ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАРМОИШИ ДАВЛАТИИ МУДОФИАВӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, №12, мод.337; с.2004, №7, мод.462; с. 2007, №5, мод.358)
Қонуни мазкур бо назардошти амнияти давлати ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат, муносибатҳои ҷамъиятии ба фармоиши давлати мудофиави вобастаро ба танзим медарорад .
Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур иборат аз муайян кардани принсипҳои умумии ҳуқуқи ва иқтисоди, тартиби ташкил, ҷойгирони, маблағгузори ва иҷрои фармоиши давлатии мудофиави мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд :
фармоиши давлатии мудофиави (минбаъд - фармоиши мудофиави) санади ҳуқуқи буда, иҷрои корҳоро ҷиҳати тарҳрези, истеҳсол ва таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат аз қабили силоҳи ҷанги, лавозимоти ҷанги, техникаи ҳарби, амволи дигари ҳарби, маснуоти масолеҳи комплектони (минбаъд - маҳсулот) иҷрои корҳо ва хизматрасони (минбаъд - корҳо, хизматрасони), ки ба мақсади таҳкими қобилияти мудофиави ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, ҳамчунин таҳия ва таъмини маҳсулоти (корҳо, хизматрасони) соҳаи ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷи мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, дар назар доранд ;
фармоишдиҳандаи давлатии фармоиши мудофиавӣ (минбаъд - фармоишдиҳандаи давлатӣ)- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати
мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" , Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки барои таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) аз рӯи фармоиши мудофиавӣ фармоиш медиҳанд ;
иҷрокунандаи асосии фармоиши мудофиави (минбаъд - иҷрокунандаи асосии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар асоси фармоиши мудофиави оид ба таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасони) бо фармиоишдиҳандаи давлати қарордоди давлати мебандад ва тартибди(андаю таъминкунандаи фармоиши давлатии мудофиави ба хисоб меравад ;
иҷрокунандаи фармоиши мудофиави (минбаъд - иҷрокунанда) корҳонаҳои тобеи Вазорати энергетика ва саноати Ғум(урии То(икистон мебошанд, ки дар асоси қарордод бо фармоишди(андаи давлати ё иҷрокунандаи асоси дар иҷрои фармоиши мудофиави иштирок мекунанд. Иҷрокунандаи фармоиши мудофиави корҳонаҳое низ буда метавонанд, ки тобеи дигар вазорату идораҳо мебошанд ё бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат доранд, инчунин шахсони ҳуқуқии хориҷи, ки дар асоси қарордод бо иҷрокунандаи асоси ё и(рокунанда дар иҷрои фармоиши мудофиави иштирок мекунанд , ;
қарордоди давлати шартномаест, ки фармошдиҳандаи давлати бо иҷрокунандаи асоси мебандад ва он ӯҳдадорию ҷавобгарии тарафайнро барои иҷрои фармоиши мудофиави пешбини мекунад ;
қарордод шартномаест, ки фармоишди(андаи давлати ё иҷрокунандаи асоси бо иҷрокунанда (иҷрокунандаи дигар) бастааст ва ӯҳдадарию ҷаобгарии тарафайнро барои иҷрои фармоиши мудофиави пешбини менамояд .
