҳои дигари истифодаи оқилона, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангалро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд .
Моддаи 13. Ҳифзи ҳуқуқҳои Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист
Дахолати ташкилотҳои хоҷагӣ ва ташкилотҳои дигар, ҳамчунин шаҳрвандони ҷудогона ба фаъолияти Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист манъ аст, ба истиснои ҳодисаҳое, ки мақомоти хоҷагии ҷангал талабҳои Кодекси мазкур, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари ҷумҳуриро риоя намекунанд .
Моддаи 14. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи ҷангал
Ҳуқуқи истифодаи ҷангал дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
1) ихтиёран даст кашидан аз истифодаи ҷангал;
2) анҷоми эҳтиёҷоти истифодаи ҷангал;
3) анҷоми мӯҳлати ҳуқуқи истифодаи ҷангал;
4) барҳам хурдани корхонаю муассиса ва ё ташкилотҳое, ки аз ҷангал истифода мекунанд;
5) мувофиқи тартиби муқарраршуда барои эҳтиёҷоти дигари давлатӣ ва ҷамъиятӣ гирифтани замини фонди давлатӣ ва ё заминҳои дигар;
6) истифодаи ҷангал хилофи мақсад ва ё талабҳое, ки дар иҷозатномаи (ордери) дарахтбурӣ ва ё иҷозатномаи истифодаи ҷангал пешбинӣ шудаанд;
7) риоя накардани тартибу қоидаҳои истифодаи ҷангал, ҳамчунин тарзҳои мамнӯъи истифодаи ҷангал;
8) истифодаи усулҳое, ки ба вазъ ва таҷдиди ҷангал ва иншооти дигари табиӣ таъсири манфӣ расонда, вазифаҳои экологии ҷангалро коҳиш дода, боиси эрозияи хок мегардад;
9) дар мӯҳлати муқарраршуда напардохтани ҳаққи истифодаи ҷангал;
10) бас ва қатъ кардани шартномаи иҷораи ҷангал.
Тартиби қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
БОБИ IV ИДОРАИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ
Моддаи 15. Идораи хоҷагии ҷангал дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ
Идораи хоҷагии ҷангал дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ ба зиммаи инҳо гузошта мешавад:
ба корхонаҳои хоҷагии ҷангали Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист (ғайр аз ҷангалҳои шаҳрӣ, ҷангалҳои вобасташуда ва ҷангалҳои мамнуъгоҳҳо) ;
дар ҷангалҳои шаҳрӣ ба корхонаҳои хоҷагии ҷангал ва корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дигари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ. Хоҷагии ҷангалро дар ҷангалҳои шаҳрӣ метавон якҷоя бо корхонаҳои хоҷагии ҷангали Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист идора кард ;
дар ҷангалҳои вобасташуда ба корхонаҳои хоҷагии ҷангал ва корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дигаре, ки ин ҷангалҳо ба онҳо вобаста карда шудаанд;
дар ҷангалҳои мамнӯъгоҳҳо - ба зиммаи мамнӯъгоҳҳо.
Моддаи 16. Идораи хоҷагии ҷангал дар ҷангалҳои колхозу кооперативҳо ва ҷангалҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ
Хоҷагии ҷангал дар заминҳои ба колхозу кооперативҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва хоҷагиҳои деҳқонон додашуда тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.
БОБИ V БА ГУРӯҲҲО ТАҚСИМ КАРДАНИ ҶАНГАЛҲО
Моддаи 17. Ба гурӯҳҳо дохил кардани ҷангалҳо
Бо назардошти он ки ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷинсҳои пурарзиши дарахту бутаҳо иборат буда, барои хоҷагии халқ аҳамияти зиёд доранд, онҳо ба ҷангалҳои гурӯҳи якум дохил мешаванд.
Моддаи 18. Категорияҳои муҳофизати ҷангал
Ҷангалҳо дар асоси иҷрои вазифаҳои муҳофизатиашон ба ҷангалҳои зидди фарсоиш, муҳофизати киштзор, қитъаҳои муҳофизатии қадқади роҳҳои оҳан ва автомобилгарди давлатӣ, ҷангалҳои минтақаи ҳифзи санитарии манбаъҳои обгирӣ ва ҳавзаҳои ҳифзи санитарии курортҳо тақсим мешаванд.
Моддаи 19. Муайян кардани ҳудуди гурӯҳу категорияҳои муҳофизати фонди давлатии ҷангал
Ба андозаи ба гурӯҳу категорияҳои муайяни муҳофизати дохил кардани ҷангалҳо ҳудуди онҳо муқаррар карда мешавад.
Тартиби муайян кардани ҳудуди гурӯҳу категорияҳои муҳофизатии ҷангалҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ VI БА ҲИСОБИ МАЙДОНИ БЕҶАНГАЛ ГУЗАРОНИДАНИ МАЙДОНҲОИ ҶАНГАЛДОР
Моддаи 20. Тартиби ба ҳисоби майдонҳои беҷангал гузаронидани майдонҳои ҷангалдор
Майдонҳои ҷангалдорро ба ҳисоби майдони беҷангал ҷиҳати истифода ба мақсадҳои новобаста бо идораи хоҷагии ҷангал ва истифодаи онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Моддаи 21. Мусодираи қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият
Қитъаҳои замини ҷангалдор барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият бо тартиби муқарраркардаи Кодекси оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешавад.
ФАСЛИ II ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ
БОБИ VII ИСТИФОДАКУНАНДАГОНИ ҶАНГАЛ
Моддаи 22. Истифодакунандагони ҷангал
Корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигари давлатию кооперативӣ, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд истифодакунандагони ҷангал бошанд.
Ҷангал мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамин Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешавад.
Моддаи 23. Иҷораи қитъаҳои ҷангал
Қитъаҳои ҷангал аз рӯи шартҳои иҷора барои истифодаи муваққатӣ дода мешаванд.
Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИХҶ "Тоҷикҷангал") иҷорадиҳандаи қитъаҳои ҷангал мебошад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, корхонаҳои муштарак, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ метавонанд бо иштироки шахсиятҳои ҳуқуқии хориҷӣ, ҳамчунин давлатҳои хориҷӣ, шаҳрвандон ва шахсиятҳои ҳуқуқии хориҷӣ иҷорагирандагони қитъаҳои ҷангал бошанд .
Шартҳои иҷора ва ҳаҷми иҷорапулӣ мувофиқи созиши тарафҳо муайян намуда, дар шартнома тазаккур дода мешавад. Иҷорапулӣ дар асоси ҳаҷми (андозаи) дар шартнома пешбинишудаи истифодаи ҷангал бо назардошти нархи роиҷи маҳсулоти ҷангал, хизматрасонӣ, сифат ва арзонии захираҳои ҷангал муқаррар карда мешавад. Иҷорапулии ҳар беҳдарахт ва захираҳои дигари ҷангал аз нархи роиҷ камтар муқаррар карда намешавад. Иҷоракор ҳуқуқ дорад, ки баъди анҷоми мӯҳлати эътибори шартнома онро дароз кунад.
Муносибатҳоро дар мавриди иҷора гирифтани қитъаҳои ҷангал ҳамин Кодекс, Кодекси оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷоракорӣ ва ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси онҳо интишор мешаванд, танзим мекунанд.
Моддаи 24. Тарз ва мӯҳлати истифодаи ҷангал
Ҷангал ҳамчунин заминҳои фонди давлатии ҷангалро бо риояи талабу шартҳои пешбинӣ кардаи қонунҳо ба мақсадҳои зерин истифода кардан мумкин аст:
1) таҳияи чӯб;
2) таҳияи самғи писта;
3) таҳияи масолеҳи дуюмдараҷаи ҷангал (кунда, пӯсти дарахт ва ғайра);
4) истифодаи иловагии ҷангалзор - алафдаравӣ, чорвочаронӣ, ҷойгир кардани қуттиҳои занбӯри асал, таҳияи шираи дарахтон, тайёр кардан ва ҷамъ овардани меваи худрӯи, чормағз, занбӯруғ, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникӣ;
алафи заминҳои хоҷагии кишлоқ, ки ба заминҳои фонди давлатии ҷангал дохиланд, мувофиқи талабҳои Қонун оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон даравида, чорво ҳам тибқи талабҳои Конуни мазкур дар ин заминҳо чаронида мешавад;
5) тадқиқоти илмӣ;
6) маданию солимгардонӣ;
7) шикор.
Мӯҳлати истифодаи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 25. Меъёрҳои истифодаи ҷангал
Ҷангалҳо аз рӯи меъёрҳои асосноки илмӣ, ки бо ҳуҷҷатҳои сохтмони ҷангал, тафтишот ва муоинаи фонди ҷангал муайян мешаванд, мавриди истифода қарор мегиранд.
Меъёри ҳарсолаи истифодаи ҷузъии дарахтони ҷангал (дарахтбурӣ ба манзури нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ ба нияти поккории ҷангал ва дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани дарахтоне, ки аз нигоҳу хоҷагӣ камарзишанд) бо назардошти мавҷуд будани дарахтоне муқаррар мешавад, ки ба беҳсозии ҷинсу сифат зарурат доранд.
Тартиби муайян ва тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои ҷудо кардани қитъаҳои ҷангал, меъёрҳои истифодаи ҷузъии дарахтони ҷангал ва тарзи дигари истифодаи ҷангалро мақомоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
БОБИ VIII ДОДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ
Моддаи 26. Додани қитъаҳои ҷангал
Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба манзури таҳияи чӯб ва масолеҳи дуюмдараҷаи ҷангал, алафдаравӣ, чорвочаронӣ ва тарзи дигари истифодаи ҷангал қитъаҳои ҷангалро мувофиқи тартиби муқарраршуда ба корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, ҳамчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд.
Моддаи 27. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи ҷангал
Иҷозатномадиҳии ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии фонди ҷангал мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад .
