ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАРЗГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗЕ, КИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТ ДОДА МЕШАВАД
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод.326)
(Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1795)
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти қарзгирии давлати аз ҷониби мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзгирии ғайридавлатиеро, ки аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъмини кафолати давлати ба вуқӯъ мепайванданд танзим намуда, инчунин ҷараёни идора намудани қарзи давлати ва қарзи бо кафолати давлати гирифта шударо таъмин менамояд.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси
Дар Қонуни мазкур чунин мафҳумҳо истифода карда мешаванд:
1) пули қарзи давлати - қарзе, ки қарзбардори он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
2) қарзи давлати - маблағи гирифташуда ва бозпардохт нагардидаи пули қарзи давлати дар мӯҳлати муқаррар гардида;
3) кафолати давлати - ӯҳдадории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қарздиҳанда ҷиҳати пурра ё қисман пардохт намудани қарз дар ҳолати аз ҷониби қарзбардор-намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарз дар мӯҳлати муайяншуда;
4) қарзи аз ҷониби давлат кафолат додашуда - маблағи дар мӯҳлати муайян гирифта шуда ва бозпардохт нагардидаи пули қарзи ғайридавлати, ки кафолати давлати дорад;
5) пули қарзи аз ҷониби давлат кафолат додашуда - пули қарзи ғайридавлатие, ки барои он кафолати давлати вуҷуд дорад;
6) созишнома (қарордод) оиди пули қарз - ҳуҷҷате, ки дар он муносибатҳои ҳуқуқи дарҷ гардидааст ва мувофиқи он қарзбардор маблағи қарзро мегирад ва дар назди қарздиҳанда ӯҳдадории бозпардохти қарз, додани баҳрабардори, инчунин дигар бозпардохтҳои алоқаманд бо пули қарзро дорад;
7) андозаи қарзи давлати - маблағи дар буҷети давлати ба нақша гирифташаванда ва дар соли мувофиқ муайян гардида ва гирифташуда, вале бозпардохт нагардидаи пули қарз, ки набояд аз қарзи ҳақиқии давлати дар охири соли молияви зиёд бошад;
8) андозаи додани кафолати давлати - маблағи муайяншуда ва тасдиқ гардида дар таркиби буҷети давлати дар соли мувофиқи молияви, ки дар ҳудуди он имкони додани кафолати давлати вуҷуд дорад;
9) андозаи қарзгирии давлати - дар соли мувофиқ дар буҷети давлати муқаррар намудани ҳудуди ҳаҷми пули қарзи давлатии аз нав ҷалбшаванда;
10) намояндаҳо (резидентҳо):
а) ашхоси воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон макони зисти доими доранд, аз ҷумла ашхоси муваққатан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мебошанд;
б) ашхоси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд ва ба қайд гирифта шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд;
в) корхона ва ташкилотҳое, ки ашхоси ҳуқуқи намебошанд, вале мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд;
г) намояндагиҳои дипломати, тиҷорати ва дигар намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд;
д) шӯъбаҳо ва намояндагии намояндагоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд ва дар зербанди ,б, ва ,в, банди мазкур нишон дода шудаанд.
11) Гайри намояндагон ашхоси ҳуқуқи ва воқеъие, ки намоянда намебошанд.
12) Пули қарз ё қарзи беруни - пули қарз ё қарзе, ки диҳандаи он дар ҳолати қарзгири, ғайринамоянда мебошад;
13) Пули қарз ё қарзи дохили - пули қарз ё қарзе, ки диҳандаи он дар ҳолати қарзгири, намоянда мебошад;
14) Коғазҳои қимматноки давлати - варақаи қарзии қарзгирии давлати;
15) Барномаи сармоягузории давлати - барномаи сармоягузории васоити давлати, аз ҳисоби пули қарз ва дороии худ дар қисматҳои бартаридоштаи иқтисодиёт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
16) Кафолати ҷавоби - кафолати бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар нафъи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сифати таъмини гирифтани кафолати давлати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар нафъи қарздиҳанда, барои пули қарзи намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзгирии давлати ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзгирии давлати ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок карда шуда, аз Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналхалқии аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардида, иборат мебошад
Моддаи 3. Мақсади қарзгирии давлати
Мақсади қарзгирии давлати аз ҷалб намудани воситаҳои зарури барои иҷрои буҷет ва бозпардохти қарзи давлати иборат аст.
