ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СЕРТИФИКАТСИЯИ МАҲСУЛОТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ
(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 24, аз 30.07.2007 № 307)
Қонуни мазкур асосҳои сертификатсияи ҳуқуқи ва иқтисодии маҳсулот, кор, хизматрасони ва дигар объектҳоро (минбаъд - маҳсулот) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти иштирокчиёни сертификатсияро муайян месозад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафҳуми умуми ва мақсади сертификатсия
Сертификатсияи маҳсулот (минбаъд - сертификатсия) фаъолиятест, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ менамояд.
Системаи давлатии (миллии) сертификатсия системаест, ки дар сатҳи давлати амал намуда, дорои қоидаҳои худии усулу идораи гузаронидани сертификатсия мебошад.
Сертификати мутобиқат (минбаъд - сертификат) ҳуҷҷатест, ки мутобиқи қоидаҳои системаи сертификатсия барои тасдиқи мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшуда ба талаботи санадҳои меъёри дода мешавад.
Аломатҳои мутобиқат - нишонаест, ки ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст ва бо он мутобиқати маҳсулоти тамғадори сертификатсияшуда ба талаботи муқарраргардида тасдиқ карда мешавад.
Сертификатсия ба мақсадҳои зайл татбиқ мегардад:
ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон дар масъалаҳои бехатарии маҳсулот барои ҳаёту саломати ва амвол, ҳифзи муҳити зист, мутобиқати ахбороти ва бо ҳам қобили табдил будани маҳсулот;
фароҳам овардани шароит барои фаъолияти корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорон дар бозори ягонаи моли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҷиҳати иштирок дар ҳамкориҳои иқтисоди, илмию техники ва тиҷорати байналхалқи;
мусоидат ба истеъмолкунандагон дар интихоби боэътибори маҳсулот;
тасдиқи нишондиҳандаҳои сифати маҳсулоте, ки истеҳсолкунанда (фурӯшанда) пешниҳод намудааст.
Сертификатсия метавонад дорои хусусиятҳои ҳатми ва ихтиёри бошад.
Моддаи 2. Қонунгузори оиди сертификатсия
Муносибатҳои соҳаи сертификатсия бо ин Қонун ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи он бароварда мешаванд, танзим мегардад.
Моддаи 3. Қарордодҳо ва мувофиқатномаҳои байналхалқи
Агар дар қарордодҳо ва мувофиқатномаҳои байналхалқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигари сертификатсия муқаррар шуда бошанд, он гоҳ қоидаҳои қарордодҳои байналхалқи истифода бурда мешаванд.
Моддаи 4. Системаи сертификатсия
Системаи сертификатсия аз тарафи мақомоти идораи давлати, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳое, ки сертификатсия мекунанд, дар асоси қоидаҳои дар системаи мазкур муқарраршуда, тибқи ин Қонун, таъсис дода мешавад.
Сохтори ташкилии системаро инҳо созмон медиҳанд:
мақоми давлати (милли) оиди сертификатсия, мақомоти марказии минтақави оиди сертификатсия, мақомоти сертификатсияи маҳсулот ва сифати он, лабораторияҳои (марказҳои) санҷиши корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин ташкилотҳои ҷамъияти.
Системаи сертификатсия мутобиқи тартиби муқарраргардида бояд ба қайди давлати гирифта шавад.
Моддаи 5. Салоҳиятҳои мақоми давлати (милли) оиди сертификатсия.
Вазифаи мақоми давлати (милли) оиди сертификатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад .
