Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 № 511 "Дар бораи хариди давлатии молу маҳсулот ва кору хизматрасониҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 168 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ВА КОРУ ХИЗМАТРАСОНИҲО

Ҳамин Қонун принсипҳои умумии ҳуқуқи ва иқтисодии хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳоеро, ки аз тарафи ашхоси ҳуқуқии воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, муқаррар манамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси

Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

"хариди давлати" - пурра ё қисман аз ҳисоби маблағҳои давлати харида шудани корҳо, расонидани молҳо ва пешниҳоди хизматрасониҳо;

"маблағҳои давлати" - манбаъҳои маблағгузорие, ки:

аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии тамоми сатҳҳо таъмин карда мешаванд;

маблағҳое, ки дар асоси созишномаҳои байналхалқи ҳамчун ёрии хориҷи пешниҳод мешаванд, ба шарте ки дар созишномаҳо тарзҳои дигари истифодаи маблағҳо пешбини нашуда бошанд;

маблағҳои қарзи кафолатнок ва таъминкардашуда, инчунин маблағҳое, ки арзиши онҳо аз буҷет таъмин карда мешавад;

"шартнома дар бораи харид" - шартнома (қарордод)-е, ки миёни ташкилоти харидор ва расонидани мол (пудратчи) дар натиҷаи ба ҷо овардани расмиёти харидори баста мешавад;

"харид" - аз тарафи ташкилоти харидор харида шудани молҳо (корҳо) ё хизматрасониҳо аз расонандагони мол (пудратчиён) бо тарзҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун;

"ташкилоти харидор"-мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхона, ташкилот ё муассисаи давлатие, ки дорои мақоми шахси ҳуқуқи буда, бо хариди молҳо (корҳо) ва хизматрасониҳо машғул аст;

"оферта" - пешниҳод дар бораи бастани шартномае (қарордоде), ки тамоми шартҳои муҳими онро дар бар мегирад;

"таъмини кафолатноки дархости тендери" - кафолатҳои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои қабулгардида, аз ҷумла кафолатҳои бонки, амонатҳо, эътиборномаҳои захирави, чекҳое, ки аз рӯи онҳо ягон бонк ӯҳдадории аввалияро ба зимма дорад, амонатҳо дар шакли маблағҳои нақд, векселҳои одди ва гузаранда, коғазҳои арзишнок, ки расонандаи мол, (пудратчи) ба ташкилоти харидор пешниҳод менамояд;

"молрасон (пудратчи)" - вобаста ба матн ҳар гуна тарафи қодир ё тарафи мушаххаси шартнома дар бораи харид, ки бо ташкилоти харидор баста шудааст;

"молрасони" - тамоми марҳилаҳои ҷараёни хариди ашёи хом, маҳсулоти тайёр, дастгоҳҳо ва дигар молҳо, ки ба ташкилоти харидор таҳвил дода мешавад;

"корҳо" - ҳар гуна кори вобаста бо лоиҳакаши, сохтмон, азнавсози, кӯчондан, таъмир ё таҷдиди биноҳо, иморатҳо ва иншоот, аз ҷумла тайёр намудани майдончаи сохтмон, кофта баровардани хок, сохтан, васл кардан ва ба кор омода намудани дастгоҳҳо ё мавод, пардоз додан ва корҳои пардоздиҳи, инчунин хизматрасониҳои иловагии сохтмони, монанди пармакуни, корҳои геодези, аксбардории кайҳони, тадқиқоти сейсмологи ва дигар хизматрасониҳое, ки тибқи шартнома дар бораи харид пешниҳод мешаванд, ба шарте ки арзиши ин хизматрасониҳо аз арзиши худи сохтмон бештар набошад;

"тендер" - пешниҳод доир ба молрасони, расонидани хизматҳо, анҷом додани корҳо ҳангоми гузаронидани савдо;

"молҳо" - маҳсули меҳнат дар шаклу тасвирҳои мухталиф, аз ҷумла ашёи хом, маснуот, дастгоҳҳо ва мавод дар шакли сахт, моеъ дар ҳолати газшакл, қувваи барқ, инчунин хизматрасониҳои илова ва молгузори, ба шарте ки арзиши чунин хизматрасониҳои иловаги аз арзиши худи молҳо бештар набошад;

"хизматрасониҳо" - ҳар гуна маводи харид ба ғайр аз молҳо ва корҳо.

