×

Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

аз 1 сентябри соли 2022 бо Кодекси манзили ҶТ аз 18.03.2022 №1852 аз эътибор соқит дониста шуд

КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ба манзил

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ба манзил ҳуқуқ дорад.

Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлати, ҷамъияти, кооперативи ва инфироди (шахси) ва ҳифзи он татбиқ мегардад.

Қонун ҳама гуна амалро, ки барои татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил монеъ мегардад, манъ мекунад.

Моддаи 2. Вазифаҳои қонунҳои манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои қонунҳои манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими масъалаҳои манзил бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил мутобиқи кафолатҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мунсоиб ва ҳифзи фонди манзил, инчунин мустаҳкам намудани қонуният дар соҳаи муносибатҳои манзил мебошанд.

Моддаи 3. Қонунҳои манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муносибати манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди меъёри танзим мегардад.

Моддаи 4. Фонди манзил

Фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои истиқомати, хонаҳои истиқомати, инчунин дигар биноҳое, ки пас аз қабул ба истифода ва ба қайдгирии қонуни тибқи муқаррароти қонун ба фонди манзил дохил шудаанд, ташкил медиҳад.

Ба фонди манзил хонаҳои дар биноҳои ғайриистиқомати воқеъгардида, ки барои зарурати савдо, маиши ва дигар эҳтиёҷоти ғайрисаноати пешбини шудаанд, дохил намешаванд.

Моддаи 5. Навъҳои фонди манзил

Ба фонди манзил инҳо дохил мешаванд:

1) Фонди манзили давлати - бино ва хонаҳои истиқомати дар биноҳои марбути давлати;

2) Фонди манзили ҷамъияти - бино ва хонаҳои истиқомати дар биноҳои марбути колхозу ташкилотҳои кооперативи, иттиҳодияҳо, иттифоқҳои касаба ва дигар созмонҳои ҷамъияти;

3) Фонди манзили кооперативҳои манзилу сохтмон - хонаҳои истиқоматии мансуби кооперативҳои манзилу сохтмон;

4) Фонди манзили инфироди - хонаҳои истиқомати (квартираҳое), ки моликияти шаҳравандон мебошанд, инчунин биноҳои истиқоматии хусусигардонидашуда, ки дар фондҳои манзили давлати ва кооперативи воқеанд.

Ба фонди манзил инчунин биноҳое дохил мешаванд, ки марбути иттиҳодияҳои давлатию колхози ва дигар иттиҳодияҳои давлатию кооперативи, ташкилоту корхонаҳо мебошанд.

Нисбати чунин фондҳои қоидаҳои барои фонди истиқоматии ҷамъияти муқарраргардида татбиқ мегардад.

Моддаи 6. Фонди манзили давлати

Фонди манзили давлати таҳти идораи мақомоти ҳокимияти маҳалли (ҳукуматҳо) ва вазорату кумитаҳои давлати, идораю корхона ва ташкилоту муассисаҳо (фонди манзили идори) қарор доранд.

Моддаи 7. Таъиноти биноҳои истиқомати ва хонаҳои истиқомати

Бино ва хонаҳои истиқомати тибқи тартиби муайяннамудаи қонунҳо барои истиқомати шаҳрвандон, инчунин барои ҳамчун биноҳои истиқоматии хизмати ва хобгоҳҳои умуми истифода намудани онҳо пешбини шудаанд.

Истифодаи бино ва хонаҳои истиқомати ба мақсади ғайриистиқомати манъ аст.

Моддаи 8. Аз фонди манзил баровардани бино ва хонаҳои истиқомати

Ҳолати биноҳои истиқоматии фонди давлати ва ҷамъиятии манзил ҳар сари чанд вақт санҷида мешавад. Мӯҳлат ва тартиби санҷиши ҳолати биноҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Биною хонаҳои истиқоматие, ки минбаъд барои истиқомат ба кор намеоянд, аз нав таҷҳизонида шуда, ба мақсадҳои дигар истифода мегарданд ва ё чунин биноҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳру ноҳияҳо вайрон карда мешаванд.

Моддаи 9. Ба қатори биною хонаҳои ғайриистиқомати гузаронидани биною хонаҳои истиқомати

Биною хонаҳои истиқоматии барои зиндаги муносибро дар фондҳои манзилу давлатию ҷамъияти чун қоида ба қатори биноҳои ғайриистиқомати гузаронидан мумкин нест.

Дар мавридҳои истиснои биною хонаҳои истиқомати бо қарори мақомоти дар қисми 2 моддаи 8 Кодекси мазкур зикршударо ба қатори биноҳои ғайриистиқомати гузаронидан мумкин аст. Ба қатори биною хонаҳои ғайриистиқомати гузаронидани фонди манзили идораю ҷамъияти бо пешниҳоди вазорату кумитаҳои давлати, идораю мақомоти Марказии ташкилотҳои ҷамъиятии дахлдор анҷом дода мешавад.

Биною хонаҳои истиқоматии колхозҳо бо қарори маҷлиси умумии аъзоёни колхоз ва ё маҷлиси вакилон ба қатори биноҳои ғайриистиқомати гузаронида мешаванд.

Ба қатори биноҳои ғайриистиқомати гузаронидани фонди манзили кооперативҳои манзилу сохтмон иҷозат дода намешавад. Ба қатори биноҳои ғайриистиқомати гузаронидани баъзе манзилҳои алоҳида дар биноҳои кооперативҳои манзилу сохтмон бо қарори маҷлиси умумии аъзоёни КМС ва тасдиқи минбаъдаи ин қарор аз тарафи мақоми маҳаллии ҳокимияти иҷроия сурат мегирад.

Моддаи 10. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муқарраргардида дар биноҳои фонди манзили давлати ё ҷамъияти ва ё дар кооперативҳои манзилу сохтмон хона гиранд.

Хонаи истиқомати аз биноҳои фонди манзили давлати, ҷамъияти, инчунин кооперативҳои манзилу сохтмон, барои шаҳрвандон ба истифодаи бемӯҳлат дода мешаванд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои истиқоматии шахси, қисми хона ё квартираҳо дар биноҳои фонди давлати ва ҷамъияти дошта бошанд.

Ҳеҷ касро бидуни асос ва хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо аз хонаи ишғолнамудаашон берун кардан ва ё маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодаи манзил аз ҷониби онҳо мумкин нест.

Татбиқи ҳуқуқи манзил хилофи таъиноти он ё бо вайрон намудани ҳуқуқи дигар шаҳрвандон, инчунин ҳуқуқҳои ташкилотҳои давлатию ҷамъияти манъ аст.

Моддаи 11. Вазифаҳои шаҳрвандон оид ба манзил

Шаҳрвандон вазифадоранд, ки хонаи истиқоматиашонро эҳтиёт кунанд, онро мутобиқи таъиноташ истифода баранд, қоидаҳои истифодаи манзил ва зисту зиндагониро мутобиқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намоянд, инчунин пардохти сари вақти ҳаққи манзил ва хизматрасонии коммуналиро ба ҷо оранд.

Биною хонаҳои истиқоматиро шаҳрвандон ҳақ надоранд ба зарари манфиатҳои давлат ва ҷамъият истифода баранд.

Талаботи пешбининамудаи қонунҳоро оид ба вазъи санитарию гигиени, экологи ва меъморию шаҳрсози ва зидди сӯхтор ба ҷо оранд.

Ҳудуди назди биноҳоро бе зарар расонидан ба манфиати дигар шаҳрвандон ва ҷамъият истифода баранд.

Шахсоне, ки ӯҳдадориҳояшонро оиди дуруст истифода бурдани фонди манзил иҷро намекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҷавобгари қарор мегиранд.

Моддаи 12. Салоҳияти Ҳукумат дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба манзил

Мутобиқи Қонун дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба манзил масъалаҳои зайл дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

1) таъмини танзими ягонаи қонунии муносибатҳои вобаста ба манзил;

2) роҳбарии умумии хоҷагии манзили ҷумҳури;

3) муқаррар намудани асосҳои умумии ташкил ва фаъолияти мақомоти идораи давлатии хоҷагии манзил;

4) тасдиқи вазифаҳои барномавии (нақшавии) таъмири асосии фонди истиқоматии ҷумҳури;

5) пешбурди сиёсати ягонаи техники дар соҳаи таъмири фонди манзил;

6) муқаррар намудани меъёрҳои масрафи захираҳои молиявию модди барои истифода ва таъмири фонди манзил аз тарафи вазорату кумитаҳои давлати ва идораҳои ҷумҳури;

7) муқаррар намудани тартиби ягонаи баҳисобгирии давлатии фонди манзил;

8) муқаррар намудани тартиби баҳисобгирии шаҳрвандрне, ки ба бехтар кардани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, додани хонаҳои истиқомати ва истифодаи он;

9) муқаррар намудани андозаи ҳаққи манзил ва имтиёзи пардохт ҳаққи манзил ва хизматрасонии коммунали;

10) муқаррар намудани қоидаҳои асосии ташкил ва фаъолияти кооперативҳои манзилу сохтмон;

11) назорати давлатии истифода ва эҳтиёти фонди манзил ва муқаррар намудани тартиби татбиқи он;

12) муқаррар намудани қоида ва меъёрҳои истифодаи биноҳои истиқомати ва қоидаҳои истифодаи минтақаҳои назди бинои истиқомати;

13) ҳалли дигар масъалаҳои дорои аҳамияти ҷумҳурияви дар соҳаи истифода ва таъмини муҳофизати фонди манзил мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 13. Ваколатҳои маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе оид ба истифода ва таъмини муҳофизати фонди манзил

Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) ба хоҷагиҳои манзили дорои аҳамияти вилояти роҳбари мекунанд ва вазифаҳои планиро оид ба рушди хоҷагии манзили вилоят тасдиқ мекунанд;

2) ба муҳофизат, истифодаи дуруст, гузаронидани таъмири асоси ва ҷории фонди манзили тобеи мақомоти ҳокимияти маҳаллии иҷроия назорат мекунанд;

3) ба ҳолат ва истифодаи фонди манзили идори ва ҷамъияти, нигаҳдошти биноҳои кооперативҳои манзилу сохтмон ва хонаҳои хусусии шаҳрвандонро назорат мекунанд;

4) ба ҳолати баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманди беҳтар кардани шароити манзил, инчунин дурустии тақсими манзил ва додани хонаҳои истиқомати назорат мекунанд;

5) масъалаҳои дигари соҳаи истифода ва таъмини муҳофизати фонди манзилро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл менамоянд.

Моддаи 14. Ваколатҳои маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри, ноҳияви, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба истифода ва таъмини муҳофизати фонди манзил

Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри, ноҳияви, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) ба хоҷагиҳои манзили тобеъашон роҳбари мекунанд;

2) вазифаҳои плании тараққии хоҷагии манзили ноҳия, шаҳр ва ноҳияҳои шаҳр, шаҳрак ва деҳотро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунанд;

3) ҳолати дурусти техникии гузаронидани таъмири асоси ва ҷории фонди манзили тобеъашонро назорат мекунанд;

4) ба ҳолат ва истифодаи фонди манзили идори ва ҷамъияти, нигаҳдошти биноҳои кооперативҳои манзилу сохтмон ва хонаҳои шахсии шаҳрвандон назорат мекунанд;

5) шаҳрвандонеро, ки эҳтиёҷанди бехтар намудани шароити манзил мебошанд, ба ҳисоб мегиранд;

6) фонди манзили тааллуқдоштаро ба ҳокимияти маҳаллии иҷроияи дахлдор тақсим мекунанд;

7) ба дурустии баҳисобгирии шаҳрвандоне, ки эҳтиёҷманди беҳтар намудани шароити манзил мебошанд, ба шаҳрвандон додани хонаҳои истиқомати дар биноҳои фонди манзили идори ва ҷамъияти, инчунин дар биноҳои кооперативҳои манзилу сохтмон назорат мекунанд;

8) масъалаҳои дигари соҳаи истифода ва таъмини муҳофизати фонди манзилро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл менамоянд.

ФАСЛИ 2. ИДОРАКУНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ

Моддаи 15. Идоракунии давлати дар соҳаи истифода ва таъмини муҳофизати фонди манзил

Мутобиқи қонунҳои манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии давлатии истифода ва таъмини муҳофизати фонди манзилро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти маҳаллии иҷроия (ҳукуматҳо), вазорату кумитаҳои давлати ва идораҳо, инчунин мақомоте, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин махсус ваколатдор шудаанд ба амал мебароранд.

Мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи истифода ва муҳофизати фонди манзил дар ҷумҳури анҷом медиҳад - аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 16 Мақомоте, ки идораи фонди манзили давлатию ҷамъияти ва фонди кооперативҳои манзилу сохтмонро ба ҷо меоранд

Идоракунии фонди манзили мақомоти ҳокимияти маҳалли аз тарафи мақомоти иҷроияи онҳо ва мақомоти идоракуние, ки онҳо таъсис медиҳанд, сурат мегирад.

Идоракунии фонди манзили идоравиро вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои тобеи онҳо ба ҷо меоранд.

Идоракунии фонди манзили ҷамъиятиро мақомоти раёсати колхозҳо, дигар ташкилотҳои кооперативи, иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти иттифоқи касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъияти мутобиқи оинномаашон (низомномаашон) ба ҷо меоранд.

Идоракунии фонди кооперативҳои манзилу сохтмонро мақомоти идораи кооперативҳо мутобиқи оинномаҳояшон ба ҷо меоранд.

Моддаи 17. Ташкилотҳои истифодаи манзил

Барои истифодаи фонди манзили давлатию ҷамъияти ташкилотҳои истифодаи манзил таъсис дода мешаванд, ки фаъолияти онҳо дар асоси ҳисоби хоҷаги ва тибқи Низомномаи намунави сурат мегирад. Ташкилотҳои истифодаи манзил муҳофизати фонди манзил ва истифодаи дурусти онро таъмин намуда, аз тарафи шаҳрвандон риоя гардидани қоидаҳои истифодаи хонаҳои истиқомати, нигаҳдошти бинои истиқомати ва рӯи ҳавлии онро назорат мекунанд.

Истифодаи бинои истиқомати танҳо аз тарафи як ташкилоти истифодаи манзил сурат гирифта метавонад. Агар барои истифодаи биноҳои фонди манзили идори ё ҷамъияти ташкилоти истифодаи манзил таъсис додан имконнопазир бошад, истифодаи биноро бевосита корхона на ё ташкилоту муассисаи дахлдор анҷом медиҳад.

Моддаи 18. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъияти дар идораи фонди манзили давлатию ҷамъияти ва таъмини муҳофизати он

Иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти мутобиқи оинномаҳояшон дар идораи фонди манзили давлатию ҷамъияти ва таъмини муҳофизати он иштирок мекунанд.

Моддаи 19. Тартиби иштироки мақомоти ташаббускори ҷамъияти дар идоракунии фонди манзил ва таъмини муҳофизати он

Кумитаҳои биноҳо, кӯчаҳо (маҳалҳо) ва дигар мақомоти ташаббускори ҷамъияти мутобиқи низомномаҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба мақомоти давлати дар истифодаи фонди манзил ва таъмини муҳофизати он мусоидат намуда, дар идоракунии фонди манзил ва татбиқи назорати ҷамъияти ва риояи қоидаҳои истифодаи хонаҳои истқомати ва нигаҳдошти биноҳои истқомати аз тарафи шаҳрвандон иштирок мекунанд.

Моддаи 20. Вазифаи мақомоти давлатии корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо дар бобати ба инобат гирифтани пешниҳодоти ташкилотҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон

Мақомоти давлатии корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, инчунин ашхоси мансабдор вазифадоранд, ки ҳангоми татбиқи тадбирҳои бехтар намудани истифода ва ҳифзи фонди манзил пешниҳодоти ташкилотҳои ҷамъияти ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба ба инобат гиранд.

Моддаи 21. Аз ҷониби сохтмончиён ба мақомоти ҳокимияти давлатии иҷроияи маҳалли ва дигар ташкилотҳо барои маскунсози ҷудо намудани як қисми майдони истиқомати дар биноҳои навбунёд

Мутобиқи қонунҳои манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки асос ва шартҳои аз ҷониби сохтмончиён ба мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳалли ва дигар ташкилотҳо барои маскун намудани як қисми майдони истиқомати дар биноҳои нави аз ҳисоби маблағи давлат сохташуда, инчунин андозаи манзили истиқоматии додашавандаро муайян кунад.

Моддаи 22. Тақсими майдони истиқомати дар биноҳое, ки аз ҳисоби маблағи ба тартиби иштироки саҳми додашуда сохта шудаанд

Майдонҳои истиқомати дар биноҳое, ки бо ҷалби маблағҳои саҳмияи корхонаю ташкилот ва муассисаҳо сохта шудаанд, дар байни иштирокчиёни сохтмон мутаносибан тақсим карда мешаванд.

Майдони истиқоматии мазкур пас аз мутобиқи моддаи 21 Кодекси мазкур ба мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи мазали ва дигар ташкилотҳо додани як қисми майдони истиқоматие, ки аз ҳисоби маблағгузории давлат сохта шудааст, дар байни иштирокчиёни сохтмон тақсим карда мешавад.

Моддаи 23. Баҳисобгирии давлатии фонди манзил

Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил баҳисобгирии давлатии фонди манзил тибқи системаи ягона ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

Моддаи 24. Назорати давлатии истифода ва муҳофизати фонди манзил

Назорати давлатии истифода ва муҳофизати фонди манзил бо мақсади таъмини риояи тартиби тақсими манзил, ба шаҳрвандон додани хонаҳои истиқомати, қоидаҳои истифодаи фонди манзил ва дар ҳолати дурусти техники нигоҳ доштани он аз ҷониби ҳамаи вазорату кумитаҳои давлати, идораҳо, корхонаҳои давлати, кооперативи ва дигар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷамъияти, ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон ба ҷо оварда мешавад.

Назорати давлатии истифода ва муҳофизати фонди манзилро мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо, инчунин мақомоти тибқи муқаррароти Кодекси мазкур махсус ваколатдоршуда таъмин мекунанд.