Воситаҳое, ки аз рӯи пули қарзи давлати гирифта шудаанд ба ҳисоби буҷети давлати гузаронида мешаванд ва барои иҷрои буҷет истифода карда мешаванд, аз ҷумла ба таври истифодаи бебозгашт (хароҷотҳои буҷети) ё ин ки пешниҳод намудан ба қарзбардорони дохили (қарзбардорони охирин) дар асоси бозгардонидани пули қарз.
Моддаи 4. Андозаҳои қарзгирии давлати, қарзи давлати ва кафолатҳои давлати
Андозаҳои қарзгирии давлатии дохили ва беруни, инчунин кафолатҳои давлати дар қонун дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли марбута, муқаррар карда мешаванд.
Андозаҳо бо арзи милли ва хориҷи муқаррар карда мешаванд. Андозаҳо дар он сурат риоя шуда ба ҳисоб мераванд, ки агар мушахассоти онҳо бо яке аз арзҳои дарҷгардида мувофиқат дошта бошанд.
Маблағи қарзи давлатие, ки аз кафолати давлати ба қарзи давлати мубаддал мегардад, ҳангоми баҳодиҳии андозаи муқарраршудаи қарзи давлати, ба эътибор гирифта намешавад.
Дар ҳолате, ки қарзи давлатии ҷалбгардида барои бозпардохти ӯҳдадориҳои қарзии мӯҳлаташон расида, аз рӯи бозгардонии қисми асосии қарзи давлати равона карда мешавад, ҳаҷми ин қарзгири мутобиқи андозаи бозпардохти дар пеш буда, ҳангоми баҳо додан ба риояи андозаи муқаррар гардидаи қарзи гирифтаи давлати, ба эътибор гирифта намешавад.
Моддаи 5. Ваколати мақомоти давлати дар соҳаи қарзгири ва идора намудани қарзи давлати
Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоcикистон:
Ҳуқуқҳои ба ӯ додаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намуда, буҷети давлатиро тасдиқ мекунад, барои додан ва гирифтани қарзи давлати иҷозат медиҳад
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Ҳукумат):
1) ҳар сол, ҳангоми тартиб додани лоиҳаи буҷети давлати, барномаи қаразгириро дар соли оянда қабул менамояд, ки мувофиқи он қарзгирии давлати бо назардошти сиёсати буҷетии давлат ва барномаи сармоягузории давлати мавриди амал қарор мегирад;
2) оид ба зарурияти ҷалб намудани пули қарзи давлати ё пули қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, қарор қабул менамояд;
3) тартиби бурдани гуфтушунидро бо қарздиҳандагон, имзо намудани ҳуҷҷатҳои мувофиқро барои гирифтани қарз, гирифтан, хисоб бурдан ва истифода кардани воситаҳои қарзи, инчунин идора намудан ва пардохт кардани қарзҳои гирифтаи давлатиро, муайян мекунад;
4) идора намудани қарзи давлатиро ташкил мекунад;
5) дар таркиби лоиҳои буҷети давлати барои соли молиявии навбати, маблағи қарзгирии давлатии ба ин буҷет дохилшаванда, андозаҳои қарзи давлати, қарзгирии давлати, андозаҳои кафолатҳои давлатии додашаванда ва маблағи воситаҳои қарзиро, ки барои идора кардани қарзи давлати пешбини шудааст, инчунин маблағи зарурии захираи буҷети, ки барои идора намудани ӯҳдадориҳои аз рӯи кафолатҳои давлати дода шударо муайян мекунад;
6) салоҳияти мақомоти давлатии идоракуниро дар соҳаи гирифтани қарзи давлати ва идора намудани қарзи давлати муқаррар мекунад;
7) фаъолияти мақомоти давлатии идоракуниро дар соҳаи гирифтани қарзи давлати ва идора намудани қарзи давлати, ҳамоҳанг месозад;
8) ҳамчун кафили қарзҳои гирифташудаи ғайридавлатии кафолати давлати дошта, баромад мекунад;
9) қоидаҳои барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд
10) дигар ваколатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур пешбини шудаанд, мавриди амал қарор медиҳад.