Моддаи 2. Ҳадафҳои Қонуни мазкур

Ҳадафҳои Қонуни мазкур аз:

- таъмини истифодаи аз ҷиҳати иқтисоди самаранок ва лозимии маблағҳои давлатие, ки ба хариди молҳо, иҷрои корҳо ва расонидани хизматҳо барои эҳтиёҷоти давлати равона шудаанд;

- иҷрои дурусти вазифаҳо ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иҷтимои ва иқтисодии умумидавлати;

- васеъ намудани иштирок ва инкишофи рақобат миёни молрасон;

- (пудратчиён)-и ҳам ватани ва ҳам хориҷи дар ҷараёни амали намудани харид иборатанд.

Моддаи 3. Мавзӯи танзим

Ҳамин Қонун хариди молҳо (кору хизматрасониҳо)-еро, ки қисман ё пурра аз ҳисоби маблағҳои давлати анҷом дода мешавад, танзим менамояд.

Ҳамин Қонун харидҳои вобаста ба амнияти давлати ва мудофиа, ҳимояи сирри давлати, инчунин харидҳои вобаста ба офатҳои табиатро, ки принсипҳои ташкили онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, танзим наменамояд.

Моддаи 4. Шароити ҳимояи бозори худи

Дар сурати ба теъдоди кофи мавҷуд будани довталабон дар мавриди расонидани молҳо ва (кору хизматрасониҳо) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти харидор ҳақ дорад, ки бо иштироки молгузорон (пудратчиёч)-и дохили дар расмиёти харид қаноат намояд.

Агар хизматрасониҳо ё корҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашаванда мавзӯи харид бошанд, ташкилоти харидор ҳақ дорад, ки иҷрои тамоми корҳоро аз ҷониби корхонаи ватани бо истифода аз ашёи хом ва маҳсулоти ватани талаб намояд.

Дар сурати истифодаи маҳдудият дар асоси мансубияти давлати ташкилоти харидор то оғози расмиёти харид ба иштироккунандагон изҳороти дахлдорро мерасонад. Ин изҳорот оид ба истифодаи чунин маҳдудият тағйир дода намешавад.

Дар сурати истифодаи маҳдудият дар асоси мансубияти давлати, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муайян намудани омилҳои зерин қоидаҳои ӯҳдадориҳои байналхалқиро дастури амал қарор медиҳад:

а) категорияҳои молрасоние (кору хизматрасони), ки ба онҳо маҳдудияти мувофиқи мансубияти давлати татбиқ мегардад;

б) меъёрҳое, ки дар асоси онҳо мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мақоми ваколатдор) маҳдудиятро мувофиқи мансубияти давлати тасдиқ ё бекор менамояд;

в) тартиби истифодаи маҳдудият мувофиқи мансубияти давлати ҳангоми анҷом додани хариди давлати, аз ҷумла маҳдудиятҳое, ки дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбини шудаанд.

Дар сурати қабули қарор оид ба маҳдуд кардани иштирок дар асоси мансубияти давлати тамоми ӯҳдадориҳое, ки дар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба эътибор гирифта мешаванд.

Ба молрасонҳо ва пудратчиёни ватанию хориҷи, агар онҳо аз иштирок дар хариди давлати маҳрум карда нашуда бошанд, барои иштирок дар расмиёти харид бояд тибқи муқаррароти ҳамин Қонун имкониятҳои баробар фароҳам оварда шаванд.

