×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993, № 905 "Дар бораи ҳифзи табиат"

Санаи амалкуни: 13.06.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 760 аз эътибор соқит дониста шуд.  

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳифзи табиат

(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 10.05.2002 № 30, аз 2.12.2002 № 75, аз 15.07.2004 № 58, аз 13.06.2007 № 284)

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат

Вазифаи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи табиат аз он иборат аст, ки муносибатро дар соҳаи таъсири мутақобилаи ҷамъият ва табиат бо мақсади нигоҳ доштани боигариҳои табиӣ ва муҳити табии зисти инсон, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, пешгирии таъсири зараровари экологии фаъолияти хочагӣ ва ғайра, солим ва беҳтар гардондани ҳолати муҳити зист, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи муносибатҳои мазкур ба манфиати наслҳои хозираву ояндаи одамон танзим гардонад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин мавриди истифода қарор мегиранд:

Муҳити зист - муҳити зисти одам, биосфера (муҳити зисти мавҷудоти зинда), ки шароиту восита ва маҳалли зисти одам ва дигар мавҷудоти зинда мебошад: он табиатро ҳамчун як ҷузъи системаҳои табиии экологи ва он қисми муҳити табиатро, ки бар асари фаъолияти одам тағйир ёфтааст, дар бар мегирад;

Ҳифзи муҳити зист -системаи чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки мақсад аз он таъмини созгории ҷомеаву табиат дар асоси эҳтиёт кардан ва афзун гардонидани сарватҳои табиӣ, оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, беҳтар кардани ҳолати муҳити зисти инсон мебошад;

Захираҳои табиат - аз тарафи одам истифода бурдани манбаъҳои аслии табиат (замину об, ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ, захираҳои ашёи хоми маъданӣ, маводи радиоактивӣ, олами набототу ҳайвонот, ҷузъҳои он ва дигар боигариҳои табиӣ);

Зарари муҳити зист - дучори тағйироти манфӣ гаштани муҳити зист, ки онро фаъолияти одам бинобар олуда сохтани муҳит, хоҳиши захираҳои табиат, осеб дидан, хароб гардидани системаҳои экологии табиат, ки ба саломатию ҳаёти одам, ба олами набототу ҳайвонот, ба сарватҳои моддӣ хавфу хатари воқеӣ доранд, боис шудааст.

Минтақаҳои муҳофизатӣ (дар соҳаи муҳити зист) -гуногунии минтақаҳои муҳофизатшаванда, қисми ҳудуде, ки тибқи тартиботи муқаррарнамудани Қонун барои ҳифзи ҳудудҳои мамнуъгоҳҳо, боғҳои миллии тибиӣ, боғҳои давлатии ҳайвонот, боғҳои давлатии дарахтҳои нодир бо роҳи маҳдуд кардани истифодаи табиат бо мақсади муҳофизати объектҳои мамнуъ;

Минтақаҳои муҳофизати санитарӣ- ҳудудест, ки барои таъмини меъёрҳои гигиении дар табақаи рӯи замини атмосфера мавҷуд будани модаҳои зараровар, кам кардани таъсири хатҳои интиқоли қувваи барқ ба аҳолии атроф заруранд;

Китобӣ сурх- маҷмӯи маълумотест дар бораи навъҳои нодири наботот ва ҳайвонот, несту нобудшаванда ё худ таҳти хатари нобудшавӣ қарорёфта, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун, бо мақсади ҷорӣ намудани низоми ҳифзи хоса ва минбаъд афзоиш додан тасдик, карда мешаванд: (Китоби сурхи байналмилалӣ, китоби сурхи Ҷумуҳурии Тоҷикистон);

Лимити истифодаи захираҳои табиӣ- (дар соҳаи ҳифзи муҳити зист )-миқдори ниҳоии истихроҷу истеъмоли захираҳои табиӣ, партови модаҳои зарарноки табиат ба муҳити зист. Бо мақсади ҳифзи табиат, оқилона истифода бурдани захираҳои он, пешгирӣ кардани таъсири зараровари ин модаҳо ба табиат муқаррар карда мешавад.

Ба меъёрдарории сифати муҳити зист - муқаррар кардани системаи нишондиҳандаҳои сифати муҳити зист;

Меъёрҳои ҳадди ҷоизи тасъири зарарнок ба муҳити атроф -нишондиҳандаҳои ҳадди ҷоизи таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба ҳолати муҳити зист, ки ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, бехатарии экологии ҷамъият ва саломатии инсонро таъмин менамоянд;

Меъёрҳои сифати муҳити зист- нишондиҳандаҳое, ки меъёрҳои вазъи сифатии муҳити зист: ҳадди ҷоизи ҷамъшавии модаҳои зараровар, дараҷаи ҷоизи таъсири радиатсионӣ, дараҷаи садо, ларзиши майдонҳои магнитӣ, ҳадди ҷоизи моддаҳои кимиёвӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал кор фармуда мешаванд, ҳадди ҷоизи муддати фаъолияти бошиддати инсон ба муҳити зист;

Олудашавии муҳити зист- ба муҳити зист ворид шудани модаҳои хавфноки кимиёвӣ, биологи, радиоактивӣ, партови истеҳсолот, инчунин ба муҳити зист таъсир расонидани садо, ларзиши майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсирҳои зарарноки физики;

Қабати озон- кабати атмосферии қутбҳои замин дар баландии 7-8 км дар экватор, дар баландии 17-18 км дар рӯи сайёра ба андозаи зиёд ҷамъ шудани молекулаҳои озон, ки шуъоҳои ултрабунафши барои мавҷудоти зинда ҳалокатовари кайҳониро намегузаронанд;

Партовҳо - моддаҳои гуногун, масолеҳ, ва ҷисмҳои, ки дар рафти фаъолияти инсон ба вуҷуд омада, дар ҷои пайдо ё зоҳиршудаашон қобили истифода бурдан нестанд ва моликашон аз онҳо бо роҳи истифодабарӣ ё барҳамдиҳӣ халос шуданианд;

Партови модаҳои зарарнок - ба муҳити беруна (ба ҳавои атмосфера, объектҳои об, замин) баромадани моддаҳои олудакунанда аз ягон манбаи олудашавӣ;

Боғи дарахтҳои нодири давлатӣ - гурӯҳи дарахтоне, ки дороӣ аҳамияти илмӣ ва фарҳангию таърихӣ мебошанд, намудҳои аслии набототӣ боғи;

Экспертизаи экологи - ба таври расми муайянкунии мутоби(ати фаъолияти пешбинишуда ва ан(омдодашудаи хо(аги ва дигар фаъолият(о ба талабот(ои экологи ва муаяйнкунии имконпазирии истифодаи объект(ои экспертизаи экологи бо ма(сади пешгирии о(ибат(ои э(тимолии номусоиди таъсиррасонии ин фаъолият ба му(ити зист ва о(ибат(ои ба он вобастаи и(тимои, и(тисоди ва о(ибат(ои дигари истифодаи объекти экспертизаи экологи (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 30, аз 15.07.2004 № 58).

Моддаи 3.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 4. Принсипҳои асосии ҳифзи муҳити зист

Ҳангоми амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, идоракунӣ ва ғайра, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ дошта метавонад, маҷлиси вакилони халқ, дигар мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони юридикӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаият вазифадоранд принсипҳои зеринро дастурӣ амал қарор диҳанд :

- пеш аз ҳама ҳифз кардани ҳаёт ва саломатии инсон, таъмини шароитҳои мусоиди экологи барои зиндагӣ, кору истироҳати аҳолӣ;

-қисми дуюм ва сеюм хориҷ карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75);

- мутобиқати илман асосноки манфиатҳои экологи ва иқтисодии ҷамъият, ки кафолатҳои воқеъии ҳуқуқи инсонро ба муҳити солими зист ва барои ҳаёт мусоид, барои ҳарчи пурратар қонеъ гардонидани талаботи моддию фарҳангии шаҳрвандон таъмин мекунад;

- ба таври комплексӣ ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, зарурати аз нав барқдроркунии онҳо, роҳ надодани оқибатҳои зараровари он ба муҳити зист ва саломатии инсон;

- риояи талаботи қонунгузории ҳифзи табиат, барои вайронкунии он тибқи қонун ҳатман ба ҷавобгарӣ кашидан;

- ошкорбаёнӣ дар иҷрои вазифаҳои ҳифзи табиат ва алоқаи зич бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ;

- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 5. Объектҳоӣ ҳифзи муҳити зист

Аз ифлосшавӣ, вайроншавӣ, зарару осеб дидан, харобкорӣ ва дигар ҳолатҳои истифодаи нооқилона объектҳой зерин ҳифз карда мешаванд:

- биосфера, системами табии экологи ва таркибҳои онҳо;

- иқлим, кабати озонии Замин;

- замин, сарватҳои он, обҳои рӯизаминиву зеризаминӣ, ҳаво, атмосфера, олами ҳайвонот;

- ҷангалзорҳо, чарогоҳҳо ва дигар намуди олами растанӣ, ландшафтҳоӣ муқаррарӣ ва нодир;

- ҳудудҳои табии ва объектҳоӣ махсус муҳофизатшаванда;

Ба ҳудудҳои табии ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда инҳо мансубанд: мамнуъгоҳҳои давлатии табии, боғҳои давлатии табии, боғҳои давлатии ҳайвонот, боғҳои давлатии дарахтҳои нодир ва гиёҳшиносӣ, парваришгоҳҳои давлатӣ, ҳудудҳои экологию мардумшиносӣ, ҳудудҳои табии дамгирӣ, осоишгоҳӣ ва табобатию солимгардонӣ, инчунин ҳайвоноту растаниҳое, ки ба Китоби Сурхи байналмилалӣ, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд ва ҷойҳои зисту сабзиши онҳо (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 30).

Ба объектҳоӣ ҳифзӣ махсус хамчунин минтақаҳои курортию рекреатсионӣ, минтақаҳои пайдоиши обҳои зеризаминӣ (воридҳои дарёҳо, конусҳо, тунукобаҳои наздикӯҳӣ), бозёфтҳои нодири геологи ва ташкилаҳои минералоги, объектҳои палеонтологи ва дигар мавзеъҳои сарватҳои зеризаминие, ки қимати махсуси илмӣ, маданӣ ва ғайра доранд, соҳилҳо ва минтақаҳои ҳифзи оби объектҳои об, минтақаҳои муҳофизатии (буферии) арзҳои табиии махсус ҳифзшаванда, ҳавзҳои моҳипарварӣ, минтақаҳои муҳофизатии ҷангалҳо ва дигар минтақаҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмиллалӣ муайян карда мешаванд, мансуб дониста мешаванд.

Моддаи 6. хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 30)

Моддаи 7.Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити табии зист инҳо вориданд:

- таъмини ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираи табиӣ ба манфиатҳои наслҳои хозираю оянда;

- банақшадарории чорабиниҳои ҷумҳуриявии соҳаи ҳифзи муҳити зист, тасдиқи барномаҳои ҷумҳуриявии комплексиву мақсаднок, таъминоти пули ва моддию техникии чорабиниҳои ҳифзи табиат;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз мансубияти ва шаклимоликияташон дар соҳаи ҳифзи табиат;

- муқаррар намудани меъёру тартиби ситонидани пардохтҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ, партовҳои маводи зараровар, ҷойгиронии (гуркунии) партовҳо ва дигар таъсири зараровар ба муҳити зист;

- муқаррар намудани тартиби таҳия ва тасдиқи меъёрҳои экологи ва лимитҳои истифодаи захираҳои табиӣ, партовҳои маводи ифлоскунанда ба муҳити зист, ҷойгиронии партовҳо;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.12.1997 № 498).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 284).

