Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 № 911 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 15-16, моддаи 350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, моддаи 48; соли 1997, № 9, моддаи 117; соли 1998, № 10, моддаи 119; № 22, моддаи 318; соли 1999, № 5, моддаи 61; № 9, моддаи 236) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:

1. Моддаи 11 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 11. Шартҳои таъин кардани нафақа

Ба нафақа аз рӯи синну сол инҳо ҳуқуқ доранд:

аз 1 июли соли 2001:

- мардҳо - баъд аз расидани ба 61 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;

- занон - баъд аз расидан ба 56 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;

аз 1 июли соли 2002:

- мардҳо - баъд аз расидан ба 62 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;

- занон - баъд аз расидан ба 57 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;

аз 1 июли соли 2003:

- мардҳо - баъд аз расидан ба 63 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;

- занон - баъд аз расидан ба 58 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол".

2. Моддаҳои 12, 15, 56-60 бо қисми дорои мазмуни зайл илова гарданд:

"Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад".

3. Ба моддаи 16 қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ҳадди ниҳоии андозаи нафақаи синну сол аз ҳаҷми сӣ нафақаи ҳадди ақали синну сол зиёд буда наметавонад".

4. Моддаи 20 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 20. Андоза ва тартиби пардохти нафақа ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд

Андоза ва тартиби пардохти нафақаро ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад".

5. Дар қисми сеюми моддаи 62 баъди калимаҳои "пардохта мешавад" калимаҳои "аммо нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор дар вазифае, ки ба таъини ин намуди нафақа ҳуқуқ медиҳад, пардохта намешавад" илова карда шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе 

 11 декабри соли 1999 № 911