Моддаи 28. Тартиби додани ҳуқуқи истифодаи ҷангал
Тартиби додани ҳуқуқи истифодаи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ IХ. ЧӯБТАЙЁРКУНӢ
Моддаи 29. Тарзу усулҳои дарахтбурӣ ҳангоми чӯбтайёркунӣ
Чӯб ҳангоми дарахтбурии истифодаи ҷузъии ҷангал вобаста ба вазъу сифати он дар ҳудуди нақшаҳои муқарраршуда тайёр карда мешавад.
Дар баробари ин дарахтон ба манзури нигоҳубини ҷангал, беҳдошти он бурида мешаванд.
Дар ҷангалҳои қӯруқ, боғҳои миллӣ ва табиӣ, қитъаҳои қуруқи ҷангал, ҷангалҳои дорои аҳамияти илмӣ ва таърихӣ, ёдгориҳои табиат, бешаборҳо, чормағззорҳо, ҷангали дарахтони мева, ҷангалҳои шаҳрӣ, қисматҳои бешабоғҳои минтақаи сабз, дар ҷангалҳои минтақаҳои якум ва дуюми ҳифзи санитарии манбаъҳои обгирӣ ва ҷангалҳои минтақаҳои якум ва дуюми ҳавзаҳои ҳифзи санитарии курортҳо, минтақаҳои давлатии дарахтони муҳофизатӣ ҷангалҳои пешгирии фарсоиши хок, дар минтақаҳои мамнӯъи ҷангал, ки ҷои тухмгузории ҷинсҳои пурқимати моҳии сайдшавандаро муҳофизат мекунанд ва дар ҷангалҳои хусусан пурқимат дарахтон фақат ба мақсади нигоҳубини ҷангал, беҳтар сохтани ҳолати санитарии он ва ба манзури таҷдиди ниҳолҳои камарзиш, ки вазифаҳои муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ ва вазифаҳои дигари экологиро гум мекунанд, бурида мешаванд.
Дар ҷангалҳои кӯҳсор чунин усулҳои дарахтбурӣ ба кор бурда мешаванд, ки аҳамияти махсуси муҳофизатӣ, пешгирии фарсоиши хок ва танзими оби ин ҷангалҳоро ба назар мегиранд.
Моддаи 30. Муқаррар кардани тартиби чӯбтайёркунӣ
Тартиби чӯбтайёркуниро Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он муқаррар мекунанд.
Қоидаҳои дарахтбуриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 31. Муайян кардани миқдори чӯбтайёркунӣ ҳангоми қисман буридани дарахтон ва ба мақсадҳои дигар буридани дарахтон
Миқдори тайёр кардани чӯб ҳангоми қисман буридани дарахтон бо назардошти меъёрҳои муқарраршудаи дарахтбурӣ ҷиҳати нигоҳубини ҷангал барои беҳтар сохтани таркиби ҷинс ва сифати ҷангал, ҳаҷми зарурии дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани ниҳолҳои аз нигоҳи хоҷагӣ камарзиши ҷангал, вале миқдори тайёр кардани чӯб ҳангоми дарахтбурӣ барои мақсадҳои дигар, яъне ҳаҷми поккории ҷангал, аз байни ҷангал кӯшодани роҳ ва ғайра муайян карда мешавад.
Моддаи 32. Додани дарахтон
Дарахтони ҷангал бо нархи муқарраршуда фурӯхта мешаванд. Дарахтони ҷангали колхозҳоро барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷамъиятиашон бепул медиҳанд.
Корхона, муассисаю ташкилотҳои идораи хоҷагии ҷангал барои чӯби зарурати иҷрои тадбирҳои нигоҳубини ҷангал ва тадбирҳои дигари хоҷагии ҷангал пул намедиҳанд.
Тартиби додани пули дарахт, нархи он, дар мавридҳои ҷудогона аз пардохти пули дарахт қисман ва ё пурра озод сохтани корхона, муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ Х ТАРЗҲОИ ДИГАРИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ
Моддаи 33. Идораи шикоргоҳ
Ҳангоми истифодаи ҷангал барои эҳтиёҷоти шикоргоҳ ба ҷангал набояд зарар расад.
Дар вақти истифодаи ҷангал ва андешидани тадбирҳои хоҷагии ҷангал бояд зарурати таъмини шароити мусоиди зиндагии ҳайвоноти ваҳшӣ ба назар гирифта шавад.
Ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ ва ҷамъиятӣ ки дар ҷангал ба онҳо шикоргоҳҳо вобаста карда шудаанд, оиди идораи шикоргоҳҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд.
Моддаи 34. Алафдаравӣ ва чорвочаронӣ
Алафдаравӣ ва чорвочаронӣ дар ҷангал ва заминҳои бедарахти фонди давлатии ҷангалзор, ки аз ин ба хоҷагии ҷангал метавонад зарар расад, манъ аст.
Майдонҳои алафдаравӣ ва чорвочарониро мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона, муассисаю ташкилотҳое, ки хоҷагии ҷангалро идора мекунанд, муқаррар менамоянд.
Дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ алафзору чарогоҳҳое, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал истифода намешаванд, барои истифодаи муваққатӣ ба ташкилотҳои кишоварзӣ, корхона, муассисаю ташкилотҳои дигар ва шаҳрвандон дода мешаванд, ба шарте ки ин тарзи истифода ба манфиати хоҷагии ҷангал мувофиқ бошад. Алафзору чароғоҳҳо бо риояи қонунҳои оид ба замин вогузор мешаванд .
Бузчаронӣ дар ҷангал, манъ аст. Ба тариқи истисно дар қитъаҳои махсус, ки атрофи онҳоро соҳибони чорво тавора гирифтаанд, ба бузчаронӣ иҷоза дода мешаванд.
Барои истифодаи мӯҳлатнок ба ташкилотҳои кишоварзӣ хоҷагиҳои дигари давлатӣ, кооперативӣ, деҳқонӣ додани заминҳои фонди ҷангал мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳое, ки дар хоҷагии ҷангал истифода намешаванд, сурат мегирад .
Моддаи 35. Барои гузоштани қуттиҳои занбури асал вогузор кардани қитъаҳо
Қитъаҳои ҷангал ва замини беҷангали фонди давлатии ҷангалро ба ташкилотҳои кишоварзӣ ва корхона, муассисаю ташкилотҳои дигари давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва ба шаҳрвандон барои гузоштани қуттиҳои занбури асал мувофиқи тартиби муқарраршуда корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои идоракунандаи хоҷагии ҷангал бе ҳуқуқи дарахтбурӣ, аз дарахту бутта тоза ва шудгор кардани майдон ва бе ҳуқуқи дар ин қитъаҳо сохтани иморатҳои доими вогузор мекунанд .
Моддаи 36. Таҳия ва ҷамъ кардани чормағз, меваи дарахту бутаҳо, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникӣ
Чормағз, меваи дарахту бутаҳо, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникиро корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳое меғундоранд, ки хоҷагии ҷангалро идора мекунанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ин маҳсулотро мувофиқи тартиби муқарраршуда таҳия мекунанд .
БОБИ ХI ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ ДАР МИНТАҚАИ САРҲАДӢ
Моддаи 37. Тартиби истифодаи ҷангал дар минтақаи сарҳадӣ
Ҷангали минтақаи сарҳадӣ мувофиқи тартибе истифода мешавад, ки ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
Хусусияти истифодаи ҷангали минтақаи сарҳадиро мақомоти давлатии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати ҳайати фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ муқаррар мекунанд.
ФАСЛИ III БАРҚАРОР ВА ЗИЁД КАРДАНИ МАҲСУЛИ ҶАНГАЛ
БОБИ ХII БАРҚАРОР ВА БУНЁД КАРДАНИ ҶАНГАЛ
Моддаи 38. Ҷангалбарқароркунӣ
Ба манзури барқарор намудани ҷангал талабҳои асосии зерин риоя мешаванд:
барои дарахтзоркунии ҳатмии заминҳои дарахтонашон буридашуда бо назардошти шароити рӯидани дарахту наботот шинондани ниҳолҳои навъи аз нигоҳи хоҷагидорӣ арзишдор;
кам кардани масоҳати замини ҷангале, ки дарахту бутта надобеҳтар сохтани ҷинс ва зиёд кардани маҳсули ҷангал ва хусусиятҳои муҳитро муҳофизат кардани он;
нигоҳ доштани фонди генезис ва гуногуншаклии ҷангал.
Тартиб ва мӯҳлати дарахтзоркунии заминҳои дарахтонашон буридашуда ва гурӯҳҳои дигари заминеро, ки дарахту бутта надорад, мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал муқаррар менамоянд.
Масъулияти ҷангалбарқароркунӣ ба души соҳибони фонди ҷангал гузошта мешавад.
Моддаи 39. Ҷангалбунёдкунӣ
Ҷангал дар замини бедарахти фонди ҷангал ба манзури дарахтзоркунии бештари масоҳат, пешгирии фарсоиши хок ва беҳсозии вазъияти экологӣ бунёд карда, барояш аз буҷет ва манбаъҳои дигар пул ҷудо карда мешавад.
Моддаи 40. Беҳтар кардани сифати ҷангал
Ба мақсади беҳтар намудани сифати ҷангал бо роҳи буридани шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон, нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ, ба манзури беҳдошт ҳамчунин бо роҳи ба ҷои дарахтони камқимат ва пир шинондани дарахтони пурқимат ва ниҳолҳои нав, аз ҷумла, барои кам кардани миқдори дарахтони пир, барои ҳосилхез кардани замин ва иҷрои корҳои дигар, ки ба афзудани маҳсулоти ҷангал кӯмак мекунанд, бояд чораҳо дида шаванд.