- ташкили системаи таълиму тарбияи экологии аҳолӣ;

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи табиат дигар ваколатҳоро амалӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат

Ба салоҳияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳифзи муҳити зист ваколатҳои махсус доранд, инҳо дохиланд:

- идоракунии комплексии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар Ҷyмҳуpии Тоҷикистон, гузаронидани сиёсати илмӣ-техникии ягона оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазоратҳо, идораю корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо дар ин соҳа;

- назорати давлатӣ ба истифодаю ҳифзи заминҳо, сарватҳои зеризаминӣ, обҳои рӯизаминиву зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, ҷангал, дигар растаниҳо, олами ҳайвонот, захираҳои табиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба риояи меъёрҳои амнияти экологи;

- ташкили мониторинги муҳити табиӣ, таъсису таъмину кори умумии назорати муҳити зист;

- тасдиқи меъёрҳо ва қоидаҳои экологи, иштирок дар таҳияи намунаҳо (стандартҳо) оид ба танзими истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист аз ҳар гуна ифлосшавӣ ва дигар таъсири зарарнок;

- амалӣ гардонидани санҷишҳои давлатии экологи;

- бепул гирифтани ахбороти экологи аз вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо;

- таъмини аҳолӣ бо ахбороти экологи;

- додани ичозатномаҳо барои гур кардани (ҷойгиркунонии) партовҳои саноатӣ, маишию коммуналӣ ва ғайра, партовҳои маводи ифлоскунандаи муҳити зист, барои истифодаи захираҳои тибиӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.12.1997 № 498);

- муроҷиат кардан ба суд бо даъво дар бораи маҳдуд кардан ё кать гардонидани фаъолияти шахсони ҳуқуқие, ки бо вайрон кардани қонунгузории ҳифзи табиат фаъолият менамоянд, аз ҷумла бо даъво дар холати барзиёд будани лимитҳои партовҳои маводи ифлоскунанда (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 284);

- пешниҳод кардани даъвоҳо дар хусуси додани товони зараре, ки бинобар вайрон кардани қонунгузории соҳаи ҳифзи табиат расонда шудааст;

- таҳияи барномаҳои давлатӣ, байнидавлатӣ ва минтақавии экологи;

- тартиб додани протоколҳо ва баррасии парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;

- ширкат варзидан дар ташкили системаи таълиму тарбияи умумӣ ва муттасили экологи;

- ҳамоҳанг сохтани кори дигар мақомоти идораи давлатии махсус ваколатдоршуда дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- идора кардани кори мамнуъгоҳҳои табиӣ;

- баҳисобгирӣ ва арзёбии захираҳои табиӣ, ба роҳ мондани кадастрҳои ҷумҳуриявии захираҳои табиӣ;

- амалӣ гардонидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, омухтан ва ҷамъбасту паҳн кардани таҷрибаи байналмилалӣ таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.

Қарорҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ваколатҳои махсус доранд, оиди масоили таҳти салоҳияти онҳо қароргирифта барои ҳамаи шахсҳои юридикӣ ва шаҳрвандон ҳатмист ва нисбати онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 9. Салоҳияти Маҷлисҳои махаллии вакилони халқ дар бобати танзими муносибатҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист

Ба ихтиёри маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба ҳифзи муҳити зист масоили зерин дохил мешаванд;

- муайян кардани самтҳои асосии хифзи муҳити табиӣ дар минтақаҳои тобеи идоравӣ ва тасдиқи барномаҳои экологи;

- баҳисобгирӣ ва арзёбии ҳолати захираҳои табиӣ, баҳисобгирии объектҳои аз ҷиҳати экологи зарарнок, ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои кадастри захираҳои табиӣ;

- ба нақша даровардани кори ҳифзи муҳити зист, таъминоти пули ва моддӣ-техникии барномаҳои ҳифзи табиат;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идора, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо оид ба ҳифзи табиат, мусоидат ба кооператсиякунонии ихтиёрии маблағҳо баҳри иҷрои чорабиниҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти экологи, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75);

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 284);

- ташкил намудани ҷамъоварӣ ва аз нав қобили истифода гардонидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ;

- ширкат намудан дар кори ташкили мамнуъгоҳҳо;

- тарғиби ҳифзи табиат, таълиму тарбияи экологи;

- баррасии дигар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ки ба салоҳияти Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб дониста шудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75);

БОБИ 2. ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БА МУҲИТИ СОЛИМ ВА МУСОИДИ ЗИСТ

Моддаи 10. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муҳити мусоиди зист

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар шароити аз ҷиҳати экологи барои ҳаёт ва саломатии вай мусоид зиндагӣ кунад.

Ин ҳуқуқ бо амалҳои зерин таъмин мешавад:

- бо риояи талаботи экологи дар мавриди ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, корхонаю иншоотҳо ва дигар объектҳое, ки ба муҳити зист таъсир расонида метавонанд, инчунин ҳангоми балоиҳагирии комплексҳои минтақавӣ-истеҳсолӣ, тараққии истеҳсолот, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ.

Аз ҷониби шаҳрвандон бар зарари табиат, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандони дигар истифода бурдани муҳити зист манъ аст.

Моддаи 11. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатиашон аз таьсири номусоиди муҳити зист

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад саломатии худро аз таъсири номусоиди муҳити зист, ки бинобар фаъолияти хоҷагидорӣ ва ё дигар фаъолият, садама, фалокат, офатҳои табиӣ ба амал омадааст, ҳифз намояд.

Ин ҳуқуқ бо амалҳои зерин таъмин карда мешавад:

- бо нақшагирӣ ва ба меъёр даровардани сифати муҳити зист, тадбирҳои пешгирии фаъолияти аз ҷиҳати экологи зараровар, солимгардонии муҳити зист, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои садама, фалокатҳо ва офатҳои табиӣ;

- бо тартиби суди ё маъмурӣ талофӣ намудани зараре, ки дар асари ифлос намудани муҳит, ё дигар зараррасониҳо аз он ҷумла бинобар оқибатҳои садамаву фалокатҳо ба саломатии шаҳрвандон расонида шудааст;

- бо назорати давлатию ҷамъиятӣ ба вазъи муҳити зист ва риоя намудани қонунгузории ҳифзи табиат, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки барои вайрон кардани талаботи амнияти экологии аҳолӣ гуннаҳгоранд.

Моддаи 12. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ахбороти экологи

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар бораи ҳолати ҳаво, об, хок, сарватҳои зеризаминӣ, ҷангалҳо, олами ҳайвонот (аз он ҷумла захираҳои моҳӣ), вазъияти радиатсионӣ дар ҷумҳурӣ сари вақт ахбороти пурра ва ҳаққонӣ гиранд.

Ин ҳуқуқ бо роҳи аз ҷониби мақомоти давлатии ба ин кор ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани баромадҳо ва интишори мунтазам дар воситаҳои ахбори омма дар хусуси вазъи муҳити зист (ҳаво, об, хоку сарватҳои зеризаминӣ, вазъияти радиатсионӣ), ҷангалҳо, олами ҳайвонот, аз ҷумла захираҳои моҳӣ дар минтақаҳои дахлдор ва ҷараёнҳои тағйироти он таъмин мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Дар ҳолати бадшавии ҷиддии сифати муҳити зист, ки ба саломатии одамон таҳдид карда метавонад, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия (хукуматҳо) ва мақомоти давлатии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фавран аҳолиро оидӣ сабабҳои бадшавии вазъи экологи ва роҳҳои пешгирии зарари он хабардор мекунанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 13. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар кори қабули қарорҳои аз ҷиҳати экологи муҳим ва назорат ба иҷрои онҳо

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар қабул, таҳия ва амалӣ гардонидани қарорҳое, ки бо расондани таъсир ба муҳити зист алоқаманданд, ширкат варзида, ба онҳо назорат баранд.

Ин ҳуқуқ бо роҳи интишори васеъ, муҳокимаи оммавии лоиҳаҳои муҳимтарин қарорҳои экологи, гузаронидани санҷишҳои ҷамъиятии экологии лоиҳаҳо, ба эътибор гирифтани пешниҳодоти шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ваколатдор, истифодаи шаклҳои гуногуни ширкати аҳолӣ дар кори ҳифзи муҳити зист амалӣ гардонида мещавад.

БОБИ 3. МЕХАНИЗМИ ИҚТИСОДИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Моддаи 14. Вазифаҳои механизми иқтисодии хифзи муҳити зист

Вазифаҳои механизми иқтисодии ҳифзи муҳити зист аз инкишоф додани ҳавасмандгардонии моддиву маънавии вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шаклҳои тобеияту моликияташон, кормандони онҳо ва шаҳрвандон ба кори таҳия, банақшадарорӣ ва иҷрои чорабиниҳои бехатарии экологи, истифодаи оқилонаву барқарорсозии захираҳои табиӣ иборат мебошанд.

Механизми иқтисодии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- банақшагирӣ ва бо пул таъминкунии тадбирҳои ҳифзи табиат;

- муқаррар намудани лимитҳои истифодаи захираҳои ҳифзи табиат, партовҳои маводи ифлоскунандаи муҳити зист ва ҷойгиркунии партовҳо;

- ситонидани пардохтҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ, партовҳои маводҳои ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва дигар амалиётҳои зараровар;

- ҳавасмандгардонии моддии коллективҳо ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо, ҳамчун шаҳрвандон;

- додани имтиёзҳои андозию кредитӣ ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра, аз ҷумла ба ташкилотҳои ҳифзи табиат, сарфи назар аз шакли тобеияту моликияташон, инчунин ба шаҳрвандон дар ҳолати ҷорӣ кардани технологияҳо ва истеҳсолоти бепартов ё кампартов, ба кор бурдани ресурсҳои маводи пасмондаю партов, дигар фаъолияте, ки дар муҳофизати табиат самара мебахшад;

- муқаррар намудани нархҳои иловапулиҳои ҳавасмандкунанда ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологи тоза;

- бо тартиби муқарраршуда талофӣ намудани зиёне, ки ба муҳити зист ва саломатии инсон расонида шудааст;

- ба зиммаи корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон гузоштани вазифаи барқарор намудани вазъи мусоиди муҳити зист;

- қисман ё пурра маҳрум кардани роҳбарон ва дигар кормандон аз мукофотпулие, ки аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти асосии истеҳсолӣ мегиранд, агар онҳо талаботи қонунгузории ҳифзи табиатро вайрон карда ё чорабиниҳои ҳифзи табиатро иҷро накарда бошанд; бо тартиби муқарраршуда ситонидани ҷубронпулӣ барои зараре, ки дар натиҷаи вайрон ё нобуд кардани объектҳои табиӣ расонида шудааст;

- ҷорӣ кардани андозҳои махсус барои корхона, ташкилоту муассисаҳое, ки технологияи аз ҷиҳати экологи хавфнокро истифода мебаранд ё дигар фаъолияти барои муҳити зист хатарнокро анҷом медиҳанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, метавонад намудҳои дигари ҳавасмандкунии иқтисодии ҳифзи муҳити зист ва тартиби амалӣ кардани онро муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 2.12.2002 № 75).

Ҳавасмандгардонии иқтисодии фаъолияти соҳаи ҳифзи табиат мувофиқи тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ амалӣ гардонида мешавад.

Моддаи 15. Баҳисобгирии ва арзёбии иҷтимоию иқтисодии захираҳои табиӣ

Мақомоти давлатии ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти давлатии омор, истифодабарандагони захираҳои табиӣ миқдору сифати захираҳои табиӣ ва ашьёи мустаъмалро ба ҳисоб гирифта, онро аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ менамоянд.

Ба зиммаи мақомоти давлатии ҳифзи табиат гузошта шудааст, ки кадастри давлатии замин, об, ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ, олами ҳайвонот, минтақаву объектҳоӣ ҳифзашон махсусро ба роҳ монад.

Моддаи 16. хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75)

Моддаи 17. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат

Маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат аз ҳисоби манбаъҳои зерин амалӣ мегардад:

-буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

-фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи табиат;

-пардохтҳои ихтиёрии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 18. Меъерҳои истифодаи табиат

Меъёрҳои истифодаи табиат системаи маҳдудиятҳои экологи дар минтақаҳо буда, ба корхонаҳо-истифодабарандагони табиат барои муддати муайян ҳаҷмҳои истифодаи ҳадди ниҳоии захираҳои табиӣ, партови модаҳои ифлоскунандаи муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳои истеҳсолотро муқаррар менамояд.