ФАСЛИ 3. БО ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИ ТАЪМИН НАМУДАНИ ШАҲРВАНДОН. КИРОЯИ ХОНАИ ИСТИҚОМАТИ

БОБИ 1. ДОДАНИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИ ДАР БИНОҲОИ ФОНДИ МАНЗИЛИ ДАВЛАТИ ВА ҶАМЪИЯТИ

Моддаи 25. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани хонаи истиқомати

Шаҳрвандоне, ки ба бехтар кардани шароити манзил эҳтиёҷманданд, ҳуқуқ доранд аз фонди манзили давлати ё ҷамъияти тибқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо барои истифода хонаҳои истиқомати гиранд. Ба шаҳрвандони зикргардида, ки дар ҳамин маҳал муқими зиндаги мекунанд (агар дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбини нагардида бошад), чун қоида манзил ба ҳар оила дар шакли квартираи алоҳида дода мешавад.

Шаҳрвандон барои гирифтани хонаи истиқомати дар биноҳои фонди манзили давлати ва ҷамъияти баробари ба балоғат расиданд, яъне баъди расидан ба синии ҳаждаҳсолаги, ҳангоми оиладоршави ва ё ба кор даромадан ва ё дар ҳолатҳои пешбининамуди Қонун то расидан ба синни ҳаждаҳсолаги - мутобиқан аз вақти оиладоршави ва ё ба кор даромадан ҳуқуқи мустақилона пайдо мекунанд.

Шаҳраандон мутобиқи асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷманди бехтар кардани шароити манзил дониста мешаванд.

Моддаи 26. Бо хонаи истиқомати таъмин намудани аъзоёни кооперативҳои манзилу сохтмон, ки эҳтиёҷманди бехтар намудани шароити манзил мебошанд, шаҳрвандоне, ки хонаҳо ва ё квартираҳои шахси доранд, дигар шаҳрвандони сокини ин биноҳо

Аъзоёни кооперативҳои манзилу сохтмон, шаҳрвандоне, ки хона ва ё квартираи шахси доранд, инчунин дигар шаҳрвандони сокини ин биноҳо, ки эҳтиёҷманди бехтар намудани шароити манзиланд, тибқи асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур бо хона таъмин карда мешаванд.

Моддаи 27. Асосҳое, ки шаҳрвандон барои бехтар кардани шароити манзил эҳтиёҷманд дониста мешаванд

Барои бехтар кардани шароити манзил шаҳрвандони зайл эҳтиёҷманд дониста мешаванд;

1) онҳое, ки сатҳи майдони истиқоматиашон ба ҳар як аъзои оила аз меъёри муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 36 Кодекси мазкур камтар аст;

2) онҳое, ки бо шартномаи кирояи иловаги дар биноҳои фонди манзили давлати ва ҷамъияти ё тибқи шартномаи кироя (кирояи иловаги) дар биноҳои кооперативҳои манзилу сохтмон ё дар фонди манзили шахси зиндаги карда, дар ҳамон маҳал дигар хонаи истиқомати надоранд;

3) онҳое, ки дар як утоқ ё утоқҳои дарун ба даруни аз ҳам ҷудо набуда зиндаги карда, аъзои як оила нестанд, сарфи назар аз муносибати хешу ақрабои;

4) онҳое, ки дар хобгоҳҳои умуми зиндаги мекунанд, ба ғайр аз кормандони мавсими ва муваққати, инчунин шаҳрвандоне, ки вобаста ба таҳсил сукунат мекунанд;

5) онҳое, ки дар бинои (хонаи) истиқоматии шароиташ ба талабҳои муқарраргардидаи санитарию-техники ҷавоб намедиҳад, зиндаги мекунанд;

6) онҳое, ки дар квартираи шароиташ номусоид, дар як утоқ ё утоқи дарун ба дарун бо аъзои дигари оила зиндаги мекунанд, инчунин бо майдони иловагии истиқомати таъмин нестанд (қисми 2, моддаи 36, Кодекси манзил) ашхосе, ки гирифтори баъзе намудҳои бемориҳои кӯҳнаи вазнин мебошанд ва ин бемориҳои онҳо дар рӯйхати тибқи асноди қонунгузори тасдиқгардида дохил карда шудааст;

7) шахсони гуногунҷинсе, ки дар як утоқ зиндаги карда, синнашон аз 7-сола боло мебошанд, ба ғайр аз зану шавҳар;

8) онҳое, ки дар биноҳои истиқоматии хизмати зиндаги мекунанд;

9) онҳое, ки дар як квартира зиндаги карда, аъзои як оила намебошанд ва байни онҳо муносибати хешу ақрабои мавҷуд нест;

10) онҳое, ки ба сифати аъзои оилаи иҷорагир зиндаги мекунанд, вале бо шартномаи иҷора дохил карда нашудааст, аъзоёни кооперативҳои манзилу сохтмон бидуни ҳуқуқи барои ба даст овардани як қисми саҳмия, аъзоёни оилаи молики хона бидуни ҳуқуқи моликият ба бинои истиқомати;

11) маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани, аъзоёни оилаи ҷанговарони (партизанҳои) ҳалокгардида ва ашхоси тибқи тартиби муқарраргардида ба онҳо баробаркардашуда.

Шаҳрвандонро мутобиқи асосҳои дигари пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба бехтар кардани шароити манзил эҳтиёҷманд донистан мумкин аст.

Моддаи 28. Дар ҷои истиқомат баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманди бехтар намудани шароити манзил

Шаҳрвандоне, ки ба бехтар намудани шароити манзил эҳтиёҷманданд, чун қоида дар ҷои истиқоматиашон дар мақомоти иҷроияи дахлдор ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Моддаи 29. Дар ҷои кор баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманди бехтар намудани шароити манзил

Шаҳрвандоне, ки эҳтиёҷманди бехтар намудани шароити манзил буда, дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳои дорои фонди манзил кор мекунанд ва ба сохтмони бинои истиқомати машғуланд ё дар сохтмони манзил саҳмгузоранд, дар ҷои кор ва ё бо хоҳишашон дар ҷои истиқоматашон ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки бо сабаби ба нафақа баромадан аз ин корхонаю ташкилот ва муассисаҳо рафтаанд, дар баробари кормандони ин корхонахо ба ҳисоб гирифта мешаванд

Баҳисобгирии як аъзои оила ба аъзои дигари оила барои бо хоҳиши худ дар ҷои кор ба қатори эҳтиёҷмандони бехтар намудани шароити манзил истоданашон монеъ шуда наметавонад.

Бо розигии коллективи меҳнати кормандони муассисаҳои тибби, маданияту маърифат ва дигар муассисаҳо, ки бевосита ба кормандони мазкур хизмат мерасонанд, барои бехтар намудани шароити манзил ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Ба аъзои оилаи ашхосе, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои ногаҳони дар истеҳсолот ва ё бемории касби ҳалок гардидаанд, агар ин ашхос қаблан дар рӯйхати эҳтиёҷмандони беҳбуди вазъи манзил дохил шуда бошанд, ҳуқуқи бехтар намудани шароити манзил нигоҳ дошта мешавад.

Ашхосе, ки пас аз ҳатми хизмати ҳақиқии ҳарби ба кори пештараашон баргаштаанд, давраи хизматашон ба мӯҳлати барои баҳисобгирии эҳтиёҷмандони бехтар намудани шароити меҳнат зарури дохил карда мешавад.

Моддаи 30. Тартиби баҳисобгири ва ба ҳисоб гирифтани шаҳрвандони эҳтиёҷманди бехтар намудани шароити манзил

Тартиби баҳисобгирии шаҳрвандоне, ки ба бехтар кардани шароити манзил эҳтиёҷманданд, инчунин муайян намудани навбати ба онҳо додани хонаи истиқоматиро Кодекси мазкур муайян менамояд,

Аризаҳои шаҳрвандон дар бораи ба қайд гирифтани онҳо ва аъзои оилаашон, ки ба беҳтар кардани шароити манзил эҳтиёҷманданд, дар давоми як моҳ аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллии иҷроия, дар ҷои кор бошад аз тарафи маъмурият ва ташкилотҳои иттифоқи касабаи корхонаю ташкилот ва ё муассиса барраси карда мешавад. Дар бораи қарори қабулшуда ба шаҳрвандон хатти хабар дода мешавад.

Номгӯй ва шакли асноде, ки барои ҳисобгирии шаҳрвандон ҷиҳати беҳбуди шароити манзил заруранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Аз шаҳрвандон талаб намудани дигар ҳуҷҷатҳои иловаги манъ аст. Рӯйхати шаҳрвандони эҳтиёҷманди беҳтар кардани шароити манзил, ки ба ҳисоб гирифта шудаанд, ба маълумоти умум расонида, сари чанд вақт аниқ карда мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки ба манзил эҳтиёҷ надошта, вале дар 5 соли охир дар натиҷаи амалҳои зайл шароити манзили худро бад кардаанд;

1) дидаву дониста иваз ё ҷудо кардани бинои истиқомати;

2) дидаву дониста бегона кардани бинои истиқоматии (ё квартираи) барои зиндаги муносиб, ки моликияти хусусии шаҳрвандон мебошад, сарфи назар аз он ки он дар ҳамон ҷо ё маҳалли дигар воқеъ аст;

3) вайрон шудан ё корношоям гардидани бинои истиқомати;

4) баромадан ё хориҷ гардидаи аз кооперативи манзилу сохтмон;

5) сокин гардонидани ашхоси дигар (ба ғайр аз зану шавҳар, фарзандони ноболиғ ва ғайри қобили меҳнат ва волидони ғайри қобили меҳнат);

6) тарки манзили истиқомати кардани шаҳрванде, ки ҳангоми зиндагиаш муҳтоҷи беҳтар кардани шароити манзил набуд. Пас аз гузаштани 5 сол аз рӯзи бад шудани шароити манзил ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Моддаи 31. Асосҳо барои аз ҳисоби эҳтиёҷмандони беҳтар кардани шароити манзил баровардани шаҳрвандон

Ҳуқуқи дар рӯйхати эҳтиёҷмандони бехтар кардани шароити манзил мондани шаҳрвандон то лаҳзаи гирифтани хонаи истиқомати, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур, нигоҳ дошта мешавад.

Шаҳрвандон дар ҳолатҳои зерин аз рӯйхати эҳтиёҷмандони беҳтар кардани шароити манзил бароварда мешаванд:

1) беҳтар шудани шароити манзил вобаста ба гирифтани хонаи дигари истиқомати;

2) кӯчидан ба маҳалли дигари зисти доими;

3) қатъи шартномаи меҳнати бо корхонаю ташкилот ва муассисае, ки шаҳрванд дар он ҷо ба ҳисоб гирифта шудааст, агар он ба ҳолатҳои ба нафақа баромадан, гузаштан ба кори (вазифаи) интихоби дар ҳамон маҳал, даъват ба хизмати ҳақиқии ҳарби ва ё аз ҳисоби маблағи корхонаю ташкилот ва муассиса, бо шарти бозгашт ба корхона, ба таҳсил фиристодан вобаста набошад;

4) аз ҷониби шаҳрвандон пешниҳод гардидани маълумоти нодуруст оид ба эҳтиёҷи беҳбуди шароити манзил ё аз ҷониби ашхоси мансабдор содир гардидани амали ғайриқонуни ҳангоми баррасии масъалаи баҳисобгири;

5) ҳангоми маҳкум гардидан ба маҳрумият аз озоди ва ё дигар чораи ҷазо, ки дар ҳамин маҳал зиёда аз шаш моҳ зиндаги карданро имконнопазир мегардонад;

6) дар сурати фавти шаҳрванде, ки ба ҳисоб гирифта шудааст, навбати аъзоёни оилааш, ки ҳамроҳи ӯ ба ҳисоб гирифта шуда буданд, агар асосҳои ба беҳбуди шароити манзил эҳтиёҷманд будани онҳо аз байн нарафта бошад, нигоҳ дошта мешавад.

Дар айни замон навбат дар ҷои кор ҳангоме нигоҳ дошта мешавад, ки агар аъзои оила дар ҳамин корхона, ташкилот ё муассиса кор кунад;

7) пас аз фавти шаҳрванд ҳангоми ҳолатҳои ногаҳони дар истеҳсолот ё бемории касби навбати ӯро барои беҳбуди шароити манзил аъзоёни оилаи ӯ, сарфи назар аз он, ки дар корхонаи мазкур кор мекунанд ё на, нигоҳ медоранд;

8) қатъ намудани муносибатҳои меҳнати бо корхона, муассиса, ташкилот, агар онҳо дар ҷои кор дар ҳисоб истода бошанд ва аз аъзоёни оилаи онҳо ягон кас дар ин корхона, муассиса, ташкилот кор накунад, ғайр аз мавридҳои бо сабаби ба нафақа баромадан;

9) оилаҳое, ки саробонашонро аз даст додаанду онҳо барои беҳбуди шароити манзил дар навбат истода буданд, агар зарурати беҳбуди шароити манзил аз байн нарафта бошад, аз рӯйхат хориҷ карда намешаванд.

Мақомоте аз ҳисоб мебароранд, ки бо қарори онҳо шаҳрвандон ба ҳисоб гирифта шуда буданд.

Дар бораи қарор, бо сабти асосҳои аз ҳисоб баровардан, ба шаҳрвандон ба таври хатти дар давоми 10 рӯз хабар дода мешавад.

Моддаи 32. Тибқи навбат ба шаҳрвандон додани хонаҳои истиқомати

Хонаҳои истиқомати ба шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати эҳтиёҷмандони бехтар кардани шароити манзил мебошанд, тибқи навбати муқаррарнамудаи рӯйхат, аз лаҳзаи додани ариза ва ҳама асноди зарури дода мешаванд.

Баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманди бехтар кардани шароити манзил тибқи рӯйхати ягона сурат гирифта, аз он шаҳрвандони дорои ҳуқуқи дар навбати аввал ё ғайринавбати гирифтани хонаи истиқомати ба рӯйхати алоҳида дохил карда мешаванд.

Моддаи 33. Назорати ҳолати баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманди беҳтар кардани шароити манзил дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳо

Назорати ҳолати баҳисобгирии шаҳрвандони эҳтиёҷманди бехтар кардани шароити манзил дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо ва мақомоти дахлдори иттифоқҳои касаба анҷом дода мешаванд.

Корхонаю ташкилот ва муассисаҳо вазифадоранд нусхаи рӯйхати шаҳрвандони дар ҷои кор барои гирифтани хона дар навбат истодаро ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия фиристанд.

Нисбати радкунии мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо дар мавриди баҳисобгирии эҳтиёҷмандони бехтар кардани шароити манзил ба мақомоти болоии иҷроия ё ба суд шикоят карда мешавад, нисбати радкунии маъмурият ва иттифоқи касабаи корхонаю ташкилот ва муассиса бошад, ба мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳалли ё мақоми дахлдори иттифоқи касаба ё ба суд шикоят карда мешавад.

Моддаи 34. Дар навбати аввал додани хонаи истиқомати

Хонаҳои истиқомати дар навбати аввал ба ашхоси зайли эҳтиёҷманди беҳбуди шароити манзил дода мешаванд:

1) ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва оилаҳи ҷнговарони (партизанҳи) ҳалокгардида, бедарак роибшуда ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда;

2) ба Қаҳрамонони Тоҷикистон, Каҳрамонони Иттифоқи Совети, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалисти, модароне, ки ба унвони "Қаҳрамон-модар" сарфароз гаштаанд, инчунин ашхосе, ки бо орденҳои "Ситораи Президенти Тоҷикистон", "Дусти", "Спитамен", "Шарафи" Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф ва Шарафи меҳнати, "Барои адои хизмати Ватан дар қувваҳои Мусаллаҳи СССР" мукофотонида шудаанд;

3) ба ашхосе, ки дар давраи ҷанги граждани ва Ҷанги Бузурги Ватани ва дигар амалиётҳои ҳарби баҳри муҳофизати СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати қӯшунҳои амалкунанда буданд, партизанҳои ҷанги граждани ва ҷанги Бузурги Ватани, ҷанговарони интернатсионалист, инчунин дигар ашхосе, ки дар амалиётҳои ҳарби ҷиҳати ҳифзи СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд;

4) ба маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, ба ғайр аз ашхосе, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят ва ё амали ғайриқонуниашон маъюб гаштаанд;

5) ба ашхосе, ки гирифтори шаклҳои гуногуни бемориҳои кӯҳнаи вазнин буда, руйхати чунин бемориҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо тасдиқ шудааст;

6) ба аъзои оилаи ашхосе, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлати ва ҷамъияти, вазифаҳои хизмати ҳарби ҳангоми наҷоти ҳаёти инсон, ҳифзи тартиботи қонуни ё дар истеҳсолот ҳангоми ҳодисаҳои ногаҳони ҳалок шудаанд;

7) ба шаҳрвандоне, ки аз сабаби офатҳо, таркишҳои объектҳои зарравии (ядрои) таъиноти ғайринизомию низоми вазъи саломатиашон бад гардидааст;

8) ба шаҳрвандоне, ки ғайриқонуни маҳкум шудаанд ва ё бидуни ҳукми суд, дар асосҳои сиёси мавриди таъқибот қарор гирифтаанд ва агар далелҳо аз тарафи суд муайян карда шуда бошанд;

9) ба маъюбони гурӯҳи III нафақахӯрон вобаста ба пиронсоли, ашхоси яккаву танҳо, агар даромади ин ашхос аз камтарин маблағ барои гузаронидани зисту зиндагони, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, камтар бошад;

10) ба кормандони тиб ва омӯзгорон;

11) шахсоне, ки ба касалии ВИЧ дар мавриди гузаронидани амалиёти расмии тибби гирифтор шудаанд;

12) ба кормандону хизматчиёне, ки муддати тулони на кам аз 10 сол дар соҳаи истеҳсолот софдилона меҳнат кардаанд;

13) ба оилаҳои серфарзанд, ки 5 ва бештар аз он фарзанд доранд, ба оилаҳое, ки фарзандони маъюбро тарбия мекунанд;

14) ба оилаҳо ҳангоми таваллуди экизак.

Нисбати шаҳрвандоне, ки дар оилаашон ашхоси дар зербандҳои 1, 3, 4, 5 зикргардида зиндаги мекунанд, низ имтиёзоти муқаррарнамудаи моддаи мазкур татбиқ мегардад.

Мутобқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ба гурӯҳҳои дигар шаҳрвандон низ ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани манзили истиқомати дода шавад.