Моддаи 5. Шартҳои маҳрум намудан аз иштирок дар хариди давлати

Қарор оид ба маҳрум намудани довталабон аз иштирок дар расмиёти хариди давлати дар ҳолатҳое қабул карда мешаванд, ки агар:

Молрасонҳо (пудратчиён) ҳатто як шартномаи хариди давлатиро дар давоми се соли пеш аз оғози расмиёти харид ба таври лозими иҷро накарда бошанд;

Молрасонҳо (пудратчиён) дар ҷараёни муфлисшави қарор дошта бошанд ё муфлис эълон шуда бошанд;

Молрасонҳо (пуратчиён) аз рӯи андозҳо, пардохтҳо ба фонди суғуртаи иҷтимои ва дигар пардохтҳои ҳатми қарз дошта бошанд.

Моддаи 6. Маҳдудиятҳое, ки бо ҳамин Қонун ҷори карда мешаванд

Иштироки маъмурони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун молрасонҳо (пудратчиён) ҳангоми харид, ки бо қонунҳо танзим карда мешаванд, манъ аст. Оид ба харид миёни онҳо ва муассисаҳое, ки маъмурии давлати бо онҳо ҳамкори доранд ё ки намояндагони муассисаҳои мазкур мебошанд ё аъзои мақомоти роҳбарикунандаи онҳо мебошанд, шартномаҳо баста намешаванд.

Шахсе ки:

бо молрасон (пудратчи), бо намояндаи ҳуқуқии вай ё ашхоси мансабдори он робитаи оилави ё робитаи мустақими хешутабори дорад;

дар тӯли се соли гузашта маъмур ё шахси мансабдори ягон молрасоне (пудратчие) буд, ки дар расмиёти харид иштирок менамояд;

наметавонад ташкилоти харидорро намояндаги намояд, вазифаҳои дигар вобаста ба расмиёти харид ё вазифаҳои машваратчиро вобаста ба расмиёти харид иҷро намояд.

Ташкилоти харидор наметавонад бо молрасон (пудратчи)-и бо ширкати асоси ё филиал робита доштае, ки машваратчии он барои таҳияи номгӯй ё ҳуҷҷатҳои тендер ба шартнома доир ба харид масъул аст, шартномаи харид бандад.

Рад кардани дархости тендери, пешниҳодҳо, оферта ва ё нархмони тибқи моддаи мазкур ва сабабҳои он дар протокол оид ба расмиёти харид инъикос мешавад ва бетаъхир ба молрасон (пудратчи)-и дахлдор хабар дода мешавад.

Моддаи 7. Талаботи тахассусие, ки ба молрасонҳо (пудратчиён) пешниҳод карда мешаванд

Барои иштирок дар расмиёти харид молрасонҳо (пудратчиён) бояд чавобгӯи талаботи тахассуси зерин бошанд:

онҳо бояд дорои салоҳияти касби, ҳуқуқи ва техники, таҷриба ва мақом, захираҳои молияви, дастгоҳҳо ва дигар имкониятҳои модди бошанд;

онҳо бояд қобили пардохт бошанд, набояд муфлис бошанд ва фаъолияти тиҷоратии онҳо боздошта нашуда бошад;

ӯҳдадориҳои онҳо аз рӯи пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иҷро шуда бошанд;

худи онҳо, инчунин идоракунанда ё маъмурони онҳо барои ягон навъ ҷиноят вобаста ба фаъолияти касбии онҳо, додани маълумоти бардуруғ, таҳрифи далелҳо, ба иштибоҳ андохтан дар мавриди маълумоти тахассусии онҳо бо мақсади бастани шартнома оид ба харид дар тӯли панҷ соли пеш аз оғози расмиёти харид маҳкум нашуда бошанд;

онҳо бояд ваколатдори бастани шартнома бошанд.

Бо дарназардошти ҳуқуқи молрасонҳо (пудратчиён) ба ҳимояи моликияти зеҳни ё сирри тиҷоратии худ ташкилоти харидор метавонад аз молрасонҳо (пудратчиён)-и иштироккунандаи расмиёти харид талаб намояд, ки онҳо исботи ҳуҷҷати ё дигар ахбороти тасдиқкунандаи онро, ки маълумоти молрасонҳо (пудратчиён)-и мазкур ба талаботи тахассусии дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда мутобиқанд, пешниҳод намоянд.