Меъёрҳои истифодаи табиатро барои корхонаҳо истифодабарандагони табиат мақомоти махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар асоси зарурияти тадриҷан расидан ба ҳаҷмҳои меъёрии истифодаи (истихроҷи) захираҳои табиӣ, ҳадди ниҳоии партовҳои модаҳои ифлоскунандаи муҳити зист ва ҳачмҳои меъёрии ҷойгиронии партовҳои истеҳсолот бо назардошти вазъи экологии минтақа муқаррар менамоянд.

Моддаи 19. Пулакӣ будани истифодаи захираҳои табиӣ

Истифодаи пулакӣ буда, барои истифодаи захираҳои табиӣ, ифлос кардани муҳити зист ва дигар таъсири зараровар ба он пул пардохта мешавад.

Ҳаққи истифодаи захираҳои табиӣ (замин, об, сарватҳои зеризаминӣ, ҷангал ва дигар растаниҳо, олами ҳайвонот, захираҳои рекреатсионии табиӣ ва ғайра) дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:

- барои ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ дар доираи муайяншудаи меъёрҳо;

- барои истифодаи аз меъёр зиёд ва исрофкоронаи захираҳои табиӣ;

- барои барқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ.

Пул барои ифлос гардонидани муҳити зист ва дигар намудҳои таъсири зараровар ба он дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:

барои партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва дигар намудҳои ифлоскунӣ дар доираи меъёрҳои муқарраршуда;

барои партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва дигар намуди ифлоскунии зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда.

Тартиби ҳисоб кардану истифода бурдани меъёрҳои пардохтҳоро барои истифодаи захираҳои табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Меъёри пардохтҳо барои ифлос кардани муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ вобаста ба тағйирёбии нархҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд индексатсия шавад.

Пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ истифодабарандагони табиатро аз иҷрои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, додани товони зарарҳои дар натиҷаи қонуншиканиҳои экологи расонидашуда озод намекунад.

Моддаи 20. Фондҳои ҳифзи табиат

Барои хароҷоти пешбинишудае, ки бо муҳофизат ва солимгардонии муҳити зист, барқарор кардани талафоти табиат ва чуброни зиёни ба он расида иртибот доранд, фондҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявии ҳифзи табиат таъсис дода мешаванд (Қонун аз 12.12.97с. № 497).

Ин фондҳо аз ҳисоби маблағҳои барои истифодаи захираҳои табиӣ, партови (ҷойгиронии) маводи зарарноки муҳити зист пардохташуда, маблағҳои барои вайронкунии қонунгузории ҳифзи табиат руёнидашуда, хайрияҳои ихтиёрии аҳолӣ ва дигар манбаъҳо ташкил карда мешавад.

Тартибу ташкилу истифодаи фондҳои ҳифзи табиат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 21. Фондҳои суғуртаи ҳифзи муҳити зист

Фондҳои суғуртаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пушонидани хароҷоти пешбинишудаи барқароркунии талафоти муҳити зист, ҷуброни зарари ба саломатию амволи шаҳрвандон дар натиҷаи офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо расида таъсис дода мешаванд.

Фондҳои мазкур аз ҳисоби маблағҷудокуниҳои давлат, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз тобеъият ва шакли моликияташон, таъсис дода мешаванд.

Тартиби таъсис ва истифодаи фондҳои мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 22. Суғуртаи аҳолӣ аз таъсири номусоиди муҳити зист

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳуpии Тоҷикистон муваққатан ё ба таври доими иқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд ҳаёти худ, саломатӣ ва молу мулкашонро аз таъсири номусоиди муҳити зист дар асари фаъолияти хоҷагӣ ё фаъолияти дигар суғурта намояд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Шартҳои суғуртакунӣ, тартиби ворид намудани пардохтҳои суғуртавӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

БОБИ 4. БА МЕЪЁР ДАРОРИИ СИФАТИ МУҲИТИ ЗИСТ

Моддаи 23. Талаботи асосиӣ нисбати ба меъёр дарории сифати муҳити зист

Ба меъёрдарории сифати муҳити зист бо мақсади муайян кардани ҳадди ниҳоии меъёрии аз ҷиҳати илмӣ асосноки таъсир ба муҳити зист, ки бехатарии экологии аҳолиро кафолат дода, фаъолияти ҳаётии биосфера, ҳифзи ҳаво, об, замин, олами набототу ҳайвонот, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табииро дар шароити инкишофи фаъолияти хоҷагидорӣ таъмин менамояд, анҷом дода мешавад.

Дар меъёрҳои экологии сифати муҳити зист талаботи зайл муқаррар карда мёшаванд: аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шаклу моликияту тобеъияташон, таъмин намудани ҳалли самараноки масъалаҳои экологи бо роҳи ҷорӣ намудани дастовардҳои навтарини илму техника ва дар навбати аввал иваз кардани технологияи ҷории истеҳсолот бо технологияҳои бехатарии сарфакунандаи захираҳо, кампартову бепартов якҷоя бо такмили системаҳои тозакунӣ; кам кардани сатҳи таъсир ба табиат; мунтазам кам кардани партови маводи зараровар ба муҳити зист ва наздик шудан ба беҳтарин дастовардҳои ҷаҳонӣ дар бобати истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла пас аз муваффақ шудан ба меъёрҳои муқаррашудаи як воҳиди маҳсулот.

Дар сурати иҷро накардани талаботи меъёрҳои ҳифзи табиат бо қарори мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат фаъолияти корхонаҳо метавонанд маҳдуд, ё ки боздошта шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Баҳисобгирии сифату миқдори таъсири зарароварро ба муҳити зист Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агента Омори Давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияту тобеъияташон, бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 24. Ҳадди ҷоизи меъёрҳои гуншавии маводи зарарнок

Ҳадди ҷоизи меъёрҳои гуншавии (консентратсияи) маводи зарарнок, ҳамчунин микроорганизмҳои бемориовар ва дигар маводи зарарнокӣ биологи, ки ҳавои фазо, обу хокро ифлос менамоянд, баҳри арзёбии ҳолати муҳити зист бо мақсади ҳифзи саломатии инсон, фондӣ генетики, олами набототу ҳайвонот ва хоҷагии халқ муайян карда мешаванд.

Бо назардошти хусусиятҳои табиию иқлими, ҳамчунин арзиши хосаи минтақаҳои алоҳида (мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллии табиӣ, минтақаҳои осоишгоҳию истироҳатгоҳҳо) барои онҳо ҳадди ҷоизи меъёриҳои қатъии гуншавии маводи зарарнок дар объектҳои муҳити зист муайян карда мешаванд.

Моддаи 25. Ҳадди ҷоизи меъёрҳои партови маводи зарарнок

Ҳадди ҷоизи меъёрҳои партови маводи зарарнок, аз он ҷумла микроорганизмҳои патогенӣ ва дигар маводи биологии ҳаво, обу заминро ифлоскунанда бо назардошти воридоти умумии партовҳо аз ҳамаи объектҳои истеҳсолӣ, маълумотҳои инвентаризатсияи партовҳо маводи зарарноки ҳар як манбаи ифлоскунӣ, ҳадди ҷоизи меъёрҳои гуншавии маводи зарарнок дар муҳити зист ва ифлосшавии заминаӣ он муайян карда мешавад.

Моддаи 26. Ҳадди ҷоизи меъёрҳои садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири зарарноки физикӣ

Ҳадди ҷоизи меъёрҳои баландии садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири зарарноки физики ба дараҷаи зарурие, ки саломатӣ ва қобилияти меҳнатии мардум, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, ҳолати мусоиди муҳити зистро таъмин менамоянд, муайян карда мешавад.

Меъёрҳои мазкур ва усули муайян кардани онҳо аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати санитарӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 27. Ҳадди ҷоизи меъёрҳои таьсири радиатсия

Ҳадди ҷоизи меъёрҳои дараҷаи бехавфи мавҷудияти маводи радиоактивӣ дар муҳити зист ва маводи хӯрокворӣ, ҳадди ҷоизи дараҷаи шуоъзании радиатсионии аҳолӣ ба андозае муайян карда мешавад, ки саломатии-инсон ва насли ояндаи одамон, нигаҳдории олами набототу ҳайвонот ва ҳолати мусоиди зистро кафолат дода метавонад.

Меъёрҳои мазкур ва усули муайян кардани онҳо аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарӣ муайян карда мешаванд.

Барои мунтазам назорат намудани сатҳи радиатсия аҳолӣ бо асбобҳои радиометрӣ бо тартиби аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

хориҷ карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 28. Меъёрҳои истифодаи нурӣ, пеститсидҳо ва дигар маводи кимиёви

Меъёрҳои истифодаи нуриҳои минералӣ ва органики, воситаҳои муҳофизати растанӣ, сабзиши он ва дигар маводи кимиёви дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ва андозае, ки риояи ҳадди ҷоизи меъёрҳои миқдори боқимондаи маводи химиявиро дар таркиби маводи хӯрокворӣ, ҳифзи саломатии инсон, фонди генетикиӣ он, ҳифзи олами набототу ҳайвонотро таъмин менамояд муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 29. Ҳадди ҷоизи меъёрҳои миқдори боқимондаи маводи кимиёви ва микроорганизмҳои биологии зарарнок дар маводи хӯровкорӣ

Ҳадди ҷоизи меъёрҳои миқдори боқимондаи маводи кимёвӣ ва микроорганизмҳои биологии зарарнок дар маводи ғизоӣ бо роҳи муайянкунии меъёри камтарини барои саломатии инсон безарар, барои ҳар як намуди маводи кимёвӣ ва микроорганизмҳои биологии зарарнок ва ҳар як намуди маводи ғизоӣ муайян карда мешавад. Меъёрҳои зикршуда аз ҷониби мақомоти давлатии назорати санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти давлатии умури кимёвии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти стандартҳои байналмиллалӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

Барои назорати доими ба риояи ин меъёрҳо ташкилотҳои дахлдор ва аҳолӣ бо воситаҳои зарурии назорати таъмин карда мешавад.

Моддаи 30. Стандартҳои экологи

Дар стандартҳои техника, технология, маводу ашьёи нав ва дигар маҳсулоте, ки метавонанд ба табиат, саломатии инсон ва фонди генетикии он таъсири зарарнок расонанд, талаботҳои экологие муқаррар карда мешаванд, ки риояи ҳадди ҷоизи меъёрҳои таъсиррасониро ба муҳити зист дар раванди истеҳсолӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва истифода (истеъмол) ва рафъ кардан таъмин менамоянд.

Стандартҳои мазкур, усули муайян кардани онҳо ва намудҳои маҳсулоте, ки барояшон тайёр мешаванд, аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарӣ тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 31. Ҳадди ҷоизи меъёрҳои таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Дар мавриди таъсис додани комплексҳои минтақавию истеҳсолӣ, равнақи саноат ва кишоварзӣ, сохтмону азнавсозии шаҳрҳо, дигар марказҳои аҳолинишин ҳадди ҷоизи меъёрҳои дараҷаи таъсиррасонӣ ба муҳити зист минтақа бо назардошти имкониятҳои иқтидори он, зарурати истифодаи оқилонаи минтақаи захираҳои табии, таъмини шароити хеле мусоидтари ҳаёти аҳолӣ, вайрон накардани системаҳои табии экологи ва роҳ надодани тағйиротҳои бебозгашти муҳити зист муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 32. Меъёрҳои минтақаҳои санитарӣ ва муҳофизатӣ

Меъёрҳои минтақаҳои санитарӣ, муҳофизатӣ, санитарию муҳофизатӣ, ҳифзи об барои ҳифзи обанборҳо ва дигар манбаъҳои обтаъминкунӣ, минтақаҳои курортӣ, муолиҷавию солимгардонӣ, маҳаллоти аҳолинишин ва дигар ҳудудҳо аз ифлосшави ва дигар таъсири зарарнок муайян карда мешаванд.

Меъёрҳои мазкур аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати санитарӣ, ҳифзи муҳити зист якҷоя бо дигар мақомоти давлатии салоҳиятдор таҳия ва дар амал ҷорӣ карда мешаванд.