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ин Қонун вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад :
сиёсати давлатиро дар соҳаи гузаронидани сертификатсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ҷори намуда, расман дар бораи он хабар медиҳад;
дар бораи системаҳои сертификатсия ва аломатҳои мутобиқати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда маълумоти расми нашр менамояд ва онро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ташкилотҳои байналхалқи (минтақави) оид ба сертификатсия пешниҳод мекунад;
бақайдгирии давлатии системаи сертификатсия ва аломатҳои мутобиқат, мақомоти сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) санҷишро мегузаронад;
тибқи тартиби муқарраргардида таклифҳоро оиди ҳамроҳ гардидан ба системаи байналхалқии (минтақавии) сертификатсия таҳия менамояд, инчунин метавонад тибқи тартиби муқарраргардида бо ташкилотҳои байналхалқи (минтақави) оиди эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои сертификатсия мувофиқатномаҳо бандад;
тибқи тартиботи муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналхалқи (минтақави) оиди масъалаҳои сертификатсия намояндаги мекунад;
ба ташкилотҳои байналхалқи (минтақави) оиди сертификатсия дар бораи системаҳои сертификатсия ва мақомоти сертификатсияи дар кишвар амалкунанда хабар медиҳад.
ФАСЛИ II. СЕРТИФИКАТСИЯИ ҲАТМИ
Моддаи 6. Сертификатсияи ҳатми
Сертификатсияи ҳатми дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.
Ташкил ва гузаронидани корҳо оиди сертификатсияи ҳатми ба зиммаи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баъзе ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баъзе навъҳои малсулот метавонад ба зиммаи дигар мақомоти идораи давлати гузошта шавад .
Шакли сертификатсияи ҳатмии маҳсулот аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҷрибаи мавҷудаи байналхалқи ва хориҷи сурат мегирад.
Реклама кардани маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия шавад, вале сертификати мутобиқат надорад, манъ аст.
Моддаи 7. Иштирокчиёни сертификатсияи ҳатми
Иштирокчиёни ҳатмии сертификатсия инҳо мебошанд: мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гузаронидани корҳои сертификатсияи ҳатми салоҳият доранд, лабораторияҳои (марказҳои) санҷиш, истеҳсолкунандагони (фурӯшандагон, иҷрокунандагони) маҳсулот, инчунин мақомоти марказии системаи сертификатсия, ки дар ҳолатҳои зарури барои ташкил ва ҳамоҳангсозии кор дар системаи сертификатсияи маҳсулоти якхела муайян карда мешаванд .
Барои гузаронидани корҳо оиди сертификатсияи ҳатми иттиҳодия ва ташкилоти бақайдгирифташудаи ғайритиҷоратии шаклҳои гуногуни моликият, бо шарти аккредитатсияи онҳо аз ҷониби мақоми дахлдори идора, иштирок карда метавонанд.
Моддаи 8. Ҳуқуқҳои мақомоти идораи давлати
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти идораи давлати, ки мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо, дар доираи салоҳияташон, ташкил ва гузаронидани корҳои сертификатсияи ҳатми гузошта шудааст, чунин ҳуқуқҳо доранд :
системаи сертификатсияи маҳсулоти якхеларо таъсис дода, қоидаҳои тартиб ва идораи гузаронидани сертификатсияро дар ин системаҳо муқаррар менамоянд;
усули интихоби тарзи тасдиқи мутобиқати маҳсулотро ба талаботи санадҳои меъёри (навъи сертификатсия) муайян месозанд;
мақомоти марказии системаи сертификатсияро муайян мемамоянд;
мақомоти сертификатсия ва лабораторияҳои (марказҳои) санҷиширо аккредитатсия намуда, ба онҳо иҷозат медиҳанд, ки корҳои муайянеро анҷом диҳанд;
феҳристи давлатии иштирокчиён ва объектҳои сертификатсияро тартиб медиҳанд;
қоидаҳои эътирофи сертификатсияҳои хориҷи, аломатҳои мутобиқат ва натиҷаи санҷишро муқаррар менамоянд;
тартиби аккредитатсияро муқаррар менамоянд ;
назорати давлатиро амали намуда, тартиби назорати инспектсиониро дар мавриди риояи қоидаҳои сертификатсия ва маҳсулоти сертификатсияшуда муайян мекунанд;
арзу шикоятҳоро оиди масъалаҳои сертификатсия барраси мекунанд;
барои истифодаи аломати мутобиқат сертификат медиҳад .
Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти маркази ва минтақави оиди сертификатсия
Мақомоти маркази ва минтақави оиди сертификатсия:
дар системаи сертификатсияи таҳти роҳбариашон қарордошта, корҳоро ташкил ва ҳамоҳанг месозанд, қоидаҳои тартибу идораро муайян менамоянд;
арзу шикояти аризадиҳандагонро оиди фаъолияти мақомоти сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) санҷиш мавриди барраси қарор медиҳанд.
Моддаи 10. Вазифаҳои мақоми сертификатсия
Мақоми сертификатсия:
маҳсулотро сертификатсия мекунад ва барои истифодаи аломати мутобиқат сертификатсия ва литсензия медиҳад;
амали сертификатҳои додашударо бозмедорад ё аз эътибор соқит мекунад;
ба аризадиҳанда, мутобиқи дархости ӯ, дар доираи салоҳияти худ маълумоти зарури медиҳад.
Моддаи 11. Вазифаҳои лабораторияи (маркази) санҷиш
Лабораторияи (маркази) санҷиш, ки мутобиқи тартиби муайяннамудаи сертификатсияи дахлдор аккредитатсия шудааст, маҳсулоти мушаххасро месанҷад ва ё намудҳои мушаххаси санҷишро анҷом медиҳад ва ба мақсади сертификатсия протоколҳои санҷишро тартиб медиҳад.
Моддаи 12. Вазифаҳои истеҳсолкунандагон (фурӯшандагон, иҷрокунандагон)
Истеҳсолкунандагони (фурӯшандагон, иҷрокунандагон) маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шавад, вазифадоранд:
маҳсулотро танҳо дар сурати мавҷуд будани сертификати аз тарафи мақоми салоҳиятдор додашуда ва ё эътирофгардида метавонанд ба фурӯш расонанд;
мутобиқати маҳсулотро ба талоботи санадҳои меъёри, ки аз рӯи онҳо сертификатсия сурат гирифтааст ва мувофиқати аломати онро ба аломати мутобиқат таъмин намоянд;
ба санадҳои пашниҳодкунандаи мол оиди сертификатсия маълумот дода, ба истеъмолкунандагон расонидани ин маълумотро таъмин намоянд;
агар маҳсулоти сертификатсияшуда ба санадҳои меъёри мутобиқ набошад, дар ҳолати гузаштани мӯҳлати амали сертифкати мутобиқат ё дар ҳолате, ки амали сертификат бо қарори мақомоти сертификат боздошта шудааст ё бекор карда шудааст, фурӯши чунин маҳсулотро боздоранд ва ё қатъ намоянд;
ба шахсони соҳибмансаб ва мақомоте, ки сертификатсияи ҳатмии маҳсулот ва тафтиши маҳсулоти сертификатсияшударо ба ӯҳда доранд, барои иҷрои бемамонияти вазифаҳояшон шароит фароҳам оваранд;
мақомоти сертификатсияро оиди тағйироте, ки ба санадҳои техники ва ё ҷараёни технологии истеҳсолоти маҳсулоти сертификатсияшуда ворид гардидаанд, огоҳ созанд.
Моддаи 13. Шартҳои воридоти маҳсулот
Дар шартҳои қарордодҳои (шартномаҳои) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия шавад, бояд мавҷудияти сертификат ва аломати мутобиқат, ки мувофиқати онро ба талаботи муқарраргардида тасдиқ менамояд, пешбини карда шавад.
Ин сертификатҳо бояд аз тарафи мақоми ба ин салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода ё эътироф карда шаванд.
Сертификатҳо ва ё санаҳо дар бораи эътироф кардани сертификатҳо якҷоя бо декларатсияи гумрукии мол ба мақомоти гумруки пешниҳод гардида, барои ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулот санади зарури ба шумор мераванд.
