×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993, № 893 "Дар бораи алоқа"

Санаи амалкуни: 15.05.1997

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 30 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АЛОҚА

(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421)

Ин Қонун асосҳои ҳуқуқии кори алоқаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, салоҳияти органҳои идориро дар танзими фаъолияти соҳаи алоқа, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки дар ин соҳа фаъолият доранд, ё аз хадамоти алоқа истифода мебаранд, муайян менамояд.

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Таъиноти алоқа

Алоқа қисми таркибии инфрасохтори хоҷагӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун комплекси истеҳсоливу хоҷагӣ баҳри қонеъ гардонидани ниёзмандиҳои мардум, мақомоти давлатӣ ва идора, мудофиа, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ субъектҳои хоҷагӣ ва ғайра ашхоси ҳуқуқӣ дар хадамоти электроалоқа ва алоқаи почта фаъолият дорад. Воситаҳои алоқа якчоя воситаҳои техникаи ҳисоб асоси техникии иттилоотии ҷомеаро ташкил медиҳад.

Тараққӣ додан ва таъмин намудани кори устувор ва босифати алоқа аз муҳимтарин шартҳои фаъолияти давлат мебошад.

Моддаи 2. Доираи амали ин Қонун

Ин Қонун дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Қонун нисбати хадамот ва корҳои вобаста ба алоқа, ки дар иҷрои онҳо органҳои давлатӣ ва идора, субъектҳои хоҷагӣ, ашхоси ҷудогона, ҳамчунин истифодабарандагони алоқа иштирок мекунанд, татбиқ мегардад.

Ҳуқуқ ва масъулиятҳое, ки дар ин Қонун зикр ёфтаанд, баробари ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони давлатҳои дигар ва ашхоси бетабаият низ татбиқ мешаванд, ба шарте, ки Қонун таври дигар пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 3. Қонунгузорӣ доир ба соҳаи алоқа

Ин Қонун қоидаҳои асосиро доир ба алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Муносибатҳои ҳуқуқие, ки ин Қонун танзим накардааст, бо дигар санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хилофи ин Қонун нестанд, танзим шуда метавонанд. Агар тавассути шартномаҳои (мувофиқатномаҳои) байналхалқӣ доир ба алоқа қоидаҳои дигар муайян карда шуда бошанд, дар чунин ҳолатҳо қоидаҳои шартномаҳои (мувофиқатномаҳои) байналхалқӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи алоқа

Фаъолият дар соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи принсипҳои зерин сурат мегирад:

а) баробарҳуқуқии ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ба шумули сармоягузорони (инвесторҳои) хориҷи, ки дар фаъолияти алоқа иштирок мекунанд ва аз натиҷаҳои он истифода мебаранд;

б) кафолати озодӣ дар расондани ахбор тавассути шабакаҳо ва воситаҳои электроалоқа, ҳамчунин ирсолиҳои почта ва транзити почта дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) ягонагӣ, устуворӣ ва қобили идора будани алоқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои шабакаи технологӣ ва умумияти стандартҳо мувофиқати ин стандартҳо бо тавсияҳои Иттиҳоди Байналхалқии электроалоқа (ИБЭ) ва Иттиҳоди Умумиҷаҳонии почта (ИУП);

г) иҷрои кафолатноки вазифаҳои умумидавлатии алоқа ба манфиати идоракунии самарабахши давлатӣ, мудофиа, амният, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти мардум дар ҳолатҳои фавқулоддаи замини осоишта ва давраи махсус, ҳамчунин дар равнақи инкишофи воситаҳои телевизиони давлатӣ ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) мусоидат барои ҷорӣ кардани дастовардҳои ҷаҳонии соҳаи алоқа, ҷалб намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои моддиву пулӣ ва техникӣ пешқадами хориҷӣ ва таҷрибаи идоракунӣ, мусоидат ба рушду тараққии алоқаи ҷаҳонӣ;

е) баланд бардоштани сифат ва вусъат додани феҳристи хадамоти алоқа.