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши давлатии мудофиави
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 4. Таркиб ва тартиби маблағгузории фармоиши давлатии мудофиави
Ба таркиби фармоиши мудофиави метавонанд инҳо дохил шаванд:
1. корҳои илмию тадқиқоти ва таҷрибавию конструктори барои тарҳрези, такмил додан, коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарби, ки аз истифода хориҷ мешаванд, инчунин бурдани корҳо доир ба азхудкуни ва ташкили истеҳсоли намуди дигари амволи ҳарби дар корҳонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли хоҷагидори ва моликият (минбаъд ташкилот, агар ба тарзи дигар ифода нашуда бошад);
2. корҳои илмию тадқиқоти ва таҷрибавию конструктори барои тараққи додани заминаи тадқиқоти, лоиҳавию конструктори ва истеҳсолию технологии ташкилотҳо ба мақсади таъмини иҷрои фармоиши мудофиави, инчунин баланд бардоштани дараҷаи омодагии сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. истеҳсоли серияви ва таҳвили аслиҳаву техникаи ҳарби, инчунин маснуоту масолеҳи комплектони;
4. корҳое, ки барои таъмиру такмил намудани аслиҳа ва техникаи ҳарби, назорати кафолати ва муаллифии ҳолати онҳо, инчунин барои коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарби, ки аз истифода хориҷ карда мешаванд;
5. корҳо барои сохтан, истеҳсолот ва таҳвил намудани маҳсулот (корҳо, хизматрасони) бо шахсони ҳуқуқии хориҷи мувофиқи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокичии онҳо мебошад ;
6. Истеҳсоли анҷому амволи ҳарби, хӯроквори ва молҳои ғайриозуқави;
7. корҳои оиди омодагии сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасони) барои эҳтиёҷоти мудофиаи граждани;
9. тарҳрези кардан, тайёр намудан, нав кардан ва интишор кардани нақшаю харитаҳои гуногунмасштаби топографи;
10. ҷудо кардани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти мудофиа;
11. сохтан, таҷдид намудан ва бо таҷҳизоти нави техники таъмин кардани объектҳои иҷрокунандаи асоси, ки барои иҷрои фармоиши мудофиави, аз ҷумла, барои коркарди партов ва нобуд сохтани аслиҳа ва техникаи ҳарбии аз истифода хориҷшаванда пешбини шудаанд;
12. корҳои дигар барои таъмини қобилияти мудофиави ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фармоиши мудофиави бояд инҳоро дар бар гирад:
1. номгӯи (номенклатура) ва миқдори маҳсулоти таҳвилшаванда (корҳо, хизматрасони) ва мӯҳлати таҳвили он;
2. арзиши (нархи) пешбинишавандаи фармоиши мудофиави умуман, инчунин аз рӯи бахш ва марҳалаҳои алоҳидаи татбиқи он;
3. номгӯи фармоишдиҳандаи давлати;
4. номгӯи иҷрокунандаи асоси ва иҷрокунандагони тахмини.
Корҳои доир ба тарҳрези ва истеҳсоли маснуоти масолеҳи комплектони барои таъмини иҷрои фармоиши мудофиави ба корҳои фармоиши мудофиави мансубанд,
Маблағгузори фармоиши мудофиави аз ҳисоби буҷети ҷумҳури бо роҳи пулҷудокуни барои фармоишдиҳандаи давлати сурат мегирад. Дар ин маврид маблағҳои пулии ба иҷрокунандаи асоси барои иҷрои фармоиши мудофиави зарурбуда дар буҷети ҷумҳурияви дар сатри алоҳида нишон дода мешаванд.
Пардохти таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасони) аз рӯи фармоиши мудофиави дар асоси шартҳои қарордоди давлати (қарордод) сурат мегирад.
Маблағе, ки фармоишдиҳандаи давлати ба иҷрокунандаи асоси медиҳад, танҳо барои пардохти хароҷоти иҷрои фармоиши мудофиави ва пешпардохти ҳаққи корҳои дахлдор пешбини карда мешавад. Иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) барои ба мақсадҳои дигар истифода будани маблағҳои зикршуда ҷавобгар аст.
Моддаи 5. Тартибдиҳи ва ҷойгиронии фармоиши мудофиави
Фармоиши мудофиави дар доираи хароҷоти дар буҷети ҷумҳурияви барои ин мақсадҳо муқарраршуда ва дар назардошти зерин тартиб меёбад:
муқаррароти асосии доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи сесола ё панҷсолаи давлатии тараққиёти саноати мудофиави, ки тарҳрези ва истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбиро пешбининамуда, фармоишҳоро барои иҷрои корҳои илмию тадқиқоти ва таҷрибавию конструктори (аз ҷумла корҳои оиди рушди технологияҳои асосии ҳарби), истеҳсоли серияви, таъмир, коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарби, ки аз истифода хориҷ карда мешаванд, сохтмони асоси, инчунин тадбирҳоеро, ки барои таъминоти моддию техникии ин корад заруранд, дар бар мегиранд ;
дархостҳои фармоишдиҳандаҳои давлати;
нақшаҳои сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
барномаҳои ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷи мувофиқи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии онҳо мебошанд ;
барномаҳои дигари давлати.