Талаботи тахассусие, ки тибқи ҳамин модда муқаррар карда шудаанд, дар асноди қабл аз санҷиш (дар сурати гузаронидани расмиёти қабл аз санҷиш) ва асноди тендер ё дигар санадҳои оид ба ҷалби пешниҳодҳо, офертҳо ё нархмониҳо дарҷ мегарданд. Низомномаи расмиёти қабл аз санҷишро мақоми ваколатдор тасдиқ мекунад.

Ташкилоти харидор набояд меъёрҳо, талабот ва ё тартиботеро, ки ҳуқуқи молрасонҳо (пудратчиён)-ро поймол мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи чоруми ҳамин Қонун зикргардида муқаррар намояд.

Ташкилоти харидор бо мувофиқаи мақоми ваколатдор молрасон (пудратчи)-ро аз иштирок дар расмиёти харид дар ҳолатҳое, ки:

молрасон (пудратчи) оид ба маълумоти тахассусии худ дидаю дониста маълумоти бардуруғ дода бошад;

молрасон (пудратчи) ҷавобгӯи талаботи тахассуси набошад, маҳрум месозад.

Моддаи 8. Иштироккунандагони расмиёти харид

Иштироккунандагони асосии расмиёти харид инҳо мебошанд:

- ташкилотҳои харидор;

- комиссияҳои тендери;

- молрасонҳо (пудратчиён).

Ташкилотҳои харидор метавонанд инҳо бошанд:

а) ташкилотҳои буҷети, мақомот ва корхонаҳои давлати;

б) хадамоти коммуналие, ки аз ҳисоби буҷети маҳалли маблағгузори мешаванд;

в) мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлати ва мақомоти худидори;

г) фондҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои давлати ташкил ёфтаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад дигар мақомоти аз маблағҳои давлати истифодакунандаеро, ки амали ҳамин Қонун ба онҳо татбиқ мешавад, муқаррар намояд.

Дар ҳолате ки агар якчанд ташкилоти харидор хоҳиши хариди давлатии вобаста ба як ашёи харидориро дошта бошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад, мақоми мушаххаси идораи давлатиро барои анҷом додани расмиёти харид ва иҷрои хариди якҷоя аз номи ташкилотҳои зикршудаи харидкунанда муқаррар намояд.

Иштроккунандагони расмиёти харид вазифадоранд, принсипи пӯшида будани иттилооти пешниҳодшаванда ва истифодашавандаеро, ки дорои сирри тиҷорати ё дигар сирри бо Қонун ҳифзшаванда мебошанд, риоя кунанд.

Моддаи 9. Мақоми ваколатдори харид

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори харидро, ки сиёсати умумидавлатии хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳоро амали менамояд, муайян мекунад.

Вазифаҳои асосии мақоми ваколатдор иборатанд аз:

- таҳияи заминаи меъёрию ҳуқуқи барои фаъолияти низоми хариди давлати, ки тартиб ва расмиёти харид, бастани шартномаҳо ва пардохтҳоро аз рӯи онҳо дар бар мегирад;

- ҳамоҳангсози ва танзими хариди молҳо (кору хизматрасониҳо) аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати, қарзҳои хориҷи мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорат аз болои риоя гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлати аз тарафи ташкилотҳои харидор;

- мусоидат ба ташкилотҳои харидор дар хариди молҳо (кору хизматрасониҳо), аз ҷумла омӯзонидани ҳайати кормандон доир ба расмиёти харид ва расонидани ёрии машварати;

- тасдиқ намудани расмиёти харид;

- анҷом додани дигар ваколатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун.