ФАСЛИ IV НИГАҲДОРӢ ВА ҲИФЗИ ҶАНГАЛ
БОБИ ХIII НИГАҲДОРӢ ВА ҲИФЗИ ҶАНГАЛ
Моддаи 41. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал
Ҳамаи ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз сӯхтор, ғайриқонунӣ буридани дарахтон, риоя накардани тартиби муқарраршудаи истифодаи ҷангал ва аз амали дигаре, ки ба ҷангал зарар мерасонад, ҳамчунин аз ҳашароти зарарноку касалиҳо нигаҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд.
Парвариши ҷангалҳои муҳофизаткунанда аз бунёди қитъаҳои ҷангалзори давлатӣ ва ниҳолшинонӣ ба манзури пешгирии равандҳои эрозияи замин аз боду об иборат аст .
Моддаи 42. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз сӯхтор
Иҷрои корҳои зайл ба зиммаи истифодабарандагони ҷангал гузошта мешавад:
ба тартиб овардани масоҳати ҷангал ба мақсади пешгирии сӯхтор;
риояи қоидаҳои аз сӯхтор эмин доштани ҷангал, пешгирии сарзадан ва паҳншавии сӯхтори ҷангал;
дар мавриди зарурат тоза кардани масоҳати оташгирифтаи ҷангал.
Маҷлиси вакилони халқ ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он дар роҳи аз сӯхтор ҳифз намудани ҷангал ва сӯхторнишонӣ тадбирҳо меандешанд, ҳар сол пеш аз оғози мавсими хавфи сӯхтор нақшаҳои амалии пешгирии сӯхтори ҷангалро, ки тадбирҳои мушаххаси сӯхторнишониро пешбинӣ менамоянд, тасдиқ мекунанд .
Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми зарурат аҳолӣ, техникаи заминкан ва воситаҳои нақлиётро ба сӯхторнишонӣ ҷалб менамоянд, ҳамчунин дар давраи хавфи зиёди сӯхтор вориди ҷангал ва заминҳои дигар шудани аҳолӣ ва ба ҷангал даромадани воситаҳои нақлиётро, манъ мекунанд .
Онҳо тартиботи доимии пешгирии сӯхтор, дар матбуот, тавассути садою симо мунтазам инъикос додани масъалаҳои риояи қоидаҳои аз сӯхтор эмин доштани ҷангалро ташкил менамоянд ҳамаи тадбирҳои оиди сӯхторнинониро дар қаламрави ноҳия танзим мекунанд.
Тартиби аз сӯхтор ҳифз намудани ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 43. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз харобкорӣ
Дар мавридҳои зайл чораҳои огоҳонию ошкоркунӣ ва пешгирии харобкории ҷангал ба зиммаи истифодабарандагони он гузошта мешаванд:
аз тарафи касе риоя нашудани тартибу қоидаҳои истифодаи ҷангал, ҳамчунин дар ҷангал ба ҷо овардани корҳое, ки ба истифодаи ҷангал иртибот надоранд;
дарахтбурии ғайриқонунӣ, нобуд кардан ва осеб расонидан ба дарахту бутаҳо, қаламчаю кӯчат, ҷинсҳои пурқимати навниҳол;
бо модаҳои кимиёвию радиоактивӣ, оби ганда, аҳлоту партовҳои корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои коммуналию маишӣ олуда сохтани ҷангал;
вайрон кардани тартиби истифодаи замини ҷангал;
хароб ва нобуд кардани аломатҳои маҳдудкунандаи сохт ва хоҷагии ҷангал;
нобуд кардани ҳайвонот;
амали дигари ҷангалвайронкунӣ.
Мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал тадбирҳои ҳифзи ҷангал ва пешгирии харобкориро амалӣ гардонида, истифодаи фонди экологиро ҷиҳати тараққии хоҷагии ҷангал таҳти назорат мегиранд;
дучори касалӣ шудани ҷангалро назорат мекунанд, хашароти зарароварро мекушанд ва касалиро пешгирӣ менамоянд;
қоида ва мӯҳлати шикорро дар ҷангал риоя менамоянд ва қуруқшиканиро пешгирӣ мекунанд.
Тартиби иҷрои тадбирҳои ҳифзи ҷангалро аз вайрон кардани қоидаҳои истифодаи ҷангал, аз нобуд ва олуда сохтан ва ба ҷангал расондани таъсири дигари манфӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ ХIV МУҲОФИЗАТИ ҶАНГАЛ
Моддаи 44. Умури муҳофизати ҷангал
Барои иҷрои бевоситаи тадбирҳои ташкилӣ, посбонӣ, тарғибӣ ва тадбирҳои дигари нигаҳдорӣ, ҳифзи ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умури давлатии муҳофизати ҷангал таъсис дода мешавад, ки умури муҳофизати ҷангали корхона, муассисаю ташкилотҳои хоҷагии ҷангалро дар бар мегирад.
Дар корхонаю ташкилотҳои хоҷагии ҷангал аз рӯи зарурат барои сӯхторнишонӣ дастаҳои сӯхторнишонӣ ва умуроти махсуси дорои воситаҳои муносиби техникӣ ташкил карда мешаванд.
Умури давлатии муҳофизати ҷангал дар асоси Низомномаи ҳифзи давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амал мекунад.
Моддаи 45. Ҳуқуқҳои умури ҳифзи ҷангал
Ба умури давлатии ҳифзи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, умури ҳифзи ҷангал ИИХҶ ("Тоҷикҷангал"), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчунин ба умури ҳифзи ҷангали колхозҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намудани қоидаҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, қоидаҳои мувофиқи мақсад истифода намудани фонди давлатии ҷангал, тартиби истифодаи ҷангал, ҳамчунин амали дигареро, ки ба ҷангал зарар меоранд, пешгирӣ кунанд .
ФАСЛИ V. ҶАНГАЛДОРӢ ВА КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ
БОБИ ХV. ҶАНГАЛДОРӢ
Моддаи 46. Вазифаи ҷангалдорӣ
Ҷангалдорӣ низоми тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки мақсад аз онҳо идораи оқилонаи ҷангал ва истифодаи он, таҷдиди самарабахш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, пеш гирифтани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар хоҷагии ҷангал мебошад.
Ҷангалдорӣ бояд шароити беҳтари ташкилию марзии фаъолияти ҷангалдориро таъмин намояд ва вазифаи муҳимтарини идораи фонди ягонаи давлатии ҷангал ба шумор меравад.
Моддаи 47. Моҳияти ҷангалдорӣ
Ҷангалдорӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:
муайян кардани ҳудуд ва ташкили дохилихоcагии мавзеи фонди ҷангал, ки дар ихтиёри корхона, муассисаю ташкилотҳо мебошад;
иҷрои корҳои топографию геодезӣ ва ба нақшагирии махсуси ҷангал;
рӯйхат кардани фонди ҷангал ва муайян намудани тартиби ҷинс ва синни дарахтон, вазъи онҳо, хусусияти захираҳои ҷангал аз нигоҳи сифат ва миқдор;
ошкор намудани қитъаҳое, ки ба буридани шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон ба манзури нигоҳубини дарахтон, дарахтбурӣ ба манзури беҳдошт ва дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани дарахтони аз нигоҳи хоҷагидорӣ камарзиш эҳтиёҷ доранд, заминҳое, ки барои таҷдиди ҷангал ва ҷангалбунёдкунӣ таъин гардидаанд ва муайян кардани усулҳои таҷдиди ҷангал, обёрӣ, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал ва тадбирҳои дигари хоҷагидорӣ, ҳамчунин муайян кардани тартибу усулҳои амалӣ намудани ин тадбирҳо;
асоснок кардани тақсими ҷангал ба гурӯҳҳою категорияҳои муҳофизатӣ ва таҳияи пешниҳод дар мавриди аз як гурӯҳу категория ба гурӯҳу категорияи дигар гузарондани ҷангал;
муайян кардани захираи ҷангал, ҳаҷми дарахтбурӣ ба манзури нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ ба манзури нав кардани дарахтони камарзиши ҷангал, дарахтбурӣ ба манзури беҳдошти ҷангал ва тарзҳои дигари истифодаи ҷангал;
муайян кардани ҳаҷми тадбирҳои ҷангалбарқароркунӣ ва ҷангалбунёдкунӣ, ҳифзи ҷангал аз сӯхтор, муҳофизати он аз ҳашарот ва касалиҳо, ҳамчунин ҳаҷми корҳои дигари ҷангалдорӣ;
муоинаи биологӣ ва муоинаву таҳқиқоти дигари ҷангал;
таҳти назорати муаллифон қарор додани лоиҳаҳои оиди ҷангалдорӣ, ҳамчунин амалҳои дигари ҷангалдорӣ.
Моддаи 48. Ташаккули ҷангалдорӣ
Ҷангалдорӣ бо ташаббуси мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал аз ҳисоби маблағи буҷети давлат сурат мегирад.
БОБИ ХVI КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ
Моддаи 49. Мазмуни кадастри давлатии ҷангал
Кадастри давлатии ҷангал ба мақсади гирифтани маълумоти аниқ дар бораи вазъи ҳуқуқию хоҷагии фонди ягонаи давлатии ҷангал гузаронда мешавад.
Кадастри давлатии ҷангал дар бораи ҷангалҳо ҷиҳати истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо, танзими ҷангалдорӣ ва арзёбии фаъолияти хоҷагӣ маълумот медиҳад.
Моддаи 50. Низоми ахбори оиди кадастри ҷангал
Низоми ахбори оиди кадастри ҷангал маълумоти зайлро дар бар мегирад:
ҳисоби давлатии фонди ҷангал;
ҳисоб ва арзиши моддии ҷангал.
Моддаи 51. Тартиби гузарондани кадастри давлатии ҷангал
Кадастри давлатии ҷангал аз ҳисоби маблағи буҷети давлат гузаронда мешавад.