Лоиҳаи фармоиши мудофиави мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тартиб додани буҷети давлати барои соли дахлдор ва назардошти имкониятҳои захиравии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси лимитҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 6 моҳ пеш аз оғози давраи дахлдор таҳия карда мешавад.
Нишондиҳандаҳои асосии фармоиши мудофиавиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ менамояд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати бист рӯзи баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонун дар бораи буҷети давлати ва тасдиқи нишондиҳандаҳои асосии фармоиши мудофиави фармоиши мудофиавиро дар ҳаҷми пурра бо назардошти хароҷоти барои ин мақсадҳо муқарраркардаи буҷети ҷумҳурияви тасдиқ менамояд.
Ҷойгиркунии фармоиши мудофиави аз тарафи иҷрокунандаи асоси сурат мегирад.
Қабул кардани фармоиши мудофиави аз тарафи ҳамаи ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба мақомоти бартариии онҳо дар бозори мол ё монополияи онҳо дар истеҳсоли маҳсулот (корҳо, хизматрасони) аз рӯи фармоиши мудофиави ҳатми мебошад, ба шарте, ки фармоиши мудофиави дараҷаи фоиданокии муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми истеҳсоли ин намуди маҳсулот (корҳо, хизматрасони) таъмин намояд.
Фармоиши мудофиави ва бастани қарордоди давлати (қарордод) оиди корҳои нигоҳдошти иқтидорҳои сафарбари барои ҳамаи ташкилотҳо ҳатми мебошад, ба шарте, ки ҷойгиркунонии фармоиши мудофиави дар сурати иҷро шудани он зарари иқтисоди наорад.
Мувофиқи фармоиши мудофиавии тасдиқшуда супоришдиҳандаи давлати бо иҷрокунандаи асоси ё иҷрокунанда қарордоди давлати мебандад. Аз ҷониби фармоишдиҳандаи давлати ба даст овардани маҳсулоти хориҷие, ки қиёси онро истеҳсолоти ватани дорад, дар ҳолатҳои мустасно, ҳангоми доштани хулосаи дахлдор аз тарафи иҷрокунандаи асоси бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад .
Моддаи 6. Функсияҳои асосии фармоишдиҳандаи давлати
Фармоишдиҳандаи давлати:
1. нархи маҳсулотро (корҳо, хизматрасониро) мувофиқа мегардонад, оиди таҳвили маҳулот (корҳо, хизматрасони) карордоди давлати ё қарордод мебандад ;
2. маблағгузории фармоиши мудофиавиро таъмин менамояд;
3. аз тарафи иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) истифода намудани маблағҳоеро, ки барои иҷрои фармоиши давлати ҷудо карда шудаанд, назорат мекунад;
4. иҷрои корҳоро чи дар давраҳои алоҳида ва чи пурра назорат менамояд;
5. дар санҷиши намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарби, маҳсулотҳои серияви ва инчунин маснуоту масолеҳи комплектони иштирок мекунад:
6. озмоишҳои давлатии намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ташкил мекунад ва мегузаронад, барои қабули онҳо ҷиҳати ҷиҳозони (таъминкуни) ҳуҷҷатҳои лозимиро тайёр мекунад;
7. барои истеҳсоли сериявии аслиҳа ва техникаи ҳарби ҳуҷҷатҳои конструкториро тасдиқ менамояд;
8. маҳсулоти фармоишшударо (корҳо, хизматрасони) қабул мекунад.
Фармоишдиҳандаи давлати дар асоси қарордоди давлати метавонад як қисми вазифаҳои худро ҷиҳати иҷрои фармоиши мудофиави ба ӯҳдаи иҷрокунандаи асоси вогузорад.