Моддаи 10. Комиссияи тендери

Дар ҳолатҳо ва ба тартиби пешниҳоднамудаи қонунгузори мақомоти ваколатдор ҳамроҳ бо ташкилотҳои манфиатдор комиссияи тендериро ташкил менамояд.

Комиссияи тендери вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- квалификатсияи қаблии довталабонро анҷом медиҳад, таҳия ва нашри санадҳои тендериро ташкил намуда, пешниҳодҳоро оид ба тағйир ва тартиботи ин санадҳо пешкаш намуда, довталабонро бо санадҳои тендери ошно карда, фаҳмонда медиҳад;

- ҷамъовари, нигаҳдори ва нархгузории дархостҳои тендерии пешниҳодгардидаро таъмин менамояд, оферт ва ё нархмони мекунад;

- ғолибро муайян менамояд ё дар асоси натиҷаҳои расмиёти харид қарори дигар қабул мекунад;

- дар воситаҳои ахбори умум ҳисоботи натиҷаҳои савдоро нашр менамояд.

Ба ҳайати комиссияи тендери на камтар аз се нафар дохил мешаванд. Музди комиссияи кори ва шахсони ба фаъолияти комиссияи тендери ҷалбшударо тарафи харидор ва ё бо супориши он тарафи ташкилкунандаи савдо дар асоси қарордодҳои басташаванда пардохт менамояд.

Моддаи 11. Довталаб

Молрасон (пудратчи) аз лаҳзаи муроҷиат ба комиссияи тендери бо ариза дар бораи ширкат дар савдо мақоми довталабро мегирад. Мақоми довталаб дар ҳолатҳои зерин беэътибор мегардад:

- бо хоҳиши довталаб - дар ҳар лаҳзаи давраи омодаги;

- дар сурати нагузаштан аз квалификатсияи қалби;

- таъмин накардани замонати аризаи тендери ҳангоми пешниҳоди он;

- дар натиҷаи вайрон кардани Қонуни мазкур ё шартҳои савдо аз ҷониби довталаб.

Довталаб ҳақ дорад:

- аз комиссияи тендери оид ба шарту шароит ва тарзи гузаронидани харид маълумоти пурра гирад;

- ба ташкилоти харидор, ташкилкунандагони савдо ва ё ба комиссияи тендери бо хоҳиши ба таъхир андохтани пешниҳоди оферт дар шакли хатти муроҷиат намояд. Қарори батаъхирандози аз ҷониби ташкилоти харидоркунанда қабул карда мешавад.

Барои иштирок дар савдо довталаб бояд санадҳои зеринро пешкаш намояд:

- ариза барои иштирок дар савдо;

- нусхаи санади пардохт, ки ворид гардонидани таъминоти замонатии аризаи тендериро тасдиқ менамояд (дар ҳолате ки он дар санади тендери пешбини шуда бошад).

Моддаи 12. Оферент

Аз лаҳзаи бақайдгирии оферт довталаб ба мақоми оферент соҳиб мегардад.

Uолиби савдо ҳақ дорад бо ташкилоти харидорикунанда мутобиқи шартҳои офертаи пешниҳоднамудааш, ки дар асоси санадҳои тендери тартиб дода шудааст, қарордод бандад.

Моддаи 13. Усулҳои хариди давлати

Усулҳои асосии хариди давлати савдои ташкилнамудаи мақомоти ваколатдор бо иштироки маҳдуд ё номаҳдуд ба ҳисоб мераванд. Интихоби усулҳои дигар аз тарафи ташкилоти харидорикунанда бо мувофиқаи мақоми ваколатдор сурат мегирад.

Мақоми ваколатдор усулҳои дигари хариди давлатиро тартиб ва тасдиқ менамояд.

Моддаи 14. Савдо бо иштироки маҳдуд ва номаҳдуд

Ҳангоми гузаронидани савдо бо иштироки номаҳдуд молрасонҳо (пудратчиён), хоҳишмандони иштирок дар маросими харид ҳақ доранд бе маҳдудият аризаҳои тендериро пешкаш намоянд.