ФАСЛИ II. ШАБАКАҲОИ АЛОҚА

Моддаи 5. Барҳам вобаста будани шабакаҳои алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шабакаи ба ҳам вобастаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз комплекси шабакаҳои алоқаи истифодаи умумӣ, идорӣ ва дигар шабакаҳои электроалоқа иборат аст, ки ба мақомоти идораи давлатӣ, иттиҳодияҳои саноатӣ, муассисаҳову корхонаҳо, созмонҳо ва моликони дигар қатъи назар аз шаклҳои моликияташон (ғайр аз шабакаҳои алоқаи дохилиистеҳсолӣ ва технологӣ), тааллуқ, доранд ё дар ихтиёрӣ онҳо қарор гирифтаанд.

Инкишоф ва такмили шабакаҳои ба ҳамвобастаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ягонагии технологии ҳамаи шабакаҳо ва воситаҳои алоқа баҳри комплексӣ истифода бурдани онҳо, баланд бардаштани самаранокӣ ва фаъолияти боэътимоди кори онҳо сурат мегирад.

Давлат аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани эътимоднокии кори шабакаҳои алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва бунёди захираи зарурии техникаи алоқа ва маҳсулоти кабелӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад.

Моддаи 6. Шабакаҳои алоқаи истифодаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шабакаи алоқаи истифодаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии шабакаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шабакаҳои магистралии байналхалқӣ, минтақавӣ ва маҳаллии электроалоқаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дарбар мегирад.

Барои фаъолияти шабакаҳои алоқаи истифодаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти идории алоқаи воқеи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ ва вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд.

Моддаи 7. Шабакаҳои алоқаи идораҳо, шабакаҳои алоқаи ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ

Шабакаҳои алоқаи идораҳо барои таъмини зарурати истеҳсолӣ ва махсуси вазоратҳо ва муассисаҳову иттиҳодияҳои истеҳсолии тобеи онҳо сохта ва ба кор андохта мешаванд. Шабакаҳои алоқаи идораҳоро дар хизмати аҳолӣ ва истифодабарандагони дигар низ вогузоштан мумкин аст. Ба ҳам вобаста намудани шабакаҳои алоқаи идораҳо ва шабакаҳои алоқаи истифодаи умум дар асоси шартнома сурат мегирад, ба шарте ки таъиноти воситахои техники ва иншооти алокаи шабакаҳои идораҳо ба қоидаҳо ва меъёрҳои техникии барои шабакаҳои алоқаи истифодаи умум муқарраргардида мутобиқат намояд.

Шабакаҳои тиҷоратии алоқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ба шумули сармоягузорони хориҷӣ таъсис шуда метавонад. Соҳибони шабакаҳои тиҷоратии алоқа дар сурати бо шабакаҳои алоқаи Ҷумҳурӣ пайваст намудани шабакаҳои алоқаи худ бояд шарту шароитҳои пайвасткунӣ ва ба қоидаю меъёрҳои муқарраршудаи техники мутобиқ будани шабакаҳои пайвастшавандаро риоя кунанд.

Сохтмон, насб ва баҳрабардории воситаҳои алоқа дар асоси муқарраркардаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешаванд.

Моддаи 8. Шабакаҳои алоқаи идораи давлатӣ, мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Алоқаи идораи давлатӣ, мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои махсуси алоқа, ки ҳамчун асоси шабакаҳои алоқаи истифодаи умум хизмат мекунад, таъмин мегардад.

Каналҳои шабакаҳои алоқаи истифодаи умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зарурати идораи давлатӣ, мудофиа ва амният дар асоси кироя вогузошта мешаванд.

Алоқаи зарурати идораи давлатӣ ва ё алоқаи ҳукуматӣ аз тарафи мақомоти махсусе, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, таъмин карда мешавад.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти алоқаи ҳукуматиро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Алоқаи зарурати соҳаи мудофиа ва амният аз тарафи мақомоти алоқаи вазоратҳо ва идораҳои дахлдорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идоракунии алоқаи вазоратҳо ва идораҳо вазифадоранд, ки каналҳои алоқаро ба навбати аввал дар хизмати алоқаи ҳукуматӣ, мудофиа ва амнияти давлати вогузоранд ва дар мавриди харобӣ баҳри барқарор ва ё иваз намудани онҳо чораҳои фаврӣ биандешанд.