Аз ҳисоби биноҳои истиқоматии ба истифода додашаванда, инчунин биноҳои истиқоматии холишуда на камтар аз 50 фоизи майдони истиқомати барои таъмини ашхосе, ки ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани манзилро доранд, равона карда мешавад.

Моддаи 35. Бенавбат додани хонаи истиқомати

Дар ҳолатҳои зайл хонаи истиқоматии бенавбат дода мешавад:

1) ба шаҳрвандоне, ки манзилашон дар натиҷаи офати табии барои истиқомат номусоид гаштааст;

2) ба ашхосе, ки аз муассисаҳои давлатии бачагона, аз назди хешовандон, парастор ё васи баргаштаанд ва онҳоро дар манзили истиқоматии қаблан зиндаги кардаашон ҷой додан ғайриимкон бошад;

3) ба ашхосе, ки аспирантура, ординатураи клиники, мактабҳои оли, миёнаи махсус, касбию-техники, дигар муассисаҳои таълимиро хатм намуда, тибқи тақсимот ба кор фиристода шудаанд ва ин ба кӯчбанди ба маҳали дигар вобаста бошад;

4) ба шаҳрвандони ғайриқонуни маҳкумшуда ва сипас сафедкардашуда (бегуноҳ, донисташуда) ҳангоми ғайриимкон будани баргардонидани манзили истиқоматии қаблиашон;

5) ба модароне, ки дар як вақт се ё зиёда аз ин фарзанд таваллуд кардаанд;

6) ҳангоми тибқи тартиби муқарраршуда қабул намудани қарор дар мавриди таъсиси парваришгоҳи оилави, ба ашхоси волидайну мурабби таъингардида барои зиндагии муштарак бо фарзандони барои тарбият додашуда бе навбат хонаи истиқоматии шахси ё хонаи бисёрутоқа дода мешавад. Ҳаҷми майдони истиқомати тибқи меъёри муқаррарнамудаи моддаи 36 Кодекси мазкур муайян карда мешавад;

7) дар мавридҳои дигаре, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардаанд.

Моддаи 36. Меъёри майдони истиқомати

Меъёри майдони истиқомати ба ҳар шахс ба андозаи 12 метри мураббаъ муқаррар мешавад.

Зиёда аз меъёр ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон майдони иловагии истиқомати дода мешавад. Тартиб за шарти додани майдони иловагии истиқомати ва номгӯи гурӯҳҳои шаҳрвандонро, ки барои гирифтани майдони иловаги ҳуқуқ доранд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

Моддаи 37. Талабот ба хонаҳои истиқомати

Биноҳое, ки барои истиқомати шаҳрвандон дода мешаванд, бояд тибқи шароити ҳамон маҳал обод бошанд ва ба талаботи муқарраршудаи санитарию-техники ҷавоб диҳанд.

Хонаҳои истиқомати дар ҳудуди ҳамон маҳалли аҳолинишин дода мешаванд.

Ҳангоми додани хонаи истиқомати дар як утоқ ҷойгир намудани ашхоси гуногунҷинои аз 7 сола калонтар, ба ғайр аз зану шавҳар манъ аст.

Хонаи истиқомати, бо назардошти вазъи саломатии шаҳрвандон, ҷои кор, инчунин ба эътибор гирифтани дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ, дода мешавад.

Ба маъюбон, куҳансолон, ашхоси гирифтори бемориҳои дилу рагҳои хунгузар ва дигар бемориҳои вазнин хонаҳои истиқомати тибқи хоҳишашон дар манзилҳои поён ё дар биноҳои лифтдор дода мешаванд.

Ҳангоми муайян кардани андозаи хонаи истиқоматии додашаванда дар сила мавҷуд будани зане, ки хомиланокии бештар аз 12 ҳафтаина дорад, ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 38. Тартиби додани хонаи истиқомати

Хонаҳои истиқомати барои шаҳрвандон дода мешаванд:

1) дар биноҳое, ки тобеи мақомоти давлатии ҳокимияти маҳалли мебошанд, тибқи қарори мақоми иҷроияи дахлдор;

2) дар биноҳои фонди манзили идорави - тибқи қарори муштараки маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи корхонаю ташкилот ва муассиса, ки мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳалли тасдиқ кардааст;

3) дар биноҳои фонди манзили ҷамъияти - тибқи қарори муштараки мақомоти дахлдори ташкилот ва иттифоқи касабаи он бо минбаъд хабар додан ба мақоми ҳокимияти маҳаллии иҷроия, ки ба хонаи истиқомати ордер медиҳад;

4) дар хонаҳои истиқоматии холишудаи биноҳое, ки бо ҷалби саҳмияи корхонаю ташкилот ва муассисаҳо сохта шудаанд, тибқи тартиби муқарраршуда, ба кормандони эҳтиёҷманди беҳтар кардани шароити манзили ҳамин корхонаю ташкилот ва муассисаҳо дода мешаванд.

Тартиби зикршудаи додани хона, сарфи назар аз мӯҳлати ба итмом расидани сохтмони хонаи истиқомати татбиқ карда мешавад.

Моддаи 39. Ошкорбаёни дар тақсимоти манзили истиқомати

Рӯйхати ашхосе, ки бояд манзили истиқомати гиранд, инчунин ашхосе, ки соҳиби манзил, гаштаанд, ба маълумоти умум гузошта мешавад.

Дар рӯйхатҳои зикргардида бояд ҳатман маълумот оид ба аъзои оила, вақти баҳисобгири, асоси дар навбати аввал ё ғайринавбати додани манзил, вақти додани манзил ва андозаи он ҷой дода шуда бошад.

Моддаи 40. Додани утоқи холишуда дар квартира

Агар дар квартирае, ки ду ё бештар кироягирон истиқомат мекунанд, утоқе холи шавад ва он аз хонаи кироягири дигар ҷудо набошад, он ба ихтиёри ҳамон кироягир гузошта мешавад.

Утоқи холишудаи алоҳида дар квартирае, ки чанд кироягир истиқомат мекунанд, ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди бештар кардани шароити манзил, агар чунин ашхос набошанд - ба шаҳрвандоне дода мешвад, ки андозаи майдони истиқоматиашон барои як нафар аз андозаи муқарраршуда камтар бошад (дар чунин ҳолат ҳуқуқ ба майдони иловагии истиқомати низ ба инобат гирифта мешавад). Дар ҳолати рад намудани ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд додани утоқи холишудаи дар ин модда пешбинишуда баҳси ба миёномада ба воситаи суд ҳаллу фасл карда мешавад.

Дар сурати дар квартира набудани шаҳрвандони дар қисми 2 моддаи мазкур муайян гардида, утоқи холишуда тибқи тартиби умуми ҷойгир карда мешавад.

Қоидаҳои пешбининамудаи қисми 1 ва 2 моддаи мазкур, сарфи назар аз тобеияти бинои истиқомати, татбиқ мегардад.

Моддаи 41. Ордер ба хонаи истиқомати

Дар асоси қарори додани манзили истиқомати (моддаи 38 Кодекси мазкур), мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳалли ба шаҳрвандон ордер медиҳад, ки ягона асос барои ҷойгир гардидаи дар манзили истиқоматии додашуда мебошад.

Ордер танҳо барои хонаи холи ва алоҳидаи истиқомати дода мешавад.

Шакли ордерро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 42. Асос ва тартиби беэътибор донистани ордери манзили истиқомати

Ордери манзили истиқомати бо қарори худи мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳалли, ё мақоми болои, инчунин ба тартиби суди, ҳангоми аз ҷониби шаҳрвандон пешниҳод гардидани маълумоти нодуруст дар мавриди эҳтиёҷот ба беҳбуди шароити манзил, поймол намудани ҳуқуқи дигар шаҳрвандон ё ташкилот ба хонаи истиқомати дар ордер зикршуда, амали ғайриқонунии ашхоси мансабдор ҳангоми баррасии масъалаи додани хонаи истиқомати, вайрон намудани тартиби навбатгузори ва шарти додани хонаи истиқомати беэътибор дониста мешавад.

Беэътибор донистани ордер ба натиҷаҳои пешбининамудаи моддаи 71 бо Кодекси мазкур оварда мерасонад. Талаб оиди ордерро беэътибор донистан дар мӯҳлати се сол пас аз маълум гаштани ҳуқуқи вайроншуда пешниҳод шуда метавонад.

БОБИ 2. КИРОЯИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИ ДАР ХОНАҲОИ ФОНДИ ДАВЛАТИ ВА ҶАМЪИЯТИ

Моддаи 43. Шартномаи кирояи хонаи истиқомати. Бастани шартномаи кирояи хонаи истиқомати

Истифода кардани манзили истиқоматии фонди давлати ва ҷамъияти ба воситаи шартномаи истифодаи манзил сурат мегирад.

Шартномаи кирояи хонаи истиқомати дар биноҳои фонди манзили давлати ва ҷамъияти ба таври хатти, дар асоои ордери хонаи истиқомати байни кироядеҳи ташкилоти истифодаи манзил (дар сурати набудани онкорхона, ташкилоту муассисаи дахлдор) ва кироягир - шаҳрванде, ки ба номаш ордер дода шудааст, баста мешавад.

Дар шартномаи кирояи манзили истиқомати ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо дар мавриди истифодаи манзили истиқомати муайян карда мешаванд.

Шартномаи намунавии кирояи манзили истиқомати, тартиби истифодаи хонаҳои истиқомати, нигаҳдошти манзил ва рӯи ҳавли аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ба муносибатҳое, ки аз шартномаҳои кирояи хонаи истиқомати бармеоянд, дар мавридҳои дахлдор инчунин қоидаҳои қонунҳои граждани татбиқ карда мешаванд.

Моддаи 44. Предмети шартномаи кирояи хонаи истиқомати

Дар биноҳои фонди манзили давлати ва ҷамъияти предмети шартномаи кироя, чун қоида, квартираи алоҳида мебошад.

Як қисми утоқ ё утоқе, ки бо дигар утоқ даромади умуми дорад (хонаҳои дарун ба дарун), инчунин утоқҳои ёрирасон (ошхона, даҳлез, анбор ва ғайра) предмети мустақили шартномаи кироя шуда наметавонанд.

Моддаи 45. Аъзоёни оилаи кироягир

Ба ҷумлаи аъзоёни оилаи кироягир ҳамсари кироягир, фарзандон ва волидайни онҳо дохил мешаванд.

Фарзандоне, ки оилаи худро доранд ва муқими бо кироягир зиндаги мекунанд, танҳо бо розигии тарафҳо аъзои як оила шумурда мешаванд.

Хурандагони ғайри қобили меҳнат агар батаври доими бо кироягир зиндаги кунанд, аъзои оилаи кироягир дониста мешаванд.

Дигар хешу ақрабо, дар баъзе ҳолатҳои мустасно дигар ашхосро, ки бо кироягир якҷоя на камтар аз 6 моҳ, зиндаги мекунанд, бо вай хоҷагии умуми мебаранд, аъзои оилаи кироягир донистан мумкин аст.

Бахсҳо дар мавриди аъзои оилаи кироягир ҳисобидани шахс аз тариқи суд ҳал мегардад.

Моддаи 46. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзоёни оилаи кироягир

Аъзоёни оилаи кироягир, ки бо ӯ якҷоя зиндаги мекунанд, баробари кироягир аз ҳамаи ҳуқуқҳо истифода мебаранд, ҳамаи масъулиятҳои аз шартномаи кирояи хонаи истиқомати бармеомадаро ба ӯҳда доранд.

Аъзоёни ба балоғатрасидаи оила мутобиқи ӯҳдадориҳои шартномаи кирояи хонаи истиқомати бо кироягир масъулияти муштараки амволи доранд.

Агар ашхоси дар қисмҳои 1-4 моддаи 45 Кодекси мазкур зикргардида аз аъзогии оилаи кироягир баромада, вале дар манзили ишғолнамудаашон зиндагиро идома диҳанд, пас онҳо баробари кироягир ва аъзоёни оилаи ӯ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо мебошанд.

Моддаи 47. Ҳуқуқи кироягир ба сокин кардани шаҳрвандони дигар ба манзили истиқоматиаш

Кироягир ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқарраршуда, бо розигии аъзоёни оила, дар хонаи истиқоматиаш ҳамсари худ, фарзандон, волидайн, инчунин дигар ашхосро ҷой диҳад.

Барои дар назди волидайн ҷойгир кунонидани фарзандони ноболиғашон чунин розиги талаб карда намешавад.

Ашхосе, ки мутобиқи муқаррароти моддаи мазкур сокин шудаанд, барои истифодаи хонаи истиқомати баробари дигар ашхоси сокини он, агар ҳангоми ҷойгиршави байни ин ашхос, кироягир ва аъзоёни ҳамроҳи ӯ истиқоматкунандаи оилааш оиди истифодаи манзили истиқомати дигар аҳду паймон баста нашуда бошад, ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Шахрвандоне, ки ба хонаи истиқоматии кироягир ба сифати парастор ё васи сокин шудаанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки онҳо аъзои оилаи кироягир шинохта шаванд ё тибқи тартиби муқарраршуда ин хона ба онҳо дода шавад, ба ин хона ҳуқуқи мастақил надоранд.

Моддаи 48. Пардохти ҳаққи истифодаи хонаи истиқомати ва хизматрасонии коммунали

Андозаи пардохти ҳаққи истифодаи хонаи истиқомати (хонапули) дар биноҳои фонди давлати ва ҷамъияти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Ҳукумат ҳуқуқ дорад андозаи тафриқашудаи хонапулиро бо назардошти маҳалли истиқомат, сифати манзил, ошёна ва дигар шароити зисти шаҳрвандон муқаррар намояд.

Ҳаққи майдони истиқомати, аз ҷумла иловаги, ки тибқи меъёри муқарраршуда ба кироягир ва аъзоёни оилаи ӯ дода шудааст (моддаи 36 Кодекси мазкур), инчунин майдони истиқоматии изофа, агар андозаи он ба ҳамаи аъзоёни оила аз нисфи меъёри майдони истиқоматии ба як нафар муайяншуда зиёд набошад, яккарата пардохта мешавад.

Пардохти ҳаққи истифодаи қисми боқимондаи майдони истиқомати ба андозаи зайл сурат мегирад:

- барои 10 метри мураббаъи аввалини майдони истиқоматии изофаги;

- ба андозаи дукарата, барои ҳар метри мураббаъи изофа аз он -ба андозаи секарата.

Андозаи ҳаққи манзил, аз ҷумла барои майдони истиқоматии изофаги дар биноҳои фонди манзили ҷамъияти аз тарафи ташкилоти молики бино муқаррар карда мешавад.

Ҳаққи хизматрасонии коммунали (об, газ, барқ, гарми ва дигар хизматрасони) алоҳида аз хонапули, тибқи тарифи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

Кироягир вазифадор аст хонапули ва ҳаққи хизматрасонии коммуналиро сари вақт пардозад.

Тартиби тақсимоти хонапули ва ҳаққи хизматрасонии коммуналиро байни чанд кироягир, ки дар квартираи умуми зиндаги мекунанд, шартномаи муштараки тарафҳо муқаррар менамояд.

Моддаи 49. Имтиёзоти хонапули ва хизматрасонии коммунали

Имтиёзоти хонапули ва хизматрасонии коммуналиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Дар биноҳои фонди манзили ҷамъияти имтиёзоти ҳаққи манзили истиқоматиро ташкилоти молики бинои истиқомати муқаррар мекунад.

Ҷуброни хароҷоти вобаста ба имтиёзи хонапули ва хизматрасонии коммунали аз тарафи ташкилоти имтиёздиҳанда, ба ғайр ҷуброни хароҷоте, ки дар буҷети ҷумҳурияви пешбинй гардидаст, анҷом дода мешавад.

Ба шаҳрвандоне, ки дар биноҳои марбути колхозҳо зиндаги мекунанд, бо қарори маҷлиси умумии аъзоёни колхоз ё маҷлиси вакилони он имтиёз муқаррар карда мешавад.

Моддаи 50. Аз ҷониби мутахассисон бемузд истифода бурдани манзили истиқомати, хизматрасонии коммунали, неруи барқ, газ ва телефон

Мутахассисоне, ки дар деҳот, берун аз маҳалҳои аҳолинишин (дар шаҳраки коргарон ва дигар шаҳракҳо) кор ва истиқомат мекунанд, аз биноҳои истиқомати, хизматрасонии коммунали, неруи барқ, газ ва телефон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул истифода мебаранд.

Номгӯи гурӯҳи мутахассисон, ки бо чунин биноҳо таъмин мешаванд ва тартиби ба онҳо додани хонаҳои истиқоматиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 51. Нигоҳ, доштани хонаи истиқоматии шаҳрванди муваққатан ғоиб (хозирнабуда)

Дар сурати муваққатан истиқомат накардани кироягир ё аъзоени оилааш манзил дар давоми шаш моҳ, ба номи ӯ нигоҳ, дошта мешавад.

Хонаи истиқомати дар ҳисоби кироягири муваққатан ғоиб ва ё аъзоёни оилаи ӯ дар мавридҳои зерин ба мӯҳлати нисбатан бештар нигоҳ, дошта мешавад:

1) хизмати ҳарби дар қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз ҳудуди он, дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳе, ки бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст;

2) рафтан ба кор мутобиқи шартномаи мӯҳлатноки меҳнати ё қарордод, вобаста ба интихоб ба вазифаи интихоби дар тамоми мӯҳлати меҳнат;

3) вобаста ба шароиту характери кор муваққатан, аз ҷои истиқомати доими рафтан (экипажи киштиҳо, кормандони гурӯҳҳои геологию ҷустуҷӯи, экспедиторҳо ва ғайра);

4) ба тарбияи муассисаҳои давлатии бачагона (ба хешовандони васи ё парастор) додани кӯдакон дар тамоми давраи дар ин муассисаҳо будани онҳо, дар назди хешовандон, васи ё парастор бошад - то ба балоғат расидани онҳо;

5) бо сабаби таҳсил - дар тамоми давраи таҳсил (донишҷӯён, таълимгирандагони омӯзишгоҳҳои касбию техники, такмили ихтисос);

6) вобаста ба иҷрои вазифаи васи ё парастор ба ҷои дигар рафтандар тамоми давра, то қатъи чунин вазифа;

7) барои муолиҷа рафтан ё ҷойгир шудан дар профилакторияҳои табобатию меҳнати - дар тамоми давраи дар он ҷо будан;

8) сафар ба хориҷа, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо - дар тамоми давраи дар хориҷа будан;

9) ба ҳабс гирифта шудан ё маҳкум, гардидан ба маҳрумият аз озоди ё дигар намуди ҷазо, ки дар маҳалли мазкур истиқомат карданро ғайриимкон мегардонад - дар давраи мӯҳлати дар ҳабс қарор доштан ё то ҳатми давраи муҷозот.