БОБИ 5. ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 58)

Моддаи 33. Гузаронндани экспертизаи экологи

Экспертизаи экологии объектхо тибки Қонуни Ҷумхурии Точикистон "Дар бораи экспертизаи экологи" гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 58).

Моддаи 34. хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 58)

Моддаи 35. хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 58)

Моддаи 36. хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 58)

Моддаи 37. хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 58)

БОБИ 6. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГИ ҲАНГОМИ ҶОЙГИРОНӢ, БАЛОИҲАГИРИ, СОХТМОН, АЗНАВСОЗИ, БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАҲО, ИНШООТҲО ВА ОБЪЕКТҲОИ ДИГАР

Моддаи 38. Талаботи умумии экологи ҳангоми ҷойгиронӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон, азнавсозӣ ба истифода додани корхонаҳо, иншоотҳо ва объектҳои дигар

Ҳангоми ҷойгиронӣ, аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ асоснок кардани лоиҳа, балоиҳагирӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода додани корхонаҳо, иншооту дастгоҳҳо дар саноат, кишоварзӣ, хоҷагии об, коммуналӣ-маишӣ, дар соҳаи нақлиёту энергетика, дар хоҷагӣ, ҳангоми гузаронидани хатти барқ, алоқа, хатти қубурҳо, каналу объектҳои дигар, ки ба муҳит бевоситаву бавосита таъсир расонида метавонанд, бояд талаботи бехатарии экологи ва ҳифзи саломатии аҳолӣ риоя гардида, баҳри ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаву барқарорсозии захираҳои табиӣ ва беҳдошти муҳити зист тадбирҳо андешида шаванд.

Иҷро накардани талаботи мазкур тибқи дастури мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарӣ боиси муваққатан боздоштан ё маҳдуд кардан ё пурра қатъ гардонидани фаъолияти чойгиронӣ, балоиҳагирӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода додани объектҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарнок мегардад, сарфи назар аз шакли моликияту тобеъияташон.

Моддаи 39. Таҳия ва амали гардонидани лоиҳаҳое, ки ба муҳити зист таъсири ҷиддӣ мерасонанд

Таҳия ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои азими хоҷагии халқ, ки ба муҳити зист таъсири ҷиддӣ расонида метавонанд, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ва натиҷаҳои муҳокимаҳои умумихалқӣ ва райъпурсии умумӣ анҷом дода мешаванд.

Таҳия ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, ки системаҳои самарабахши табии экологи ва мувозинати муҳитро вайрон ва хароб карда, боиси тағйироти номусоиди иқлим ва қабати озонии Замин, нобудшавии фондҳои генетикии растанӣ ва ҳайвонот ё сабаби дигар оқибатҳои ногувор барои саломатии инсон ва муҳити зист мегарданд, манъ аст.

Моддаи 40. Талаботи экологи ҳангоми ҷойгиронии корхонаҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳо

Ҳангоми ҷойгиронии корхонаҳо, иншооту дигар объектҳо сарфи назар аз шакли тобеияту моликияташон бояд ҳатман иҷрои тамоми талаботи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, ба ҳисоб гирифтани оқибатҳои кунуниву минбаъдаи экологӣ, генетики, иқтисодӣ, демографӣ, маънавии фаъолияти объектҳои мазкур, бо назардошти афзалияти ҳифзи саломатии инсон ва некуаҳволии аҳолӣ таъмин карда шаванд.

Ҷойҳои сохтмони корхонаҳо, иншооту дигар объектҳо, сарфи назар аз шакли тобеияту моликияташон, тибқи қонунгузории ҷорӣ ва дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбати экспертизаи экологӣ муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 58).

Моддаи 41. Талаботи экологи нисбати кори сохтмону азнавсозии корхонаҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳо

Иҷрои корҳои тайёрӣ дар маҳал, сохтмон, азнавсозии объектҳо сарфи назар аз шакли моликияту тобеияташон, то тасдиқ, шудани лоиҳа ва ҷудо кардани қитъаи замин манъ аст. Тағйир додани лоиҳаи тасдиқшуда бар зарари талаботи амнияти экологи иҷозат дода намешавад.

Иҷрои корҳои дар қисмати экологии лоиҳа пешбинишуда дар навбати аввал сурат мегирад.

Ҳангомӣ иҷрои корҳои сохтмон барои муҳофизати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рекултиватсияи замин ва дигар корҳои барқарорсозии захираҳои табиӣ, ободонии атроф ва солимгардонии муҳити зист тадбирҳо андешида мешаванд.

Риоя накардани талаботи дар ин моддаи Қонун ифода ёфта то бартараф кардани норасоиҳои қайдшуда боиси дар асоси дастури мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати санитарӣ, назорати бехатарии кор дар саноат ва назорати кӯҳкорӣ манъ кардани корҳои сохтмон шуда метавонад.

Моддаи 42. Талаботи экологи хангоми ба истифода додани корхонаҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳо

Ба истифодадиҳии корхонаҳо, иншооту объектҳои дигар бо шарти ба ҳаҷми пурра иҷро намудани талаботи экологие, ки дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, аз рӯи актҳои комиссияҳои қабул, ки бо иштироки намояндагони мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарӣ таъсис ёфтаанд, анҷом дода мешавад.

Ба истифода додани объектҳо бе хулосаи мусбати экспертизаи экологӣ, бе таъмини иншооту таҷҳизотҳои зарурии тозакунӣ, безараргардонӣ ва истифодабарии партовҳои зарарнок, партовҳои аз меъёрҳо зиёд, воситаҳои назорати ифлосшавии муҳити зист, бидуни хотима ёфтани корҳои мувофиқи лоиҳа ба нақшагирифтаи оиди ҳифзи муҳит, рекултиватсияӣ замин, барқарорсозии дигар захираҳои табиӣ, ободонии муҳити зист қатъият манъ аст (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 58).

Раис ва аъзоёни комисияҳои қабул барои вайрон кардани қоидаҳои қабули объектҳо мувофиқи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ҷавобгаранд.

БОБИ 7. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГИ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ КОРХОНАҲО, ИНШООТҲОЮ ОБЪЕКТҲО ВА ИҶРОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИГАР

Моддаи 43. Талаботи умумии экологи ҳангоми истифодаи корхонаҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳо

Муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо, шаҳрвандон вазифадоранд оиди риояи низоми технологи ва иҷрои талаботи ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқароркунии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зист тадбирҳои самаранок андешанд.

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо дар асоси кори самараноки иншоотҳои партовтозакунӣ, таҷҳизот ва воситаҳои назорати, безараргардонӣ ва истифода бурдани партовҳо, гузаштан ба технология ва истеҳсолоти аз ҷиҳати экологи бехавф риояи меъёрҳои муқарраршудаи сифати муҳити зистро таъмин менамоянд. Оиди ҳифз ва барқароркунии махсулнокии низомҳои экологии табиат, муҳофизати замин, хок, конҳо, об, ҳаво, олами ҳайвоноту наботот, барқарорсозии захираҳои табиӣ тадбирҳо меандешанд.

Вайрон кардани талаботи экологи ҳангоми истифодаи корхонаҳо, иншоотҳои дигар объектҳо боиси мувофиқи қарори мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати санитарӣ, назорати рафти бехатарии корҳо дар саноат ва назорати кӯҳкорӣ маҳдуд, манъ қатъ кардани кори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ё сехҳо, шӯъбаҳо, филиалҳо ва таҷҳизоти онҳо шуда метавонад. Ҳамзамон бо пул таъминкунии фаъолияти манъшудаи онҳо низ аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ қатъ карда мешавад.

Дигар кардани соҳаи фаъолияти объектҳои аз ҷиҳати экологи зарарнок бо мувофиқати мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати санитарӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ анҷом дода мешавад.

Моддаи 44. Талаботи экологи дар хоҷагии қишлоқ ва ҷангал

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон, ки бо кори кишоварзӣ машғуланд, вазифадоранд маҷмӯи тадбирҳоро оиди ҳифзи хок, обанборҳо, ҷангалзорҳо ва дигар растаниҳо, олами ҳайвонот аз таъсири офатҳои табиӣ, оқибатҳои номусоиди истифодаи техника, маводи химиявӣ ва маводи дигар, хамчунин аз омилҳои дигаре, ки ҳолати ҳифзи муҳити зист вайрон намуда, ба саломатии инсон зарар расонида метавонанд, иҷро кунанд.

Фермаву комплексҳои чорводорӣ, муассисаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал бояд дороӣ минтақахои зарурии муҳофизативу санитарӣ, ҳифзи об, иншоотҳои партовтозакунӣ бошанд, ки вайроншавию ифлосшавии замин, обҳои рӯизаминиву зеризаминӣ, харобшавии ҷангалу чарогоҳҳоро истисно намоянд.

Иҷро накардани талаботи мазкур, ки ба муҳити зист ва саломатии инсон зарар расонида метавонад, мувофиқи қарори мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарӣ боиси маҳдуд, манъ ё қатъ намудани фаъолияти аз ҷиҳати экологи зарарноки объектҳои соҳаи кишоварзӣ ва дигар объектҳо шуда метавонад.

Моддаи 45. Талаботи экологи ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, иҷрои корҳоӣ мелиоративӣ

Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, иҷрои корҳоя мелиоративӣ ва истифодаи системаҳои мелиоративӣ бояд оиди риояи мувозинат (баланс)-и об, истифодаи оқилона ва ҳифзи замин, ҷангалзор ва дигар наботот, истифодаи сарфакоронаи об, пешгирӣ аз обзеркунӣ, шуршавӣ, ботлокзоршавӣ, эрозияи замин, ҳифзи ҷойҳои тухммонӣ ғизогоҳҳо ва зимистонгузарониву хиҷрати моҳиён ва рафъи дигар таъсири зараровар ба муҳити зист тамоми тадбирҳоро андешанд.

Иҷро накардани талаботи мазкур боиси то бартараф намудани норасоиҳо манъ намудани корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ё истифодабарии ин системаҳо ё мувофиқи қарори мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист қатъ кардани чунин корҳо мегардад, ҳамзамон бо пултаъминкунии корҳо аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ қатъ гардонида мешавад.

Моддаи 46. Талаботи экологи нисбати объектҳоӣ энергетики

Ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаҳо таҷҳизот ва дигар объектҳои энергетики, сарфи назар аз шакли тобеияту моликияташон, мувофиқи талаботи моддаҳои 38-44 Қонуни мазкур сурат мегирад.

Таҳияи консепсияитаъминоти энергия бо назардошти зарурати камтар кардани таъсири манфии оқибатҳои экологи ва таъсири объектҳои энергетики ба муҳити зист ва саломатии одамон ба амал бароварда мешавад.

Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмони стансияҳои обии барқӣ ва дигар объектҳоӣ, энергетики талаботи воқеии ҳамон минтақа ва ҷумҳурӣ ба қувваи барқ, сатҳи замини маҳал барои ҷойгиронии объектҳо, тадбирҳои ҳарчи бештар нигоҳ, доштани замин, ҷангал, макони канданиҳои фоиданок, нуқтаҳои аҳолинишин, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва маданӣ ҳифзи самараноки захираҳои моҳӣ саривақт истифода кардани дарахтон, кабати ҳосилхези замин, торф ҳангоми тозакунӣ ва обпуркунии обанбор, роҳ надодани тағйиротҳои манфӣ дар муҳити зист бояд ба назар гирифта шаванд.

Дар вақти ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмону ба истифода додани стансияҳои электрики тадбирҳое андешида мешаванд, ки мувофиқи қоидаҳои байналхалқӣ амнияти пурраи муҳити зист ва аҳолиро аз таъсири радиатсия таъмин мекунанд. Ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони стансияҳои атомии қувваи барқ ва ё реакторҳо дар маҳаллоти сераҳолӣ, минтақаҳои муолиҷаю истироҳатгоҳҳо, минтақаҳои табобатию солимгардонӣ, маҳаллоти муҳофизатӣ-санитарӣ, минтақаҳои заминларза, наздикии обанборҳои калони дороӣ аҳамияти ҷумҳуриявӣ, ҷойҳои анъанавии истироҳати оммавӣ ва табобати аҳолӣ қатъиян манъ аст.

Ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони стансияҳои барқиву гармидиҳӣ бояд масъалаҳои пурра таъмин намудани онҳо ба таҷҳизоти олидараҷаи партовтозакунӣ ё дигар воситаҳои тозакунии партовҳои зарарнок, истифодаи сӯзишвориҳои аз ҷиҳати экологи бехавф ҳатман пешбинӣ карда шавад.

Иҷро накардани талаботи мазкур боиси то бартараф намудани чунин норасоиҳо манъ намудани лоиҳакашӣ, сохтмон, кори объектҳои энергетики ё мувофиқи қарори мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарӣ қатъ кардани кори онҳо мегардад.

Моддаи 47. Талаботи экологи ҳангоми лоиҳакаши, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар маҳалли истиқоматӣ

Лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои иқоматӣ бояд ба талаботи моддаҳои 38-44 Қонуни мазкур мувофиқат кунад ва шароити бештар мусоиди экологиро барои зиндагӣ, кору истироҳати аҳолӣ таъмин намояд.

Сохтмони объектҳои нави хоҷагӣ ва васеътар кардани иқтидори объектҳои мавҷудаи хоҷагӣ, сарфи назар аз шакли тобеияту моликияташон, дар минтақаҳое, ки ифлосии муҳит аз меъёрҳои муқаррарӣ зиёд аст, манъ мебошад.

Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмони шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои истиқоматӣ ҳолати обтаъминкунӣ, кабудизоркунӣ, хатти канализатсионӣ, сохти фарши кӯчаҳо, безараргардонӣ, гарамкунӣ, тозакунии аз назари экологи бехавфи санитарӣ, кашонидану гур кардани партовҳо, ҷӯйҳои обпарто ва тоза кардани онҳо бояд ба назар гирифта шавад.

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар атрофи шаҳрҳои калон ва марказҳои саноатӣ, объектҳои азими аз ҷиҳати экологи хавфнок боғу ҷангалзор, минтақаҳои муҳофизатӣ, воситаҳои истифодаи сарфакоронаи табиат, иншоотҳои муҳофизат аз сел ва мустаҳкамкунии соҳилҳо барпо карда мешаванд.

Моддаи 48. Талаботи экологи нисбати истифодаи маводи радиоактиви

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандон бояд қоидаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, кашондан, истифодабарӣ, ба ҷои дигар бурдан ва гур кардани маводи радиоактивиро (манбаъҳои иондори нурафкан ва маводи ядроиро) риоя кунанд. Ба афзоиши ҳадди ҷоизи меъёрҳои радиатсия роҳ надода, дар сурати баланд шудани он фавран ба мақомоти дахлдор, ки бехатарии радиатсиониро таъмин мекунанд, дар хусуси сатҳи баланди радиатсия, ки барои саломатии инсон ва муҳити зист хавфнок аст, хабар диҳанд, барои рафъи манбаъҳои захролудшавӣ тадбирҳо андешанд.

Корхонаву, ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандоне, ки қоидаҳои муносибат бо маводи радиоактивиро риоя намекунанд, мувофиқи қарори мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорат ба рафти бехатарии корҳо дар саноат ва назорати кӯҳкорӣ, ҳифзи муҳити зист, назорати санитарӣ аз ҳуқуқи истифодаи ин мавод маҳрум ё фаъолияташон дар бобати истифодаи ин мавод то бартараф кардани норасоиҳои номбурда қатъ карда мешавад.

Ба мақсади нигоҳдорӣ ё гуркунӣ овардани партовҳо ва масолеҳи радиоактивӣ, дигар маводи зарарнок ва хатарнок аз давлатҳои дигар манъ аст.

Моддаи 49. Талаботи экологи ҳангоми истифодаи маводи кимёви дар хоҷагии халқ

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, ашхоси мансабдори онҳо ва шаҳрвадон вазифадоранд қоидаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, кашондан ва истифодаи маводи кимёви ва нуриҳоя минералиро, ки дар кишоварзӣ ва соҳаи дигари хоҷагии халқ бо мақсади муҳофизати растанӣ, нашъунамои он истифода мешаванд, риоя намоянд, меъёрҳои муқаррашудаи истифодаи онҳоро иҷро карда, барои пешгирӣ намудани оқибатҳои зарарнокии онҳо ба саломатии инсон ва муҳити зист чораҳо андешанд.

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра рӯйхати доруҳои химиявиро, ки баҳри истифодабарӣ дар соҳаи кишоварзӣ иҷозат дода шудаанд, тасдиқ намуда, ҳадди ҷоизи меъёрҳои моддаҳои кимёвиро дар таркиби маводи ғизоӣ муқаррар менамоянд.

Маводи нави кимёви, ки метавонад ба саломатии инсон таъсири бевоситаву бавосита дошта бошанд, танҳо бо иҷозати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд. Истифодаи маводи заҳролуди кимёвие, ки таҷзия нашуда, ба организми инсон ва муҳити атроф таъсири фаъол мерасонад, манъ аст.

Қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ба манфиати ҳифзи саломатии инсон аз таъсири маводи аз ҷиҳати экологи зарарноки химиявие, ки дар хоҷагии халқ, истифода мегардад, аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти аҳолӣ расонида мешавад.

Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи маводи кимёвӣ, ки барои саломатии инсон зарар дорад ва муҳити зистро ифлос мекунад, боиси бо қарори мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати санитарӣ, назорати рафти бехатарии кор дар саноат ва назорати кӯҳкорӣ манъ кардани истеҳсол, нигоҳдорӣ, кашондан ва истифодаи маводи кимёвии дахлдор шуда метавонад.

Моддаи 50. Ҳифзи муҳити зист аз таъсири зарарноки биологи

Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифодадиҳӣ ва истифодабарии корхонаҳо, иншооту объектҳои дигар, сарфи назар аз шаклу моликияту тобеъияташон, ки ба муҳити зист тасъири биологи мерасонанд, бояд ҳадди ҷоизи меъёрҳои ҷамъшавии микробҳо дар мухит, бемориҳои замбуруғӣ, вирусҳо ва дигар микроорганизмҳо ва маводи биологии ба таври сунъӣ пайдошуда, ки онро мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати санитарӣ тасдиқ менамояд, риоя карда шавад.

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандоне, ки ба муҳити зист таъсири биологи мерасонанд, вазифадоранд истеҳсолоти аз ҷиҳати экологи безарар, бавуҷудоварӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, истифода ва дур кардани микроорганизмҳо ва маводи биологиро таъмин намуда, баҳри пешгирии садамаву фалокатҳо ва рафъи оқибатҳои таъсири зарарноки биологи ба муҳити зист ва саломатии инсону фонди генетикии он чораҳо андешанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Назорат, баҳисобгирии манбаъҳо ва назорат ба дараҷаи таъсиррасонии биологи ба муҳити зист аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати санитарӣ сурат мегирад.

Аз ҳадди ҷоизи меъёр зиёд шудани дараҷаи таъсири биологи ба муҳити зист, вайрон кардани тартиби нигоҳдорӣ ва истифодаи микроорганизмҳо ва маводи биологи боиси аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси ваколатдори соҳаи назорати санитарӣ манъ ва қатъ намудани фаъолияти корхонаҳо ва дигар объектҳое, ки манбаи ҳамин гуна ифлосшавӣ мебошанд, мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 51. Ҳифзи муҳити зист аз садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири зарарноки физики

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, корхонаю, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд баҳри пешгирӣ ва рафъи садою ларзишҳои зарарноки истеҳсолӣ, таъсири манфии майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири зарарноки физики ба муҳит дар биноҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ, истиқоматӣ, дар кӯчаҳо, ҳавлиҳо, дар майдонҳои шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои истиқоматӣ, дар минтақаҳои истиқоматӣ аҳолӣ, дар ҷойҳои гуншавию афзоиши ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Аз ҳадди ҷоизи меъёрҳо зиёд кардани дараҷаи таъсири садою ларзишҳои нақлиёт, истеҳсолот, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири зарарноки физики ба саломатии инсон ва муҳити зист манъ аст. Тадбирҳое, ки риояи меъёрҳои мазкурро кафолат медиҳанд, ҳангоми банақшадарорӣ ва сохтмони шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корхонаҳо, сехҳо, хатҳои технологи, бунёду азхудкунии техникаи нав, лоиҳакашӣ ва истифодабарии воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ, зеризаминӣ, обӣ ва ҳавоӣ пешбинӣ карда мешаванд.

Иҷро накардани меъёрҳои зикршуда боиси аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати санитарӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти манфиатдори давлатӣ то бартараф кардани норасоиҳои ошкоршуда манъ ва қатъ кардани фаъолияти корхонаҳо, манбаъҳои дигари садо, ларзиш, майдонҳои магнита ва дигар таъсири зарарноки физики шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 52. Ҳифзи муҳити зист аз партовҳои истеҳсолӣ ва рӯзгор

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандон вазифадоранд барои кам кардани пайдоиш, безараркунӣ, коркард, истифода, ҷамъоварӣ ва гуронидани партовҳои истеҳсолӣ ва рӯзгор чораҳои пурсамар андешида, меъёру қоидаҳои ҷории экологи, санитарӣ-гигиенӣ ва зиддиэпидемиявиро риоя намоянд.

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вазифадоранд барои ҷамъоварӣ ва гуронидани партовҳо бо мувофиқати мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати санитарӣ, назорати рафти бехатарии кор дар саноат, назорати кӯҳкорӣ ва геологи ҷойҳоро муайян намоянд.

Партофтани партовҳои зарарноки саноатӣ ва ифлосиҳои хатти канализатсия ба обанборҳои истифодаи умумӣ, маҷрои селрав ва каналҳои обери, манбаъҳои зеризаминӣ, ба атрофи минтақаҳои истиқоматӣ, ҷангалзорҳо ва киштзорҳои хоҷагии қишлоқ манъ аст.

Партовҳои заҳролуд дар таҷҳизоти махсус ва ё дар майдонҳои заҳрнобудкунӣ гуронидани онҳо танҳо бо иҷозати мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, бо мувофиқати мақомоти назорати санитарӣ ва дигар мақомоти манфиатдори давлатӣ безарар гардонида мешаванд. Гӯронидани партовҳои заҳролуд, аз он ҷумла партовҳои саноатӣ атомӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, ҳамшафати шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои маскунӣ, дар минтақаҳое, ки зичии аҳолиашон зиёд аст, дар дарёҳо, кулҳо, дар минтақаҳои шифохонаҳо, табобатию солимгардонӣ ва рекреатсионӣ, дигар ҷойҳое, ки ба саломатии инсон ва ҳолати муҳити зист хавфнок мебошанд, манъ аст.

Иҷозатнома барои гӯронидани партовҳои радиактивӣ аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси ваколатдори соҳаи ҳифзи муҳити зист бо мувофиқати мақомоти назорати санитарӣ, назорати рафти бехатарии корҳо дар саноат ва назорати кӯҳкорӣ, геологи ва дигар мақомоти манфиатдори давлатӣ дода мешавад.

Риоя накардани қоидаҳои мазкур то вақти ислоҳи вайронкуниҳо боиси маҳдудкунӣ ё боздоштани фаъолияти корхонаҳо ва объектҳои дигар мегардад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 53. Ҳифзи иқлим ва қабати озонии замин

Муҳофизати муҳити зист ва тағйиротҳои аз ҷиҳати экологи хавфноки иқлим ва қабати озонии Замин бо тадбирҳои зерин таъмин карда мешавад:

- ташкили мушоҳида, баҳисобгирӣ ва назорат ба тағйир ёфтани иқлим ва қабати озонӣ таъсири фаъолияти хоҷагӣ ва равандаҳои дигар;

- муайян ва риоя намудани ҳадди ҷоизи меъёрҳои партови маводи зарарнок, ки ба вазъи иқлим ва қабати озонии Замин таъсир мерасонад;

- манъ кардани истеҳсолу дар хоҷагии халқ ва рӯзгор истифода намудани маводи кимёвие, ки боиси вайрон шудани қабати озонӣ шуда метавонад;

- таҳияи барномаҳои дарозмуддати аз ҷиҳати экологи асосноки ривоҷу равнақи энергетика, ки дар онҳо роҳҳои кам намудани партови диоксиди карбон ва дигар газҳои фаъоли радиатсионӣ пешбини карда мешавад;

- андешидани тадбирҳо оиди ба ҷавобгарӣ кашидан барои вайрон кардани талаботи зикршуда.