Моддаи 7. Функсияҳои асосии иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда)
Иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда)
1. дар тартиб додани фармоиши мудофиави иштирок менамояд;
2. нархи маҳсулотро (корҳои пурра, қисман ва дар давраҳои алоҳида иҷрошударо) асоснок мекунад;
3. оиди иҷрои фармоиши мудофиави қарордоди давлати (қарордод) мебандад:
4. иҷрои корҳо, истеҳсоли намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарби, азхудкуни, истеҳсоли серияви ва таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасони), назорати муаллифию кафолатии ҳолати аслиҳа ва техникаи ҳарбиро анҷом медиҳад;
5. мувофиқати корҳои иҷрошуда, намунаҳои таҷрибавии тайёркардашудаи (комплексҳо, системаҳо)-и аслиҳа, техникаи ҳарбии тайёркардашуда ва маҳсулоти сериявиро ба талаботи стандартҳои давлати, вазифаҳои гузошташудаи тактикию техники (техники)-и супоришдиҳандаи давлати, ҳуҷҷатҳои техники, ҳамчунин характеристикаҳои тактикию техники ва қарордоди давлати таъмин мекунад;
6. озмоиши намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳаю техникаи ҳарби ва маҳсулоти сериявиро дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои техники ташкил мекунад ва мегузаронад;
7. дар рафти ихтироъ, истеҳсол ва таҳвили аслиҳа ва техникаи ҳарби барои назората иҷрои корҳо чи дар давраҳои ҷудогона ва чи пурра барои фармоишдиҳандаи давлати шароити мусоид фароҳам меорад;
8. ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз ҷониби фармоишдиҳандаи давлати ба даст овардани маҳсулоти хориҷие, ки қиёси онро истеҳсолоти ватани дорад, хулосаи дахлдор медиҳад.
Дар сурати қатъ гардидани корҳо оиди иҷрои фармоиши мудофиави, иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) бе розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи барҳам додан ё дигаргун сохтани иқтидорҳои истеҳсолиеро, ки иҷрои фармоиши мудофиавиро таъмин мекунанд, надорад.
Зарареро, ки иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабаби истифода набурдани иқтидорҳои номбаршуда мебинад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳаҷми пуррааш товон менамоад.
Моддаи 8. Қарордоди давлати (қарордод) барои иҷрои фармоиши мудофиави
Қарордоди давлати (қарордод) чи барои иҷрои тамоми маҷмӯи корҳои илмию тадқиқоти ва таҷрибавию конструктори, истеҳсол, таҳвил, истифода, таъмир, коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарби, чи барои намудҳои алоҳидаи ин гуна корҳо баста мешавад.
Сифати маҳсулоте (корҳо, хизматрасони), ки мувофиқи қарордоди давлати (қарордод) барои иҷрои фармоиши мудофиави таҳвил карда мешавад, бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои нормативию техники ва шартҳои қарордоди давлати (қарордод) мувофиқат намояд.
Шартҳои намунавии қарордоди давлати (қарордод) барои иҷрои фармоиши мудофиави аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Қарордодҳо бо шахсони ҳуқуқи хориҷи барои иҷрои фармоиши мудофиави, инчунин барои таҳвили содиротию воридотии маҳсулот (корҳо, хизматрасони) мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд.
Моддаи 9. Таъминоти моддию техникии фармоиши мудофиави
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳое, ки муҳимтарин намуди захираҳои моддию техникиро таҳвил (истеҳсол) менамоянд, барои иҷрои фармоиши мудофиави ҳиссаи (квотаи ) ҳатмии ба иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) таҳвил намудани ин захираҳоро бо нархи ҷории бозори мол муайян менамояд.
Захираҳои моддию техники мувофиқи ҳиссаи (квота) муайянгардида танҳо ба иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) барои иҷрои фармоиши мудофиави таҳвил карда мешавад.