Мақомоти назорати гумруки дар сурати мавҷуд набудани санади тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулоти воридоти, воридоти онро то ҳаллу фасл гардидани масъалаи гузаронидани сертификатсия ва ё эътирофи сертификати хориҷи манъ намуда, дар ин маврид мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ месозанд .
Моддаи 14. Назорати давлатии риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатми ва маҳсулоти сертификатсияшуда
Назорати давлати барои риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатми ва маҳсулоти сертификатсияшудаи онҳо аз ҷониби истеҳсолкунандагон (фурӯшандагон, иҷрокунандагон), лабораторияҳои (марказҳои) санҷиши ва мақомоти сертификатсия аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё дигар мақомоти идораи махсуси салоҳиятдори давлати, дар доираи салоҳияташ, анҷом дода мешавад .
Моддаи 15. Маблағгузори барои кори сертификатсия ва контролу назорати давлати
Маблағгузории ҳатмии давлати бояд барои корҳои зайл карда шавад:
таҳияи пешгӯии инкишофи сертификатсия, қоида ва тавсияҳо оиди татбиқи он; таъмини маълумоти расми дар соҳаи сертификатсия;
иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқи (минтақави) оид ба сертификатсия ва корбари бо мақомоти миллии хориҷи оиди сертификатсия;
таҳия (ё) ва иштирок дар таҳияи санадҳои байналхалқи (минтақави) оиди сертификатсия;
контролу назорати давлати кардан ба риояи қоидаҳои сертификатсия ва маҳсулоти сертификатсияшуда;
тартиб додани феҳрасти давлати оиди сертификатсия, аккредитатсия ва ҳифзи бойгонии материалҳо;
пардохти пули корҳои оид ба сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти мушаххас аз ҷониби аризадиҳанда ба тартибе анҷом дода мешавад, ки мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризояти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст .
Маблағе, ки аризадиҳанда барои сертификатсияи ҳатми ва аккредитатсия сарф кардааст, ба арзиши маҳсулот зам мегардад.
ФАСЛИ III. СЕРТИФИКАТСИЯИ ИХТИЁРИ
Моддаи 16. Сертификатсияи ихтиёри
Маҳсулоте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди сертификатсияи ҳатми қарор намегирад, бо ташаббуси шахсони ҳуқуқи ва шаҳрвандон дар асоси қарордоди байни аризадиҳанда ва мақоми оид ба сертификатсия метавонад мавриди сертификатсияи ихтиёри қарор гирад.
Моддаи 17. Ташкили сертификатсияи ихтиёри
Сертификатсияи ихтиёриро ҳар шахси ҳуқуқие, ки вазифаи мақоми сертификатсияи ихтиёриро ба ӯҳда гирифтааст ва дар мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида системаи сертификатсияро аз қайд гузаронидааст, ҳақ дорад амали намояд .
Дар сурати риояи шартҳои зикргардида сертификатсияи ихтиёриро мақомоти сертификатсияи ҳатми низ ҳақ доранд анҷом диҳанд.
Моддаи 18. Ҳуқуқи аризадиҳанда
Ҳангоми бастани қарордод барои гузаронидани сертификатсияи ихтиёри аризадиҳанда ҳақ дорад аз мақоми оид ба сертификатсия дар хусуси қоидаҳои сертификатсияи маҳсулот маълумот гирад ва ҳамчунин шакли сертификатсияро муайян намояд.
ФАСЛИ IV. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲОИ ҚОНУНИ МАЗКУР
Моддаи 19. Ҷавобгарии ҷинои, маъмури ё гражданию ҳуқуқи
Ашхоси ҳуқуқи ва воқеи, инчунин мақомоти идораи давлатие, ки барои вайрон намудани қоидаҳои сертификатсияи ҳатми гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузории ҷори ба ҷавобгарии ҷинои, маъмури ва гражданию ҳуқуқи кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
ш. Душанабе
13 декабри соли 1996 № 313