Моддаи 9. Алоқаи почта

Алоқаи почта аз шабакаи ягонаи технологии муассисаҳо ва воситаҳои нақлиёт иборат аст, ки қабул, интиқол ва расонидани ирсолиҳои почта, ҳамчунин дар асоси шартнома ирсол кардан, расонидан ва паҳн намудани матбуоти давриро таъмин мекунад.

Муассисоти алоқаи почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти салоҳияти Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, қаламрави ягонаи почтаро дар додугирифти муросилоти почтагӣ ташкил медиҳад.

Дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии муросила ва транзити почта кафолат дода мешавад.

Давлат барои тараққиёти алоқаи почта ёрии иқтисодӣ расонида, ҳимояи иҷтимоии кормандони онро таъмин менамояд.

Ба тайёр кардани нишонаҳои пардохти пули почта, намунаҳо ва муқаррар намудани арзиши онҳо танҳо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад.

ФАСЛИ III. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ АЛОҚА

Моддаи 10. Системаи мақомоти иҷроияи соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идоракунии давлатии фаъолияти соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ин Қонун ва инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти иҷроия, ки онҳо дар доираи салоҳияти худ ба вазъият ва инкишофи ҳамаи намудҳои алоқа масъул мебошанд, сурат мегирад.

Системаи мақомоти иҷроияи соҳаи алоқа вобаста ба таъинот, вазифа ва принсипҳои таъсис ва фаъолияти мақомоти мазкур оид ба ташкили стратегияи ягонаи тараққии илмиву техникӣ, истеҳсоливу технологӣ ва иҷтимоиву иқтисодии соҳаи алоқа муқаррар карда мешавад.

Моддаи 11. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии иҷроия дар соҳаи моқоми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сохтор ва ташкили фаъолияти ин Вазорат мутобиқи Низомномаи он, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешаванд.

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ идоракунии давлатии соҳаи ,Алоқа,-ро ба ӯҳда дошта барои вазъият ва инкишофи тамоми намудҳои электроалоқа ва алоқаи почта масъул мебошад ва зимни ин ҳуқуқи корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ашхоси ҳуқуқиву воқеиро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, риоя менамояд.

Моддаи 12. Танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мавқеи фазоии радифи алоқа

Танзими истифодаи спектри радиобасомад ва мавқеи фазоии радифи алоқа хос дар салоҳияти давлат мебошад.

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсат ва файласаномаҳоро, ки марбути тақсими спектри радиобасомад, истифодаи самараноки радиобасомад ва мадорҳои геостасионарии радифҳо мебошанд, бо назардошти шартномаҳои байналхалқӣ ва мувофиқатномаҳо мувофиқи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани мутобиқати электромагнитии всситаҳои радиоэлектронӣ, тарзу усули ҷудо кардани радиобасомад, шартҳои махсуси коркард, тарроҳӣ, сохтмон, таҳия ва баҳрабардорӣ ва содироти амволи хориҷии воситаҳои радиоэлектронӣ ва олоти баландбасомадро муқаррар менамояд ва маҷмӯи чорабиниҳоро оиди аз халалҳои саноатӣ ҳифозат намудани қабули радиомавҷҳо меандешад.

Воситаҳои алоқа, телевизион ва ғайра воситаҳои техники, ки манбаи тағйироти электромагнитӣ мебошад, ба тартибе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бояд ба қайд гирифта шаванд.

Истифода аз спектри радиобасомад ба манфиати таъмини идораи давлатӣ, мудофиа, амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо додани товони зарари он ба истифодабарандагони радиоалоқа, ба истиснои ҳодисаҳои давраи махсус, вазъияти фавқулодда, таъмини амнияти давлат, чораҳои мудофиавӣ ва ҳифзи ҳуқуқ тағйир дода шавад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Моддаи 13. Идоракунии шабакаҳои алоқа дар ҳолатҳои махсус ва вазъияти фавқулодда

Шабакаҳои алоқа дар ҳолатҳои махсус ва вазъияти фавқулодда аз тарафи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он бо ҳамкории марказҳои идораи алоқаи мақомоти ҳукуматӣ, Вазорати мудофиа, ҳамчунин вазорату идораҳо, ки соҳиби шабакаҳои алоқа мебошанд, ба таври мутамарказ алоқа карда мешаванд.