Тартиби гузарондани кадастри давлатии ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
ФАСЛИ VI БАҲСҲОИ ОИД БА ҶАНГАЛ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНИ ҶАНГАЛ
БОБИ ХVII ҲАЛЛИ БАҲСҲОИ ОИД БА ҶАНГАЛ
Моддаи 52. Тартиби баррасии баҳсҳои оид ба ҷангал
Баҳсҳои оид ба ҷангал мувофиқи тартиби пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.
БОБИ ХVIII ҶАВОБГАРИИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНҲОИ ОИД БА ҶАНГАЛ
Моддаи 53. Эътибор надоштани муомилаҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатии ҷангалро халалдор мекунанд
Гузашти худсаронаи ҳуқуқи истифодаи ҷангал, ҳамчунин муомилаҳои дигаре, ки ҳуқуқи моликияти давлатии ҷангалро ошкоро ва ё ба таври ниҳонӣ халалдор мекунанд, эътибор надоранд.
Моддаи 54. Тарзҳои риоя накардани қонунҳои оид ба ҷангал ва ҷавобгарӣ барои ин амал
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои муомилаҳои дар моддаи 53-юми ҳамин Кодекс пешбинишуда, ҳамчунин барои амали зайл айбдоранд :
ғайриқонунӣ буридани дарахтон, осеб расонидан ба дарахту бутаҳо;
нобуд кардан ва ё осеб расонидан ба ҷангал дар натиҷаи оташ задан ва ё беэҳтиётӣ нисбат ба оташ;
риоя накардани талабҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва қоидаҳои беҳдошти ҷангал;
осеб расонидан ё олуда сохтани ҷангал бо модаҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ бо партовҳои истеҳсолот ва оби ганда, ахлоту партовҳои корхонаҳои саноатӣ ва коммуналию маишӣ;
риоя накардани мӯҳлати пас додани замини муваққатан истифодашавандаи фонди ҷангал ва ё иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба ҳолати қобили истифодаи аслӣ овардани он;
нобуд кардан ва ё осеб расонидан ба дарахту бутаҳои ҷангал, ба кӯчату қаламчаҳои парваришгоҳҳои ҷангал, ҳамчунин ба ниҳолзорҳои худрӯй ва кӯчатшуда, ки ба мақсади барқарор намудани ҷангал пешбинӣ шудаанд;
риоя накардани тартибу мӯҳлати ниҳолшинонӣ дар заминҳои дарахтонашон буридашуда ва майдонҳои дигари бедарахту бутта;
бе иҷозат решакан кардани дарахтон, сохтани ҳар хел иморат, коркарди чӯб, хароб кардани замини ҷангал, қабати он ва ғайра;
худсарона даравидани алаф ва чаронидани чорво дар ҷангал ва дар замини бе дарахту буттаи фонди ҷангал;
худсарона чидани меваю чормағзи дарахтони худрӯй, занбуруғ ва ғайра дар қитъаҳое, ки чидани мева манъ аст ва ё фақат бо иҷозатномаҳои истифодаи ҷангал мумкин аст;
нобуд ва вайрон кардани аломатҳои маҳдудкунанда, ҷангалбунёдкунӣ ва хоҷагии ҷангал;
бе иҷозат доштан ва куштани ҳайвоноти ҷангал ва нобуд кардани набототи пурқимат;
барои нобуд кардан ё осеб расонидан ба наҳру ҷӯйборҳо, заҳбуру роҳҳои заминҳои Фонди давлатии ҷангал мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Моддаи 55. Мусодираи чӯб ва маҳсулоти дигари ғайриқонунӣ ба дастовардаи ҷангал, ҳамчунин баргардонидани замини ғайриқонунӣ ишғолнамуда
Чӯб ва маҳсулоти дигари ҷангал, ки ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст, бояд мусодира намуда, ба корхона, муассиса ва ё ташкилоти дахлдори хоҷагии ҷангал ва ё ба истифодабарандаи ҷангал супурда шавад, агар ҳуқуқи он риоя нашуда бошад.
Агар имконияти мусодираи маҳсулоти ғайриқонунӣ ба дастовардашуда набошад, арзиши панҷкаратаи он рӯёнда мешавад.
Замини худсарона ишғолкардаи фонди ҷангал ба соҳибонаш баргардонда, товони хароҷоти давраи истифодаи ғайриқонунии он пардохта намешавад.
Моддаи 56. Ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи риоя накардани қонуни ҷангал расидааст
Корхона, муассисаю ташкилотҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд ҳаҷми товони зиёнеро, ки дар натиҷаи риоя накардани қонуни ҷангал расидааст, аз рӯи тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд .
Моддаи 57. Боздоштани истифодаи ҷангал дар мавриди риоя накардани тартиби истифодаи ҷангал
Мувофиқи қонуни ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тартиби истифодаи ҷангалро риоя накардани истифодабарандагони ҷангал истифодаи ҷангал мувофиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад.
Моддаи 58. Боздоштани корҳое, ки барои вазъ ва таҷдиди ҷангал хавф доранд
Дар мавридҳо ва мувофиқи тартибе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, кори муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо ба сабаби риоя нашудани тадбирҳои технологӣ, санитарӣ ва тадбирҳои дигари пешгирии сӯхтори ҷангал ва рафъи таъсири бад ба вазъи ҷангал ва таҷдиди он мумкин аст манъ ё боздошта шавад.
Моддаи 58 (1). Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани Кодекси мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
ФАСЛИ VII ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛҚӢ
БОБИ ХIХ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛҚӢ
Моддаи 59. Шартномаҳои байналмилалӣ
Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналхалқӣ татбиқ мешаванд.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
аз 24 июни соли 1993 № 769
ш. Душанбе
КОДЕКСИ ҶАНГАЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 5.01.2008 № 352)
Кодекси мазкур муносибатҳои ҷангалдориро танзим менамояд ва мақсад аз он фароҳам овардани шароити истифодаи оқилонаи ҷангал, ҳифзи он нигаҳдорӣ ва беҳ гардонидани муҳити табиат, истеҳсоли маҳсулоти ҷангал ва кишоварзӣ мебошад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ АСОСӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷангал
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷангал ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Конун аз 5.01.2008 № 352).
Моддии 2. Моликияти ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷангал моликияти давлатӣ-сарвати умумии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии ҷангал
Тамоми ҷангали Чумхурии Точикистон фонди ягонаи давлатии ҷангалро ташкил медихад.
Фонди ягонаи давлатии ҷангал аз инҳо иборат аст:
1) ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ, яъне ҷангалҳои мутааллиқи мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал, ҷангалҳои шаҳр, ҷангалҳои вобасташуда, парваришгоҳҳо ва ҷангалҳои мамнуъгоҳҳо;
2) ҷангалзори колхозҳо, яъне ҷангалзори қаламрави ташкилотҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки барои истифодаи бемӯҳлат дода шудааст (Конун аз 5.01.2008 № 352).
Моддаи 4. Замини фонди давлатии ҷангал
Заминҳои ҷангалдор ва ҳамчунин беҷангале, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал вогузошта шудаанд, фонди давлатии ҷангал ба ҳисоб мераванд.
Ҳуқуқи истифодаи замини фонди давлатии ҷангалро санади давлатӣ барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлати замин тасдиқ менамояд.
Моддаи 5. Таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал
Ба таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал инҳо дохил мешаванд: майдонҳои дарахтдор - ҷангалзори сердарахт, сирак, ниҳолпарварӣ, ҷангалзори камдарахт, минтақаҳои дарахтонашон сӯхта, бурида, марғзор; майдонҳои бедарахт - киштзорҳо, ҷойҳои алафдаравӣ, чарогоҳҳо, кӯлу дараҳо, боғу токзорҳо, роҳу пайроҳаҳо, работҳо, ботлоқу регзорҳо, пиряҳо.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ
Дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ корҳои зайл ба ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудаанд:
1) идораи фонди ягонаи давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) тартиб ва такмил додани қонунҳои оид ба ҷангал ва пешниҳод кардани онҳо ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) муқаррар кардани тартиб ва пули истифодаи ҷангал, ҳамчунин имтиёзҳои пардохт, ташкили фондҳои ҳифз ва таҷдиди ҷангал;
4) муқаррар кардани мизону шохисҳои (нормативҳои) истифодаи ҷангал, тасдиқи қоидаҳои истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал;
5) тартиб додан ва амалӣ гардонидани барномаҳои истифодаи оқилонаи ҷангал, зиёд кардани самараи он, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал якҷоя бо тадбирҳои дигари муҳофизати табиат;
6) таҳти назорати давлат қарор додани ҳолат, вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, ҳамчунин танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ аз рӯи масъалаҳои дигар;
7) ташкили ҳисобрасии давлатии фонди ҷангали кадастри давлатии ҷангал ва мониторинги ҷангал;
8) муқаррар кардани ҳудуди замини фонди давлатии ҷангал, ҳудуди фонди ҷангали режими махсуси ҳуқуқӣ;
9) танзими масъалаҳои дигари истифодаи оқилона, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал дар асоси қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) тарҳрезии тараққии хоҷагии ҷангал, татбиқи тадбирҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, сӯхторнишонӣ ва масъалаҳои дигари бахши нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал.
Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ (Конун аз 5.01.2008 № 352)
Дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ иҷрои корҳои зайл дар ихтиёри маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад (Конун аз
5.01.2008 № 352):
Тарҳрезии тараққиёти хоҷагии ҷангал, ба амал баровардани тадбирҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, сӯхторнишонӣ ва масъалаҳои дигари таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, ҳуҷҷатҳои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи ҷангалро баррасӣ намудани комиссияи маъмурию ҳуқуқӣ.
БОБИ II. ИДОРАИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ МУНОСИБАТҲОИ ҶАНГАЛДОРӢ
Моддаи 8. Идораи давлатии соҳаи истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал
Идораи давлатии соҳаи истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист ва мақомоти дигари давлатӣ мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИХҶ "Тоҷикҷангал") ва мақомоти маҳалии он Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист мебошанд (Конун аз 18.06.2008 № 406).
