ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1993, № 15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 3, мод.48, с.1997, № 9, мод.117; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998, № 622) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 18 банди "л" дорои мазумни зайл илова карда шавад:
"л) нафақа аз рӯи синну сол ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқомати доимӣ мекунанд, ба андозаи ду нафақаи ҳадди ақалли синну сол зиёд карда мешавад".
2. Ба моддаи 31 банди "и" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"и) нафақа аз рӯи маъюбӣ ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқомати доимӣ мекунанд, ба андозаи ду нафақаи ҳадди ақалли синну сол зиёд карда мешавад".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
13 ноябри соли 1998 № 696