Органҳои ваколатдори давлатӣ дар мавриди офатҳои табиӣ, карантин ва ҳодисаҳои фавқулодда, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтаанд, ҳуқуқ доранд аз шабакаҳо ва воситаҳои алоқа новобаста аз тобеияти идории онҳо дар навбати аввал истифода баранд ва ё фаъолияти ҳар шабака ва воситаҳои алоқаро қатъ намоянд.

ФАСЛИ IV. АСОСҲОИ ИҚТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ АЛОҚА

Моддаи 14. Соҳибият ба шабака ва воситаҳои алоқа

Муассисаҳои алоқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фазои ягонаи иқтисодӣ, гуногуншаклии моликият ва дар шароити рақобат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд ва амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Шабака ва воситаҳои алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатианд. Онҳо, ба истиснои ҳолатҳои муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, моликияти шахсони воқеӣ ва юридикӣ, аз ҷумла моликияти сармоягузорони хориҷӣ буда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Номгӯи шабака ва воситаҳои алоқаеро, ки танҳо моликияти давлатӣ буда метавонанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Моддаи 14 (1). Тағйир додани шакли моликият ба шабака ва воситаҳои алоқа

Шакли моликияти шабака ва воситаҳои алоқа, ки моликияти давлатӣ мебошанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад.

Сармоягузорони хориҷи метавонанд бо шартҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусусигардонии муассисаҳои давлатии алоқа ширкат намоянд.

Ба тағйир додани шакли моликияти шабака ва воситаҳои алоқа ба шарте иҷозат дода мешавад, ки чунин тағйирдиҳӣ низоми технологии фаъолияти шабакаи алоқа, аз ҷумла шабакаҳои алоқа ба манфиати идораи давлат, мудофиа, амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ шахсони воқеӣ ва юридикиро ҷиҳати истифода аз хизматҳои алоқа халалдор накунад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Моддаи 15. Сармоягузорӣ ба инкишофи соҳаи алоқа ва ҷудо кардани маблағ барои фаъолияти он

Сармоягузорӣ барои инкишофи соҳаи алоқа аз ҳисобӣ:

а) воситаҳои хусусии молия ва захираҳои дохилии субъектҳои хоҷагӣ;

б) маблағгузории инвеститсионӣ;

в) қарзи молиявӣ субсидия ва субвенсия аз буҷети ҷумҳурӣ;

г) вомҳои (заёмҳои) молиётӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорӣ;

д) сармоягузориҳои хориҷӣ сурат мегирад.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти барномаи равнақи инкишофи алоқа масъалаи аз буҷети Ҷумҳури ҷудо кардани маблағгузориро ҳаллу фасл менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи давлатии инкишофи алоқаро тарҳрезӣ менамояд ва он баъди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ барраси гардидан ба Маҷилси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Мақомоти ҳокимияти вилоятҳо ва Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи ва худидораи маҳаллӣ дар асоси барномаи инкишофи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои дахлдор самтҳои татбиқ ва истифодаи сармоягузориҳои соҳаи алоқаро, ки аз ҳисоби буҷетҳои қаламрави тобеъашон сурат мегирад, муайян менамоянд.

Моддаи 16. Иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи алоқа

Навъҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагӣ, ки бо иншоотҳои шабакаҳои алоқа, ҳамчунин бо хадамоти алоқа ба истиснои шабакаҳои алоқаи ҳукуматӣ ва шабакаҳои алоқаи идораи давлатӣ дар соҳаҳои мудофиа ва амният, инчунин шабакаҳо ва воситаҳои алоқаи дохилӣ-истеҳсолӣ ва таъиноти технологӣ вобастаанд, дар асоси иҷозатнома (литсензия) сурат мегирад.

Навъҳои фаъолият, ки бояд иҷозатнома дошта бошанд, тартиби додани иҷозатнома, тағйир додан ё дароз намудани мӯҳлат ва тартиби маҳрум намудан аз иҷозатнома, инчунин мӯҳлати амали иҷозатнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи додан, тағйироту иловаҳо даровардан, дароз намудани мӯҳлат ва бекор кардани иҷозатномаҳои соҳаи алоқа мебошад.