Моддаи 9. Назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал
Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳолат, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ гардонида мешавад (Конун аз 5.01.2008 № 352).
Назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз тарафи мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ сурат мегирад.
Тартиби назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 10. Мониторинги ҷангал
Мониторинги ҷангал иборат аз низоми ягонаи мушоҳида, арзёбӣ ва пешгӯии ҳолату вазъият ва ҷараёни фонди ҷангал ба манзури истифодаю таҷдид, нигаҳдориву ҳифзи самарабахши ҷангал мебошад. Сохтор, мазмун ва тартиби татбиқи мониторинги ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ III. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист (Конун аз 18.06.2008 № 406)
Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ доранд (Конун аз 18.06.2008 № 406):
аз ҷангал истифода кунанд ва корҳои дигари хоҷагии марбути онро дар ҳудуди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оранд;
роҳ, анборҳои хоҷагии ҷангал, марказҳои зидди сӯхтор ва маводи кимёвӣ, манзил ва биноҳои хоҷагӣ, анборҳои ҳифз ва коркарди ибтидоии ашёи хом ва иншоотҳои дигаре созанд, ки дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идораи хоҷагии ҷангал ва истифодаи ҷангал заруранд;
қитъаҳои дарахтнадоштаи заминро барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ истифода намоянд;
ба манзури истифодаи ҷангал ва иҷрои корҳои дигари хоҷагии марбути он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои фонди ҷангал ҷудо карда, ба онҳо иҷозатномаҳои (ордерҳои) ҷангалбурӣ ва ё иҷозатномаҳои истифодаи ҷангал диҳанд (Конун аз 5.01.2008 № 352).
Барои пӯшонидани хароҷоти вобаста бо ҳифзу барқарор сохтани ҷангал ва додани товони зараре, ки ба набототу ҳайвонот расонида шудааст, сметаи хоҷагии ҷангал тартиб дода мешавад (Қонун аз 15 маи соли 1997 № 421).
Моддаи 12. Вазифаҳои Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист (Конун аз 18.06.2008 № 406)
Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист вазифадоранд (Конун аз 18.06.2008 № 406):
ҷангалро таҷдиду нигаҳдорӣ ва муҳофизат намоянд, ҳолати санитариашро беҳ созанд, нигоҳубин кунанд, маҳсулоти онро афзун ва заминашро ҳосилхез гардонанд, истифода ва ҳисобрасии онро ба роҳ монанд ва дигар вазифаҳои идораи хоҷагии ҷангалро ба ҷо оваранд;
ҷуб ва захираҳои дигари набототи ҷангал ва хосиятҳои муфиди табиии онро дар ҳудуди меъёрҳои асосноки илмӣ ва тавсияҳои асноди сохти ҷангал истифода намоянд;
аз рӯи усулҳое кор кунанд, ки ба нигоҳ доштани вазифаҳои ташкилу ҳифзи муҳит, ҳамчунин шароити гуворои сари вақт барқарор намудани дарахтзор, маводи дорубоб, озуқа ва техникӣ мусоидат менамоянд, талабҳои дигари истифодаи оқилона, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангалро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд (Конун аз 5.01.2008 № 352).
Моддаи 13. Ҳифзи ҳуқуқҳои Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист (Конун аз 18.06.2008 № 406)
Дахолати ташкилотҳои хоҷагӣ ва ташкилотҳои дигар, ҳамчунин шаҳрвандони ҷудогона ба фаъолияти Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист манъ аст, ба истиснои ҳодисаҳое, ки мақомоти хоҷагии ҷангал талабҳои Кодекси мазкур, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари ҷумҳуриро риоя намекунанд (Конун аз 18.06.2008 № 406).
Моддаи 14. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи ҷангал
Ҳуқуқи истифодаи ҷангал дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
1) ихтиёран даст кашидан аз истифодаи ҷангал;
2) анҷоми эҳтиёҷоти истифодаи ҷангал;
3) анҷоми мӯҳлати ҳуқуқи истифодаи ҷангал;
4) барҳам хурдани корхонаю муассиса ва ё ташкилотҳое, ки аз ҷангал истифода мекунанд;
5) мувофиқи тартиби муқарраршуда барои эҳтиёҷоти дигари давлатӣ ва ҷамъиятӣ гирифтани замини фонди давлатӣ ва ё заминҳои дигар;
6) истифодаи ҷангал хилофи мақсад ва ё талабҳое, ки дар иҷозатномаи (ордери) дарахтбурӣ ва ё иҷозатномаи истифодаи ҷангал пешбинӣ шудаанд;
7) риоя накардани тартибу қоидаҳои истифодаи ҷангал, ҳамчунин тарзҳои мамнӯъи истифодаи ҷангал;
8) истифодаи усулҳое, ки ба вазъ ва таҷдиди ҷангал ва иншооти дигари табиӣ таъсири манфӣ расонда, вазифаҳои экологии ҷангалро коҳиш дода, боиси эрозияи хок мегардад;
9) дар мӯҳлати муқарраршуда напардохтани ҳаққи истифодаи ҷангал;
10) бас ва қатъ кардани шартномаи иҷораи ҷангал.
Тартиби қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
БОБИ IV ИДОРАИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ
Моддаи 15. Идораи хоҷагии ҷангал дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ
Идораи хоҷагии ҷангал дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ ба зиммаи инҳо гузошта мешавад:
ба корхонаҳои хоҷагии ҷангали Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист (ғайр аз ҷангалҳои шаҳрӣ, ҷангалҳои вобасташуда ва ҷангалҳои мамнуъгоҳҳо) (Конун аз 18.06.2008 № 406);
дар ҷангалҳои шаҳрӣ ба корхонаҳои хоҷагии ҷангал ва корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дигари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ. Хоҷагии ҷангалро дар ҷангалҳои шаҳрӣ метавон якҷоя бо корхонаҳои хоҷагии ҷангали Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист идора кард (Конун аз 5.01.2008 № 352, аз 18.06.2008 № 406);
дар ҷангалҳои вобасташуда ба корхонаҳои хоҷагии ҷангал ва корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дигаре, ки ин ҷангалҳо ба онҳо вобаста карда шудаанд;
дар ҷангалҳои мамнӯъгоҳҳо - ба зиммаи мамнӯъгоҳҳо.
Моддаи 16. Идораи хоҷагии ҷангал дар ҷангалҳои колхозу кооперативҳо ва ҷангалҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ
Хоҷагии ҷангал дар заминҳои ба колхозу кооперативҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва хоҷагиҳои деҳқонон додашуда тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.
БОБИ V БА ГУРӯҲҲО ТАҚСИМ КАРДАНИ ҶАНГАЛҲО
Моддаи 17. Ба гурӯҳҳо дохил кардани ҷангалҳо
Бо назардошти он ки ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷинсҳои пурарзиши дарахту бутаҳо иборат буда, барои хоҷагии халқ аҳамияти зиёд доранд, онҳо ба ҷангалҳои гурӯҳи якум дохил мешаванд.
Моддаи 18. Категорияҳои муҳофизати ҷангал
Ҷангалҳо дар асоси иҷрои вазифаҳои муҳофизатиашон ба ҷангалҳои зидди фарсоиш, муҳофизати киштзор, қитъаҳои муҳофизатии қадқади роҳҳои оҳан ва автомобилгарди давлатӣ, ҷангалҳои минтақаи ҳифзи санитарии манбаъҳои обгирӣ ва ҳавзаҳои ҳифзи санитарии курортҳо тақсим мешаванд.
Моддаи 19. Муайян кардани ҳудуди гурӯҳу категорияҳои муҳофизати фонди давлатии ҷангал
Ба андозаи ба гурӯҳу категорияҳои муайяни муҳофизати дохил кардани ҷангалҳо ҳудуди онҳо муқаррар карда мешавад.
Тартиби муайян кардани ҳудуди гурӯҳу категорияҳои муҳофизатии ҷангалҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ VI БА ҲИСОБИ МАЙДОНИ БЕҶАНГАЛ ГУЗАРОНИДАНИ МАЙДОНҲОИ ҶАНГАЛДОР
Моддаи 20. Тартиби ба ҳисоби майдонҳои беҷангал гузаронидани майдонҳои ҷангалдор
Майдонҳои ҷангалдорро ба ҳисоби майдони беҷангал ҷиҳати истифода ба мақсадҳои новобаста бо идораи хоҷагии ҷангал ва истифодаи онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Моддаи 21. Мусодираи қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият
Қитъаҳои замини ҷангалдор барои эҳтиёҷоти давлат ва ҷамъият бо тартиби муқарраркардаи Кодекси оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешавад.
ФАСЛИ II ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ
БОБИ VII ИСТИФОДАКУНАНДАГОНИ ҶАНГАЛ
Моддаи 22. Истифодакунандагони ҷангал
Корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигари давлатию кооперативӣ, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд истифодакунандагони ҷангал бошанд.
Ҷангал мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамин Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешавад.
Моддаи 23. Иҷораи қитъаҳои ҷангал
Қитъаҳои ҷангал аз рӯи шартҳои иҷора барои истифодаи муваққатӣ дода мешаванд.
Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИХҶ "Тоҷикҷангал") иҷорадиҳандаи қитъаҳои ҷангал мебошад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, корхонаҳои муштарак, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ метавонанд бо иштироки шахсиятҳои ҳуқуқии хориҷӣ, ҳамчунин давлатҳои хориҷӣ, шаҳрвандон ва шахсиятҳои ҳуқуқии хориҷӣ иҷорагирандагони қитъаҳои ҷангал бошанд (Конун аз 5.01.2008 № 352, аз 18.06.2008 № 406).