Моддаи 10. Тадбирҳои дастгирии давлатии иҷрои фармоиши мудофиави
Ба мақсади ҳавасмандгардонии иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) мумкин аст пешбни шавад:
ҳангоми иҷрои фармоиши мудофиави додани кафолати дараҷаи фоиданоки бақайдгирифташуда бо истифодаи механизми тартибдиҳии нархи маҳсулот (корҳо, хизматрасони ба намудҳои маҳсулоти (корҳо, хизматрасони) мудофиавие, ки заминаи мустаҳками молиявиро барои тараққи додани истеҳсолот, илму техника ва иҷтимоиёти ташкилотҳои иҷрокунандагони асоси (иҷрокунанда) таъмин менамояд;
пешпардохти квартали ё марҳилавии корҳо барои иҷрои фармоиши мудофиави ба андоза на камтар аз чил фоизи арзиши онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви барои маблағгузори фармоиши мудофиави;
ба мақсади бо таҷҳизоти нав таъмин намудан, таҷдид ва васеъ кардани истеҳсолот барои иҷрои фармоиши мудофиави ба фурӯш ё ин ки ба иваз гузоштани молумулки ташкилот ба истеъмолкунандаи беруни ё дохили;
тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) аз пардохти боҷи гумруки аз дастгоҳ ва дигар маҳсулоте, ки саноати ватани истеҳсол намекунад ва онҳо ба мақсади бо техникаи нав таҷҳизонидани ташкилотҳо, ки фармоиши мудофиавиро иҷро мекунанд, ворид шудааст.
Ба мақсади ҳалли масъалаҳои бо маблағ таъмин намудани корҳонаҳои мудофиави ва ҳангоми ташкили истеҳсолоти нав, таҷдид, васеъ кардани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли, азнавсозии техники, пурра гардондани маблағҳои гардон, ки барои иҷрои ҳатмии фармоиши мудофиави равона карда мешаванд, иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) мумкин аст мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳои зерин озод бошад:
андози як қисми фоидае, ки аз иҷрои фармоиши мудофиави ба даст меояд:
андози замин аз қитъаҳои замине, ки дар онҳо объектҳои истеҳсоли, тадқиқотию илми ва конструкторию технологи, объектҳои таъини сафарбари, аз ҷумла комплексу стансияҳои озмоиши, машқгоҳҳо ва анборҳои захираҳои давлатию сафарбари воқеанд;
андоз аз амволи барои татбиқи фармоиши мудофиави, объектҳои таъини сафарбари, аз ҷумла комплексу стансияҳои озмоиши, машқгоҳҳо ва анборҳои захираҳои давлати ва сафарбари вобастабуда;
андоз аз арзиши иловашуда аз таҳвили маҳсулот (кор, хизматрасони) аз рӯи фармоиши мудофиави ба фармоишдиҳандаи давлати дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба мақсади ҳавасмандгардонии иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мувофиқи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои дигарро низ пешбини намояд.
Навъу ҳаҷм ва тартиби дастгирии давлатии иҷрокунандаи асосиро (иҷрокунандаро) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Фармоишдиҳандаи давлати ҳуқуқ дорад, ки дар қарордоди давлати (қарордод) намудҳои дигари ҳавасмандгардониро пешбини намояд.
Моддаи 11. Ҷавобгари барои иҷро накардани фармоиши давлатии мудофиави
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлати, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, барои татбиқи сиёсати ҳарбию техники, таъмини иҷрои барномаи давлатии тараққиёти саноати мудофиа, тарҳрези ва истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарби, тартиб додани барномаҳои дигари давлати, мувофиқи ҳиссаҳо (квотаҳо) бо захираҳои моддию техники ва маблағ сари вақт таъмин намудани иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) барои додани пешпардохт ва пардохти маҳсулот (корҳо, хизматрасони) ва иҷрои корҳои дигари фармоиши мудофиави мутобики қонун ҷавобгаранд.
Фармоишдиҳандаи давлати барои сари вақт дастраси иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) намудани фармоиши мудофиави, мувофиқи мақсад истифода шудани маблағҳое, ки барои пешпардохти маҳсулот (корҳо, хизматрасони) барои вай ҷудо карда мешаванд, тибқи қонун ҷавобгар аст.
Иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) дар сурати иҷро накардан ё ба таври бояду шояд иҷро кардани ӯҳдадории худ, ки дар қарордоди давлати (қарордод) пешбини шудааст, аз ҳуқуқҳои ҳавасмандгардонии иқтисодии дар моддаи 10-и Қонуни мазкур пешбинишуда маҳрум мешавад.
Намудҳои дигари ҷавобгари тавассусти дар қарордоди давлати ва санадҳои қонунгузори бо назардошти хусусиятҳои хоси таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасони) барои иҷрои фармоиши мудофиави муайян карда мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов
ш.Душанбе
11 декабри соли 1999 № 897