Субъектҳои хоҷагие, ки дар соҳаи алоқа бидуни иҷозатнома ва ё хилофи тартиби истифодаи он фаъолият мекунанд, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди масъулият қарор мегиранд.

Моддаи 17. Сертификатсияи воситаҳои алоқа

Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи дар қаламрави ҷумҳурӣ истифодабарии воситаҳои алоқа сертификатсия медиҳад. Ин корро Вазорати алоқа ба воситаи муассисаҳое, ки дар органҳои стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аооси стандартҳои тасдиқшуда ва дигар меъёрҳою талаботи технологӣ, аз ҷумла стандартҳои байналхалқӣ ва миллии давлатҳои дигар, ки ба тартиби муқарраршуда ба кор андохта шудаанд, ва сертификатҳои эътирофгардидаи давлатҳои дигар, ки тавассути шартномаҳои дуҷониба мавриди қабули тарафайн шудаанд, ба амал мебарорад.

Моддаи 18. Сифати хадамоти алоқа

Субъектҳои хоҷагӣ вазифадоранд, ки ба истеъмолкунандагони хадамоти алоқа мувофиқи сифати матлуби стандартӣ, меъёрҳои техникӣ, шарту шароити қарордод хизмат расонанд, ҳамчунин дар бораи хизматрасониҳо ахбору маълумот диҳанд.

Хизматрасонии алоқа бидуни сертификат, ки мутобиқати онро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ намояд, мамнӯъ аст.

Моддаи 19. Тарифҳои хадамоти алоқа

Тарифҳои хизматрасонии алоқаро Вазорати алоқа, ҳамчунин муассисаҳои алоқа аз рӯи номгӯи хизматрасоние, ки онро Вазорати алоқа муқаррар кардааст, муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Дар мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, аз рӯи баъзе намудҳои хадамоти алоқа барои аҳолӣ, ки аҳамияти хосаи иҷтимои дорад, инчунин барои ташкилотҳое, ки аз буҷет маблағ мегиранд, тарифҳо тавассути давлат танзим мегарданд.

Дар мавриди муайян намудани имтиёзот оид ба пардохти хадамоти алоқа ҷуброни фоидаи ногирифтаро он мақомот ё ашхоси ҳуқуқӣ мепардозанд, ки имтиёзҳои мазкурро муқаррар намудаанд.

Моддаи 20. Муносибатҳои муассисоти алоқа бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар вақти сохтмон ва таҷдиди иншооти алоқа

Дар ҷараёни лоиҳакашӣ ва инкишофи марказҳои аҳолинишин, насабаҳои аҳолинишин, биноҳои маъмурӣ, иншооту истиқоматгоҳҳо мақомоти ҳокимияти иҷроия ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ вазифадоранд, ки мувофиқи меъёрҳои мавҷуда сохтмони биноҳои ҷудогонаи муассисоти алоқаро мадди назар бигиранд.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия вазифадоранд, ки дар маҳалҳои аҳолинишини тобеашон дар биноҳои мавҷуда ё сохташудаистодаи истиқоматӣ ва маъмурӣ барои муассисаҳои алоқа биноҳо иҷора диҳанд, ки онҳо ба лоиҳакашии технологии аз тарафи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаркардашуда мувофиқ бошанд.

Моддаи 21. Истифодаи замин барои корҳои инкишофи шабакаҳои алока

Заминҳое, ки барои истифода ва ё иҷора ба соҳибони шабакаҳо ва воситаҳои алоқа вогузошта мешаванд, заминҳои алоқа ҳисоб меёбанд.

Тартиби ҷудо кардани замин, муқаррар намудани минтақаҳои муҳофизатӣ ва пайраҳаҳо, андоза ва режими истифодабарии онҳо тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Муассисоти алоқа дар қитъаоти заминҳои ҷудокардашуда мувофиқи қонунгузории мавҷуда иншооти худро месозанд, ё худ дар боми биноҳо, симчӯбаҳо, купрукҳои коллекторҳо, туннелҳо ва ғайра шабакаҳои инженерӣ (бо мувофиқаи соҳибони он объектҳо) иншооти худро бунёд мекунад.