Мувофиқи созишномаҳои байналмиллалӣ вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли тобеияту моликияташон, инчунин шаҳрвандон вазифадоранд истеҳсолу истифодаи маводи кимёвиро, ки ба қабати озонии замин зарару осеб расонида метавонад, маҳдуд ва минбаъд пурра қатъ намоянд.

Рӯйхати маводи кимёвӣ ва партовҳои истеҳсолие, ки ба қабати озонии Замин зарар мерасонанд, аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ гардида, тавассути воситаҳои ахбори умум паҳн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Вайрон кардани тартиботи муайяншудаи истеҳсол ва ё истифодаи маводи кимиёвӣ, ки ба ҳолати қабати озонӣ ва иқлим зарар расонида метавонад, боиси бо қарори мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарӣ боздоштани фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ё участкаҳои алоҳида, сехҳо, дастгоҳҳо, равандҳои технологи ва таҷҳизот шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

БОБИ 8. ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДАИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 54. Минтақаҳои вазъияти фавқулоддаи экологӣ

Минтақаҳои вазъияти фавқулоддаи экологӣ маҳаллу мавзеоти минтақаҳои обиву ҳавоие эълон мешаванд, ки дар онҳо дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар, таъсири харобиовари офатҳои табиӣ, садамаҳо ё фалокатҳо дар муҳити зист тағйироти устувори манфӣ ба амал омада, ба саломатии инсон, ҳолати системаҳои табиии экологи, фонди генетикии растаниву ҳайвонот таҳдид мекунанд.

Минтақаҳои вазъияти фавқулоддаи экологи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва хулосаи экспертизаи давлатии экологи эълон ва бекор карда мешаванд.

Дар минтақаи вазъияти фавқулоддаи экологи ҳама гуна фаъолияте, ки ба муҳити зист зарар расонида метавонад, манъ аст, кори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сехҳо, дастгоҳҳо, таҷҳизотҳое, ки ба саломатии инсон, фонди генетикии он таъсири манфӣ мерасонанд, қатъ гардонида, намудҳои алоҳидаи истифодаи табиат маҳдуд карда мешавад, тадбирҳои фаврӣ андешида мешавад, то ин ки захираҳои табиӣ барқарору эҳё гарданд.

Чорабиниҳо оиди солимгардонии вазъи минтақаи фавқулоддаи экологӣ дар навбати аввал аз ҳисоби вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳое, ки бо айби онҳо садама ё фалокатҳо ба амал омадаанд, ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷетӣ ва фондҳои ҳифзи табиат бо пул таъмин карда мешавад.

Моддаи 55. Минтақаҳои офатҳои экологӣ

Минтақаҳои офатҳои экологӣ маҳалли эълон мешаванд, ки дар онҳо дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ё дар асари таъсири харобиовари қувваҳои табиат дар муҳити зист тағйиротҳои устувор рӯӣ додаанд ва бо вайрон шудани мувозинати табиӣ, системаҳои табиии экологӣ, деградатсияи олами набототу ҳайвонот вобастаанд.

Минтақаҳои офатҳои экологӣ бо ҳамон тартибе, ки барои минтақаҳои вазъияти фавқулоддаи экологӣ муқаррар шудааст, эълону бекор карда мешаванд.

Дар минтақаҳои офатҳои экологӣ фаъолияти объектҳои хоҷагӣ ба ғайр аз объектҳое, ки бо хизматрасонии аҳолии маскуни ҳамон минтақа машғуланд, қатъ гардонда, сохтмону азнавсозии объектҳои хоҷагӣ манъ карда мешавад. Ҳама гуна намудҳои истифодаӣ табиат-маҳдуд карда, барои барқарор ва афзун намудани захираҳои табиӣ ва солим гардонидани муҳити зист чораҳои таъҷилӣ андешида мешаванд.

Тадбирҳои солимгардонӣ дар минтақаҳои офатҳои табиӣ бо тартиби дар моддаи 54-и Қонуни мазкур муқарраршуда бо пул таъмин карда мешавад.

Моддаи 56. Пешгирии садамот ва бартараф намудани оқибатҳои зарарноки экологии онҳо

Ҳангоми лоиҳакашӣ ва истифодабарии объектҳои хоҷагӣ, ки ба муҳит таъсири зарарнок расонида метавонанд, сарфи назар аз шакли тобеияту моликияташон, тадбирҳое пешбинӣ мегардад, ки садамот пешгирӣ ва оқибатҳои зараровари экологии онҳо бартараф карда шаванд.

Бо мақсади иқдомоти самарабахш дар ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ, ки ба муҳити зист оқибатҳои зараровар доранд, нақшаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ тартиб дода, аз ҷониби Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ, ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ, мегарданд ва дар онҳо оиди сафарбаркунии қувваҳо ва воситаҳои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли тобеияту моликияташон, хадамоти махсусгардонидашудаи пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои вазъияти фавқулоддаи экологӣ тадбирҳо пешбинӣ карда мешаванд.

Барои таҳқиқи сабабҳои вазъияти фавқулоддаи экологӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он комиссияҳои ҳукуматӣ, фавқулодда ва махсуси экологи таъсис дода мешаванд.

Моддаи 57. Вазифаҳои корхонаҳо оиди тайёрӣ барои рафъи оқибатҳои экологии садамаҳо

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли тобеияту моликияташон, ки дар ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ ба муҳити зист ва саломатии одамон осеб расонида метавонанд, вазифадоранд, ки:

- нақшаи амалиёти худро дар вазъияти фавқулоддаи экологӣ дошта бошанд;

- хадамоти махсус дошта, онҳоро дар ҳолати омодагии доими нигоҳ доранд, барои сари вақт оқибатҳои ногувори вазъияти фавқулоддаи экологиро бартараф кардан бо воситаҳо ва захираҳои моддӣ таъмин намоянд.

БОБИ 9. МИНТАҚАҲОИ ТАБИӢ ВА ОБЪЕКТҲОЕ, КИ МАХСУС МУҲОФИЗАТ КАРДА МЕШАВАНД

Моддаи 58. Фонди мамнуъгоҳҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фонди мамнуъгоҳҳои табиии Ҷyмҳypии Тоҷикистон аз мамнуъгоҳҳои табии давлатӣ, аз ҷумла мамнуъгоҳҳои биосферӣ, парваришгоҳҳои табиӣ, боғҳои табии миллӣ, ёдгориҳои табии, ҳайвоноту растаниҳои нодире, ки хавфи аз байн рафтанашон мавҷуд асту онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, иборат буда, аз ҷониби давлат бо назардошти манфиатҳои наслҳои ҳозираву ояндаи инсон махсус муҳофизат мешаванд.

Фонди мамнуъгоҳҳои табиӣ дар тобеъияту идороти мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳити зист қарор дорад. Низоми фонди мамнуъгоҳҳои табиӣ ва қисмҳои таркибии он мувофиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 59. Мамнӯъгоҳҳои табии давлатӣ

Мамнӯъгоҳҳои табии давлатӣ комплексҳоӣ табиие ба шумор меравад, ки аз истифодаи хоҷагӣ абадӣ гирифта шудаанду дигар барои ягон мақсад истифода намегарданд ва мувофиқи қонун махсус муҳофизат шуда, ҳамчун намунаи муҳити зисти табиӣ, манзараҳои табиӣ ва ё нодир, ҷойҳои нигоҳдории фонди генетикии растаниву ҳайвонот дорои аҳамияти илмӣ, экологию маърифатӣ ва ҳифзи табиат мебошанд.

Мамнӯъгоҳҳои табии давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти давлатӣ махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади ҳифзи комплексҳои табиӣ, муҳофизату барқарорсозии растаниву ҳайвоноти ваҳшӣ, омӯхтани қонунҳои табиат, назорати муҳити зист ва тағйиротҳои он ташкил карда мешаванд.

Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табии давлатӣ фаъолияти хоҷагидорӣ рекреатсионӣ ва дигар фаъолияте, ки ба мақсадҳои мамнуъгоҳҳо мухолиф буда, ба муҳит зарар мерасонад, манъ аст. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, барқароркунӣ, зиддисухтор набояд ба мақсадҳои мамнуъгоҳҳо мухолифат намоянд.

Барои таъмини низоми мамнуъгоҳҳо дар атрофи ҳудуди онҳо минтақаҳои муҳофизати барпо намуда, дар ҳудуди онҳо фаъолияте, ки ба низоми мамнуъгоҳ таъсири зарарнок мерасонад, манъ карда мешавад.

Риояи низоми ҳифзӣ мамнуъгоҳҳо аз ҷониби умури ҳифзи мамнуъгоҳҳо таъмин карда мешавад.

Моддаи 60. Парваришгоҳҳои табиӣ

Парваришгоҳҳои табиӣ комплексҳои табиие мебошанд, ки дар онҳо як намуди захираҳои табиӣ бо истифодаи маҳдуд ва мувофиқи намудҳои дигари захираҳои табиӣ нигоҳ дошта ё барқарор карда мешаванд.

Парваришгоҳҳои табиӣ ба пешниҳоди мақомоти давлатии махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муҳофизат ё барқароркунии захираҳои табиӣ, муҳофизати манзараҳои зебои табиӣ, минтақаҳои рекреатсионӣ, ёдгориҳои табиӣ ва нигоҳдории мувозинати экологӣ ташкил карда мешаванд.

Дар ҳудуди парваришгоҳҳои табиӣ фаъолияти хоҷагӣ, рекреатсионӣ ва ғайра, ки ба мақсадҳои ташкили парваришгоҳҳо мухолиф мебошад ё ба муҳити зист зиён мерасонад, манъ аст.

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудудашон парваришгоҳҳо ташкил ёфтаанд, вазифадоранд оиди риояи низоми муқарраршудаи муҳофизати онҳо тадбирҳо андешанд.

Бо қарори маъмурияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои ҷангалу шикор ва моҳипарварӣ мумкин аст дар заминҳои дар ихтиёрашон буда парваришгоҳҳои дохилихоҷагӣ таъсис дода шаванд, ки мақсад аз ин истифодаи оқилонаи табиат ва муҳофизати объектҳои пурқимати табиӣ мебошад.

Моддаи 61. Муҳофизати растаниву ҳайвоноти нодире, ки зери хатари барҳамхӯрӣ қарор доранд

Барои муҳофизати растаниву ҳайвоноти нодире, ки зери хатари барҳамхӯрӣ қарор доранд, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Растаниву ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурх ворид шудаанд, дар ҳама ҷо аз истифодаи хоҷагӣ ва истифодаи дигар гирифта мешаванд.

Фаъолияте, ки боиси кам шудани ин растаниҳо ва ҳайвонот, бадшавии вазъи муҳити зист мегардад, манъ карда мешавад.

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар истифодабарандагони замин, ки дар ҳудудашон ҳайвоноту растаниҳои ба Китоби Сурх ворид буда мавҷуданд, вазифадоранд оиди муҳофизат ва афзоиши ин ҳайвоноту растаниҳо тадбирҳо андешанд.

Тартиби ҷорӣ кардани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 62. Муҳофизати минтақаҳои осоишгоҳи ва табобатию солимгардонӣ

Минтақаҳои осоишгоҳи ва табобатию солимгардонӣ ҳудудҳою қитьаҳои обие ба шумор мераванд, ки махсус муҳофизат шуда, дорои хусусияти табобати табиӣ, манбаи обҳои минералӣ, шароити хуби иқлимӣ ва ғайра буда, барои табобати пешгирии бемориҳои гуногун мусоиданд.