Ҳуқуқи ашхоси ғоиб ба истифодаи хонаи истиқомати аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлатҳои дар модаҳои мазкури Кодекс муқарраргардида, дар давоми шаш моҳ, нигоҳ, дошта мешавад.

Моддаи 52. Тартиби аз ҳуқуқи истифодаи манзил маҳрум донистани шахс

Бо сабаби аз мӯҳлати муққарраршуда бештар истиқомат накардани шахс (моддаи 51 Кодекси мазкур) аз ҳуқуқи истифодаи хонаи истиқомати маҳрум шудани ӯ аз тариқи суди ҳал карда мешавад.

Агар кироягир ё аъзоёни оилаи ӯ бо сабабҳои узрнок бештар аз шаш моҳ, истиқомат накарда бошанд, ин мӯҳлатро кироядеҳ, аз рӯи аризаи кироягир ё аъзои ғоиби оилаи ӯ, дар сурати баҳс бошад - суд дароз карда метавонад.

Моддаи 53. Ҳуқуқ ва вазифаҳои кироягири муваққатан ғоиб ва аъзоёни оилаи ӯ

Ҳангоми муваққатан ғоиб будани кироягир, нафаре аз аъзоёни оилаи ӯ ё ҳамаашон (моддаи 51 Кодекси мазкур) ашхоси ғоиб ҳуқуқҳои худро ба хонаи истиқомати нигоҳ медоранд ва тибқи шартномаи кирояи хонаи истиқомати ӯҳдадориҳои худро ба ҷо меоранд.

Майдони истиқоматие, ки шаҳрванди муваққатан ғоиб ҳуқуқи истифодаи онро нигоҳ медорад, изофаги ҳисоб намешавад.

Моддаи 54. Азнавсози ва дигар кардани тарҳи хонаи истиқомати

Азнавсози ва дигар кардани тарҳи хонаи истиқомати танҳо бо розигии мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳалли ва молик анҷом дода мешавад.

Баҳсҳои вобаста ба азнавсози ва дигар кардани тарҳи хонаҳои истиқомати тибқи тартиби суди ҳал карда мешавад.

Иҷорагире, ки худсарона азнавсози ва дигар кардани тарҳи хонаи истиқоматиро анҷом дода, мутобиқи хулосаи мутахассисон чунин амал ҳаёти дигар сокинонро таҳти хатар мегузорад, вазифадор аст, ки онро аз ҳисоби худ ба ҳолати пештара баргардонад, дар ҳолати рад кардан ӯ бояд тибқи тартиби суди, бидуни додани хонаи истиқоматии дигар аз хона маҳрум карда шуда, хароҷоти вобаста ба ҳолати пешина овардани хонаи истиқоматиро пардозад.

Моддаи 55. Бинобар таъмири асосии хонаҳои истиқомати ба шаҳрвандон додани хонаи истиқомати

Ҳангоми таъмири асосии биноҳои истиқоматии фонди манзили давлати ва ҷамъияти, агар кироягиронро накучонда таъмири бино ғайриимкон бошад, кироядеҳ вазифадор аст ба кироягир ва аъзои оилаи ӯ дар давоми мӯҳлат таъмири асоси шартномаи кирояи хона таъмиршавандаро бекор какарда, хонаи дигар диҳад.

Пас аз хатми таъмир ва аз тарафи комиссияи давлати қабул шудани он кироягир ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқарраршуда ба хонаи истиқоматии пештарааш кӯчад.

Бо созишномаи тарафҳо бар ивази кӯчидан ба бинои дигар, шартномаи кирояро бекор карда, ба кироягир барои истифодаи доими хонаи дигари истиқоматии обод додан мумкин аст.

Хароҷоти кироягир вобаста ба кӯчбанди ё таъмири асоси бояд аз ҷониби кироядеҳ пардохта шавад.

Кироягир вазифадор аст хонапулиро танҳо барои он хонае пардозад, ки дар давраи таъмири асоси ба ихтиёри ӯ гузошта шудааст.

Дар ҳолатҳое, ки хонаи истиқоматии кироягир ва аъзоёни оилаи ӯ дар натиҷаи таъмири асоси нигоҳ, дошта нашавад, ба кироягир ва аъзои оила ӯ бояд пеш аз теъмири асоси хонаи ободи дигар дода шавад.

Агар дар натиҷаи таъмири асоси хонаи истиқоматии кироягир хеле танг шавад, мувофиқи талаби кироягир ба ӯ ва аъзои оилааш бояд қабл аз таъмири асоси хонаи истиқоматии ободи дигар дода шавад.

Бо талаби кироягир ва ё кироядеҳ, инчунин дар ҳолатҳое, ки аз сабаби таъмири асоси хона то андозае васеъ мегардад ва кироягир соҳиби майдони истиқоматии изофаги мешавад, хонаи истиқоматии дигар дода мешавад.

Дар сурати рух додани баҳс оид ба масъалаҳои кӯчидан ҳангоми таъмири асоси, он аз тариқи суд ҳал карда мешавад.

Моддаи 56. Тағйир додани шартномаи кироя

Шартномаи кирояи хонаи истиқоматиро танҳо бо розигии кироягир ва аъзоёни оилаи ӯ ва кироядеҳ тағйир додан мумкин аст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур пешбини кардааст.

Моддаи 57. Тағйири шартномаи кирояи хонаи истиқомати бо талаби аъзои оилаи кироягир

Аъзои ба балоғатрасидаи оилаи кироягир ҳақ дорад бо ӯ бастани шартномаи алоҳидаи кирояи хонаи истиқоматиро талаб кунад, ба шарте, ки кироягир ва дигар аъзои ноболиғи ҳамроҳи ӯ истиқоматкунандаи оила рози бошанд ва агар мутобиқи майдони истиқоматии ба ҳисоби ӯ рост меомада ба ӯ хонаи алоҳидаи истиқомати ҷудо кардан имконпазир бошад.

Қоидаҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкур ба кирояи хонаҳои истиқоматии биноҳои корхонаю ташкилот ва муассисаҳои соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, татбиқ карда намешаванд.

Баҳсҳои вобаста ба талаби бастани шартномаи алоҳидаи кироя бамиёномада тибқи тартиби суди ҳал карда мешаванд.

Моддаи 58. Тағйири шартномаи кироя бо талаби кироягироне, ки дар як оила муттаҳид шудаанд

Шаҳрвандоне, ки дар як квартира зиндаги мекунанд ва аз утоқҳои он тибқи шартномаҳои алоҳидаи кироя истифода мебаранд, дар сурати ба як оила муттаҳид шуданашон ҳақ доранд талаб кунанд, ки бо яке аз онҳо барои тамоми хонаи истиқоматии ишғолкардаашон як шартномаи кироя баста шавад.

Агар кироядеҳ бастани як шартномаи кирояро рад намояд, ба суд арз кардан мумкин аст.

Моддаи 59. Муайян намудани тартиби истифодаи хонаи истиқомати

Ашхосе, ки муносибати оилавиро қатъ кардаанд, вале дар як квартира, тибқи як шартномаи кирояи хонаи истиқомати истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд муайян намудани тартиби истифодаи хонаи истиқоматиро бидуни бастани шартномаҳои алоҳидаи кироя талаб намоянд. Дар сурати мавҷуд набудани созиш, баҳс тибқи тартиби суди бо дарназардошти шароити зиндагии тарафҳо то сар задани баҳс ҳал карда мешавад.

Моддаи 60. Тағйири шартномаи кирояи хонаи истиқомати бо сабаби кироягир дониста шудани аъзои дигари оила

Аъзои ба балоғатрасидаи оилаи кироягир метавонад бо розигии кироягир ва дигар аъзои ба балоғатрасидаи оила талаб намояд, ки ӯро тибқи шартномаи кирояи қаблан басташуда ба ҷои кироягири аввала кироягир эътироф намоянд. Дар ҳолати марги кироягир ҳар кадом аъзои болиғи оилаи фавтида дорои чунин ҳуқуқ буда метавонанд.

Баҳсҳои вобаста ба кироягир донистани аъзои оила тибқи тартиби суди ҳал карда мешавад.

Моддаи 61. Бекор кардани шартномаи кирояи хонаи истиқомати аз тарафи кироягир

Кироягири хонаи истиқомати ҳақ дорад бо розигии аъзои оилааш шартномаи кирояро ҳар вақт бекор кунад.

Дар сурати барои истиқомати доими ба ҷои дигар рафтани кироягир ва ҳамаи аъзои оилаи ӯ шартномаи хонаи истиқомати аз рӯзи рафтанаш бекоршуда ҳисобида мешавад.

Моддаи 62. Бекор кардани шартномаи кирояи хонаи истиқомати ба талаби кироядеҳ ва ё дигар ашхос ва баровардан аз хонаи истиқомати

Шартномаи кирояи хонаи истиқомати дар биноҳои фонди истиқоматии давлати ва ҷамъияти бо талаби кироядеҳ ё ашхоси манфиатдор тибқи асосҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, танҳо аз тариқи суд бекор карда мешавад.

Баровардан (кӯчонидан) аз хонаҳои истиқомати танҳо дар мавриди бекор кардани шартномаи кироя ва дигар асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, танҳо тибқи тартиби суди иҷозат дода мешавад.

Танҳо ашхосеро, ки хонаи истиқоматиро худсарона ишғол кардаанд ва ё дар биноҳое зиндаги мекунанд, ки хавфи фурурави таҳдид мекунад, тибқи тартиби маъмури, бо рухсати прокурор аз хонаи истиқомати баровардан мумкмн аст.

Моддаи 63. Кӯчонидан ва бо хонаи дигари истиқоматии обод таъмин намудани шаҳрвандон

Шаҳрвандон дар ҳолатҳои зайл аз биноҳои фонди манзили давлати ва ҷамъияти кӯчонида шуда, бо хонаи дигари истиқоматии обод таъмин мегарданд:

агар биное, ки дар он хонаи истиқомати воқеъ аст, вайрон карда шавад;

агар бино (хонаи истиқомати) бо мақсади ғайриистиқомати аз нав таҷҳизонида шавад;

агар хавфи фуруравии бино (хонаи истиқомати) таҳдид кунад.

Моддаи 64. Додани хонаи истиқомати бо сабаби вайрон кардан ё азнавтаҷҳизонии бино (хонаи истиқомати)

Агар хонаи истиқомати дар биное воқеъ бошад, ки бо сабаби гирифтани қитъаи замини он барои эҳтиёҷоти давлати ё ҷамъияти бояд вайрон карда шавад, инчунин агар бино (хонаи истиқомати) бо мақсади ғайриистиқомати аз нав таҷҳизонида шавад, бо шаҳрвандони аз ин бино (хонаи истиқомати) кӯчбаста ҳамон корхона, ташкилот ё муассисае, ки қитъаи замин ба он ҷудо карда мешавад ё бинои (хонаи) аз нав таҷҳизонидашуда барои он дода мешавад, манзили дигари ободи истиқомати медиҳад.

Вайрон кардани бинои истиқомати аз сабаби ҷудо кардани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлати ё ҷамъияти ё аз нав таҷҳизонидани бинои (хонаи истиқомати) ба хонаи ғайриистиқомати фақат баъди ба шахсони кӯчондашаванда додани манзили баробарарзиш сурат мегирад.

Дар ҳолатҳои дигари вайрон кардани бинои истиқомати ба шаҳрвандони аз он кӯчанда ташкилотҳои давлати, кооперативи ё дигар ташкилотҳои ҷамъияти, ки бино дар тобеияташон мебошад ё мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳалли хонаи дигари истиқоматии обод медиҳанд.

Моддаи 65. Додани хонаҳои истиқомати бо сабаби кучонидан аз хонаҳое, ки хавфи фурурави таҳдид мекунад.

Агар ба бино (хонаи истиқомати) хавфи фурурави таҳдид кунад, ба шаҳрвандоне, ки аз ин бино кучонида мешаванд, бо қарори мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳалли аз ҳисоби фонди манзил ё аз ҳисоби корхонаю ташкилот ва муассисаи дахлдор хонаи дигари истиқоматии обод дода мешавад.

Моддаи 66. Додани хонаи дигари истиқоматии обод вобаста ба кучонидан

Хонаи дигари истиқоматии обод, ки барои шаҳрвандон вобаста ба кучонидан дода мешавад, бояд ба талаботи моддаҳои 36-37 Кодекси мазкур мувофиқ бошад.

Агар кироягир квартираи алоҳида ё аз як утоқ зиёдтарро ишғол карда бошад, ба ӯ мутаносибан бояд квартираи алоҳида ё хонаи истиқоматии алоҳидаи дорои чунин миқдор квартира дода шавад.

Агар кироягир майдони изофагии истиқомати дошта бошад ба ӯ мутобиқи меъёри пешбиникардаи қисми 1 моддаи 36 Кодекси мазкур, ба кироягир ва ё шахси бо ӯ истиқоматкунанда, ки барои майдони истиқоматии иловаги ҳуқуқ доранд - бо дарназардошти ҳуқуқ ба майдони иловагии истиқомати хонаи истиқомати дода мешавад.

Хонаи истиқомати, ки ба шахси кучбаста дода мешавад, бояд дар қарори суд ё прокурор дар мавриди кучонидан сабт гардида, дар он суроғаи хонаи истиқомати нишон дода шавад.

Моддаи 67. Кучонидани шаҳрвандон ва додани хонаи дигари истиқомати

Бо додани хонаи дигари истиқомати аз тарики суди инҳо кучонида мешаванд:

кормандон ва хизматчиёне (инчунин шахси ҳамроҳи онҳо истиқоматкунанда), ки шартномаи меҳнатиро бо корхонаю ташкилот ва муассисаи фароҳамовардаи хонаи истиқомати вобаста ба озодшави аз кор, бо хоҳиши худ, бидуни сабаби узрнок қатъ кардаанд ё интизоми меҳнатиро вайрон кардаанд ё ҷиноят содир намудаанд. Рӯйхати чунин корхонаю ташкилот ва муассисаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

шаҳрвандоне, ки аз биноҳои колхозҳо манзил гирифта, аз аъзогии колхоз хориҷ карда шудаанд ё бо хоҳиши худ аз он баромадаанд;

ба офитсерон, прапоршикҳо, мичманҳо, хизматчиёни ҳарбии дар сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мӯҳлат зиёд хизмат карда ва шахсони ба онҳо баробар, ки аз хизмати ҳақиқии ҳарби истеъфо додаанд ё ба эҳтиёт гузаронида шудаанд, инчунин ба шахсоне, ки ҳамроҳи онҳо зиндаги мекунанд, хонаи дигари истиқомати дода, аз хонаи истиқоматии дар шаҳрчаи ҳарби бандкардаашон хориҷ, кардан мумкин аст. Шахсони дигаре, ки алоқаашонро аз қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон кандаанд, ҳамчунин бо ҳамин тартиб аз шаҳрчаи ҳарби хориҷ карда мешаванд.

Дар бораи мувофиқи асосҳои дар бандҳои якум, дуюм, сеюми ҳамин модда нишондодашуда кучонидан дар давоми 3 соли баъди рӯзи қать гардидани муносибатҳои меҳнати талабот пешниҳод кардан мумкин аст.

Хонаи истиқоматие, ки ба шахси кучбаста дода мешавад, бояд дар қарори суд оид ба кучонидан сабт карда шавад.

Моддаи 68. Ба волидайн - мураббиён додани хонаи истиқомати бо сабаби барҳам додани парваришгоҳи оилави

Бо сабаби барҳам додани парваришгоҳи оилави волидайн-мураббиён бояд хокаи истиқоматиро тарк кунанд ва агар рад намоянд, бо додани хонаи дигари истиқоматии обод, кучонида мешаванд.

Ҳангоми барканор намудани волидайн-мураббиён аз фаъолияти тарбияи кӯдакон онҳо бо додани хонаи истиқоматии барои зиндаги муносиб аз хонаи истиқоматии ишғолнамудаашон бароварда мешаванд.

Моддаи 69. Додани хонаи дигари истиқоматии барои зиндаги муносиб бинобар кучонидан

Хонаи истиқоматии дигари барои зиндаги муносиб, ки ба шаҳрвандон дода мешавад, бояд ба талаботи санитарию-техники мувофиқ ва дар ҳудуди ҳамон маҳалли аҳолинишин воқеъ бошад, дар деҳот ҳангоми кучонидан аз биноҳои марбути колхозу совхозҳо он бояд дар ҳудуди сарҳадҳои хоҷагиҳои ин колхозу совхозҳо ҷойгир бошад.

Моддаи 70. Хонаи дигари истиқомати надода кучонидани шаҳрвандон

Хонаи дигари истиқомати надода, кучонидани шаҳрвандон, танҳо дар ҳолатҳои зайл иҷозат дода мешавад;

1) агар кироягир, аъзоёни оилаи ӯ, ё шахси дигари ҳамроҳаш истиқоматкунанда хонаи истиқоматиро бидуни ба инобат гирифтани чораҳои огоҳони аз таъсиррасонии ҷамъияти муттасил вайрон ё хароб кунанд;

2) агар онҳо хонаи истиқоматиро тибқи таъиноташ истифода набаранд ва чораҳои огоҳони ва таъсиррасонии ҷамъияти бенатиҷа бошад;

3) агар қоидаи зисту зиндагии умумиро мунтазам вайрон намуда, дар як квартира ё як бино ҳамроҳ зиндаги кардани дигаронро имконнопазир гардонанд ва агар тадбирҳои огоҳони ва таъсиррасонии ҷамъияти бенатиҷа бошад;

4) агар ашхос аз ҳуқуқи падару модари маҳрум гардидаанд ва зиндаги ҳамроҳи фарзандоне, ки аз ҳуқуқи падару модари ба онҳо маҳрум гаштаанд, имконнопазир дониста шуда бошад;

5) агар ашхос хонаи истиқоматиро худсарона ишғол карда бошанд;

6) тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 54 Кодекси мазкур;

7) тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 71 Кодекси мазкур;

8) тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 76 Кодекси мазкур;

9) тибқи муқаррароти қисми 2 ва 3 моддаи 77 Кодекси мазкур.