Аз нав сохтан ва ба ҷои дигар кӯчонидани иншооти алоқа, ки бар сохтмони нав, тавсиа, таҷдиди маҳалҳои аҳолинишин ва биноҳои ҷудогона, аз нав сохтани роҳу купрукҳо, азхудкунии заминҳои нав, таҷдиди системаҳои иншооти обёри сар мезананд, аз тарафи фармоишгари сохтмон дар асоси стандартҳои техничикии замонавӣ иҷро карда мешаванд.

Дар чунин ҳолатҳо афзунгардонии иқтидори воситаҳои алоқа аз ҳисоби соҳибонаш сурат мегардад.

Заминҳои муассисоти алоқа аз ҳама гуна навъҳои андоз озод карда мешавад.

Моддаи 22. Ҳимоя ва муҳофизати воситаҳои алоқа

Воситаву иншооти алоқа, спектрҳои радиобасамад ва позисияҳои радифҳои алоқа дар мадорҳои геостатсионарӣ дар ҳимояти давлат мебошанд.

Тартиби муҳофизати воситаҳо, иншооти алоқа ва спектрҳои радиобасомадро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба вайроншавии воситаҳо, иншооти алоқа халалдоршавии тартиби муқарраршудаи истифодаи басомади ҳама гуна воситаҳои радиоэлектронӣ ва олоти баландбасомад, ҳамчунин халалдор намудани телерадиоқабул роҳ додаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Бо мақсади ҳифзи тартиби мавҷудаи истифода аз спектрҳои радиобасомад ва мавқеъҳои мадории алоқа радифӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби истеҳсол ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани воситаҳои радиоэлектроние, ки амалӣ воситаҳои радиоэлектромагнитиро аз меъёр зиёд халалдор мекунанд, маҳдудиятҳо муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Моддаи 23. Мусоидати мақомоти ҳокимияти иҷроия дар бартараф намудани харобии шабакаҳои алоқа

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо, Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, ҳамчунин мақомоти худидораи маҳаллӣ вазифадоранд, ки ба муассисоти алоқа дар бартараф намудани оқибатҳои харобӣ, ки бар асари офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои фавқулода сар задаанд, мусоидати фаврӣ расонанд, дар мавридҳои зарурат барои ҳарчи зудтар барқарор намудани алоқа қувваи корӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳо ҷудо намоянд, ки пардохти хароҷоти он аз ҳисоби муассисоти дахлдори алоқа сурат мегирад.

Моддаи 24. Истифодаи воситаҳои нақлиёт

Ба муассисаҳои алоқаи почта хуҷҷат дода мешавад, ки дар асоси шартномавӣ дар ҳамаи самту роҳҳои нақлиёти роҳи оҳан, роҳҳои ҳавоию автомобилӣ ва аробавӣ бо роҳбаладии кормандони алоқаи почта бори почтаро интиқол диҳанд ва ё масъулияти ирсолиҳоро ба души ташкилотҳои нақлиётӣ вогузоранд.

Дар ҷараёни иҷрои корҳои таъҷилии таъмири техникии восита ва хатҳои алоқа муассисоти нақлиётӣ ба муассисаҳои алоқа бидуни навбат воситаҳои нақлиёт ҷудо менамоянд.

Воситаҳои нақлиёт, ки мансуб ба муассисаҳои алоқа мебошанд, бидуни ризоияти соҳибонашон ба иҷрои корҳои ғайри соҳаи алоқа истифода шуда метавонанд.

Моддаи 25. Ҳуқуқи истифода аз алоқа

Ҳамаи истифодабарандагони алоқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои баробарро соҳибанд., ки тавассути шабакаҳои электроалока ва алоқаи почта (ба истиснои мавридҳое, ки ин Қонун муайян кардааст) муҳобира намоянд.

Истифодабарандагони алоқа ҳақ доранд шабакаҳои алоқаи худро ба риояи шартҳои пайвасткунӣ ба шабакаҳои давлатии алоқа ва олоти интиҳои васл намоянд.