Бо мақсади нигоҳ доштани хусусиятҳои табиӣ ва воситаҳои табобатии минтақаҳои осоишгоҳи ва табобатию солимгардонӣ, муҳофизати онҳо аз вайроншавӣ, ифлосшавӣ ва фарсудашавии бармаҳал ҳавзаҳои муҳофизати санитарӣ ташкил карда мешаванд, ки дар ҳудуди онҳо гузаронидани ҳама гуна корҳое, ки замин, манбаъҳои об ва ҳаворо ифлос намуда, боиси расонидани зиён ба ҷангалҳо ва таъсири манфӣ ба хусусиятҳои табобатию вазъи санитарии минтақаҳои муҳофизаташон махсус мегардад, манъ аст.

Тартиби минтақаҳои курортӣ ва табобатию солимгардонӣ эълон кардани ҳудудҳои табиӣ ва низоми муҳофизати онҳо дар низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 63. Муҳофизати табиати минтақаҳои рекреатсионӣ

Минтақаҳои рекреатсионӣ ҳудудҳо ё қитъаҳои обие эътироф мешаванд, ки ба тавре махсус муҳофизат гардида, барои истироҳати муташаккилона ва оммавии мардум ё туризми аҳолӣ пешбинӣ шудаанд.

Минтақаҳои рекреатсионӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо эълон карда мешаванд. Қарорҳои мазкур бо мувофиқати истифодабарандагони дахлдори обу замин, мақомоти давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист қабул мегарданд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Дар ҳудуди минтақаҳои рекреатсионӣ фаъолити хоҷагӣ ва фаъолияти дигаре, ки барои истифодаи ин минтақаҳо аз рӯи таъиноти мустақимашон садди роҳ мешавад, манъ аст.

Минтақаҳои рекреатсионӣ барои истироҳати оммавӣ ва туризми аҳолӣ дар асоси шартномаҳо бо истифодабарандагони захираҳои табии минтақаҳои зикршуда истифода карда мешаванд.

Низоми истифодабарӣ ва муҳофизати ҳудуди минтақаҳои рекреатсионӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукуматҳои маҳаллӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

БОБИ 10. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Моддаи 64. Вазифаи назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Вазифаи назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мушоҳида намудани ҳолату тағйиротҳои аз таъсири кори хоҷагӣ ва ғайра ба амаломада, тафтиши иҷрои нақшаю чорабиниҳои соҳаи ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, солим гардонидани муҳити зист, риояи талаботи қонунгузориҳои ҳифзи табиат ва меъёрҳои сифати муҳити зист мебошад.

Системам назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва хадамоти умумидавлатии мушоҳидаи ҳолати муҳити зист, назорати давлатӣ, идоравӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ иборат мебошад.

Моддаи 65. Хадамоти умумидавлатии мушоҳидаи ҳолати муҳити зист

Хадамоти умумидавлатии мушоҳидаи ҳолати муҳити зист бо мақсади мушоҳида намудани равандҳои физики, кимиёвӣ ва биологии дар он рӯйдиҳанда, сатҳи ифлосшавии ҳаво, хок, объектҳои обӣ, оқибатҳои таъсири он ба ҳайвоноту наботот, таъмини ташкилотҳои манфиатдор ва аҳолӣ бо ахбори ҷорӣ ва фаврӣ дар хусуси тағйиротҳои муҳити зист, огоҳкуниву пешгуии вазъи он ташкил карда мешавад.

Моддаи 66. Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, назорати санитарӣ, назорати рафти бехатарии иҷрои корҳо дар саноат ва соҳаи назорати кӯҳкорӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузори дар бораи ҳифзи табиат, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 284).

Шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мувофиқи ваколати худ ҳуқуқ, доранд, амалҳои зеринро ба анҷом расонанд:

- ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли тобеияту моликияташон ва объектҳои ба онҳо мансуб сафар кунанд, бо ҳуҷҷатҳо, таҳлилҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои бевоситаи онҳо заруранд, шинос шаванд;

- кори иншоотҳои партовтозакунӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизотҳои безараргардонӣ, воситаҳои назорати онҳо, риояи меъёрҳои сифати муҳити зист, қонунгузориҳои ҳифзи табиат, иҷрои нақшаву чорабиниҳои ҳифзи муҳити зистро тафтиш намоянд;

- бартараф кардани камбудиҳои ошкоршударо талаб намуда, дар доираи ҳуқуқашон оиди ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва баистифодадиҳӣ, азнавсозӣ ва истифодаи объектҳо дастуру маслиҳатҳо диҳанд;

- шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, ҳуҷҷатҳоро барои ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон ба идораҳои дахлдор фиристанд, ба суд ё суди иқтисодӣ оиди руёнидани товони зарари расонидашуда ба муҳити зист ё саломатии инсон бинобар вайрон кардани қонунгузории ҳифзи табиат даъво намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

- дар хусуси боздоштани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор қарор қабул намояд. Қарор бо мақсади роҳ надодан ба хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногени, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист қабул карда мешавад. Қарор дар ҳолати ошкор шудани ду ва зиёда аз он вайронкунии шарту талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист қабул мешавад, агар пешгирии ин вайронкуниҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 284).

Моддаи 67. Назорати идоравӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Назорати идоравиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист вазорату идораҳо, назорати истеҳсолиро бошад, ташкилоту корхонаҳо анҷом дода, назди худ вазифа мегузоранд, ки иҷрои нақшаву тадбирҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зист, риоя гардидани меъёрҳои сифати муҳити зист ва иҷрои талаботи қонунгузории ҳифзи табиат ва дастурҳои мақомоти давлатии махсуси ваколатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати санитариро тафтиш намоянд.

Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати идорави ва истеҳсолиро қонун муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 284).

Моддаи 68. Назорати ҷамъиятии экологӣ

Назорати ҷамъиятии экологиро иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ анҷом медиҳанд. Вазифаи онҳо иборат аз ин аст, ки рафти иҷрои талаботи қонунгузории ҳифзи табиатро аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон тафтиш намоянд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 30).

Тартиби амалӣ гардонидани назорати ҷамъиятии экологӣ тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

БОБИ 11. ИШТИРОКИ АҲОЛӢ ДАР КОРИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Моддаи 69. Шаклҳои иштироки аҳолӣ дар кори ҳифзи муҳити зист

Аҳолӣ дар кори ҳифзи муҳити зист ва барқаросозии захираҳои табиӣ бо роҳҳои зайл иштирок мекунанд:

- пешгирӣ ва бартараф намудани вайронкунии қонунгузории ҳифзи табиат;

- ихтиёрӣ ҷудо кардани маблағ ба фондҳои ҳифзи табиат, инчунин тавассути иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75);

- муроҷиат тавассути мактубҳо, изҳоротҳо ба мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор ва иштирок дар райъпурсиҳо, маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75);

- ташкил ва гузаронидани муоинаҳои (экспертизаҳои) экологи, дигар шаклҳои фаъолияте, ки мухолифи қонунгузории ҳифзи табиат намебошанд;

- талаб кардан аз мақомоти дахлдор дар бораи саривақт пешниҳод кардани маълумоти пурра ва дуруст оид ба ҳолати муҳити зист ва чораҳои ҳифзи он (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75);

Моддаи 70. Ваколатҳои ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ

Ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятии экологӣ фаъолияти худро мутобиқи оинномаҳо, низомномаи худ, қонунгузории мавҷуда анҷом дода, дар асоси Қонуни мазкур бо дигар ташкилотҳои ҳифзи табиат ҳамкорӣ мекунанд.

Моддаи 71. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон дар кори ҳифзи муҳити зист

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки дар кори ҳифзи муҳити зист иштирок намоянд, бо меҳнати худ сарватҳои табииро эҳтиёт ва ғанӣ гардонанд;

- ташкилотҳои ҷамъиятии ҳифзи табиат, фондҳо ва иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таъсис диҳанд ва аъзои чунин ташкилоту фондҳо бошанд;

- дар муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳо, ки ба муҳокимаи умумихалқӣ (райъпурсӣ) пешкаш карда мешаванд, иштирок кунанд, бо мактубу шикоятҳо, аризаҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист муроҷиат намоянд;

- аз мақомоти дахлдор сари вақт пешкаш намудани ахбороти пурраю хаққониро дар хусуси ҳолати муҳити зист ва тадбирҳои муҳофизати он талаб намоянд;

- барои бекор кардани карори ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва истифодаи иншоотҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарнок, маҳдуд кардан, боздоштан, қатъ намудани фаъолияти корхонаҳо ва дигар объектҳо новобаста аз шакли моликияту тобеияташон, ки ба муҳити зист ва саломатии одамон зиён меоранд, таклифҳо пешниҳод кунанд;

- дар суд нисбати корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандон дар хусуси руёнидани товони зарари ба саломатии одамон ва амволашон дар натичаӣ таъсири номусоиди ба муҳити зист расонидашуда даъвоҳо кунанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд табиатро эҳтиёт намоянд, сарватҳои онро муҳофизат ва талаботи қонунгузории ҳифзи табиатро риоя кунанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва вазифаҳои худро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мутобиқи қонунгузории ҷорӣ амалӣ менамоянд.

Моддаи 72. Кафолати ҳуқуқҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Давлат ба шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки вазифаҳои экологиро иҷро менамоянд, татбиқи ҳуқуқҳои ба онҳо додашударо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Шахсоне, ки ба иҷрои ҳуқуқу вазифаҳои дар Қонуни мазкур сабтшудаи ташкилотҳои ҷамъиятии экологи, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мамониат мекунанд, мувофиқи қонунгузории ҷорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

БОБИ 12. ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ, ТАДҚИҚОТИ ИЛМИИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 73. Таълиму тарбияи умумӣ, комплексӣ ва мунтазами экологӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маданияти экологии ҷамъият ва тайёрии касбии мутахассисони системаи таълим ва тарбияи умумӣ, комплексӣ, мунтазам ва ба ҳамагон дастраси экологӣ ҷорӣ карда мешавад, ки ҳамаи равандҳои таълиму тарбияи томактабӣ ва мактабӣ, тайёрии касбии мутахассисон дар мактабҳои миёнаю олӣ ва такмили ихтисоси онҳоро бо истифода аз воситаҳои ахбори умумӣ ва таблиғотӣ васеъ оид ба қонунгузории ҳифзи табиат фаро мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 74. Таълими ҳатмии донишҳои экологӣ дар таълимгоҳҳо

Барои аз худ намудани минимуми донишҳои экологӣ, ки барои ташаккул ёфтани маданияти экологии шаҳрвандон зарур аст, дар ҳамаи мактабҳои миёна ва олӣ, коллеҷҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз ихтисосу касби онҳо, таълиму хатмии асосҳои донишҳои экологӣ ва маданияти истифодаи сарватҳои табии ҷорӣ карда мешавад.

Мувофиқи соҳаи таълим дар таълимгоҳҳои миёнаи махсус ва олӣ курсҳои махсус оиди ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар назар дошта шудааст.

Моддаи 75. Тайёрии касбии экологии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисон

Роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, мутахассисон ва мансабдороне, ки ба кору фаъолияти ба муҳити зист ва саломатии одамон зиёновар машғул мебошанд, бояд тайёрии зарурии экологӣ дошта бошанд, ки ҳангоми ба вазифа таъин шудан ё аз аттестатсия гузаштан ба назар гирифта мешавад.

Шахсоне, ки дорои чунин тайёри нестанд, ба корҳое, ки маълумотҳои мазкури экологиро тақозо доранд, роҳ дода намешаванд.

Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозомӯзӣ ва такмили дониши экологии ашхоси мансабдори дар ин модда зикрёфтаро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 76. Тартиби донишҳои экологӣ

Бо мақсади тарбияи муносибати ғамхорона ба табиат, истифодаи оқилонаи сарватҳои он тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи донишу маданияти экологӣ ва қонунгузории экологӣ ба роҳ монда мешавад.

Тарғиби донишҳои экологӣ, экологӣ-ҳуқуқӣ ва маданияти экологӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятй ва воситаҳои ахбори умумӣ амалӣ гардонида мешаванд.

Моддаи 77. Тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи экологиӣ

Академия улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ оид ба илму техника, ҳифзи муҳити зист, маориф, вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ, таълимгоҳҳои олӣ нақша ва барномаҳои комплексии тадқиқотҳои илмиро дар соҳаи ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии сарватҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зист таҳия ва тасдиқ менамоянд, барои тадқиқотҳои самараноки экологӣ ва татбиқи натиҷаҳои бадастомада шароитҳои зарурӣ муҳайё мекунанд.