Ашхосе, ки бидуни додани хонаи дигари истиқомати кучонида мешаванд, тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи бандҳои 3-4 қисми 1 моддаи мазкур мумкин аст аз тарафи суд вазифадор карда шаванд, ба ҷои кучидан хонаашонро бо хонаи дигари истиқоматии пешниҳоднамудаи тарафи ба табдил манфиатдор иваз кунанд.

Моддаи 71. Оқибати беэътибор донистани ордери хонаи истиқомати

Дар сурати беэътибор донистани ордери хонаи истиқомати бо сабаби амали ғайриқонунии ашхоси ордергирифта, онҳо бидуни додани хонаи дигари истиқомати аз хона кучонда мешаванд. Агар шаҳрвандони дар ордер зикршуда қаблан аз хонаҳои дар биноҳои фонди манзили давлати ё ҷамъияти истифода карда бошанд, ба онҳо бояд хонаи истиқоматии пештараашон ё дигар хонаи истиқомати дода шавад.

Агар ордери хонаи истиқомати бо сабабҳои дигар беэътибор дониста шавад, шаҳрвандони дар ордер зикршуда бояд кучонда шуда, ба онҳо хонаҳои истиқоматии пештараашон ё дигар хонаи истиқоматии обод дода шавад.

БОБИ 3. КИРОЯИ ИЛОВАГИИ ХОНАИ ИСТИҚОМАТИ

Моддаи 72. Ба кирояи иловаги додани хонаи истиқомати

Кироягири хонаи истиқомати ҳақ дорад, ки бо розигии аъзоёни ба балогатрасидаи ҳамроҳаш истиқоматкунандаи оила ва мувофиқаи кироядеҳ тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур хонаи истиқоматиро ба кирояи иловаги диҳад.

Ҳангоми сафари муваққати кироягир ҳақ дорад тамоми хонаашро ба кирояи иловаги дода, тибқи шартномаи кирояи хонаи истиқомати дар назди кироядеҳ, масъул монад, ҳангоми сафари яке аз аъзои оилаи кироягир бошад- як қисми майдони истиқоматии ишғолнамудаашро ба кирояи иловаги диҳад.

Шартномаи кирояи иловаги дар шакли хатти баста шуда, дар ташкилоти дахлдори истифодаи манзил ба қайд гирифта мешавад.

Моддаи 73. Ҳолатҳое, ки ба кирояи иловаги додани хонаи истиқомати манъ аст

Дар ҳолатҳои зайл ба кирояи иловаги додани хонаи истиқомати роҳ, дода намешавад;

1) агар дар натиҷаи ҷой додани кироягири иловаги андозаи майдонҳои истиқомати ба ҳисоби ҳар сокин аз меъёри муқаррарнамудаи моддаи 36 Кодекси мазкур камтар шавад;

2) агар дар он ашхосе зиндаги кунанд, ки гирифтори баъзе намудҳои бемориҳои кӯҳнаи вазнин бошанд;

3) бидуни розигии дигар кироягирон ва аъзоёни ба балоғатрасидаи оилаашон, ки дар як квартира зиндаги мекунанд.

Риоя нанамудани тартиби ба кирояи иловаги додани хонаи истиқомати боиси беэътибор донистани шартномаи кирояи иловаги гардида, ашхоси ҷойдодашуда аз тариқи суди, бидуни додани хонаи истиқоматии дигар бароварда мешаванд.

Моддаи 74. Дар хонаи ишғолнамудааш ҷойгир намудани аъзоёни оила аз тарафи кироягири иловаги

Дар шартнома мумкин аст пешбини карда шавад, ки якҷоя бо кироягири иловаги ба хонаи ишғолнамудааш аъзоёни оилаи ӯ низ ҷойгир мешаванд. Ҷойгиркунии минбаъда ба хонаи кироягири иловаги, ба ғайр аз фарзандони ноболиғи ӯ, бидуни розигии кироядеҳ, манъ аст.

Моддаи 75. Пардохти музди истифодаи хонаи истиқомати тибқи шартномаи кирояи иловаги

Андози музди истифодаи хонаи истиқомати ва хизматрасонии коммунали тибқи шартномаи иловаги бо созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад.

Ҳангоми барои истифодаи кироягири иловаги вогузоштани асбобу анҷоми рӯзғор муносибати байни тарафҳоро моддаҳои дахлдори Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.

Моддаи 76. Қатъи шартномаи кирояи иловаги

Баробари гузаштани мӯҳлати кирояи иловаги кироягири иловаги ҳақ надорад барқарор намудани шартномаи кирояи иловагиро талаб намояд ва вазифадор аст хонаи ишғолнамудаашро бо пешниҳоди кироядеҳ, холи кунад.

Шартномаи кирояи иловаги бо талаби кироядеҳ метавонад пеш аз мӯҳлат танҳо дар мавриди мавҷудияти сабабҳои узрноки вобаста ба ҳолатҳои ногаҳони, ҳангоми қатъи шартномаи кироя, инчунин дигар асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 71 Кодекси мазкур бекор карда шавад.

Агар шартномаи кирояи иловаги бидуни нишон додани мӯҳлат баста шуда бошад, он аз тарафи кироягир, бидуни шарҳи сабаб, ҳар вақт қатъ карда мешавад.

Дар бораи қатъи шартномаи кирояи иловаги кироягир бояд кироягири иловагиро се моҳ, пештар огоҳ созад.

Дар мавриди аз холи кардани хона саркаши намудани кироягири иловаги тибқи эътирозномаи кироядеҳ ё аъзоёни оилаи ӯ кироягири иловаги бо тартиби суди, бидуни додани хонаи истиқоматии дигар аз хона бароварда мешавад.

Моддаи 77. Сокинони муваққати

Иҷорагири хонаи истиқомати ва аъзоёни болиғи оилааш бо розигии якдигар метавонанд барои муваққатан дар хонаи истиқоматиашон зиндаги кардани шаҳрвандони дигар (сокинони муваққати), бидуни бастани шартномаи кирояи иловаги ва ситондани ҳаққи истифодаи манзил иҷозат диҳанд.

Сокинони муваққати вазифадоранд, ки бо талаби кироягир дар давоми ду ҳафта хонаи истиқоматиро тарк кунанд.

Дар ҳолати саркаши намудан аз холи кардани хонаи истиқомати онҳо тибқи тартиби суди, бидуни додани хонаи дигари истиқомати аз хона бароварда мешаванд.

Сокинони муваққати низ ҳангоми қатъи шартномаи кирояи хонаи истиқомати ба ҳамин тартиб, бидуни додани хонаи истиқомати, аз хона бароварда мешаванд.

БОБИ 4. ИСТИФОДАИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТИ

Моддаи 78. Хонаҳои истиқоматии хизмати

Хонаҳои истиқоматии хизмати барои ҷойгиркунии шаҳрвандоне таъин шудааст, ки вобаста ба хусусияти муносибати меҳнатиашон бояд дар ҷои кор ё дар наздикии он зиндаги кунанд. Хонаи истиқомати бо қарори мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳалли ба қатори хонаи истиқоматии хизмати дохил карда мешавад.

Чун қоида барои хонаи истиқоматии хизмати квартираҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд.

Хонаи истиқомати дар бинои кооперативи манзилу сохтмон танҳо бо розигии маҷлиси умумии аъзоёни кооператив ба қатори хонаҳои истиқоматии хизмати дохил карда мешавад.

Номгӯи гурӯҳи кормандонеро, ки ба онҳо хонаи истиқоматии хизмати дода мешавад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Дар ҳолатҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаҳои истиқоматии хизмати ба гурӯҳҳои алоҳидаи хизматчиёни ҳарби низ дода мешавад.

Моддаи 79. Хонаҳои истиқоматии хизмати дар биноҳои колхозҳо

Дар биноҳои колхозҳо ба қатори хонаҳои истиқоматии хизмати дохил кардани хонаҳои истиқомати, муайян кардани номгӯи кормандон, ки барояшон чунин хонаҳо дода мешаванд, бо қарори маҷлиси умумии аъзоёни колхоз ё маҷлиси вакилон анҷом дода шуда, онро мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳалли тасдиқ мекунанд.

Моддаи 80. Тартиби додани хонаи истиқоматии хизмати ва истифодаи он

Тартиби додани хонаи истиқоматии хизмати ва истифодаи онро Кодекси мазкур муайян мекунад.

Дар бинои фонди манзили давлати дар мавриди додани хонаи истиқоматии хизмати шаҳрванд аз тарафи маъмурият дар якҷояги бо иттифоқи касаба, дар биноҳои фонди манзили ҷамъияти ва кооперативи сохтмону манзил бошад - тибқи тартиби муайяннамудаи молик қарор қабул карда мешавад.

Дар асоси ин қарор мақоми дахлдори иҷроияи маҳалли ба шаҳрвандон ордери махсус медиҳад.

Шакли ордерро барои ишғол намудани хонаи истиқоматии хизмати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Барои истифодаи хонаи истиқоматии хизмати қоидаҳои шартномаи кирояи хонаҳо истиқомати, ки моддаҳои 43-55, 61-62, 64-67, 70, 71, 77 Кодекси мазкур муқаррар намудаанд, татбиқ, карда мешаванд.

Моддаи 81. Баҳисобгирии хонаҳои истиқоматии хизмати

Хонаҳои истиқоматии хизмати дар мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи маҳалли ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Моддаи 82. Кӯчонидан аз хонаҳои истиқоматии хизмати

Кормандону хизматчиёне, ки бо корхона, ташкилоту муассиса муносибатҳои меҳнатиро қатъ кардаанд, инчунин шаҳрвандоне, ки аз узвияти колхозҳо хориҷ шудаанд ё ихтиёран баромадаанд, ҳамроҳи ҳамаи ашхоси бо онҳо истиқоматкунанда, бидуни додани манзили дигар, бо тартиби суди аз хона бароварда мешаванд.

Моддаи 83. Шаҳрвандоне, ки бидуни додани хонаи истиқоматии дигар набояд аз хонаи истиқоматии хизмати бароварда шаванд.

Ашхоси зайл набояд бидуни додани хонаи дигари истиқомати аз хонаи истиқоматии хизмати бароварда шаванд:

1) маъюбони ҷанг ва дигар маъюбон аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарби, ки дар натиҷаи ярадоршави, контузия ва ё ҷароҳат ҳангоми ҳифзи давлат (СССР) ё ҳангоми иҷрои дигар вазифаҳои ҳарби ё дар натиҷаи беморие, ки бо иштирок дар ҷанг алоқаманд аст, маъюб шудаанд;

2) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани, ки дар ҳайати қӯшунҳои амалкунанда буданд, ҷанговарони интернатсионалист;

3) оилаҳои хизматчиёни ҳарби ва партизанҳо, ки ҳангоми муҳофизати СССР ё иҷрои вазифаҳои дигари ҳарби ҳалок шудаанд;

4) оилаҳои хизматчиёни ҳарби;

5) маъюбон, аз ҷумлаи ашхоси ҳайати қатори ва фармондеҳи мақомоти Вазорати корҳои дохила, Вазорати амният, Вазорати дифоъ, ки дар натиҷаи ярадоршави, контузия ё ҷароҳат ҳангоми иҷрои вазифаи хизмати маъюб гардидаанд ва дигар мақомоте, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст;

6) ашхосе, ки дар корхонаю ташкилот ё муассисаи ба онҳо хонаи истиқоматии хизмати муҳайё карда, 10 сол зиёд хизмат кардаанд;

7) ашхосе, ки аз вазифа озод шудаанд ва ба ин муносибат хонаи истиқоматии хизмати гирифта, ҳанӯз ҳам муносибати меҳнатиро бо корхонаю ташкилот ё муассиса қатъ накардаанд;

8) ашхосе, ки бо сабаби барҳам хӯрдани корхонаю ташкилот ё муассиса ё бо сабаби кам кардани шумора ё штати кормандон аз кор озод шудаанд;

9) нафақахӯрон аз рӯи пиронсоли нафақахӯрони шахси;

10) аъзои оилаи корманди фавтида, ки барояш хонаи истиқоматии хизмати дода шуда буд;

11) маъюбони гурӯҳи 1-II маъюбони гурӯҳи 1-II аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарби ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда;

12) ашхоси яккаву танҳо, ки ҳамроҳашон кӯдакони ноболиғ зиндаги мекунанд, оилаҳои серфарзанд, ки 5 ва бештар фарзанд доранд;

13) Барои шахсоне, ки ба муолиҷаи маҷбури аз майзадагии музмин ва нашъаманди фиристода шудаанд, дар сурати баъд аз анҷоми мӯҳлати муолиҷа давом додани корашон ҳуқуқи ба хонаи истиқоматии идора доштаашон ҳифз карда мешавад.

Ба шаҳрвандони зикргардида хонаҳои истиқоматие дода мешавад, та ба талаботи моддаи 69 Кодекси мазкур мувофиқ бошад.

БОБИ 5. ИСТИФОДАИ ХОБГОҲҲОИ УМУМИ

Моддаи 84. Хобгоҳи умуми

Коргарону хизматчиёни муваққати ва ашхосе, ки тибқи созишномаи мӯҳлатноки меҳнати кор мекунанд, инчунин донишҷӯёну хонандагон дар давраи кор ё таҳсил аз хобгоҳҳои умуми истифода бурда метавонанд.

Барои хобгоҳи умуми биноҳои махсус сохташудаи барои чунин мақсад ҷиҳозонидашуда ҷудо карда мешавад.

Хобгоҳҳои умуми бо мебел ва дигар асбобу анҷоми рӯзгор ва таъиноти маданию маиши таъмин карда мешавад.

Моддаи 85. Тартиби додани майдони истиқомати дар хобгоҳҳои умуми ва истифодаи он

Майдони истиқомати дар хобгоҳҳои умуми ба кормандону хизматчиён, донишҷӯёну хонандагон ва дигар шаҳрвандон дар давраи кор ё таҳсил, бо қарори муштараки маъмурият ва Кумитаи иттифоқи касабаи корхонаю ташкилот ё муассиса дода мешавад.

Тартиби додани майдони истиқоматиро дар хобгоҳҳои фонди манзили ҷамъияти молик муайян мекунад.

Барои ашхосе, ки ба муолиҷаи маҷбури аз майзадагии музмин ё нашъаманди фиристода шудаанд, дар сурати баъд аз анҷоми муолиҷа дар ин корхона, муассиса, ташкилот идома додани кор ё таҳсил ҳуқуқи манзили иқомати дар хобгоҳҳои умуми ҳифз карда мешавад.

Ба шахсоне, ки ба муносибати даъват шудан ба хизмати мӯҳлатноки ҳарби аз хобгоҳи умуми рафтаанд, дар мавриди баъди адои хизмати ҳарби ба ҳамин корхона, муассиса, ташкилот ё донишкада баргаштанашон бояд дар хобгоҳи умуми майдони иқоматй дода шавад.

Дар асоси қарори додани майдони истиқомати маъмурият барои банд кардани майдони истиқомати ордер медиҳад. Шакли ордерро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 86. Кӯчондан аз хобгоҳи умуми

Кормандони мавсими, муваққати ва ашхосе, ки тибқи созишномаи мӯҳлатноки меҳнати корро қатъ кардаанд, инчунин онҳое, ки дар муассисаҳои таълими таҳсил намуда, онро тарк кардаанд, бояд аз хобгоҳи умуми хориҷ шаванд, дар ҳолати рад карданашон бошад, бидуни додани дигар хонаи истиқомати аз хобгоҳи умуми, ки дар он бо сабаби кор ё таҳсил зиндаги мекарданд, бароварда мешаванд.

Дигар кормандони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ки вобаста ба корашон дар хобгоҳи умуми ҷойгир шудаанд, дар ҳолати бо хоҳиши худ, бидуни сабабҳои узрнок аз кор рафтан, барои вайрон намудани интизоми меҳнат ва содир намудани ҷиноят, бидуни додани хонаи дигари истиқомати аз хобгоҳи умуми бароварда мешаванд.

Бидуни додани хонаи истиқомати аз хобгоҳи умуми баровардани шаҳрвандон инчунин тибқи муқаррароти пешбининамудаи моддаи 70, инчунин ҳангоми дағалона вайрон кардани қоидаҳои истифодаи хобгоҳи умуми анҷом дода мешавад.

Ашхосе, ки бо сабабҳои, дигар корро қатъ намудаанд ва он дар асосҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур муқаррар нашудааст, инчунин ашхоси дар моддаи 84 Кодекси мазкур зикргардидаро танҳо бо шарти додани хонаи дигари истиқомати аз хобгоҳи умуми баровардан мумкин аст (моддаи 69).

БОБИ 6. ИВАЗ КАРДАНИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИ

Моддаи 87. Шартҳои умумии иваз кардани хонаҳои истиқомати

Шаҳрвандоне, ки соҳиби манзиланд, ҳақ доранд хонаи истиқоматиро, аз ҷумла хонаҳои дар маҳалҳои гуногуни аҳолинишин воқеъбударо иваз кунанд.

Ба намудҳои гуногуни фонди манзил марбут будани хонаҳои истиқомати ба иваз намудани хонаҳои истиқомати монеъ шуда наметавонад.

Барои иваз намудани хонаи истиқомати розигии хаттии аъзои ба балоғатрасидаи оила, ки ҳамроҳ зиндаги мекунанд, аз ҷумлаи аъзои муваққатан ғоиб, зарур мебошад.

Ҳангоми иваз намудани хонаҳои истиқоматй дар биноҳои кооперативи манзилу сохтмон доираи аъзои оила, ки розигии онҳо зарур аст, бо розигии хаттии онҳое, ки барои пардохти як қисми саҳмия ҳуқуқ доранд, маҳдуд гардида, ҳангоми ивази квартираи (хонаи истиқоматии) марбути шаҳрванди молик- розигии онҳо, ки соҳиби квартира (хонаи истиқомати) мебошанд, зарур аст.