Бонки Миллии Тоҷикистон:
1) бо ризоияти Ҳукумат хизматрасонии техникии қарзи давлатиро, амали мегардонад;
2) ба Ҳукумат мувофиқи қонун қарз медиҳад;
3) бо ризоияти Ҳукумат, аз номи ӯ метавонад мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонки Миллии Тоҷикистон", қарзи давлати бигирад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорати молия):
1) барномаи гирифтани қарзро барои соли оянда дар асоси дурнамои тӯлонии рушди иқтисоди бо назардошти барномаи сармоягузории давлати, тарҳрези менамояд;
2) ба Ҳукумат оиди зарурияти ҷалб намудани васоити қарзиро пешниҳод ироа менамояд, ҳисоби қарзҳои гирифтаи давлатиро мебарад;
3) воситаҳои пулии қарзҳои давлатиро мегирад, мавриди истифода қарор медиҳад ва бозгардонидани онҳоро мувофиқи андоза ва ваколатҳои аз ҷониби Ҳукумат муайяншуда, агар дар шартномаҳои қарзгири он пешбини шуда бошад, амали мегардонад;
4) қарзҳои давлатиро идора менамояд;
5) ба дигар бонкҳо барои хизматрасонии қарзҳои давлати ваколат медиҳад;
6) дар асоси қарорҳои Ҳукумат коғазҳои қимматноки давлати мебарорад;
7) дар асоси қарорҳои Ҳукумат кафолати давлати медиҳад;
8) дигар ваколатҳои дар Қонуни мазкур пешбини шударо мавриди амал қарор медиҳад.
Ҳеҷ ягон мақомоти давлати ба ғайр аз Вазорати молия ва бонки Миллии Тоҷикистон ҳуқуқи амали намудани қарзгирии давлатиро надоранд.
Мақомоти ҳокимияти давлати (ҳукуматҳо) дар маҳалҳо ҳуқуқи амали гардонидани қарзгирии давлатиро дар чи шакле, ки набошад, надоранд.
Моддаи 6. Комиссияи Байниидорави оиди қарзҳои берунии давлати
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии назорат аз болои қарзҳои хориҷии ба ҷумҳури ҷалбшаванда, ки қарзҳои давлатии беруниро ташкил медиҳанд, иҷро намудани шартҳои пули қарзи давлати ва ё аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, аз тарафи Ҳукумат комиссияи Байниидорави оид ба қарзҳои беруни таҳти раёсати Вазири молия таъсис дода мешааад. Дар ҳайати комиссияи Байниидорави Раиси бонки Миллии Тоҷикистон, инчунин дигар роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи салоҳдиди Ҳукумат дохил карда мешаванд.
Комиссия фаъолияти худро дар асоси низомномаи аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардида, мавриди амал қарор медиҳад.
Моддаи 7. Бурдани ҳисоби қарзи давлати ва кафолати давлати барои гирифтани пули қарз
Вазорати молия ҳамаи ӯҳдадориҳои аз рӯи қарзи давлати гирифташуда, кафолатҳои давлатии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда ва қарзҳои гирифташавандаи кафолатнокро мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумат ба қайд гирифта, ҳисоббарии ҳамаи онҳоро ҷори менамояд.
Маълумотҳои ҳисоботие, ки бояд тавсиф ва ахбори омори дошта бошанд, мувофиқи тартиботи муқарраршуда, ба дафтари қайди ҳисобдори ворид карда мешаванд.
Дафтари қайди қарзи давлати ва дафтари қайди кафолатҳои давлатии қарзгири мунтазам аз ҷониби Вазорати молия таҷдид карда шуда, нашр карда мешаванд.