БОБИ 13. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВӢ

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75)

Моддаи 78. Тартиби ҳалли баҳсҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист

Баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳуриич Тоҷикистон ҳал мегарданд.

Баҳсҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ байни ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар бо тартибе, ки дар созишномаҳои байни давлатҳои мустақил муқаррар шудаст, ҳаллу фасл мешаванд.

Моддаи 79. хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75)

Моддаи 80. хориҷ карда шуд

(Қонун аз 2.12.02с. № 75)

Моддаи 81. Ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи экологиӣ

Шахсони гунаҳкоре, ки:

- стандартҳо, мизону меъёрҳои дигари сифати муҳити зистро вайрон мекунанд;

- муоинаҳои давлатии экологиро намегузаронанд ва ё талаботи экспертизаи давлатии экологиро вайрон мекунанд, дидаю дониста хулосаҳои нодурусти экспертизаҳои давлатии экологӣ медиҳанд ё таъсири объектро ба муҳити зист нодуруст арзёбӣ менамоянд;

- ҳангоми банақшагирӣ, асосноккунонии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон, азнавсозӣ, баистифодадиҳӣ, истифодаи корхонаҳо, иншооту дигар объектҳо талаботи экологиро вайрон мекунанд;

- муҳити зистро ифлос карда, бо ин амал ба саломатии инсон, олами набототу ҳайвонот ва хоҷагии халқ, зарар мерасонанд;

- ба объектҳои табиӣ, аз ҷумла ёдгориҳои табиӣ зарар мерасонанд, онҳоро нобуд мекунанд, ба комплексҳоӣ мамнуъгоҳҳо ва системаҳои табиӣ экологӣ осеб расонда, онҳоро вайрон мекунанд;

- оиди барқароркунии муҳити зист ва афзоиши захираҳои табиӣ тадбирҳо намеандешанд;

- дастурҳои мақомоти назорати давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зистро иҷро намекунанд;

- талаботро оид ба безараргардонӣ, коркард ва азнавистифодабарӣ, ҷамъоварӣ ва гуронидани партовҳои истеҳсолӣ ва рӯзғор иҷро намекунанд;

- талаботи экологии дар хоҷагии халқ истифода бурдан ва гуронидани модаҳои радиоактивӣ ва кимёвиро вайрон мекунанд;

- ҳадди ҷоизи меъёрҳои таъсиррасонии биологиро ба муҳити зист зиёд менамоянд, тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии микроорганизмҳо ва маводи биологиро вайрон мекунанд;

- маводи кимёвӣ ва партовҳои истеҳсолотро, ки ба қабати озонии Замин зарар мерасонанд, истеҳсол ва истифода мекунанд;.

- фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зистро ба мақсадҳое истифода мебаранд, ки барои ҳифзи табиат алоқаманд нестанд;

- аз сари вақт додани ахбороти аниқ ва пурра оид ба ҳолати ҳаво, об, замин, олами наботот (аз ҷумла ҷангал), олами ҳайвонот (аз он ҷумла захираҳои моҳӣ) ва вазъияти радиатсионӣ саркашӣ менамоянд;

- дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои хоҷагии халқ, ки бо вайрону хароб кардани таносуби табиат ва системаҳои табиии экологӣ, тағйироти номусоиди иқлим ва қабати озонии Замин, нобуд кардани фонди генетикии набототу ҳайвонот, фаро расидани оқибатҳои фалокатовар барои муҳити зист марбут мебошанд, саҳм гузоштаанд, мувофиқи қонунгузории ҷорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дигар қонуншиканиҳои соҳаи ҳифзи табиат низ ҷавобгарӣ муқаррар шуданаш мумкин аст.

Ҷавобгарӣ барои қонуншиканиҳои номбурда ҷавобгариҳои дигарро барои вайрон кардани қонунгузориҳои оиди замин, об, ҷангал, конҳо, ҳифзи ҳаво, олами набототу ҳайвонот истисно намекунад.

Ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гуннаҳкор онҳоро аз ӯҳдадориҳои додани товони зарари расонидаашон озод намекунад.

Моддаи 82. ӯҳдадорӣ барои додани товони зараре, ки бинобар вайрон кардани қонунгузории оиди ҳифзи табиат расонида шудааст

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандоне, ки ба саломатии шаҳрвандон ва амволи онҳо, ба хоҷагии халқ ва табиат бинобар ифлос кардани муҳити зист, вайрону нобуд сохтан, истифодаи исрофкоронаи захираҳои табиӣ, вайрон кардани системаҳои табиии экологӣ ва дигар вайронкориҳо дар соҳаи қонунгузорӣ оиди ҳифзи табиат зарар расонидаанд, вазифадоранд мувофиқи қонунгузории ҷорӣ товони ин зарарро диҳанд.

Моддаи 83. Тартиби руёнидани товони зараре, ки бинобар вайрон кардани қонунгузории оиди ҳифзи табиат ба муҳити зист расонида шудааст

Товони зараре, ки бинобар вайрон кардани қонунгузории оиди ҳифзи табиат ба муҳити зист расонида шудааст, ихтиёрӣ ё бо қарори суд ё суди иқтисодӣ аз рӯи меъёри усулҳои ҳисоби муқарраршудаи ҳаҷми он ва дар сурати набудани онҳо, - мувофиқи хароҷоти воқеие, ки барои барқарор кардани ҳолати зарардидаи муҳити зист сарф шудааст, бо назардошти зиёни расида, аз ҷумла даромаду фоидаи аздастрафта руёнда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 84. Додани товони зараре, кя аз манбаи ба муҳити зист хатари зиёддошта расонида шудааст

Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки фаъолияти онҳо барои муҳити зист хатари зиёд дорад, вазифадоранд товони зарари ба саломатии шаҳрвандон ва амволи онҳо, хоҷагии халқ ва табиат расонидаашонро мувофиқи моддаи 449 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд.

Моддаи 85. Додани товони зараре, ки ба шаҳрвандон аз таъсири номусоиди муҳити зист расонида шудааст

Товони зараре, ки ба шаҳрвандон бинобар таъсири номусоиди зист расонида шудаасту боиси он фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ё шаҳрвандони алоҳида гаштаанд, дар ҳаҷми пуррааш, бо назардошти дараҷаи аз даст додани коршоямии шахси зарардида маблағи барои табобат, барқарор кардани саломатӣ, нигоҳубини бемор сарфшуда, дигар хароҷот, ҳамчунин нафақаю кӯмакпулиҳои таъиншуда дода мешавад.

Ҷуброни зарар мувофиқи қарори суд дар асоси даъвои шахси зарардида, аъзоёни оилаи вай, прокуратура, мақомоти ба ин ваколатдори идоракунии давлатӣ, ташкилоти (иттиҳодияи) ҷамъиятӣ бар манфиати шахси зарардида амалӣ гардонида мешавад.

Маблағҳои зарари ба саломатии шаҳрвандон расонидашуда аз расонандагони зарар ва дар ҳолати номумкин будани руёнидани он аз ҳисоби фондҳои давлатии ҳифзи табиат руёнида мешавад.

Товони зарари ба шаҳрвандон дар натиҷаи садамаҳои калон ё фалокатҳо, ҳамчунин офатҳои табиӣ расонидашуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон руёнида мешавад.

Моддаи 86. Масъулияти моддии шахсони мансабдор ва кормандони дигаре, ки дар расонидани зарар бинобар вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист гуннаҳгоранд

Шахсони мансабдор ва кормандони дигаре, ки бо айби онҳо корхона, ташкилоту муассиса, сарфи назар аз шакли моликияту тобеияташон, ҷуброни зарари ба саломатию амволи шаҳрвандон, хоҷагии халқ ва табиат расонидашударо додаанд, мувофиқи қонунгузории ҷорӣ масъулияти моддиро ба ӯҳда доранд.

Моддаи 87. Даъвоҳо дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарнок

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарноке, ки ба саломатӣ, амволи онҳо ва муҳити зист зарар расонида метавонад, ба суд ё суди иқтисодӣ даъво пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 88. Принсипҳои ҳамкории баиналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати худро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар асоси зарурати таъмини бехатарии умумии экологӣ ва рушди ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ба манфиати наслҳои хозира ва оянда ба роҳ монда, принсипҳои зеринро дастури амал қарор медиҳад:

- ҳар як инсон барои дар шароити беҳтар мусоиди экологӣ зиндагӣ кардан ҳуқуқ дорад;

- ҳар як давлат ҳуқуқ дорад бо мақсади тараққиёт ва таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандони худ аз муҳити зист ва захираҳои он истифода барад;

- беҳбудии экологии як давлатро аз ҳисоби давлатҳои дигар ё бе назардошти манфиатҳои онҳо таъмин кардан номумкин аст;

- фаъолияти хоҷагие, ки дар қаламрави давлат гузаронида мешавад, набояд ба муҳити зист доира ё берун аз доираи ҳуқуқии он зиён расонад;

- ҳама гуна намуди фаъолияти хоҷагидори ё дигар кору амале, ки оқибатҳои экологиашро пешгӯи кардан номумкин аст, иҷозат дода намешавад;

- бояд дар соҳаи меъёрҳо ва дараҷаҳои эътирофшудаи байналмиллалӣ дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ба ҳолат ва тағйироти муҳити зист назорати самарабахш муқаррар карда шавад;

- бояд табодули озоду бидуни мамониати ахбороти байналмиллалии илмиву техники оиди мушкилотҳои муҳити зист ва таҷҳИзотҳои пешқадами муҳофизаткунандаи табиат таъмин карда шавад;

- ҳама гуна баҳсҳои алоқаманд ба мушкилоти муҳити зист бояд танҳо бо воситаҳои осоишта ҳаллу фасл карда шавад;

- ҳама гуна таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳамчун тарзи бурдани амалиётҳои ҳарбӣ ё дигар усулҳои истифодабарии қувваҳо номумкин аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷидани намудҳои гуногуни яроқҳои қатли ом, агар онҳо ба муҳити зист чӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз ҳудуди он зарар расонанд, худдорӣ менамояд.

Моддаи 89. Таҳлили таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва вазифаҳои он

Таҳлили таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз санҷиши комплексии ба нақша гирифтаи фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият, ё шароити зисти аҳолӣ дар муҳити зист иборат буда, то қабул кардани қарор дар бораи ҷорӣ намудани ин фаъолият амалӣ карда мешавад.

Вазифаҳои асосии таҳлили таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз таҳияи сиёсати самараноки экологӣ ва роҳҳои устувори истифода ва ҳифзи сарватҳои табиӣ, сифати муҳити атроф ва саломатии одамон бо баррасии тамоми алтернативҳои мақсаднок, бо ҷалби аҳли ҷомеа дар муҳокимаи манфиат ва хавфнокии фаъолияти ба нақша гирифташуда иборат мебошанд.

Таҳлили таъсиррасонӣ ба муҳити зист яке аз чорабиниҳои муҳим барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба нақшагирии амалиёти хатари эҳтимоли барои муҳити зист, намудҳои фаъолият, гузаштан аз экспертизаи экологӣ ба шумор меравад (Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 58).

Номгӯи намудҳои фаъолият, ки таҳти чорабиниҳои таҳлили таъсиррасонӣ ба муҳити зист қарор доранд ва тартиби гузаронидани он аз тарафи Ҳукумати Ҷyмҳуpии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75).

Моддаи 90. Ҳуқуқҳои нозирони давлатӣ оид ба ҳифзи табиат

Нозирони давлатии ҳифзи табиат ҳуқуқҳои зеринро доранд:

- пушидани либосҳои махсуси дороӣ аломатҳои фарқкунанда;

- гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифодаи яроқҳои оташфишон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифзи табиат тибқи тартиби муқарраргардидаи қонун ворид шудан ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар объектҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъияташон (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 75, аз 13.06.2007 № 284).

Раиси

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 27 декабри соли 1993 № 905