Агар байни аъзои оила оид ба иваз мувофиқа набошад, пас ҳар яке аз онҳо ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби суди, ба таври маҷбури ба биноҳои дигар (квартираҳо) иваз намудани хонаашонро талаб намоянд.

Байни ашхосе, ки муносибати оилави доранд, ивази як қисми майдони истиқомати, инчунин иваз бидуни кӯчидани ҳамаи ашхоси бо иштирокчии ивазкуни истиқоматкунанда (ивази дохилиоилави) имконпазир мебошад.

Шарти ивазкуни тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад. Ҳангоми ивазкуни тарафҳо ҳуқуқ доранд барои фарқият сифат ва ҳаҷми хонаҳои истиқомати шарти пардохти ҷубронпулии байниҳамдигариро муайян намоянд.

Тартиби ба расмият даровардани ивази хонаи истиқоматиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Созишномаи ивази хонаи истиқомати аз лаҳзаи гирифтани ордер ё шаҳодатномаи ҳуқуқи молики, ки онро мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли медиҳанд, эътибор пайдо мекунад.

Дар бораи надодани ордер ба суд муроҷиат кардан мумкин аст. Шаҳодатнома дар мавриди молики ё ордер тавассути мақомоти дахлдори маҳалли воқеъгардидаи манзили зист дода мешавад.

Моддаи 88. Хусусияти ивази хонаи истиқомати, ки аз тарафи аъзои кооперативи манзилу сохтмон ишғол шудааст

Агар яке аз хонаҳои истиқоматии ивазшаванда ба узви кооперативи манзилу сохтмон тааллуқ дошта бошад, ивазкуни ба шарте сурат мегирад, ки агар яке аз шахси ба бинои кооперативи ҷойгиршаванда узви кооператив шавад.

Дар ин сурат ҳамаи ӯҳдадориҳои иҷронашудаи узви кооператив, ки вобаста ба ивазкунии хона аз он баромадааст, ба зиммаи ӯ гузошта мешавад.

Ивазкунии хонаи истиқоматиро дар кооперативи манзил то хатми сохтмони бинои кооперативи низ анҷом додан имконпазир аст.

Моддаи 89. Шартҳое, ки ҳангоми мавҷудияти онҳо ивазкунии хонаҳои истиқомати мань аст

Ивазкунии хонаҳои истққомати дар ҳолатҳои зайл манъ аст:

1) агар нисбати шаҳрванде, ки дорои манзил мебошад, оид ба ҳуқуқи истифода ва моликии ӯ ба манзили истиқомати даъво карда шавад;

2) агар хонаи истиқомати хизмати бошад ё таҳти хобгоҳи умуми қарор гирифта бошад;

3) агар дар натиҷаи ивазкуни андозаи майдони истиқоматии кироягир хурд шавад ва аз меъёри барои баҳисобгирии эҳтиёҷмандони беҳтар кардани шароити манзил муқаррарнамудаи Кодекси мазкур кам гардад;

4) агар хонаи истиқомати дар бинои фонди манзили ҷамъияти воқеъ буда, молики он мухолифи ивазкунии хона бошад.

Муқаррар намудани дигар шартҳои иловаги, ки ивазкунии хонаи истиқоматиро иҷозат намедиҳанд, манъ аст.

Моддаи 90. Беэътибор донистани ивазкунии хонаи истиқомати

Ивазкунии хонаҳои истиқомати дар асосҳои зайл беэътибор дониста мешавад;

1) агар он хилофи муқаррароти моддаи 89 Кодекси мазкур сурат гирифта бошад;

2) дар асосҳои муқаррарнамудаи қонунҳои шаҳрванди дар мавриди беэътибор донистани муомилот.

Дар ҳолатҳои беэътибор донистани ивазкуни тарафҳо бояд ба манзилҳои истиқоматии собиқаашон кӯчонда шаванд.

Дар ҳолатҳое, ки ивазкуни бо амали ғайриқонунии яке аз тарафҳо беэътибор дониста мешавад, шахси гуннаҳкор бояд зарари вобаста ба ивазкуни ба ҷониби дигар расонидаашро талофи намояд (арзиши интиқоли асбобу анҷом, таъмири бино ва ғайра).

Ивазкунии хонаи истиқомати тибқи тартиби суди, дар давоми шаш моҳи пас аз гирифтани ордери ивазкуни ё шаҳодатномаи ҳуқуқи молики, беэътибор дониста мешавад.

БОБИ 7. ТАЪМИНИ ШАҲРВАНДОН БО ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИ ДАР БИНОҲОИ КООПЕРАТИВИ МАНЗИЛУ СОХТМОН

Моддаи 91. Ҳуқуқи аъзои кооперативи манзил гардидани шаҳрвандон

Шаҳрвандони эҳтиёҷманди беҳтар кардани шароити манзил ҳақ доранд ба кооперативи манзилу сохтмон дохил шаванд ва аз он квартира гиранд.

Моддаи 92. Тартиби баҳисобгирии шаҳрвандоне, ки мехоҳанд аъзои кооперативи манзил шаванд

Баҳисобгирии шаҳрвандон, ки мехоҳанд аъзои кооператив бошанд, аз тарафи мақомоти дар моддаҳои 28-29 Кодекси мазкур муайянгардида анҷом дода мешаванд.

Навбати ба кооператив қабул кардани шаҳрвандони эҳтиёҷманди беҳбуди шароити манзил тибқи моддаҳои 30-32 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.

Моддаи 93. Шарти қабули шаҳрвандон ба узвияти кооперативи манзилу сохтмон

Ба узвияти кооперативи манзилу сохтмон шаҳрвандони синнашон ба 18 расида, ки дар маҳалли аҳолинишини кооператив таъсисшаванда муқими зиндаги мекунанд ва ба беҳбуди шароити манзил эҳтиёҷ доранд, дохил шуда метавонанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст шартҳо ва асосҳои дигари қабул ба узвияти кооперативи манзилу сохтмонро пешбини кунанд.

Моддаи 94. Ташкил ва фаъолияти кооперативҳои манзилу сохтмон

Кооперативҳои манзилу сохтмон дар назди мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳалли, корхонаю ташкилот, муассисаҳо, инчунин колхоз ва дигар кооперативу ташкилотҳои ҷамъияти таъсис дода мешаванд.

Тартиби таъсис ва фаъолияти кооперативҳои манзилу сохтмонро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

Оинномаи намунавии кооперативҳои манзилу сохтмонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Кооперативи манзилу сохтмон дар асоси Оиннома, ки дар маҷлиси умумии шаҳрвандони ба кооператив дохилшаванда, мутобиқи Оинномаи намунавии кооперативҳои сохтмону манзил қабул гардида, тибқи тартиби муқарраршуда бақайд гирифта шудааст, амал мекунад.

Кооперативҳои манзилу сохтмон истифода ва таъмири биноҳои истиқоматии марбутаашонро дар асоси ҳуқуқи моликияти хусусии кооперативи анҷом медиҳанд.

Моддаи 95. Назорати мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли ба фаъолияти кооперативҳои манзилу сохтмон

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли фаъолияти кооперативҳои манзилу сохтмон, истифода ва таъмири биноҳои марбути онҳоро таҳти назорат қарор медиҳанд.

Мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳалли ҳуқуқ дорад қарори маҷлиси умуми ё раёсати кооперативиро, агар он мухолифи қонун бошад, бекор кунад.

Моддаи 96. Кӯмаки давлат ба кооперативҳои манзил

Давлат ба кооперативҳои манзилу сохтмон дар истифода ва таъмири биноҳои марбутаи онҳо, инчунин таъмини аъзои кооператив бо хонаҳои истиқомати ҳангоми гузаронидани таъмири асоси, ки бидуни кӯчонидани шаҳрвандони сокини ин биноҳо имконпазир аст, ёри мерасонад.

Моддаи 97. Окибатҳои вайрон намудани биноҳои кооперативи манзилу сохтмон

Агар бинои кооперативи манзилу сохтмон бо сабаби барои эҳтиёҷи давлати гирифтани қитъаи замин вайрон карда шавад, бо кооператив ба ивази он бояд бинои истиқоматии хусусии баробарарзиш дода шавад.

Агар ба кооператив ҷудо кардани хонаи истиқоматии баробарарзиш имконнопазир бошад, кооператив барҳам дода шуда, ба аъзои собиқи кооператив ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматкунанда хонаи истиқоматии дигари обод дода, маблағи саҳмияашон баргардонида мешавад.

Моддаи 98. Ба узви кооперативи манзилу сохтмон додани хонаи истиқомати

Ба шахсе, ки ба узвияти кооперативи манзилу сохтмон қабул гардидааст, мутобиқи маблағи саҳмияаш квартираи алоҳида дода мешавад.

Квартираҳои биноҳои кооперативии манзилу сохтмон тибқи ордерҳое, ки мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳалли додаанд, маскун мешаванд. Дар мавриди надодани ордер ба суд арз кардан мумкин аст.

Шакли ордерро барои ишғол намудани хонаи истиқомати дар бинои кооперативи манзилу сохтмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 99. Тақсим намудани хонаҳои истиқомати дар бинои кооперативи манзилу сохтмон

Узви кооператив ва ҳамсари ӯ, ки ба як қисми саҳмия ҳақ доранд, ба шарте, ки ба онҳо додани утоқҳои алоҳида имконпазир бошад, ҳақ доранд ҷудо кардани майдони истиқомати ишғолкардаашонро талаб намоянд.

Баҳсҳо оид ба масъалаи тақсимкунии хонаи истиқомати бо воситаи суд ҳал карда мешавад.

Моддаи 100. Ҳуқуқ ва вазифаҳои узви кооперативи манзилу сохтмон

Ҳуқуқ ва вазифаҳои узви кооперативи манзилу сохтмон, инчунин шарти истифодаи хонаи истиқоматиро Кодекси мазкур ва Оинномаи кооператив муайян менамоянд.

Оинномаи кооператив, аз ҷумла пешбини мекунад:

андозаи ҳаққи дохилшави ва дигар пардохтҳо, салоҳияти мақомоти идора ва ашхоси мансабдори кооператив, тартиби ба истифода додани хонаи истиқомати, ба он ҷойгир кардани сокинони муваққати, шартҳои нигоҳ доштани ҳуқуқ ба квартира аз ҷониби узви муваққатан ғоиби кооператив ва аъзои оилаи ӯ, тартиби истифодаи хонаи истиқомати ҳангоми тақсими маблағи саҳмия, тартиб ва шарти додани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои узви кооператив ба дигар ашхос ва ғайра.

Моддаи 101. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои оилаи узви кооперативи манзилу сохтмон

Аъзои оилаи узви кооперативи манзилу сохтмон мутобиқи моддаи 45 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.

Аъзои оилаи узви кооператив, ки ба як қисми маблағи саҳмия ҳақ доранд, нисбати майдони истиқомати баробари дигар узви кооператив инчунин ҳуқуқ ва масъулиятро доро мебошанд.

Дигар аъзои оилаи узви кооператив аз ҳуқуқҳои истиқомати доими дар хонаи истиқомати истифода мебаранд.

Моддаи 102. Қатъи узвият дар кооперативи манзил

Дар ҳолатҳои зайл узвият дар кооператив қатъ мегардад:

1) бо хоҳиши худ аз кооператив баромадан;

2) ивазкунии хонаи истиқомати;

3) фавти узви кооператив;

4) пурра пардохтани саҳмияи квартира;

5) дар натиҷаи офати табии, сӯхтор, ҳолатҳои садамави ё дигар ҳолатҳои фавқулодда барои истиқомат номусоид гардидани квартира;

Моддаи 103. Оқибатҳои хориҷ шудан аз кооперативи манзилу сохтмон

Ҳангоми аз ҳайати кооператив хориҷ, гардидани яке аз узви он барои узви кооператив шудан он узви оила ҳуқуқи афзалиятнок дорад, ки ба як қисми саҳмия ҳақ дорад.

Узви аз кооператив хориҷ гардида бо розигии аъзои оила, ки ба як қисми саҳмия ҳақ доранд, метавонад шахсеро, ки ҳуқуқи ӯҳдадориҳои узви кооперативро ба ӯ вогузор менамояд, пешбари кунад. Чунин шахс барои ба кооператив дохил гардидан ҳуқуқи афзалиятнок пайдо мекунад.

Дар ҳолатҳои дигар ҳуқуқи афзалиятнок ба зиммаи дигар аъзои оилаи дар квартира истиқоматкунанда мегузарад ва яке аз онҳо бо розигии умуми, ба кооператив дохил мешавад.

Ҳангоми ба мувофиқа нарасидан масъала дар маҷлиси умумии аъзои кооператив ҳаллу фасл мегардад.

Моддаи 104. Оқибатҳои қатъи узвият дар кооперативи манзилу сохтмон аз сабаби барои истиқомат номусоид будани манзил

Ҳангоми барои зиндаги номусоид будани хонаи истиқомати узви кооператив ва аъзои оилаи ӯ тибқи тартиби муқарраршуда бо хонаи истиқоматии дигар таъмин карда мешавад.

Моддаи 105. Оқибатҳои қатъи узвият дар кооперативи манзилу сохтмон бо сабаби фавти саҳмгузор

Ҳангоми фавти саҳмгузор аъзои дар квартира мондаи оила, ки ба як қисми саҳмия ҳақ доранд, ҳуқуқи ба кооператив дохил шуданро пайдо мекунанд.

Узви кооператив, ки саҳмияи квартираро пурра супоридааст, ҳақ дорад дар васияташ номи шахсеро, ки барои дохил шудан ба кооператив ҳуқуқи афзалиятнок дорад, сабт намояд.

Дар сурати мавҷуд набудани васият чунин ҳуқуқро яке аз ворисони фавтида, ки ҳамроҳи ӯ истиқомат мекунад, бо дарназардошти навбати ворис шинохтан, ки Кодекси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пайдо мекунад.

Ҳангоми мавҷуд набудани ворис яке аз аъзои оила, ки ҳамроҳи шахси фавтида зиндаги мекунад, барои ба кооператив дохил шудан ҳуқуқи афзалиятнок дорад.

Агар дар квартира ҳамроҳи шахси фавтида якчанд ворисон зиндаги кунанд, ки ҳаққи вориси доранд, ба узвияти кооператив яке аз онҳо дохил шуда, дигар ворисон бо ҳуқуқи ҳифзи қисми дахлдори саҳмияашон дар квартира зиндаги мекунанд. Бо талаби яке аз онҳо квартираи шахси фавтида, агар ба ҳар кадоми онҳо имконияти додани утоқи алоҳида имконпазир бошад, бояд байнашон тақсим карда шавад.

Агар пас аз фавти саҳмгузор дар квартираи кооперативи ворисони то синни 16-сола монда бошанд, пас бо розигии мақомоти парастор ва васи яке аз онҳо ба узвияти кооператив қабул карда мешавад. Дар сурати ба муассисаи кӯдакон, назди парастор ё васи ҷойгир намудани кӯдакони хурдсол, дар давраи набудани онҳо хонаи истиқоматиро бо салоҳдиди кооперативи манзилу сохтмон истифода бурдан мумкин аст.

Саҳмияи узви фавтидаи кооператив ба ворисонаш мегузарад. Дар ҳолатҳое, ки ба кооператив шахси ба марҳум вориснабуда дохил мешавад, ӯ бояд ҳатман маблағи саҳмияро ба ворисони шахси фавтида пардозад.

Моддаи 106. Хориҷ намудан аз кооперативи манзилу сохтмон

Узви кооперативи манзилу сохтмон аз кооператив дар ҳолатҳои зайл хориҷ карда мешавад:

1) ғайриқонуни қабул шудан ба кооператив;

2) мунтазам вайрон ё хароб кардани хонаи истиқомати;

3) мунтазам вайрон намудани қоидаҳои хобгоҳи умуми, агар амали ӯ дар як квартира ё як бино ҳамроҳ зиндаги кардани дигаронро имконнопазир гардонад ва чораҳои огоҳони ва аъсири ҷамъияти натиҷа надода бошад;

4) мутобиқи ҳолатҳои дигари пешбининамудаи Оинномаи кооператив.

Моддаи 107. Хориҷ кардан аз биноҳои кооперативи манзилу сохтмон.

Ҳангоми хориҷ гардидан аз кооператив тибқи банди 1 моддаи 106 Кодекси мазкур, шахси хориҷшуда бо ҳамаи аъзои оилааш, бидуни додани хонаи дигари истиқомати, бояд хонаро тарк кунанд.

Дар Оинномаи кооперативи манзилу сохтмон ҳолатҳои ба аъзоёни оилаи шахси аз кооператив хориҷшуда нигоҳ доштани ҳуқуқи истифодаи хонаи истиқомати пешбини шуданаш мумкин аст, ба шарте, ки яке аз онҳо ба кооператив дохил шавад.

Моддаи 108. Додани хонаи истиқоматии холишуда

Хонаи истиқоматие, ки бо сабаби баромадан ё хориҷ гардидан аз узвияти кооператив холи шудааст, дар ҳолати набудани ашхоси тибқи муқаррароти моддаҳои 103, 105, 107 Кодекси мазкур ба кооператив дохилшаванда, бо қарори маҷлиси умуми ба шахси аз нав ба аъзогии кооператив қабулгардида дода мешавад. Аъзои ҳамон кооператив, ки мехоҳанд шароити манзилиашонро беҳтар намоянд, дорои афзалият мебошанд.

Моддаи 109. Баргардонидани саҳмия

Ба шахсе, ки аз кооперативи манзилу сохтмон хориҷ шудааст ё аз он баромадааст, дар давоми 3 моҳи аз тарафи маҷлиси умуми тасдиқ гардидани ҳисоботи солона бо дарназардошти ӯҳдадориҳои пули дар назди кооператив саҳмияаш баргардонида мешавад.

БОБИ 8. ҲУҚУҚИ МОЛИКИИ ШАҲРВАНДОН БА КВАРТИРА (ХОНАИ ИСТИҚОМАТИ)

Моддаи 110. Истифодаи квартира (хонаи истиқомати), ки моликияти хусусии шаҳрвандон мебошад

Шаҳрвандоне, ки квартираи (хонаи истиқоматии) шахси доранд, онро барои истиқомати худ ва аъзои оилаашон истифода мебаранд, онҳо ҳуқуқ доранд ба квартира (хонаи истиқомати) дигар шаҳрвандонро ҷой диҳанд, ин квартираҳоро (хонаҳоро) барои иҷораи шаҳрвандон ё ташкилот ба истифода диҳанд, инчунин хонаҳои истиқоматиро барои пешбурди фаъолияти хоҷагидори истифода баранд.