БОБИ II. ҚАРЗГИРИИ ДАВЛАТИ ВА ҚАРЗИ ДАВЛАТИ
Моддаи 8. Иҷро намудани ӯҳдадориҳо ва шартҳои қарзи давлати
Ҳукумат бозпардохти пурраи маблағи баҳрабардори ва маблағи асосии қарзи давлатиро мувофиқи шартҳои коғазҳои қимматноки давлати ё созишномаи оид ба гирифтани қарзро новобаста аз он ки ӯҳдадориҳо (маблағҷудокуниҳо) дар таркиби буҷети давлати дохил карда шудаанд, таъмин менамояд.
Моддаи 9. Шаклҳои қарзгирии давлати
Қарзгирии давлати аз чунин шаклҳо иборат аст:
1) Коғазҳои қимматноки давлати;
2) Созишномаҳо оид ба пули қарз.
Моддаи 10. Коғазҳои қимматноки давлати
Ба Вазорати молия чунин ҳуқуқи истиснои дода мешавад:
- барориши коғазҳои қимматноки давлати мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур;
- қабул намудани қарор оид ба шартҳои сиришта кардан ва ба фурӯш баровардани коғазҳои қимматноки давлати дар бозор.
Бонки Миллии Тоҷикистон мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонки Миллии Тоҷикистон" ва бо ризоияти Ҳукумат метавонад дар ташкили хизматрасонии коғазҳои қимматноки давлати иштирок дошта бошад.
Барориши коғазҳои қимматноки давлати дар шакли бесанад ва санаддор дар натиҷаи истифода кардани шаҳодатномаи пулии умуми ё шаҳодатномаи пулии алоҳида амали мегардад. Вазорати молия инчунин ваколатдор аст, ки бевосита ё тавассути намояндаи ташкилотҳои хазинаи давлати сохти компютерикунонидашудаи барориши коғазҳои қимматноки давлатии бесанадро ба роҳ монад.
Барориши коғазҳои қимматноки давлатие, ки дар шакли гузаронидан бо сохти бесанад амали мегарданд, баробарарзиш ба коғазҳои қимматноки шакли санаддор мебошанд, ба истиснои он, ки барориш, бурдани ҳисобот амалиёт бо чунин коғазҳои қимматнок бо иловаи бозпардохт, бо роҳи гузаронидан (феълан дар шакли компютеришуда) ба воситаи миёнаравҳое, ки вазифаи вакил ё нигоҳдорандаро иҷро мекунанд, сурат мегирад.
Дар ҳолати истифода бурдани шаҳодатномаи пулии умуми, барои тасдиқи барориши коғазҳои қимматноки давлати, чун шаҳодатномаи пулии ягона маҷмӯи элементҳои як пули қарзро ифода мекунад, яъне маблағи умумии барориши як намуди муайяни бо ҳамон таърихи муайян барориш, мӯҳлати бозпардохт ва ғайраро дар бар мегирад. Шаҳодатномаи пулии умуми аз ҷониби Вазорати молия бароварда шуда, рақами ба худ хосро мегирад ва дар амонат гузошта шуда, дар бонки Миллии Тоҷикистон бо таърихи барориш, то бозпардохт гардидани шаҳодатнома аз рӯи расидани мӯҳлаташ нигоҳ дошта мешавад. Талаботи сармоягузорон, ки дар ин шаҳодатномаи пули нишон дода шудаанд, дар ҳисобҳои бухгалтери ба воситаи миёнравҳо дарҷ шуда, ҳамин тавр, ҳамчун коғазҳои қимматноки фақат дар шакли ҳисоботи бухгалтери бароварда шуда ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Коғазҳои қимматноки давлатии дар шакли санад нашр шуда, аз рӯи номгӯи пули қарз, шумораи умуми, арзиши пули, таърихи барориш ва бозпардохт мутобиқ карда мешаванд ва онҳо метавонанд марбут ба шахси алоҳида ё пешниҳодкунанда бошанд.
