×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2000 № 4 "Дар бораи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 6.08.2001 № 37 беэътибор дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ШӯРОИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми коллегиалӣ буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳокимияти судӣ таъмин менамояд.

Шӯрои адлияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад ва ҳайати онро муайян мекунад.

Моддаи 2. Қонунҳо оид ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои адлия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, ҳамин Қонун, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳбарӣ мегирад.

Моддаи 3. Сохтори Шӯрои адлияи Ҷумҳури Тоҷикистон

Ба сохтори Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо шомиланд:

Ҳайати Шӯрои адлия;

Дастгоҳи Шӯрои адлия;

Комиссияи имтиҳону тахассусӣ;

Институти такмили ихтисоси судяҳо.

Моддаи 4. Вазифа ва ваколатҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои адлия дар муносибат бо судҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

чорабиниҳоро оид ба такмили системаи судию ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ дар кишвар анҷом медиҳад;

хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳоро ба вазифаи судягӣ, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба амал мебарорад;

тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои таъин ва озод намудани судяҳои судҳои ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо баррасӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои таъсиси судҳои ҷумҳуриро баррасӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон пешниҳод намудан таклиф ирсол менамояд;

масъалаҳоро оид ба таъмини кадрҳо, таъминоти молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳо баррасӣ менамояд;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори судӣ, шумораи судяҳо, машваратчиёни халқӣ ва кормандони дастгоҳи судҳо пешниҳод ирсол менамояд;

омори (эҳсоияи) судиро амалӣ намуда, таҳлили онро анҷом медиҳад;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотонии судяҳо ва додани дараҷаҳои тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд;

тибқи тартиби муқарраршуда комиссияи имтиҳону тахассусии Шӯрои адлияро таъсис дода, ҳайати онро тасдиқ менамояд;

барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи комиссияи имтиҳону тахассусии Шӯрои адлияро пешниҳод менамояд;

дастури фаъолияти Шӯрои адлияро қабул мекунад;

дигар ваколатҳои муайяннамудаи қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳоро анҷом медиҳад.

Моддаи 5. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ

Раиси Шӯрои адлия, муовини аввал , котиби Шӯрои адлия ва муовини ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Моддаи 6. Ҷаласаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти Шӯрои адлия дар шакли ҷаласаҳо доир мегардад.

Ҷаласаҳои Шӯрои адлия дар сурати зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ аз ҷониби Раиси Шӯрои адлия ё дар набудани ӯ аз ҷониби муовини аввал - котиби Шӯрои адлия даъват карда мешавад.

Дар ҷаласаи Шӯрои адлия Раиси Шӯрои адлия раисӣ мекунад. Ҳангоми набудани ӯ вазифаашро муовини аввал - котиби Шӯрои адлия анҷом медиҳад.

Қарори Шӯрои адлияро Раиси Шӯрои адлия имзо мегузорад. Иҷрои қарори Шӯрои адлия, ки дар доираи ваколатҳои худ қабул мекунад, барои Дастгоҳи Шӯрои адлия ва дастгоҳи судҳо ҳатмист.

Тартиби гузаронидани ҷаласаи Шӯрои адлия тибқи дастури фаъолияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 7. Ваколатҳои Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваколатҳои Раиси Шӯрои адлия аз инҳо иборатанд:

роҳбарии фаъолияти Шӯрои адлия, воҳидҳои сохтории он ва таъмини фаъолияти ташкилии онҳо;

тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти Шӯрои адлия;

гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои адлия ва роҳбарии он;

дар доираи салоҳияти худ мукаррар намудани робита бо ашхоси ҳуқуқии дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани сохтори Дастгоҳи Шӯрои адлия;

дар ҳудуди шумораи муқарраргардидаи кормандон ва фонди пардохти музди меҳнат тасдиқ намудани рӯйхати штатӣ ва сметаи хароҷоти Дастгоҳи Шӯрои адлия ва дар доираи маблағҳои ҷудошуда муайян намудани сметаи хароҷот ва рӯйхати штатии судҳо;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод оид ба таъин ва озод намудани раисон ва муовинони раисони судҳои ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳияҳо, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

татбиқи ҷазои интизомӣ нисбат ба роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторҳои Дастгоҳи Шӯрои адлия, иҷрочиёни суд ва приставҳои судӣ, инчунин ёварони раисони судҳо;

ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандони Дастгоҳи Шӯрои адлия, иҷрочиёни суд, приставҳои судӣ, инчунин ёварони раисони судҳо;

якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод оид ба додани рутбаҳои олии ҳарбӣ ба судяҳои судҳои ҳарбӣ;

ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод дар хусуси додани рутбаҳои ҳарбӣ ба судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии судҳои ҳарбӣ, инчунин хизматчиёни ҳарбии бахши судҳои ҳарбии Дастгоҳи Шӯрои адлия;

Тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод вобаста ба масъалаҳои татбиқи қонунҳо;

амалӣ намудани дигар ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо.

Моддаи 8. Комиссияи имтиҳону тахассусии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади васеъ намудани асосҳои демократӣ дар кори интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои судӣ, ташкил ва гузаронидани имтиҳон барои номзадҳо ба мансаби судягӣ аз ҷониби Шӯрои адлия Комиссияи имтиҳону тахассусии Шӯрои адлия таъсис дода шуда, ҳайати он тасдиқ мегардад.

Фаъолияти Комиссияи имтиҳону тахассусӣ тибқи Низомномаи Комиссияи имтиҳону тахассусии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо пешниҳоди Шӯрои адлия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.

Моддаи 9. Тартиби таъсиси Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини фаъолияти ташкилию техникии Шӯрои адлия, инчунин таъмини ташкилию моддӣ ва техникии фаъолияти судҳо Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Низомнома дар бораи Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои адлия тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 10. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии Шӯрои адлия, судҳо ва дастгоҳи онҳо

Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти Шӯрои адлия, Дастгоҳи он, судҳои ҷумҳурӣ ва дастгоҳи онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ анҷом дода шуда, дар буҷети ҷумҳурӣ бо сатри алоҳида зикр меёбад.

Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъминоти моддию иҷтимоии судяҳо, кормандони сохтори Шӯрои адлия, судҳо ва дастгоҳи судҳо пешниҳод ирсол медорад ва таъминоти моддию техникии дастгоҳи судҳои ҷумҳуриро ташкил намуда, ҷиҳати анҷом додани сохтмони асосӣ ва таъмири биноҳои судҳо тадбирҳо меандешад.

Моддаи 11. Маоши вазифавии кормандони Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маоши вазифавии раиси Шӯрои адлия, муовини аввал , котиби Шӯрои адлия, муовини ӯ ва кормандони Дастгоҳи Шӯрои адлияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 12. Рутбаҳои дараҷавии кормандони Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба кормандони Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои дараҷавӣ дода мешаванд, ки онҳоро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 13. Кафолатҳои иҷтимоӣ ба кормандони Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кор дар вазифаи Раиси Шӯрои адлия, муовини аввал , котиби Шӯрои адлия, муовини ӯ ва кормандони Дастгоҳи Шӯрои адлия, агар ин ашхос дар фаъолияти меҳнатии хеш дар мансаби судягӣ на камтар аз панҷ сол кор карда бошанд, ба собиқаи кори судягӣ дохил мешавад.

Моддаи 14. Мӯҳри Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои адлия дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ мебошад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.РАҲМОНОВ

ш.Душанбе

 6 июни соли 2000 № 4