Ҳуқуқи моликият ба квартира (хонаи истиқомати) бо асноди аз ҷониби идораи нотариали тасдиқгардида ва аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли додашаванда тасдиқ карда мешавад.

Молики квартира ё хонаи истиқомати (аз ҷумла пурра сохташуда) ҳуқуқ дорад мустақилона, мувофиқи салоҳдиди худ квартираро (хонаро) фурӯшад, шарти фурӯшро муайян намояд, онро тӯҳфа кунад, ба дигар ашхос мерос гузорад ва ё бо квартира (хона) тибқи тартиби дигари санадҳои қонуни манънашуда муносибат кунад. Муносибатҳои вобаста ба татбиқ ҳуқуқи молики ба квартира (хонаи истиқомати) тибқи қонунҳо оид ба моликияти хусуси, бо дарназардошти хусусияти муқаррарнамудаи Кодекси мазкур танзим карда мешаванд.

Квартирае (хонаи истиқоматие), ки моликияти умумии чанд шахс мебошад, байни моликон бо дарназардошти саҳми ҳар кадоми онҳо тақсим карда мешавад. Дар айни замон соҳибии умуми ба утоқҳо ва ё қисми квартира (хона), ки дар шакли асл тақсим кардани онҳо имкокнопазир мебошад, нигоҳ дошта шуда, тартиби истифодаи онҳо муайян карда мешавад.

Моддаи 111. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқи моликият ба квартира (хонаи истиқомати)

Ҳуқуқи моликият ба квартира (хонаи истиқомати) дар асосҳои зайл дар миён меояд:

1) сохтмони хонаи истиқомати (як қисми хона);

2) муомилоти хариду фурӯш, ивазкуни, тӯҳфа намудан ва дигар амале, ки хилофи қонуни муомилоти хукукию граждани намебошад;

3) ба мерос гирифтани квартира (хонаи истиқомати) ё як қисми квартира (хонаи истиқомати);

4) ба моликияти хусуси гирифтани квартира (хонаи истиқомати) аз фонди манзили давлати ё коллективи;

5) аз ҷониби иҷорагир харидани квартира (хонаи истиқомати), ки дар асоси шартномаи иҷора ишғол кардааст;

6) аз ҷониби кироягир ба моликияти хусуси гирифтани квартира (хонаи истиқомати) дар бинои фонди манзили давлати ё коллективи, бо роҳи харидани он ё дигар асосҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) пардохти маблағи пурраи саҳмияи квартира дар бинои кооперативи манзилу сохтмон аз тарафи узви кооперативе, ки дар квартираи мазкур зиндаги мекунад;

8) ба моликияти шахси вогузоштани квартира дар асоси ӯҳдадории шартномави, аз ҷумла дар мавриди иштироки шаҳрванд бо сарваташ дар маблағгузории сохтмони бинои фонди манзили давлати ё коллективи;

9) додани квартира (хонаи истиқомати) ба моликияти хусуси ба ивази квартирае (хонаи истиқоматие), ки бо сабаби азхуд кардани қитъаи замин барои эҳтиёҷи давлат ё ҷамъият вайрон карда шудааст;

10) додани квартира (хонаи истиқомати), ба моликияти шахси ба ивази квартирае, ки вобаста ба таъмири асосии квартира (хонаи истиқомати) аз даст дода шудааст;

11) дар асосҳои дигаре, ки қонун манъ нанамудааст.

Моддаи 112. Сохтмони хонаи истиқомати

Сохтмони хонаи истиқомати аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи замине, ки аз тарафи мақоми дахлдори ҳокимият барои сохтмони манзили шахси ва хизматрасонии хонаи истиқомати мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёрашон мегузорад, анҷом дода мешавад.

Давлат ба сохтмони манзилҳои инфиродии шаҳрвандон бо роҳи ташкили истеҳсолот ва фурӯши масолеҳи бинокори, додани қарзҳои имтиёзнок ва дигар тадбирҳои дорои хусусияти ташкилию иқтисоди ёри мерасонад.

Корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ҳуқуқ доранд ба кормандони худ ёрии бепул расонанд, ёрдампулиҳои имтиёзнок диханд ва дигар тадбирҳоро ҷиҳати кӯмак ба сохтмони биноҳои истиқоматии шахси андешанд.

Моддаи 113. Ба моликият гирифтани квартира (хонаи истиқомати) бо роҳи анҷом додани муомилоти ҳуқуқии шаҳрванди

Квартира (хонаи истиқомати), аз ҷумла пурра сохта нашуда ё қисми квартира (хонаи истиқомати) имкон дорад бо роҳи анҷом додани муомилоти хариду фурӯш, иваз кардан, тақдим ва ё дигар амали тибқи қонуни муомиготи ҳуқуқию шаҳрванди манъ нагардида ба моликият гирифта шавад.

Шартномаи хариду фурӯш ё тақдими квартира (хонаи истиқомати), ки дар шаҳр, ноҳия ё дар маҳалли аҳолинишини деҳот воқеъ аст, бояд аз тариқи нотариали тасдиқ ва дар мақомоти ҳокимияти иҷроия ба қайд гирифта шуда бошад. Риоя накардани ин қоидаҳо боиси беэътибории шартнома мегардад.

Моддаи 114. Ба мерос гирифтани квартира (хонаи истиқомати)

Ба мерос гирифтани (хонаи истиқомати) ё як қисми квартира (хонаи истиқомати) бо меъёрҳои муайяннамудаи Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Васиятгузор вориси худро, ки квартира (хонаи истиқомати) ба ихтиёраш гузошта мешавад, метавонад водор намояд, ки ба дигар шахс ҳуқуқи истифодаи умрбоди ин квартираро (хонаи истиқоматиро), ё як қисми муайяни онро диҳад. Ин ӯҳдадори ба шаҳодатномаи ҳуқуқи ворис аз ҷониби нотариали давлати дохил карда мешавад.

Ҳангоми минбаъд ба дигар кас гузаштани ҳуқуқи моликият ба квартира (хона) ё як қисми он ҳуқуқи истифодаи умрбод эътибори худро нигоҳ медорад.

Моддаи 115. Ба ҳуқуқи моликият хонаи истиқоматии ишғолнамудааш (хусусигардонии хонаи истиқомати) соҳиб гардидани кироягир

Кироягири хонаи истиқомати дар биноҳои Фонди манзили давлати бо розигии аъзоёни ба балоғатрасидаи оилааш ва молик ҳуқуқ дорад, хонаи истиқоматиро барои моликият харидори кунад.

Агар дар қарордоди байни онҳо тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, хонаи истиқоматии харидашуда моликияти хусусии умумии кироягир ва аъзои оилаи бо ӯ доими истиқоматкунанда, аз ҷумла ашхоси муваққатан ғоиб мегардад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо, хонаи истиқоматиро ба кироягирон бо шароити имтиёзнок ё бепул ба моликияти хусуси додан мумкин аст.

Квартираҳои умумиро танҳо бо розигии ҳамаи сокинони иҷорагири он ва аъзоёни ба балоғатрасидаи оила хусуси кардан мумкин аст.

Дар ин ҳолат квартира ба моликияти умумии ҳамаи иҷорагирон (бо аъзои оилаашон) мегузарад.

Хусуси кардани хонаҳои истиқоматии хизмати ва хонаҳои хобгоҳҳои умуми манъ аст. Дигар маҳдудиятҳоро оид ба хусусигардонии хонаҳои истиқомати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

Имтиёзот вобаста ба хусусигардонии квартира, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шаҳрвандони хонаи истиқоматиро хусусигардонида ҳанӯз ҳам ба беҳбудии вазъи манзил эҳтиёҷманданд (моддаи 27 Кодекси мазкур) дубора дида намешаванд.

Моддаи 116. Пардохти маблағи пурраи саҳмия аз тарафи узви кооперативи манзилу сохтмон

Аз рӯзи пардохти маблағи пурраи саҳмия узви кооперативи манзилу сохтмон молики квартира гардида, ӯҳдадориашро вобаста ба ҳамаи хароҷоти ҳифзи хона нигоҳ медорад. Узви оила, ки ба қисми саҳмия ҳақ дорад, низ молики квартира мешавад.

Моддаи 117. Ҳуқуқи моликияти умуми ба бинои истиқомати

Ду ё чанд нафар шаҳрвандон метавонанд ба бинои истиқомати, ки ду ё бештар квартира дорад, дар сурати якҷоя сохтани он, ба даст овардани он бо роҳи муомилоти ҳуқуқи шаҳрванди ё мерос, харидани хонаи истиқомати дар натиҷаи хусусигардони, пардохти маблағи пурраи саҳмия аз тарафи аъзои кооператив ва дигар ҳолатҳо ҳуқуқи соҳибии умуми пайдо кунанд. Ҳар яке аз шаҳрвандон ба квартираи дахлдор ҳуқуқи молики пайдо карда, қисми барои истифодаи умуми пешбинишудаи бино моликияти умумии онҳо шинохта мешавад.

Моликони квартираҳои бинои истиқомати ҳуқуқ доранд бо мақсади нигоҳдошт ва хизматрасонии қисмати умумии бинои истиқомати, қитъаи замини атрофи бино, ҳимоя ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти худ кооперативи моликони квартираро таъсис диҳанд.

Кооперативи манзилу сохтмонро, ки ҳамаи аъзояш маблағи саҳмияро пардохтанд, низ ба кооперативи моликон табдил додан мумкин аст.

Моддаи 118. Ба моликият гирифтани квартира ҳангоми вайрон намудани бино бо сабаби барои эҳтиёҷоти давлати ва ҷамъияти гирифташудани қитъаи замин

Дар сурати вайрон кардани бинои (квартираи) шахсии шаҳрвандон бо сабаби барои эҳтиёҷоти давлати ё ҷамъияти гирифта шудани қитъаи замин, ба шаҳрвандони зикргардида дар биноҳои фонди манзили давлати ё кооперативи ба онҳо квартираҳо дода мешаванд.

Агар дар ин ҳолат маълум гардад, ки арзиши хонаи истиқоматии додашаванда аз арзиши бинои (квартираи) вайроншуда болотар аст, аз молик фарқияти нарх ситонида намешавад. Ва дигар шаҳрвандони дар ин биноҳо (квартираҳо) доими сукунатдошта, ки узви оилаи молик намебошанд, квартираҳо дар асоси шартномаи иҷора ё кирояи манзил ба истифода дода мешаванд. Квартираҳои додашаванда бояд обод ва ба талаботи санитарию техники ҷавоб диҳанд.

Дар ҳолати баланд будани нархи хонаи истиқоматии вайроншуда аз нархи квартираи додашаванда, ба молик ҷубронпулии дахлдор пардохта мешавад. Андоза, тартиби муайян кардани маблағ ва пардохти арзиши биною (квартираҳо) иншоот ва иморатҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Ба ғайр аз ин ба молики бинои (квартираи истиқоматии вайроншаванда барои ҷудо карда гирифтани масолеҳи бинокори ҳангоми вайрон кардани бино (квартира), иморату иншоот бо арзиши қабли, бо дарназардошти фарсудагии онҳо, ҳуқуқи афзалиятнок дода мешавад.

Мувофиқи хоҳиши молик ба ивази хонаҳои истиқомати ва иморатҳои вайроншаванда мумкин аст дар ҷои дигар хонаҳои истиқомати ва иморату иншоот сохта шаванд. Дар чунин ҳолат маблағи арзиши хонаю иморат ва иншооти вайроншуда пардохта мешаванд.

Шартҳои ба ҷои дигар кӯчонидан ва сохтмони биноро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 119. Гирифтани квартираи (хонаи истиқомати) ба моликият ба ивази квартирае, ки вобаста ба таъмири асосии хонаи истиқомати аз даст рафтааст

Агар ҳангоми таъмири асосии (азнавсози) хонаи истиқомати ҳифзи квартираи шахсии шаҳрванд имконнопазир бошад, ба шаҳрвандони дар ин квартира доими сукунатдошта тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қисмҳои якум ва дуюми моддаи 118 Кодекси мазкур квартираҳои шахси дода мешавад.

Моддаи 120. Хизматрасони ва таъмири хонаи истиқоматии хусусигардонидашуда ва иштироки моликони квартира дар пардохти хароҷоти умумии нигаҳдошти бино

Моликони квартираҳо вазифадоранд мутаносибан хароҷоти умумии нигаҳдошти биноро (таъмири даҳлез) унсурҳои конструктивии бино, иншооти инженери, кашондани ахлот ва ғайра) пардозанд.

Пас аз ҳисобу китоби дахлдор ташкилоти истифодаи манзил (ё дигар ташкилоте, ки таъминоти биноро чун комплекси ягонаи истиқомати ба ҷо меорад) ҳақ дорад аз ҳар як молики квартира пардохти саҳми хароҷотро вобаста ба майдони истиқоматбоби квартира талаб намояд. Ҳангоми сари вақт насупоридани маблағ он бо тартиби маҷбури ситонида мешавад.

Пардохти хизматрасониҳои коммунали аз рӯи тарифҳое, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда тасдиқ гардиданд, анҷом дода мешавад. Имтиёз барои пардохти хароҷоти умумии нигоҳдошти бино ва ҳаққи хизматрасонии коммунали мутобиқи моддаи 49 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.

Тартиб ва шарти хизматрасони ва таъмири хонаҳои истиқоматии хусусигардонидашударо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.

Моддаи 121. Аъзои оилаи молик

Аъзои оилаи молик ҳамсар ва фарзандони ҳамроҳашон доими сукунатдошта ҳисоб меёбанд. Волидони зану шавҳар ва фарзандони онҳо, ки соҳиби оилаи худ мебошанд ва бо молик муқими зиндаги мекунанд, танҳо бо розигии тарафҳо метавонанд аъзои оилаи молик дониста шаванд.

Дар ҳолатҳои мустасно инчунин дигар ашхос, ки бо молик муқими истиқомат мекунанд ва бо ӯ хоҷагии умумиро пеш мебаранд, чун аъзои оилаи молик шинохта мешаванд. Хӯрандагони ғайри қобили меҳнат, агар бо молик муқими зиндаги кунанд, аъзои оилаи ӯ дониста мешаванд.

Баҳсҳо дар бораи аъзои оилаи молик донистани шахс ба тартиби суди ҳал карда мешавад.

Моддаи 122. Ҳуқуқ ва вазифаҳои оила ва аъзои собиқи оилаи молик

Аъзои оилаи молик, ки дар бинои истиқоматиаш (квартирааш) ҷой дода шудаанд, ҳақ доранд баробари ӯ аз манзили истиқоматии бино, агар ҳангоми ҷойгир шудан тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, истифода баранд. Онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар хонаи барояшон ҷудонамудаи молик фарзандони ноболиғи худро ҷой диҳанд. Ҷойгир кардани дигар аъзоёни оилаи онҳо танҳо бо розигии молик имконпазир аст. Ин ашхос ҳуқуқи истифодаи хонаро дар мавриди қатъ гардидани муносибати оилави бо молик низ нигоҳ дошта, вале ӯҳдадоранд хароҷоти нигоҳдошти бино (квартира), рӯи ҳавли ва таъмири асосиро пардозанд.

Моддаи 123. Хориҷ кардани аъзои оила ва дигар ашхосе, ки бо молики хонаи истиқомати зиндаги мекунанд

Аъзои оила ва ашхоси дигаре, ки бо молики хонаи истиқомати зиндаги мекунанд, дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 70 Кодекси мазкур, бидуни додани хонаи дигари истиқомати, аз хона бароварда мешаванд.

БОБИ 9. ИҶОРАИ ХОНАИ ИСТИҚОМАТИ

Моддаи 124. Шартномаи иҷораи хонаи истиқомати

Хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлати ва ҷамъияти дар асоси шартномаи иҷора байни иҷорадеҳ - ташкилоти истифодаи манзил (агар чунин ташкилот набошад - корхонаю ташкилот ва муассисаи дахлдор) ва иҷорагир - шаҳрванд, ки хонаи истиқоматиро гирифтааст, баста мешавад.

Мутобиқи шартномаи иҷора иҷорадеҳ барои соҳиби ва истифодаи пулаки хонаи шахсии истиқомати ё квартираи алоҳидаро ба мӯҳлати давомноки пурраи мӯҳлати истеҳлоки (аммортизатсиони) хонаи истиқомати ба иҷорагир медиҳад.

Ҳамаи ӯҳдадориҳо оид ба нигоҳдошт ва таъмири хонаи (квартираи) ба иҷора гирифташуда, агар дар шартномаи иҷора тартиби дигаре пешбини нашуда бошад), ба зиммаи иҷорагир гузошта мешавад.

Иваз шудани ичорадеҳ сабаби тағйир додани шартномаи иҷора намегардад.

Моддаи 125. Иҷорапули

Ба иҷорапули қисми мутаносиби хароҷоти иҷорадеҳ барои нигаҳдошти бинои истиқомати, ки дар он хонаи истиқомати воқеъ аст ва пардохти истеҳлокии (аммортизатсионии) мутобиқи меъёр ҳисобу китобшуда, дохил мегардад.

Ҳаққи хизматрасонии коммуналиро иҷорагир аз рӯи тарифи тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқгардида мепардозад.

Имтиёзи вобаста ба пардохти хароҷоти умуми барон хона ва хизматрасонии коммунали мутобиқи моддаи 49 Кодекси мазкур муайян шуданаш мумкин аст.

Моддаи 126. Шакли шартномаи иҷораи хонаи истиқомати

Шартномаи иҷораи хонаи истиқомати дар шакли хатти баста мешавад ва риоя накардани шакли хатти барои беэътибор домистани шартнома сабаб шуда метавонад.

Моддаи 127. Шартномаи намунавии иҷораи хонаи истиқомати

Шартномаи намунавии иҷораи хонаи истиқоматиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Шартҳои шартномаи иҷора, ки вазъияти Иҷорагирро аз меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, шароитҳои пешбининамудаи шартномаи намунавии иҷора бадтар мекунад, эътибор надоранд. Бар ивази онҳо муқаррароти дахлдори Кодекси мазкур ва шартномаи намунавии иҷора татбиқ мегарданд.