Савдо бо иштироки маҳдуд дар ҳолатҳое барпо мегардад, ки агар:

хароҷоти зарури барои барраси ва нархгузории шумораи зиёди аризаҳои тендери бо арзиши молҳои харидоршаванда (корҳо) ё хизматрасониҳо муқоисашаванда бошад;

молҳо (корҳо) ва ё хизматрасониҳо аз рӯи сатҳи мураккабии техникиашон ва ё хусусиятҳои махсусашон танҳо дар ихтиёри доираи маҳдуди молрасонҳо (пудратчиён) бошанд.

Ҳангоми гузарондани савдо бо иштироки маҳдуд тарафи харидор аризаҳои тендериро аз ҳамаи молрасонҳо (пудратчиён), ки метавонанд молҳои харидоршавандаро (корҳо ва ё хизматрасониҳо)-ро пешниҳод намоянд, ҷалб кунад ва шумораи зарурии молрасонҳо пудратчиёнро барои таъмини рақобат ба мақсади ҷалби аризаҳои тендерии онҳо интихоб кунад.

Тартиби пешниҳод ва мазмуни санадҳои тендери, инчунин корҳои вобаста ба он аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқ мешавад.

Моддаи 15. Қарордодҳои хариди давлати

Тартиби бастан, ворид кардани тағйирот ва беэътибор донистани мазмуни қарордодҳои хариди давлати бо низомномаҳои дахлдоре, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқ мегарданд, муайян карда мешаванд.

Моддаи 16. Ҳаққи шикоят.

Иштирокчиёни маросими савдо то аз ҷониби комиссияи тендери баровардани қарор дар бораи интихоби суратгирифта ҳақ доранд, ба комиссияи тендери шикоят кунанд.

Ҳар гуна қарори комиссияи тендери метавонад аз ҷониби иштирокчиёни маросими харид дар мӯҳлати 10 рӯз пас аз нашри эълон дар бораи натиҷаҳои маросими харид таҳти шикоят ба ташкилоти харидкунанда қарор гирад. Пас аз гузаштани ин мӯҳлат шикоятҳои ба ташкилоти харидкунанда пешниҳоднамудаи молрасонҳо (пудратчиён) мавриди барраси қарор дода намешаванд.

Инҳо таҳти шикоят қарор намегиранд:

интихоби усули харид;

интихоби тартиби гузаронидани маросими харид;

маҳдудияти маросими харид дар асоси мансубияти давлати мутобиқ бо талаботи Қонуни мазкур.

Молрасон (пудратчи) ё ҳар гуна мақомоти давлатие, ки манфиатҳояш поймол шудаанд ё мумкин аст дар натиҷаи шикоят поймол шаванд, ҳаққи иштирок дар маросими шикояткуниро дорад.

Молрасон (пудратчи)-е, ки дар чунин маросим иштирок накардааст минбаъд аз ҳаққи додани чунин шикоятнома маҳрум мегардад.

Моддаи 17. Фаъолияти ташкилотҳои харидкунанда

То лаҳзаи имзои қарордод дар бораи харид молрасон (пудратчи) ҳақ дорад, ба ташкилоти харидкунанда дар шакли хатти бо овардани сабабҳои он шикоят кунад. Ташкилоти харидкунанда ҳаққи дида баромадани шикоятро пас аз эътибор пайдо кардани қарордод доир ба харид надорад.

Шикоят метавонад дар муддати 10 рӯз аз он рӯзе, ки молрасон (пудратчи) дар бораи шароите огоҳ гардида ва ё бояд огоҳ мегардид, ки метавонист барои додани шикоятнома асос гирад, пешкаш гардад.

Ташкилоти харидкунанда шикоятро дар мӯҳлати 7 рӯз аз рӯзи пешкаш гардидани он дида мебарояд.

