Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 № 748 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1993., № 15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996., № 3, мод.48; с.1997., № 9, мод.117; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 маи соли 1998, № 622) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 12:

ба қисми якум банди "и" дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"и) коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва категорияҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ мустақиман машғул буда, амнияти ҳаракатро дар нақлиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд, аз рӯи Номгӯи касбу мансабҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда;

ронандагони автомобилҳои боркаш, ки дар ҷараёни технологияи шахтаҳо, конҳои маъдан ва конҳои кушода мустақиман ширкат варзида, ангишт, сланец, маъдан ва сангу маъдан мекашонанд:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;

занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикршуда";

аз қисми панҷум калимаҳои "Барои давраи то соли 1996" хориҷ карда шаванд;

дар қисми ҳафтум калимаҳои "(бандҳои "а" ва "б")" бо калимаҳои "(бандҳои "а"; "б" ва "и")" иваз карда шаванд.

2. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 27 рақамҳои "55" ва "30" мутобиқан ба рақамҳои "70" ва "50" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми якум ва сеюми моддаи 43 рақамҳои "30" ва "40" мутобиқан ба рақамҳои "50" ва "60" иваз карда шаванд.

4. Банди "а" қисми якуми моддаи 57 хориҷ карда шуда, бандҳои "б" ва "в" мутобиқан бандҳои "а" ва "б" ҳисобида шаванд.

5. Дар моддаи 62:

дар номгӯи модда калимаҳои "нафақа дар давраи кор" бо калимаҳои "нафақаи хизмати дарозмуддат" иваз карда шаванд;

ба модда қисмҳои якум ва дуюми дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Нафақаи хизмати дарозмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ аз маблағи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳисоби маблағи ин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешавад, сурат мегирад";

Қисми якум қисми сеюм ҳисобида шавад.

6. Моддаҳои 82 ва 84 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:

"Моддаи 82. Ҳисоб кардани нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд

Нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд бо роҳи тақсим кардани музди миёнаи меҳнати давраи дахлдори корманд ба музди меҳнати ҳадди ақали дар мамлакати буду бош ва зарби як музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, бо дар назардошти собиқаи кории заруриаш барои таъин кардани нафақаи пешбининамудаи Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад".

"Моддаи 84. Муқаррар кардани андозаи камтарини нафақа.

Андозаи камтарини нафақа (моддаҳои 16, 27, 30.3 ва 43-уми Қонуни мазкур) аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад".

7. Дар моддаи 101:

дар номгӯи модда баъди калимаҳои "оварда шудаанд" калимаҳои "ва сари вақт таъин накардану напардохтани нафақа" илова карда шаванд;

ба модда қисми сеюми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шахсоне, ки барои вайрон кардани моддаи мазкур гунаҳкоранд, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд".

8. Дар қисми чоруми моддаи 106 баъди калимаҳои "нафақаи семоҳа" калимаҳои "вале на камтар аз андозаи бист моҳонаи ҳадди ақал" илова карда шаванд.

9. Моддаи 114 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 114. Зиёд кардани андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ

Андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешаванд".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш.Душанбе 

 14 майи соли 1999 № 748