Моддаи 128. Ҳуқуқи аъзои оилаи иҷорагир

Аъзои оилаи иҷорагир, ки бо ӯ якҷоя зиндаги мекунанд ва дар шартномаи иҷораи хонаи истиқомати дохил шудаанд, аз ҳамаи ҳуқуқи иҷорагир баробар истифода мебаранд ва вазифаҳоеро, ки аз шартнома бар меояд, ба ӯҳда доранд.

Агар шаҳрвандони дар қисми якуми моддаи мазкур зикргардида аз аъзогии оилаи кироягир баромада бошанду вале дар манзили истиқоматии кироягирифташуда зиндаги кунанд, дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое мебошанд, ки аз шартномаи кироя бармеоянд.

Аъзои оилаи иҷорагир, ки ба шартномаи иҷора дохил нашудаанд, аз ҳуқуқи зиндагии доими дар хонаи истиқомати истифода мебаранд.

Ба аъзои оилаи иҷорагир ашхоси дар моддаи 45 Кодекси мазкур номбаршуда дохил мешаванд.

Моддаи 129. Ҳуқуқи иҷорагир ба ҷойгир намудани аъзои оила ва дигар шаҳрвандон дар хонаи истиқомати

Иҷорагир ҳуқуқ дорад дар хонаи истиқоматии иҷорагирифтааш ҳамсар, фарзандон, падару модар дигар ашхосро бо розигии хаттии ҳамаи аъзоёни ба балоғат расидаи оила, ки ба шартномаи иҷора дохил карда шудаанд, ҷойгир намояд.

Барои дар назди волидон ҷой додани фарзандони ноболиғи онҳо чунин розигии аъзои оила талаб карда намешавад.

Ашхосе, ки ба сифати аъзои оила дар хонаи истиқомати зиндаги мекунанд ва дар шартномаи иҷора дохил гардидаанд, баробари иҷорагир дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо мебошанд.

Моддаи 130. Нигоҳ доштани амали шартномаи иҷораи хонаи истиқомати ҳангоми муваққатан ғоиб будани иҷорагир

Амали шартномаи иҷораи хонаи истиқомати ҳангоми муваққатан ғоиб будани иҷорагир нигоҳ дошта мешавад.

Хонаи истиқоматии аъзои оилаи иҷорагир, ки ба шартномаи иҷора дохил нашудаанд, ҳангоми муваққатан ғоиб буданашон тибқи шарту шароити пешбининамудаи моддаҳои 51-53 Кодекси мазкур нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 131. Ҳуқуқи иҷорагир ҳангоми таъмири асосии бинои истиқомати

Ҳангоми таъмири асосии бинои истиқомати, ки дар он квартираи иҷорави воқеъ аст, иҷорагир ва аъзои оилааш аз ҳуқуқҳои барои иҷорагир ва аъзои оилаи ӯ пешбининамудаи моддаи 55 Кодекси мазкур истифода мебаранд.

Моддаи 132. Ҳуқуқи иҷорагир ҳангоми тағйир додани шартномаи иҷорагир

Тағйир додани шартномаи иҷора дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 54, 56 - 60 Кодекси мазкур имконпазир аст. Дар ин сурат иҷорагир ва аъзои оилаи ӯ, ки дар шартномаи иҷораи хонаи истиқомати дохил гардидаанд, аз ҳуқуқҳои барои иҷорагир ва аъзоёни оилаи ӯ пешбининамудаи моддаҳои зикршуда истифода мебаранд.

Моддаи 133. Тибқи шартномаи иҷораи хонаи истиқомати иваз намудани иҷорагир

Иҷорагир ҳақ дорад, ҳуқуқ ва масъулиятҳои худро оид ба шартномаи иҷора ба зиммаи аъзои болиғи оилааш, ки дар шартнома дохил шудааст, гузорад.

Дар сурати фавти иҷорагир ё ғайри қобили кор дониста шуданаш ҳуқуқ ва масъулиятҳои ӯ бо мувофиқаи аъзои оила, ки дар шартнома дохил шудаанд, ба зиммаи яке аз онҳо гузошта мешавад.

Агар бо иҷорагир аъзои оилааш, ки дар шартнома дохил шудаанд, зиндаги накунанд, ҳуқуқ ва масъулиятҳои иҷорагири фавтида ба ӯҳдаи аъзои дигари оила, ки ҳамроҳаш сукунат дошт, мегузарад.

Дар ҳолатҳое, ки иҷорагири фавтида дар хонаи истиқомати будани аъзои оила зиндаги мекард, тибқи васиятнома ё қонун ҳуқуқ ва масъулиятҳои ӯро ба яке аз ворисон гузоштан мумкин аст.

Моддаи 134. Бекор кардани шартномаи иҷораи хонаи истиқомати аз тарафи иҷорагир

Иҷорагир бо розигии аъзои оила, ки дар шартномаи иҷораи хонаи истиқомати дохил шудаанд, ҳуқуқ дорад, шартномаи иҷораро ба шарти то се моҳ пештар огоҳ намудани иҷорадеҳ бекор кунад.

Ҳангоми бидуни огоҳонии иҷорадеҳ бекор кардани шартномаи иҷора иҷорагир вазифадор аст, барои се моҳи минбаъда иҷорапули пардозад. Иҷорагир вазифадор аст, ба иҷорадеҳ хонаи истиқоматии иҷорагирифтаашро дар ҳолати муносиб, бо дарназардошти доштнокии мувофиқ супорад.

Агар иҷорагир шартномаи иҷораи хонаи истиқоматиро бидуни розигии аъзои оила бекор кунад, ҳуқуқ ва масъулиятҳои ӯ ба яке аз узви оила, ки дар шартнома дохил шудааст, мегузарад, агар чунин узв набошад ва ё аз ҷониби ӯ қабули ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иҷорагир рад карда шавад - пас он ба зиммаи дигар узви оила мегузарад, ки бо иҷорагир истиқомат мекунад.

Моддаи 135. Қатъи шартномаи иҷора бо сабаби ба моликияти иҷорагир гузаштани хонаи иҷорагирифташуда

Бо гузашти мӯҳлати истифода (мӯҳлати истеҳлоки) хонаи истиқомати ба моликияти иҷорагир мансуб мегардад. Иҷорагир ҳуқуқ дорад, хонаи иҷорагирифтаашро бо пардохти маблағи боқимондаи истеҳсоли пеш аз мӯҳлат харад.

Моддаи 136. Хориҷ кардани иҷорагир аз хонаи истиқомати

Қоидаҳои хориҷ кардан аз хонаи истиқомати, ки моддаҳои 63-67, 69-71 Кодекси мазкур пешбини намудаанд, ба шартномаи иҷора татбиқ мегарданд.

ФАСЛИ 4. ТАЪМИНИ МУҲОФИЗАТИ ФОНДИ МАНЗИЛ ИСТИФОДА ВА ТАЪМИРИ ОН

Моддаи 137. Таъмини муҳофизати фонди манзил

Мақомоти давлатию ҷамъияти, корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ашхоси мансабдор вазифадоранд барои муҳофизати фонди манзил ва ободонии он ғамхори намоянд.

Моддаи 138. ӯҳдадориҳои кироядеҳ оид ба таъмини муҳофизати фонди манзил

Кироядеҳ вазифадор аст, ки хонаҳои истиқоматиро сари вақт таъмир намояд, кори мунтазами таҷҳизоти инженерии биною хонаҳои истиқоматиро таъмин кунад, даҳлез, дигар қисматҳои таъиноти истифодаи умуми ва ҳавлии атрофи биноро дар ҳолати зарури нигоҳ дорад.

Моддаи 139. ӯҳдадориҳои шаҳрвандон оид ба таъмини муҳофизати фонди манзил

Шаҳрвандон вазифадоранд, муҳофизати хонаҳои истиқоматиро таъмин намуда, ба таҷҳизоти санитарию техники ва дигар таҷҳизот эҳтиёткорона муносибат кунанд, қоидаҳои нигаҳдошти хонаи истиқомати ва минтақаҳои атрофи бино ва қоидаҳои зидди сӯхторро риоя, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умуми қарордоштаро таъмин кунанд.

Кироягирони хонаҳои истиқомати бояд аз ҳисоби худ таъмири ҷориро ба ҷо оранд ва ҳангоми тарки манзил онро дар ҳолати муносиб супоранд.

Шарт ва тартиби гузаронидани таъмир тибқи шартномаи иҷораи хонаи истиқомати, қоидаҳои истифодаи манзили истиқомати, инчунин дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 140. Мусоидат ҳангоми гузаронидани таъмири хонаҳои истиқомати

Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳалли, ба шаҳрвандон дар гузаронидани таъмири ҷори мусоидат мекунанд.

Корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ки хонаҳои истиқомати марбути онҳо мебошанд, ҳамчунин ба шаҳрвандон дар таъмири ҷории хонаҳои истиқоматии воқеи он биноҳо мусоидат мекунанд.

Моддаи 141. Ташкили истифода ва таъмири фонди манзил

Истифода ва таъмири фонди манзили давлати ва кооперативҳои мзизилу сохтмон, инчунин хонаю квартираҳо, ки моликияти шахсии шаҳрвандон мебошад, бо риояи ҳатмии қоида ва меъёрҳои ягонаи истифода ва таъмири фонди манзил анҷом дода мешавад.

Моддаи 142. Истифода ва таъмири фонди манзили давлати дар шаҳрҳо, шаҳракҳои коргарон, истироҳатгоҳҳо ва бӯстонсаро

Истифода ва таъмири манзили давлати (сарфи назар аз тобеияти идори) дар шаҳрҳо, шаҳракҳои коргарию истироҳатгоҳ ва бӯстонсаро аз тарафи хадамоти истифодаи манзил ва таъмиру сохтмон анҷом дода мешавад.

Моддаи 143. Истифода ва таъмири хонаҳои истиқоматии воқеъ дар деҳот

Истифода ва таъмири хонаҳои истиқоматии марбути колхозу совхозҳо ва дигар корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ки дар деҳот воқеанд, аз тарафи хадамоти истифодаи манзил ва таъмиру сохтмон анҷом дода мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани хадамоти истифода ва таъмир чунин биноҳоро ташкилоти истифодаи манзил ва таъмиру сохтмони мақомоти ҳокимияти иҷроия анҷом медиҳанд.

Моддаи 144. Таъминоти техники ва таъмири фонди манзили ҷамъияти, биноҳои кооперативии манзилу сохтмон, инчунин биноҳои бисёрквартира, ки моликияти хусусии шаҳрвандон мебошанд

Хадамоти истифодаи манзил ва таъмиру сохтмони давлати дар асоси қарордод хизматрасонии техники ва таъмири биноҳои кооперативҳои истиқомати ва манзилу сохтмон, инчунин биноҳои бисёрквартираро, ки моликияти шахсии шаҳрвандон мебошанд, анҷом медиҳанд.

Пардохти хароҷоти вобаста ба хизматрасонии техники ва таъмири ин хонаҳо мутобиқи ставкаҳо ё шартҳои барои хизматрасони ва таъмири хонаҳою биноҳои фонди давлати ва истиқомати муқарраршуда сурат мегирад.

Моликони хонаҳои истиқоматии пурра хусусигардонидашуда ҳуқуқ доранд, барои хизматрасонии чунин бино ташкилотро мустақилона муайян кунанд, аз ҷумла ташкилотҳои давлатии истифодаи манзил, таъмиру сохтмон, кооперативҳо, фирмаи хусуси ва дигар субъектҳоро ҷалб намоянд.

Хизматрасонии техники ва таъмири биноҳои фондҳои дар моддаи мазкур нишондодашударо Қонуни "Дар бораи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон" танзим мекунад.

Моддаи 145. Баплангирии таъмири фонди манзил

Вазифаҳои оид ба таъмири асосии биноҳои фонди манзили давлати дар плани давлатии тараққиёти иқтисоди ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳои давлати ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 146. Маблағгузории хароҷоти истифода ва таъмири фонди манзили давлати

Маблағгузории хароҷоти истифода ва таъмири (таъмири ҷори ва асосии) фонди манзили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҳисоби маблағҳои ташкилоти истифодаи манзил ва дар сурати нокифоягии ин маблағҳо - аз ҳисоби буҷети давлат анҷом дода мешавад.

Маблағгузории хароҷоти истифода ва таъмири ҷории фонди манзили идори аз ҳисоби маблағҳои ташкилоти истифодаи манзил, корхонаю ташкилоти истифодаи манзил, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои тобеъ, дар сурати нокифоягии ин маблағ - аз ҳисоби маблағи корхонаю ташкилот ва муассисаҳои дахлдор анҷом дода мешавад.

Таъмири асосии фонди манзили идори аз ҳисоби маблағҳои барои мақсад ҷудонамудаи корхонаю ташкилот ва муассисаҳои дахлдор анҷом дода мешавад.

Моддаи 147. Маблағгузори барои хароҷоти истифода ва таъмири квартираҳо, ки моликияти хусусии шаҳрвандон мебошанд

Маблағгузори барои хароҷоти истифода ва таъмири квартираҳо, ки моликияти хусусии шаҳрвандон мебошанд, аз ҳисоби маблағҳои соҳибони квартира анҷом дода мешавад.

Моддаи 148. Маблағгузори барои хароҷоти истифода ва таъмири фонди манзили ҷамъияти

Маблағгузори барои истифода ва таъмири фонди манзили ҷамъияти аз ҳисоби маблағҳои худии соҳибони фонд анҷом дода мешавад.

Моддаи 149. Маблағгузори барои хароҷоти истифода ва таъмири бинои кооперативи манзилу сохтмон

Маблағгузории хароҷоти истифода ва таъмири биноҳои кооперативи манзилу сохтмон аз ҳисоби маблағҳои кооперативҳо анҷом дода мешавад.

Андозаи ҳаққи саҳмияи кооперативҳои манзилу сохтмонро барои таъмири асосии хонаҳои истиқоматии кооперативи Оинномаи кооперативи манзилу сохтмон муайян мекунад.

Моддаи 150. Маблағгузори ва таъминоти моддию техникии истифода ва таъмири иморатҳои ғайриистиқомати ва хонаҳои ғайриистқомати дар биноҳои истиқомати

Хароҷоти вобаста ба истифода ва таъмири иморатҳои алоҳидаи ғайриистиқомати ва хонаҳои ғайриистиқомати дар баланси ташкилотҳои истифодаи манзил буда, ки барои эҳтиёҷоти савдо, маиши ё дигар эҳтиёҷоти ғайриистеҳсоли пешбини шудаанд, инчунин таъминоти моддию техникии истифода ва таъмири онҳо ҳангоми банақшагирии фаъолияти ташкилоти истифодаи манзил ба инобат гирифта мешаванд.

Моддаи 151. Таъминоти моддию техникии истифода ва таъмири фонди манзил

Захираҳои моддию техники, ки барои истифода ва таъмири фонди манзили давлати, ҷамъияти ва фонди манзили кооперативҳои манзилу сохтмои заруранд, мутобиқи меъёрҳои масрафи он, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, аз тарафи вазорату кумитаҳои давлати ва идораҳо ҷудо карда мешаванд.

ФАСЛИ 5. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНҲОИ МАНЗИЛ

Моддаи 152. Ҷавобгари барои истифодаи нодурусти фонди манзил ва дигар ҳолатҳои вайрон кардани қонунҳои манзил

Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ашхос барои гуноҳҳои зерин ба ҷавобгарии ҷинояти, маъмури ва ё ҷавобгарии дигар кашида мешаванд:

- барои вайрон намудани тартиби баҳисобгирии шаҳрвандоне, ки эҳтиёҷманди беҳтар кардани шароити манзил мебошанд, аз ҳисоб баровардан ва ба шаҳрвандон додани хонаҳои истиқомати;

- барои риоя накардани мӯҳлатҳои муайяншудаи маскун намудани бино ва хонаҳои истиқомати;

- барои вайрон намудани қоидаҳои истифодаи хонаҳои истиқомати, қоидаҳои санитарии ҷойҳои таъминоти истифодаи умуми, панҷараҳои зинаҳо, лифт, даромадгоҳҳо, рӯи ҳавлии бино;

- барои худсарона дигар кардани тарҳи бинои истиқомати ва азнавсозии бино ва хонаҳои истиқомати ва ғайри таъминот истифода бурдани он;

- барои вайрон намудани қоидаҳои истифодаи биною хонаҳои истиқомати, таҷҳизоти техники ва риоя накардани тартиби нигаҳдошти онҳо;

- барои хароб кардани биною хонаи истиқомати, таҷҳизот ва объектҳои ободонии онҳо.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дигар вайронкуниҳои қонунҳои манзил низ ҷавобгариҳо муқаррар карда метавонанд.

Моддаи 153. Додани товони зараре, ки ба фонди манзил расонида шудааст

Корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, инчунин шаҳрвандоне, ки ба биною хонаҳои истиқомати, таҷҳизоти инженери, объектҳои ободони ва ниҳолу дарахтони назди ҳавлии биноҳои истиқомати зарар расондаанд, бояд товони зарарро пардозанд.

Ашхоси мансабдор ва дигар кормандон, ки бо гуноҳи онҳо корхонаю ташкилот ва муассисаҳо барои додани товони зарар хароҷот кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун ба ҷавобгарии модди кашида мешаванд.

ФАСЛИ 6. ҲАЛ КАРДАНИ БАҲСҲО

Моддаи 154. Тартиби ҳал кардани баҳсҳо оид ба манзил

Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳои марбут ба манзил аз тарафи суд, суди иқтисоди, ҳаками, инчунин дигар мақомоти ба ин ваколатдор ҳал карда мешаванд.

ФАСЛИ 7. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВИ

Моддаи 155. Бо хона таъмин намудани шаҳрвандоне, ки барои кор ба хориҷа фиристода шудаанд

Шаҳрвандоне, ки барои кор ба хориҷа фиристода шудаанд, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли буду бошашон бо манзил таъмин карда мешаванд.

Моддаи 156. Шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар санадҳои ҳуқуқии байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда назар ба қоидаҳое, ки дар қонунҳои манзилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, меъёрҳои дигареро муқаррар карда бошанд, пас меъёрҳои санадҳои байналмилали татбиқ карда мешаванд.