Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 № 889 "Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табъу нашр"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАБЪУ НАШР"

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи табъу нашр" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, 1, мод.28; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 3, мод.48; с.1997, № 9, мод.117) тағйиротҳои зерин дохил карда шаванд:

1. Моддаи 16 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 16. Сабти давлатӣ

Сабти давлатиро идораи давлатии нотариалии маҳалли воқеъияти корхона ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин ба ҷо меоварад:

ариза дар бораи сабти давлатӣ бо нишондоди тахминии мавзӯъ ва (ё) соҳаи ихтисос, шакли эҳтимолии ташкилию ҳуқуқӣ ва сарчашмаҳои маблағтаъминкунӣ, маълумот дар бораи дигар ноширон, ки нисбати онҳо аризадиҳанда муассис ва ҳаммуассис, молик, таҳриркунанда (редакция), ношир, тайёркунанда ё паҳнкунанда мебошад;

шартномаи таъсис (дар сурати мавҷуд будани якчанд муассис);

унвон ва ҷои исти ношир ё таҳиягари маҳсулоти чопӣ;

иннома;

хулосаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад;

рамзи таснифгари (классификатор) мақомоти омор;

тасдиқномае, ки аз ном, маҳалли воқеъияти корхона ё омодагари маҳсулоти чопӣ шаҳодат медиҳад;

ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;

хулосаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Талаб намудани дигар маълумот зимни сабти давлатӣ манъ аст".

2. Моддаҳои 17 ва 18 хориҷ карда шаванд.

3. Ба моддаи 21 қисми дуюм мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ҳангоми вайрон кардани муқаррароти ҳамин Қонун прокурор ё Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман вайронкунандаи қонунро огоҳ менамояд, дар сурати такроран вайрон кардани ҳамин Қонун барои қатъ намудани фаъолияти табъу нашр метавонад ба суд муроҷиат кунад";

қисми дуюм қисми сеюм хонда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе 

 11 декабри соли 1999 № 889