Шартҳои иҷора ва ҳаҷми иҷорапулӣ мувофиқи созиши тарафҳо муайян намуда, дар шартнома тазаккур дода мешавад. Иҷорапулӣ дар асоси ҳаҷми (андозаи) дар шартнома пешбинишудаи истифодаи ҷангал бо назардошти нархи роиҷи маҳсулоти ҷангал, хизматрасонӣ, сифат ва арзонии захираҳои ҷангал муқаррар карда мешавад. Иҷорапулии ҳар беҳдарахт ва захираҳои дигари ҷангал аз нархи роиҷ камтар муқаррар карда намешавад. Иҷоракор ҳуқуқ дорад, ки баъди анҷоми мӯҳлати эътибори шартнома онро дароз кунад.
Муносибатҳоро дар мавриди иҷора гирифтани қитъаҳои ҷангал ҳамин Кодекс, Кодекси оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷоракорӣ ва ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси онҳо интишор мешаванд, танзим мекунанд.
Моддаи 24. Тарз ва мӯҳлати истифодаи ҷангал
Ҷангал ҳамчунин заминҳои фонди давлатии ҷангалро бо риояи талабу шартҳои пешбинӣ кардаи қонунҳо ба мақсадҳои зерин истифода кардан мумкин аст:
1) таҳияи чӯб;
2) таҳияи самғи писта;
3) таҳияи масолеҳи дуюмдараҷаи ҷангал (кунда, пӯсти дарахт ва ғайра);
4) истифодаи иловагии ҷангалзор - алафдаравӣ, чорвочаронӣ, ҷойгир кардани қуттиҳои занбӯри асал, таҳияи шираи дарахтон, тайёр кардан ва ҷамъ овардани меваи худрӯи, чормағз, занбӯруғ, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникӣ;
алафи заминҳои хоҷагии кишлоқ, ки ба заминҳои фонди давлатии ҷангал дохиланд, мувофиқи талабҳои Қонун оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон даравида, чорво ҳам тибқи талабҳои Конуни мазкур дар ин заминҳо чаронида мешавад;
5) тадқиқоти илмӣ;
6) маданию солимгардонӣ;
7) шикор.
Мӯҳлати истифодаи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 25. Меъёрҳои истифодаи ҷангал
Ҷангалҳо аз рӯи меъёрҳои асосноки илмӣ, ки бо ҳуҷҷатҳои сохтмони ҷангал, тафтишот ва муоинаи фонди ҷангал муайян мешаванд, мавриди истифода қарор мегиранд.
Меъёри ҳарсолаи истифодаи ҷузъии дарахтони ҷангал (дарахтбурӣ ба манзури нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ ба нияти поккории ҷангал ва дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани дарахтоне, ки аз нигоҳу хоҷагӣ камарзишанд) бо назардошти мавҷуд будани дарахтоне муқаррар мешавад, ки ба беҳсозии ҷинсу сифат зарурат доранд.
Тартиби муайян ва тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои ҷудо кардани қитъаҳои ҷангал, меъёрҳои истифодаи ҷузъии дарахтони ҷангал ва тарзи дигари истифодаи ҷангалро мақомоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
БОБИ VIII ДОДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ
Моддаи 26. Додани қитъаҳои ҷангал
Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба манзури таҳияи чӯб ва масолеҳи дуюмдараҷаи ҷангал, алафдаравӣ, чорвочаронӣ ва тарзи дигари истифодаи ҷангал қитъаҳои ҷангалро мувофиқи тартиби муқарраршуда ба корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, ҳамчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд.
Моддаи 27. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи ҷангал
Иҷозатномадиҳии ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии фонди ҷангал мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад (Конун аз 5.01.2008 № 352).
Моддаи 28. Тартиби додани ҳуқуқи истифодаи ҷангал
Тартиби додани ҳуқуқи истифодаи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ IХ. ЧӯБТАЙЁРКУНӢ
Моддаи 29. Тарзу усулҳои дарахтбурӣ ҳангоми чӯбтайёркунӣ
Чӯб ҳангоми дарахтбурии истифодаи ҷузъии ҷангал вобаста ба вазъу сифати он дар ҳудуди нақшаҳои муқарраршуда тайёр карда мешавад.
Дар баробари ин дарахтон ба манзури нигоҳубини ҷангал, беҳдошти он бурида мешаванд.
Дар ҷангалҳои қӯруқ, боғҳои миллӣ ва табиӣ, қитъаҳои қуруқи ҷангал, ҷангалҳои дорои аҳамияти илмӣ ва таърихӣ, ёдгориҳои табиат, бешаборҳо, чормағззорҳо, ҷангали дарахтони мева, ҷангалҳои шаҳрӣ, қисматҳои бешабоғҳои минтақаи сабз, дар ҷангалҳои минтақаҳои якум ва дуюми ҳифзи санитарии манбаъҳои обгирӣ ва ҷангалҳои минтақаҳои якум ва дуюми ҳавзаҳои ҳифзи санитарии курортҳо, минтақаҳои давлатии дарахтони муҳофизатӣ ҷангалҳои пешгирии фарсоиши хок, дар минтақаҳои мамнӯъи ҷангал, ки ҷои тухмгузории ҷинсҳои пурқимати моҳии сайдшавандаро муҳофизат мекунанд ва дар ҷангалҳои хусусан пурқимат дарахтон фақат ба мақсади нигоҳубини ҷангал, беҳтар сохтани ҳолати санитарии он ва ба манзури таҷдиди ниҳолҳои камарзиш, ки вазифаҳои муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ ва вазифаҳои дигари экологиро гум мекунанд, бурида мешаванд.
Дар ҷангалҳои кӯҳсор чунин усулҳои дарахтбурӣ ба кор бурда мешаванд, ки аҳамияти махсуси муҳофизатӣ, пешгирии фарсоиши хок ва танзими оби ин ҷангалҳоро ба назар мегиранд.
Моддаи 30. Муқаррар кардани тартиби чӯбтайёркунӣ
Тартиби чӯбтайёркуниро Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он муқаррар мекунанд.
Қоидаҳои дарахтбуриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 31. Муайян кардани миқдори чӯбтайёркунӣ ҳангоми қисман буридани дарахтон ва ба мақсадҳои дигар буридани дарахтон
Миқдори тайёр кардани чӯб ҳангоми қисман буридани дарахтон бо назардошти меъёрҳои муқарраршудаи дарахтбурӣ ҷиҳати нигоҳубини ҷангал барои беҳтар сохтани таркиби ҷинс ва сифати ҷангал, ҳаҷми зарурии дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани ниҳолҳои аз нигоҳи хоҷагӣ камарзиши ҷангал, вале миқдори тайёр кардани чӯб ҳангоми дарахтбурӣ барои мақсадҳои дигар, яъне ҳаҷми поккории ҷангал, аз байни ҷангал кӯшодани роҳ ва ғайра муайян карда мешавад.
Моддаи 32. Додани дарахтон
Дарахтони ҷангал бо нархи муқарраршуда фурӯхта мешаванд. Дарахтони ҷангали колхозҳоро барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷамъиятиашон бепул медиҳанд.
Корхона, муассисаю ташкилотҳои идораи хоҷагии ҷангал барои чӯби зарурати иҷрои тадбирҳои нигоҳубини ҷангал ва тадбирҳои дигари хоҷагии ҷангал пул намедиҳанд.
Тартиби додани пули дарахт, нархи он, дар мавридҳои ҷудогона аз пардохти пули дарахт қисман ва ё пурра озод сохтани корхона, муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ Х ТАРЗҲОИ ДИГАРИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ
Моддаи 33. Идораи шикоргоҳ
Ҳангоми истифодаи ҷангал барои эҳтиёҷоти шикоргоҳ ба ҷангал набояд зарар расад.
Дар вақти истифодаи ҷангал ва андешидани тадбирҳои хоҷагии ҷангал бояд зарурати таъмини шароити мусоиди зиндагии ҳайвоноти ваҳшӣ ба назар гирифта шавад.
Ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ ва ҷамъиятӣ ки дар ҷангал ба онҳо шикоргоҳҳо вобаста карда шудаанд, оиди идораи шикоргоҳҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд.
Моддаи 34. Алафдаравӣ ва чорвочаронӣ
Алафдаравӣ ва чорвочаронӣ дар ҷангал ва заминҳои бедарахти фонди давлатии ҷангалзор, ки аз ин ба хоҷагии ҷангал метавонад зарар расад, манъ аст.
Майдонҳои алафдаравӣ ва чорвочарониро мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона, муассисаю ташкилотҳое, ки хоҷагии ҷангалро идора мекунанд, муқаррар менамоянд.
Дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ алафзору чарогоҳҳое, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал истифода намешаванд, барои истифодаи муваққатӣ ба ташкилотҳои кишоварзӣ, корхона, муассисаю ташкилотҳои дигар ва шаҳрвандон дода мешаванд, ба шарте ки ин тарзи истифода ба манфиати хоҷагии ҷангал мувофиқ бошад. Алафзору чароғоҳҳо бо риояи қонунҳои оид ба замин вогузор мешаванд (Конун аз 5.01.2008 № 352).
Бузчаронӣ дар ҷангал, манъ аст. Ба тариқи истисно дар қитъаҳои махсус, ки атрофи онҳоро соҳибони чорво тавора гирифтаанд, ба бузчаронӣ иҷоза дода мешаванд.
Барои истифодаи мӯҳлатнок ба ташкилотҳои кишоварзӣ хоҷагиҳои дигари давлатӣ, кооперативӣ, деҳқонӣ додани заминҳои фонди ҷангал мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳое, ки дар хоҷагии ҷангал истифода намешаванд, сурат мегирад (Қонун аз 15 маи соли 1997 № 421, аз 5.01.2008 № 352).