Аз рӯи натиҷаҳои дида баромадани шикоят ташкилоти харидкунанда қарорҳои хаттиеро содир мекунад, ки дар он ҳолатҳои зерин нишон дода шудаанд:

- асоснок кардани сабабҳои қабули қарор;

- тадбирҳои барои қонеъ сохтани талаботи зикршуда равона гардида дар ҳолати пурра ва ё қисман қонеъ гардидани шикоят.

Дар ҳолате ки агар дар мӯҳлати дар қисми сеюми моддаи мазкур муқарраргардида қарори ташкилоти харидкунанда содир нагардида бошад ё ин ки молрасон (пудратчи) аз қарори қабулгардида қонеъ нашавад он ҳаққи шикоят аз тариқи мақомоти ваколатдор ё судиро дорад. Аз лаҳзаи додани чунин шикоятнома баррасии баҳс аз доираи салоҳиятҳои ташкилоти харидкунанда берун хоҳад шуд.

Тартиби дида баромадани шикоятнома аз ҷониби мақомоти ваколатдор бо Низомномаи дахлдори ин мақомот муайян мегардад.

Моддаи 18. Боздоштани маросими харид

Дар сари вақт додани шикоятнома мутобиқ ба моддаҳои 18-19-и Қонуни мазкур маросими харидро ба мӯҳлати то 10 рӯз бозмедорад, ба шарте ки чунин шикоят асоснок бошад ва дар он мавҷудияти чунин як далел тасдиқ гардад, ки агар маросими харидори боздошта нашавад молрасон (пудратчи) зарар хоҳад дид ва имконияти қонеъ сохтани ин шикоят мавҷуд аст, агар қарори қабулшуда дар бораи боздоштан ба ташкилоти харидкунанда ва дигар молрасон (пудратчи) зарари қобили мулоҳиза наоварад.

Агар қарордод имзо гардад, додани шикояти саривақт мутобиқ бо моддаи 19 Қонуни мазкур иҷрои ин қарордодро ба мӯҳлати то 10 рӯзи тақвими боз медорад, ба шарте ки ин шикоят ба талаботи дар қисми аввали моддаи мазкур пешбинигардида ҷавоб диҳад.

Мақоми ваколатдор ҳақ дорад, мӯҳлати боздоштаро мутобиқ бо қисми аввал ва дуюми моддаи мазкур бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои молрасон (пудратчи)-е, ки шикоят кардааст ва ё даъво дорад то хатми маросими шикоят дароз намояд, ба шарте ки мӯҳлати умумии боздошт аз 30 рӯз бештар набошад.

Боздошт мутобиқ бо моддаи мазкур дар сурате истифода намегардад, ки агар бо мувофиқати мақоми ваколатдор ташкилоти харидкунанда изҳор намояд, ки манфиатҳои давлати идомаи маросими харидориро талаб мекунад. Аризаи тарафи харидкунанда, ки дорои талабҳои асоснок барои идомаи маросими харидорист, бо протокол ба маросими харид ҳамроҳ карда шуда, таҳти шикоят ба ҷуз аз тариқи суди қарор намегирад. Ҳар гуна қарори аз ҷониби ташкилоти харидкунанда мутобиқ бо моддаи мазкур қабул гардида ва дорои асос барои қабули он бо протокол оид ба маросими харид ҳамроҳ карда мешавад.

Моддаи 19. Шикоят аз тариқи суди

Баҳсҳо байни молрасонҳо (пудратчиён) ва ташкилоти харидкунанда, ки ҳангоми маросими харидори рӯй медиҳад, инчунин қарорҳои ташкилотҳои харидкунанда ва мақоми ваколатдор, ки мувофиқи моддаҳои 16-17 Қонуни мазкур қабул шудаанд, аз тариқи суд ба тартиби пешбинигардида дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси мегарданд.

Моддаи 20. Қарордодҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар бо қарордоди байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигаре муқаррар шуда бошанд, ки бо қоидаҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва ё санадҳои ҳуқуқи оид ба харид мувофиқат намекунанд, қоидаҳои қарордоди байналхалқи истифода мешаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 12 декабри соли 1997 № 511