Ба шабакаҳо тибқи муқаррароти марбута пайваст намудани танҳо олоти ниҳоии сертификатсияшуда иҷозат дода мешавад.

Моддаи 26. Ҳаққи аввалияти истифода аз алоқа

Соҳибони шабакаҳо ва воситаҳои алоқа бояд аз ҳама аввал фиристодани ахборотро оиди ҳифзи ҷони инсонҳо дар баҳр, замин, дар ҳавову фазоӣ кайҳон, гузаронидани чорабиниҳои мудофиавию ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳамчунин хабари садамоти калон, фалокатҳо, вабову касалиҳои фалокатбор ва офатҳои табиӣ таъмин намоянд.

Моддаи 27. Имтиёзот ва афзалияти истифода аз алоқа

Барои категорияҳои ҷудогонаи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дипломатӣ ва консулгарии давлатҳои хориҷа, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, ҳамчунин гурӯҳҳои ҷудогонаи ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар истифода аз электроалоқа ва алоқаи почта дар бобати навбат ва тартиби истифодабарӣ афзалият ва имтиёзҳо муқаррар шуда метавонанд.

Феҳристи категорияи истифодабарандагони алоқа, ки имтиёз ва афзалият доранд, тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мувофиқатномаҳои байналмилалӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 28. Ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони алока

Муҳофизати ҳуқуқи истифодабарандагони хадамоти хушсифати электроалоқа ва алоқаи почтагӣ, дастраси онҳо кардани ахборот оид ба чунин хадамот ва иҷрокунандагони он, ҳамчунин механизми татбиқи ин ҳуқуқҳо тавассути қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 29. Сирру асрори алоқа

Сирру асрори мукотиба, гуфтугӯҳои телефонӣ ва мухобироти дигар, ки тариқӣ электроалоқа фиристода мешаванд, дар ҳимояи Қонун мебошад.

Ҳамаи субъектҳои хоҷагие, ки дар соҳаи алоқа фаъолият доранд, вазифадор ҳастанд, ки сирру асрори алоқаро нигоҳ доранд.

Иттилоот дар бораи ирсолиҳои почта ва интиқоли он аз тариқи электроалоқа танҳо ба фиристандаҳо ва гирандаҳо ё намояндагони қонунии онҳо дода шуда метавонад.

Гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ, ба таъхирандозӣ дар интиқол, кушода дидани ирсолиҳо ва муросилоти ҳуҷҷатӣ, гирифтани маълумот оиди онҳо ва дигар маҳдудияти сирру асрори алоқа фақат дар асос ва ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат гирифта метавонад.

Кормандони алоқа, ашхоси мансабдор ва ашхоси дигар, ки қоидаҳои ин моддаро вайрон кардаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 30. Эҳтиёти ирсолиҳои почта ва ғайра

Истифодабаранда ҳақ дорад талаб кунад, ки ирсолӣ ё муросилоти ӯ бидуни нуқс ба нишонии мақсуд дар мӯҳлати муқарраршуда расонида шавад.

Мӯҳлати расонидани ирсолӣ ва ғайра муросилот аз тарафи Вазорати алоқаи Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёеро, ки аз тариқи почта фиристоданашон мамнӯъ аст, муқаррар мекунад.

Муассисоти алоқа ҳақ доранд ирсолиҳоро, ки дар дохилашон маводи барои ҳаёти инсон ва ё барои ҳаёти кормандони почта, ё худ барои ашхоси бетараф хатарнок мавҷуд аст, нобуд созанд, дар сурате ки бо роҳи дигар бартараф кардани он имкон надошта бошад.

Моддаи 31. Суғуртаи ирсолиҳои почта

Ирсолиҳои қиматноки почта ирсолиҳои суғуртавии почта ҳисоб меёбанд. Фиристонда андозаи баҳои суғуртавии ирсолиро эълон мекунад ва он баҳои ҳақии ашёи ирсолӣ ба ҳисоб меравад.