хориҷ карда шуд
БОБИ III. КАФОЛАТИ ДАВЛАТИ АЗ РӯИ ПУЛИ ҚАРЗ
Моддаи 11. Кафолати давлати аз рӯи пули қарз
Кафолати давлати, яке аз ӯҳдадории шартноки Ҳукумат мувофиқи шартҳои созишномаи кафолатнок (ӯҳдадориҳои кафолатнок) мебошад. ӯҳдадори фақат дар он сурат мувофиқи шартҳои кафолат, мавриди амал қарор мегирад, ки агар гирандаи воситаҳои пулии қарз, ки аз рӯи он кафолат дода шудааст, бозпардохти ин қарзро пурра ва ё қисман, бо баҳрабардории муқараршуда, мувофиқи муқаррароти созишнома оиди пули қарз ва ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёри, иҷро накарда бошад.
Кафолатҳои дохилии давлати аз рӯи пули қарз ва кафолатҳои берунии давлати аз рӯи пули қарз мувофиқан дар он ҳангом ба қарзи дохили ва берунии давлати мубаддал мегарданд, ки агар Вазорати молия мувофиқи шартҳои кафолат, маблағ ё маблағҳои ҳисоб кардашударо аз рӯи пули қарзе, ки кафолат дода шудааст, мувофиқи шартҳои қарзгири, адо нагардида, муайян намояд. Ин муайянкуни аз хулосаи хаттии Вазорати молия иборат буда, оид ба зиммаи Ҳукумат гузоштани иҷрои ӯҳдадории пардохти пули қарзро, мувофиқи кафолати давлатии додашуда, тасдиқ мекунад.
Модддаи 12. Ваколат барои додани кафолати давлати ҷиҳати гирифтани пули қарз
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат Вазорати молия ягона мақоми ваколатдор аст, ки кафолати давлати бидиҳад. Кафолати давлати фақат дар асоси қарори ҳукумат, мувофиқи андозаи дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлати" дар соли мувофиқ дода мешавад. Тартиб ва шартҳои додани кафолати давлатиро Ҳукумат муқаррар мекунад. Барои додани кафолати давлати мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррар кардаи Ҳукумат хироҷ гирифта мешавад.
Модддаи 13. Талаботҳои умумие, ки ба ашхоси дархосткунанда пешниҳод карда мешаванд
Ашхоси дархосткунанда барои гирифтани кафолати давлати ӯҳдадоранд:
а) шахси ҳуқуқи ва намояндаи (резиденти) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
б) фаъолияти соҳибкорро амали гардонанд;
в) соҳиби дорои буда, ё кафолати ҷавобии шахси сеюмро, ки талаботи ба кафолати ҷавоби марбутро ба сифати бозгардонии пули қарз қонеъ гардонад, дошта бошад.
г) аз рӯи кафолати давлатии пештар дода шуда ӯҳдадориҳои бидуни иҷро монда ва дигар ӯҳдадориҳо дар назди буҷет надошта бошад.
Ҳукумат метавонад дигар талаботҳои иловагии ба ашхоси дархосткунанда пешниҳодшавандаро, ки ба Қонуни мазкур мухолиф набошанд, вобаста ба шартҳои қарзгирии ғайридавлати ва дараҷаи бехавфии лоиҳаи сармоягузори муқаррар намояд.
Моддаи 14. Интихоб намудани лоиҳаҳои сармоягузори барои додани кафолати давлати
Кафолатҳои давлати мувофиқи рӯйхати ҳарсола тасдиқкардаи Ҳукумат оиди бахшҳои бартари доштаи иқтисодиёт, барои фарзан маблағгузори кардан аз ҳисоби ҷалб намудани қарзҳои ғайридавлати бо кафолати давлати, дода мешаванд. Рӯйхати мазкур дар матбуот бояд ҳатман нашр карда шавад.
Интихоб намудани лоиҳаи сармоягузори аз ҷониби мақоме, ки Ҳукумат ваколатдор намудааст, дар асоси мусобиқа (конкурс), мувофиқи тартиби муайян кардаи Ҳукумат, бо хулоса ва баҳодиҳии фоиданокии иқтисодии лоиҳа амали мегардад.