Моддаи 35. Барои гузоштани қуттиҳои занбури асал вогузор кардани қитъаҳо
Қитъаҳои ҷангал ва замини беҷангали фонди давлатии ҷангалро ба ташкилотҳои кишоварзӣ ва корхона, муассисаю ташкилотҳои дигари давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва ба шаҳрвандон барои гузоштани қуттиҳои занбури асал мувофиқи тартиби муқарраршуда корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои идоракунандаи хоҷагии ҷангал бе ҳуқуқи дарахтбурӣ, аз дарахту бутта тоза ва шудгор кардани майдон ва бе ҳуқуқи дар ин қитъаҳо сохтани иморатҳои доими вогузор мекунанд (Конун аз 5.01.2008 № 352).
Моддаи 36. Таҳия ва ҷамъ кардани чормағз, меваи дарахту бутаҳо, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникӣ
Чормағз, меваи дарахту бутаҳо, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникиро корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳое меғундоранд, ки хоҷагии ҷангалро идора мекунанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ин маҳсулотро мувофиқи тартиби муқарраршуда таҳия мекунанд (Конун аз 5.01.2008 № 352).
БОБИ ХI ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ ДАР МИНТАҚАИ САРҲАДӢ
Моддаи 37. Тартиби истифодаи ҷангал дар минтақаи сарҳадӣ
Ҷангали минтақаи сарҳадӣ мувофиқи тартибе истифода мешавад, ки ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
Хусусияти истифодаи ҷангали минтақаи сарҳадиро мақомоти давлатии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳати ҳайати фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ муқаррар мекунанд.
ФАСЛИ III БАРҚАРОР ВА ЗИЁД КАРДАНИ МАҲСУЛИ ҶАНГАЛ
БОБИ ХII БАРҚАРОР ВА БУНЁД КАРДАНИ ҶАНГАЛ
Моддаи 38. Ҷангалбарқароркунӣ
Ба манзури барқарор намудани ҷангал талабҳои асосии зерин риоя мешаванд:
барои дарахтзоркунии ҳатмии заминҳои дарахтонашон буридашуда бо назардошти шароити рӯидани дарахту наботот шинондани ниҳолҳои навъи аз нигоҳи хоҷагидорӣ арзишдор;
кам кардани масоҳати замини ҷангале, ки дарахту бутта надобеҳтар сохтани ҷинс ва зиёд кардани маҳсули ҷангал ва хусусиятҳои муҳитро муҳофизат кардани он;
нигоҳ доштани фонди генезис ва гуногуншаклии ҷангал.
Тартиб ва мӯҳлати дарахтзоркунии заминҳои дарахтонашон буридашуда ва гурӯҳҳои дигари заминеро, ки дарахту бутта надорад, мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал муқаррар менамоянд.
Масъулияти ҷангалбарқароркунӣ ба души соҳибони фонди ҷангал гузошта мешавад.
Моддаи 39. Ҷангалбунёдкунӣ
Ҷангал дар замини бедарахти фонди ҷангал ба манзури дарахтзоркунии бештари масоҳат, пешгирии фарсоиши хок ва беҳсозии вазъияти экологӣ бунёд карда, барояш аз буҷет ва манбаъҳои дигар пул ҷудо карда мешавад.
Моддаи 40. Беҳтар кардани сифати ҷангал
Ба мақсади беҳтар намудани сифати ҷангал бо роҳи буридани шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон, нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ, ба манзури беҳдошт ҳамчунин бо роҳи ба ҷои дарахтони камқимат ва пир шинондани дарахтони пурқимат ва ниҳолҳои нав, аз ҷумла, барои кам кардани миқдори дарахтони пир, барои ҳосилхез кардани замин ва иҷрои корҳои дигар, ки ба афзудани маҳсулоти ҷангал кӯмак мекунанд, бояд чораҳо дида шаванд.
ФАСЛИ IV НИГАҲДОРӢ ВА ҲИФЗИ ҶАНГАЛ
БОБИ ХIII НИГАҲДОРӢ ВА ҲИФЗИ ҶАНГАЛ
Моддаи 41. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал
Ҳамаи ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз сӯхтор, ғайриқонунӣ буридани дарахтон, риоя накардани тартиби муқарраршудаи истифодаи ҷангал ва аз амали дигаре, ки ба ҷангал зарар мерасонад, ҳамчунин аз ҳашароти зарарноку касалиҳо нигаҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд.
Парвариши ҷангалҳои муҳофизаткунанда аз бунёди қитъаҳои ҷангалзори давлатӣ ва ниҳолшинонӣ ба манзури пешгирии равандҳои эрозияи замин аз боду об иборат аст (Қонун аз 15.05.97с. № 421).
Моддаи 42. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз сӯхтор
Иҷрои корҳои зайл ба зиммаи истифодабарандагони ҷангал гузошта мешавад:
ба тартиб овардани масоҳати ҷангал ба мақсади пешгирии сӯхтор;
риояи қоидаҳои аз сӯхтор эмин доштани ҷангал, пешгирии сарзадан ва паҳншавии сӯхтори ҷангал;
дар мавриди зарурат тоза кардани масоҳати оташгирифтаи ҷангал.
Маҷлиси вакилони халқ ва Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он дар роҳи аз сӯхтор ҳифз намудани ҷангал ва сӯхторнишонӣ тадбирҳо меандешанд, ҳар сол пеш аз оғози мавсими хавфи сӯхтор нақшаҳои амалии пешгирии сӯхтори ҷангалро, ки тадбирҳои мушаххаси сӯхторнишониро пешбинӣ менамоянд, тасдиқ мекунанд (Конун аз 5.01.2008 № 352).
Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми зарурат аҳолӣ, техникаи заминкан ва воситаҳои нақлиётро ба сӯхторнишонӣ ҷалб менамоянд, ҳамчунин дар давраи хавфи зиёди сӯхтор вориди ҷангал ва заминҳои дигар шудани аҳолӣ ва ба ҷангал даромадани воситаҳои нақлиётро, манъ мекунанд (Конун аз
5.01.2008 № 352).
Онҳо тартиботи доимии пешгирии сӯхтор, дар матбуот, тавассути садою симо мунтазам инъикос додани масъалаҳои риояи қоидаҳои аз сӯхтор эмин доштани ҷангалро ташкил менамоянд ҳамаи тадбирҳои оиди сӯхторнинониро дар қаламрави ноҳия танзим мекунанд.
Тартиби аз сӯхтор ҳифз намудани ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 43. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз харобкорӣ
Дар мавридҳои зайл чораҳои огоҳонию ошкоркунӣ ва пешгирии харобкории ҷангал ба зиммаи истифодабарандагони он гузошта мешаванд:
аз тарафи касе риоя нашудани тартибу қоидаҳои истифодаи ҷангал, ҳамчунин дар ҷангал ба ҷо овардани корҳое, ки ба истифодаи ҷангал иртибот надоранд;
дарахтбурии ғайриқонунӣ, нобуд кардан ва осеб расонидан ба дарахту бутаҳо, қаламчаю кӯчат, ҷинсҳои пурқимати навниҳол;
бо модаҳои кимиёвию радиоактивӣ, оби ганда, аҳлоту партовҳои корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои коммуналию маишӣ олуда сохтани ҷангал;
вайрон кардани тартиби истифодаи замини ҷангал;
хароб ва нобуд кардани аломатҳои маҳдудкунандаи сохт ва хоҷагии ҷангал;
нобуд кардани ҳайвонот;
амали дигари ҷангалвайронкунӣ.
Мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал тадбирҳои ҳифзи ҷангал ва пешгирии харобкориро амалӣ гардонида, истифодаи фонди экологиро ҷиҳати тараққии хоҷагии ҷангал таҳти назорат мегиранд;
дучори касалӣ шудани ҷангалро назорат мекунанд, хашароти зарароварро мекушанд ва касалиро пешгирӣ менамоянд;
қоида ва мӯҳлати шикорро дар ҷангал риоя менамоянд ва қуруқшиканиро пешгирӣ мекунанд.
Тартиби иҷрои тадбирҳои ҳифзи ҷангалро аз вайрон кардани қоидаҳои истифодаи ҷангал, аз нобуд ва олуда сохтан ва ба ҷангал расондани таъсири дигари манфӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ ХIV МУҲОФИЗАТИ ҶАНГАЛ
Моддаи 44. Умури муҳофизати ҷангал
Барои иҷрои бевоситаи тадбирҳои ташкилӣ, посбонӣ, тарғибӣ ва тадбирҳои дигари нигаҳдорӣ, ҳифзи ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умури давлатии муҳофизати ҷангал таъсис дода мешавад, ки умури муҳофизати ҷангали корхона, муассисаю ташкилотҳои хоҷагии ҷангалро дар бар мегирад.
Дар корхонаю ташкилотҳои хоҷагии ҷангал аз рӯи зарурат барои сӯхторнишонӣ дастаҳои сӯхторнишонӣ ва умуроти махсуси дорои воситаҳои муносиби техникӣ ташкил карда мешаванд.
Умури давлатии муҳофизати ҷангал дар асоси Низомномаи ҳифзи давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амал мекунад.
Моддаи 45. Ҳуқуқҳои умури ҳифзи ҷангал
Ба умури давлатии ҳифзи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, умури ҳифзи ҷангал ИИХҶ ("Тоҷикҷангал"), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчунин ба умури ҳифзи ҷангали колхозҳо ҳуқуқ дода мешавад, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намудани қоидаҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, қоидаҳои мувофиқи мақсад истифода намудани фонди давлатии ҷангал, тартиби истифодаи ҷангал, ҳамчунин амали дигареро, ки ба ҷангал зарар меоранд, пешгирӣ кунанд (Конун аз
5.01.2008 № 352).