ФАСЛИ V. ХУСУСИЯТҲОИ ХАДАМОТӢ АЛОҚА

Моддаи 32. Истифодаи забонҳо ва алифбоҳо дар фаъолияти муассиоти алоқа

Дар шабакаҳои давлатии алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон коргузорӣ, таҳияи асноди ҳисоботӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ба забони давлатӣ ва ё забони русӣ нигошта мешаванд. Алоқаи байнишаҳриву телеграфӣ, мукотиботи хидматӣ дар системаҳои оперативии идоракунӣ ва алоқаи танзимгарӣ, ҳамчунин нишонинависии (адресонии) ҳама гуна навъиёти муросилот тибқи Қонун "Дар бораи забон" сурат мегирад.

Нишонии фиристанда ва гирандаи телеграмма ва ирсолиҳои почта, ки интиқолашон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ба забони давлатӣ навишта шуда метавонанд, дар зимн нишонии (адреси) фиристанда ва гиранда бояд ба забони русӣ ҳам навишта шаванд. Нишонии ирсолиҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол меёбанд, ба забони русӣ навишта мешаванд.

Матни телеграммаҳоро метавон ба ҳар забон, инчунин хориҷӣ бо ҳарфҳои алифбои русӣ ё лотинӣ навишт.

Забони иттилооти байналхалқӣ, ки ба воситаи почта ва электроалоқа ирсол меёбад, тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ, ҳамчунин қоидаҳои шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 33. Ҳисоби вақт дар соҳаи алоқа

Дар просессҳои технологи ирсолӣ иттилооту ахбор дар муассисоти алоқа, сарфи назар аз мавқеи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоби ягонаи вақт ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад.

Дар муҳобираи байналхалқӣ ҳисоби вақт бо шартномаҳои байналхалқии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 34. Масъулият барои қонуншиканӣ дар фаъолияти соҳаи алоқа

Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҷараёни фаъолият дар соҳаи алоқа қоидаҳои ин Қонун, ҳамчунин дигар қонунҳо ва санадҳои меъёриро вайрон кардаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Муассисаҳои давлатии алоқа барои талафёбӣ, вайроншавии муросилоти қиматнок ба андозаи баҳои эълоншуда ва барои таҳрифи телеграммаҳо, тағйир ёфтани маънои онҳо, дар муддати 24 соат аз лаҳзаи ирсолӣ он ба нишонии мақсуд нарасидани телеграмма ба андозаи пардохти маблағи барои телеграмма додашуда мавриди масъулияти моддӣ қарор мегиранд.

Андозаи масъулият барои иҷро накардан ва ё аз тарафи муассисаҳои давлатии алоқа ба дараҷаи матлуб иҷро нагардидани вазифа оиди ирсол ва ё расонидани муросилоти қайдшуда мувофиқи қонунҳое, ки тибқи ин Қонун тартиб мешаванд, муайян мегардад.

Моддаи 35. Ҷуброни зарари расонидашуда

Ҷуброни зараре, ки дар ҷараёни фаъолияти алоқа расонида шудааст, бо қарори додгоҳ ва ё Суди Олии иқтисодӣ ба тартибе, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Моддаи 36. Ҳамкориҳои байналхалқӣ

Ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи алоқа дар асоси шартномаҳое (мувофиқатномаҳое), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудааст, сурат мегирад.

Дар фаъолияти байналхалқӣ Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамун маъмурияти ягонаи алоқа амал намуда ва дар доираи салоҳиятҳое, ки шартномаи (мувофиқатномаи) байналхалқӣ пешбинӣ намудааст, манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи алоқаи электрикӣ ва почтагӣ бо ҳамкории маъмуриятҳои алоқаи мамлакатҳои дигар ва ташкилотҳои байналхалқии алоқа ифода ва ҳимоя мекунад ва инчунин ин намудҳои фаъолиятро, ки аз тарафи ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷро карда мешаванд, ҳамоҳанг месозад.

Моддаи 37. Ҳуқуқе, ки дар ҳамкории байналхалқии соҳаи алоқа истифода мешавад

Шахсони воқеӣ ва юридикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои байналхалқии соҳаи алоқа ширкат мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ аҳднома мебанданд, ба шарте ки дар ин аҳдномаҳо истифодаи қонунгузории давлати дигари ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, номухолиф пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421).

Раиси

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

 27 декабри соли 1993 № 893