Барои иштирок дар мусобиқаи (конкурси) лоиҳаҳои сармоягузори, шахси дархосткунанда ба мақоме, ки Ҳукумат ваколатдор намудааст, муроҷиат мекунад.
Дар ҳолате, ки шахси дархосткунанда эътибори қарзадокунии дахлдор ва таъмини зарурии ӯҳдадории кафолатнокро аз рӯи лоиҳаи сармоягузори дошта бошад, ё ин ки аз рӯи чунин лоиҳа кафолати ҷавобии мувофиқи шахси сейӯмро дошта бошад, он гоҳ шахси дархосткунанда ҳуқуқ дорад бевосита ба Вазорати молия барои гирифтани кафолати давлати муроҷиат намояд.
Дараҷаи эътибори қарзадокуни, рӯйхати намояндагиҳои бо эътибор ва талаботҳое, ки кафолатдиҳандагони ҷавоби пешниҳод карда мешаванд, аз ҷониби Ҳукумат муқаррар карда мешаванд.
Вазорати молия аз рӯи дархостҳои қабул намудааш, инчунин аз рӯи дархостҳои ворид гардидае, ки аз ҷониби мақоме, ки Ҳукумат ваколатдор кардааст, хулосаи мусби доранд, аз рӯи шартҳои маблағгузории лоиҳа, дар чаҳорчӯби андозаи кафолатҳои давлати хулоса дода, рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузориҳоеро, ки аз ҳисоби ҷалб намудани қарзҳои кафолати давлати дошта маблағгузори карда мешаванд, ба комиссияи Байниидорави оид ба қарзҳои берунаи давлати, пешниҳод мекунад.
Ҳукумат, рӯйхати пешниҳод намудаи комиссияи Байниидоравии оид ба қарзҳои берунаи давлатиро, дар бораи лоиҳае, ки аз ҳисоби ҷалб намудани қарзҳои бо кафолати давлати гирифташаванда маблағгузори мешаванд, тасдиқ мекунад.
Моддаи 15. Шакли кафолати давлати
Кафолати давлати бояд шакли созишномаро дар бораи додани кафолати давлати (созишномаи кафолатнок), ки байни Вазорати молия ва қарздиҳанда баста мешавад ё ин ки хабарномаи хаттии (ӯҳдадории кафолатнок) Вазорати молияро, дошта бошад.
Созишномаи кафолатдор аз лаҳзаи аз ҷониби тарафайн имзо гардиданаш, мавриди амал қарор мегирад, агар дар созишнома чизи дигар пешбини нашуда бошад.
ӯҳдадории кафолатдор аз рӯзи дода шуданаш амали мегардад.
Созишномаи кафолатдор, ӯҳдадории кафолатдор аз рӯи ҳар як лоиҳаи сармоягузори аз ҷониби Вазири молия ё шахси вазифаи ӯро иҷрокунанда имзо карда мешавад.
Ҳамаи кафолатҳои давлати мувофиқи тартиби муқарар намудаи Вазорати молия ба қайд гирифта мешаванд.
Моддаи 16. Мазмуни кафолати давлати
Дар созишномаи кафолатдор ва ӯҳдадории кафолатдор бояд нишон дода шаванд:
1) қарори Ҳукумат, ки мувофиқи он лоиҳаи сармоягузори дар рӯйхати лоиҳаиҳои сармоягузории аз ҳисоби ҷалб намудани қарзҳои дорои кафолати давлати маблағгузоришаванда дохил шуда бошад;
2) шахси мансабдоре, ки кафолати давлати дода мешавад;
3) маблағи умумие, ки барои он кафолати давлати дода мешавад;
4) мазмуни ӯҳдадории асосии қарзбардор аз рӯи қарзгирие, ки кафолати давлати дорад;
5) мӯҳлате, ки дар давоми он кафолати давлати дода шудааст.
Дар сурати дар созишномаи кафолатдор ва ӯҳдадории кафолатдор набудани шартҳои банди 1 қисми якуми моддаи мазкур ё имзо шудани онҳо аз ҷониби шахси беваколат бо риоя нагардидани қисми чаҳоруми моддаи 15-и Қонуни мазкур, кафолати давлати беэътибор ҳисоб карда мешавад.