ФАСЛИ V. ҶАНГАЛДОРӢ ВА КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ
БОБИ ХV. ҶАНГАЛДОРӢ
Моддаи 46. Вазифаи ҷангалдорӣ
Ҷангалдорӣ низоми тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки мақсад аз онҳо идораи оқилонаи ҷангал ва истифодаи он, таҷдиди самарабахш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, пеш гирифтани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар хоҷагии ҷангал мебошад.
Ҷангалдорӣ бояд шароити беҳтари ташкилию марзии фаъолияти ҷангалдориро таъмин намояд ва вазифаи муҳимтарини идораи фонди ягонаи давлатии ҷангал ба шумор меравад.
Моддаи 47. Моҳияти ҷангалдорӣ
Ҷангалдорӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:
муайян кардани ҳудуд ва ташкили дохилихоcагии мавзеи фонди ҷангал, ки дар ихтиёри корхона, муассисаю ташкилотҳо мебошад;
иҷрои корҳои топографию геодезӣ ва ба нақшагирии махсуси ҷангал;
рӯйхат кардани фонди ҷангал ва муайян намудани тартиби ҷинс ва синни дарахтон, вазъи онҳо, хусусияти захираҳои ҷангал аз нигоҳи сифат ва миқдор;
ошкор намудани қитъаҳое, ки ба буридани шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон ба манзури нигоҳубини дарахтон, дарахтбурӣ ба манзури беҳдошт ва дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани дарахтони аз нигоҳи хоҷагидорӣ камарзиш эҳтиёҷ доранд, заминҳое, ки барои таҷдиди ҷангал ва ҷангалбунёдкунӣ таъин гардидаанд ва муайян кардани усулҳои таҷдиди ҷангал, обёрӣ, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал ва тадбирҳои дигари хоҷагидорӣ, ҳамчунин муайян кардани тартибу усулҳои амалӣ намудани ин тадбирҳо;
асоснок кардани тақсими ҷангал ба гурӯҳҳою категорияҳои муҳофизатӣ ва таҳияи пешниҳод дар мавриди аз як гурӯҳу категория ба гурӯҳу категорияи дигар гузарондани ҷангал;
муайян кардани захираи ҷангал, ҳаҷми дарахтбурӣ ба манзури нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ ба манзури нав кардани дарахтони камарзиши ҷангал, дарахтбурӣ ба манзури беҳдошти ҷангал ва тарзҳои дигари истифодаи ҷангал;
муайян кардани ҳаҷми тадбирҳои ҷангалбарқароркунӣ ва ҷангалбунёдкунӣ, ҳифзи ҷангал аз сӯхтор, муҳофизати он аз ҳашарот ва касалиҳо, ҳамчунин ҳаҷми корҳои дигари ҷангалдорӣ;
муоинаи биологӣ ва муоинаву таҳқиқоти дигари ҷангал;
таҳти назорати муаллифон қарор додани лоиҳаҳои оиди ҷангалдорӣ, ҳамчунин амалҳои дигари ҷангалдорӣ.
Моддаи 48. Ташаккули ҷангалдорӣ
Ҷангалдорӣ бо ташаббуси мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал аз ҳисоби маблағи буҷети давлат сурат мегирад.
БОБИ ХVI КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ
Моддаи 49. Мазмуни кадастри давлатии ҷангал
Кадастри давлатии ҷангал ба мақсади гирифтани маълумоти аниқ дар бораи вазъи ҳуқуқию хоҷагии фонди ягонаи давлатии ҷангал гузаронда мешавад.
Кадастри давлатии ҷангал дар бораи ҷангалҳо ҷиҳати истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо, танзими ҷангалдорӣ ва арзёбии фаъолияти хоҷагӣ маълумот медиҳад.
Моддаи 50. Низоми ахбори оиди кадастри ҷангал
Низоми ахбори оиди кадастри ҷангал маълумоти зайлро дар бар мегирад:
ҳисоби давлатии фонди ҷангал;
ҳисоб ва арзиши моддии ҷангал.
Моддаи 51. Тартиби гузарондани кадастри давлатии ҷангал
Кадастри давлатии ҷангал аз ҳисоби маблағи буҷети давлат гузаронда мешавад.
Тартиби гузарондани кадастри давлатии ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
ФАСЛИ VI БАҲСҲОИ ОИД БА ҶАНГАЛ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНИ ҶАНГАЛ
БОБИ ХVII ҲАЛЛИ БАҲСҲОИ ОИД БА ҶАНГАЛ
Моддаи 52. Тартиби баррасии баҳсҳои оид ба ҷангал
Баҳсҳои оид ба ҷангал мувофиқи тартиби пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.
БОБИ ХVIII ҶАВОБГАРИИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНҲОИ ОИД БА ҶАНГАЛ
Моддаи 53. Эътибор надоштани муомилаҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатии ҷангалро халалдор мекунанд
Гузашти худсаронаи ҳуқуқи истифодаи ҷангал, ҳамчунин муомилаҳои дигаре, ки ҳуқуқи моликияти давлатии ҷангалро ошкоро ва ё ба таври ниҳонӣ халалдор мекунанд, эътибор надоранд.
Моддаи 54. Тарзҳои риоя накардани қонунҳои оид ба ҷангал ва ҷавобгарӣ барои ин амал
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои муомилаҳои дар моддаи 53-юми ҳамин Кодекс пешбинишуда, ҳамчунин барои амали зайл айбдоранд (Конун аз 5.01.2008 № 352):
ғайриқонунӣ буридани дарахтон, осеб расонидан ба дарахту бутаҳо;
нобуд кардан ва ё осеб расонидан ба ҷангал дар натиҷаи оташ задан ва ё беэҳтиётӣ нисбат ба оташ;
риоя накардани талабҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва қоидаҳои беҳдошти ҷангал;
осеб расонидан ё олуда сохтани ҷангал бо модаҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ бо партовҳои истеҳсолот ва оби ганда, ахлоту партовҳои корхонаҳои саноатӣ ва коммуналию маишӣ;
риоя накардани мӯҳлати пас додани замини муваққатан истифодашавандаи фонди ҷангал ва ё иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба ҳолати қобили истифодаи аслӣ овардани он;
нобуд кардан ва ё осеб расонидан ба дарахту бутаҳои ҷангал, ба кӯчату қаламчаҳои парваришгоҳҳои ҷангал, ҳамчунин ба ниҳолзорҳои худрӯй ва кӯчатшуда, ки ба мақсади барқарор намудани ҷангал пешбинӣ шудаанд;
риоя накардани тартибу мӯҳлати ниҳолшинонӣ дар заминҳои дарахтонашон буридашуда ва майдонҳои дигари бедарахту бутта;
бе иҷозат решакан кардани дарахтон, сохтани ҳар хел иморат, коркарди чӯб, хароб кардани замини ҷангал, қабати он ва ғайра;
худсарона даравидани алаф ва чаронидани чорво дар ҷангал ва дар замини бе дарахту буттаи фонди ҷангал;
худсарона чидани меваю чормағзи дарахтони худрӯй, занбуруғ ва ғайра дар қитъаҳое, ки чидани мева манъ аст ва ё фақат бо иҷозатномаҳои истифодаи ҷангал мумкин аст;
нобуд ва вайрон кардани аломатҳои маҳдудкунанда, ҷангалбунёдкунӣ ва хоҷагии ҷангал;
бе иҷозат доштан ва куштани ҳайвоноти ҷангал ва нобуд кардани набототи пурқимат;
барои нобуд кардан ё осеб расонидан ба наҳру ҷӯйборҳо, заҳбуру роҳҳои заминҳои Фонди давлатии ҷангал мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Конун аз
5.01.2008 № 352).
Моддаи 55. Мусодираи чӯб ва маҳсулоти дигари ғайриқонунӣ ба дастовардаи ҷангал, ҳамчунин баргардонидани замини ғайриқонунӣ ишғолнамуда
Чӯб ва маҳсулоти дигари ҷангал, ки ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст, бояд мусодира намуда, ба корхона, муассиса ва ё ташкилоти дахлдори хоҷагии ҷангал ва ё ба истифодабарандаи ҷангал супурда шавад, агар ҳуқуқи он риоя нашуда бошад.
Агар имконияти мусодираи маҳсулоти ғайриқонунӣ ба дастовардашуда набошад, арзиши панҷкаратаи он рӯёнда мешавад.
Замини худсарона ишғолкардаи фонди ҷангал ба соҳибонаш баргардонда, товони хароҷоти давраи истифодаи ғайриқонунии он пардохта намешавад.
Моддаи 56. Ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи риоя накардани қонуни ҷангал расидааст (Конун аз 5.01.2008 № 352)
Корхона, муассисаю ташкилотҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд ҳаҷми товони зиёнеро, ки дар натиҷаи риоя накардани қонуни ҷангал расидааст, аз рӯи тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд (Конун аз 5.01.2008 № 352).
Моддаи 57. Боздоштани истифодаи ҷангал дар мавриди риоя накардани тартиби истифодаи ҷангал
Мувофиқи қонуни ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тартиби истифодаи ҷангалро риоя накардани истифодабарандагони ҷангал истифодаи ҷангал мувофиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад.
Моддаи 58. Боздоштани корҳое, ки барои вазъ ва таҷдиди ҷангал хавф доранд
Дар мавридҳо ва мувофиқи тартибе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, кори муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо ба сабаби риоя нашудани тадбирҳои технологӣ, санитарӣ ва тадбирҳои дигари пешгирии сӯхтори ҷангал ва рафъи таъсири бад ба вазъи ҷангал ва таҷдиди он мумкин аст манъ ё боздошта шавад.
Моддаи 58 (1). Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур (Конун аз 5.01.2008 № 352)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани Кодекси мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Конун аз 5.01.2008 № 352).
ФАСЛИ VII ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛҚӢ
БОБИ ХIХ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛҚӢ
Моддаи 59. Шартномаҳои байналмилалӣ
Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналхалқӣ татбиқ мешаванд.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
аз 24 июни соли 1993 № 769 ш. Душанбе