Фақат ҳамон ҳуҷҷате кафолати давлати ба шумор меравад, ки он ба талаботи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур мувофиқ бошад.
Санадҳо ё дигар ҳуҷҷатҳои мақомотҳои давлати ва ашхоси мансабдори онҳо, рухсатномаҳо, амри хатти, супоришҳое, ки созишномаи қарзгири, шартҳои он ва қобилияти қарзадокунии қарзбардорро ҷонибдори ва тасдиқ мекунад, вале ба талаботи моддаҳои 15 ва 16 Қонуни мазкур мувофиқ нестанд, амали кафолати давлатиро надоранд.
Моддаи 17. Рӯёнидани воситаҳои пули аз рӯи кафолати давлати оид ба қарзи гирифтаи дохили ва беруни
Баъди ба қарздиҳанда гузаронидани маблағи қарзи гирифтаи дохили ва беруни аз рӯи кафолати давлати ба Вазорати молия ҳамаи ҳуқуқ ва воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии ташкилот-қарзбардори пули қарзи кафолати давлатидошта мувофиқи созишномаи қарзи мегузаранд.
Вазорати молия ваколатдор аст, ки ҳама гуна чораҳоеро, ки дар Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, мавриди амал қарор диҳад ва маблағи кафолатро, аз ҷумла хароҷоти бо он вобаста бударо беқилуқол бирӯёнад.
БОБИ IV. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Назорат аз болои истифодаи воситаҳое, мувофиқи созишномаи (қарордоди) қарзии дорои кафолати давлати гирифта шудаанд ва ҷавобгари барои истифодаи онҳо
Барои истифодаи воситаҳое мувофиқи созишномаи (қарордоди) қарзие, ки ба кафолати давлати гирифта шудааст, Вазорати молия, мувофиқи тартиботи муқарарркардаи Ҳукумат назорат мебарад.
Қарзбардор аз рӯи пули қарзи гирифтаи дорои кафолати давлати дошта ва бонки кафолати ҷавоби дода барои мувофиқи мақсад истифода накардани воситаҳои қарзии аз рӯи кафолати давлати гирифташуда ва баргардонидани воситаҳое, ки барои аз тарафи Вазорати молия иҷро гардидани ӯҳдадориҳо аз рӯи кафолати давлати ҳангоми аз тарафи қарзбардор иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои қарзи истифода шудаанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 19. Ҳал намудани баҳсҳо
Баҳсҳо ва ихтилофҳои бо созишномаи (қарордоди) оиди қарзгири, баровардани коғазҳои қимматноки давлати, кафолатҳои давлати ё дар иртибот ба фаъолияти онҳо, аз ҷумла идора кардани қарзи давлати ё қарзи кафолатноки давлати алоқаманд, аз рӯи имкон ба тарзи гуфтушунид мувофиқи қоидаҳои пештар мутобиқ кардашудаи ҳалли баҳсҳо, ки дар созишномаи (қарордоди) оид ба гирифтани қарз, қоидаҳои баровардани коғазҳои қимматноки давлати муқаррар кардашудааст ва дар сурати вуҷуд надоштани чунин муқаррарот, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 20. Тартиби мавриди истифода қарор додани меъёрҳои Қонуни мазкур нисбати муносибатҳои ҳуқуқие, ки то дар амал татбиқ гардидани он ба вуқӯъ мепайвандад
Аз рӯи муносибатҳои ҳуқуқие, ки то дар амал татбиқ гардидани Қонуни мазкур ба вуқӯъ мепайванданд ва баъди амали гардидани он идома меёбанд, меъёрҳои Қонуни мазкур дар бахшҳое истифода бурда мешаванд, ки мухолифи шартҳои созишномаҳои (қарордодҳои) пешин имзогардида ҷиҳати пули қарз ва кафолати давлатии мавриди амал қарор гирифта набошанд.
Моддаи 21. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Вайрон кардани Қонуни мазкур боиси ҷавобгарии бо қонун муқарраршуда мегардад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
11 декабри соли 1999 № 886